Ҷавонон ва Варзиш
фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар соли 2019
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар давоми соли 2019 дар якҷояги бо сохторҳои маҳалли бо мақсади рушду нумуи соҳаи ҷавонон ва варзиш, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ва дар асоси Низомномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи фаъолияти волонтёри», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқи фаъолиятро ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Боиси хушнудист, ки ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвадр муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки “Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон минатдории самими баён мекунам” Ин нишонаи олии эҳтирому эътиқоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони соадатманди диёр ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доштани ин қишри ояндасози кишвар мебошад.
Бо мақсади фаҳмондани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату вохуриҳо бо наврасону ҷавонони вилоят баргузор гардиданд. Аз тарафи бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату мулоқотҳо то 30 январи соли равон гузаронида шуданд.
Дар давраи ҳисоботи ба Раёсат 255 адад ҳуҷҷат, аз ҷумла 60 адад аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 154 аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, 14 арзу шикояти шаҳрвандон, 27 адад аз дигар сохторҳо ба Раёсат ворид гардида, иҷроиши онҳо таъмин гардид.
Бо мақсади танзими фаъолияти пурсамари Раёсат ва ҷори намудани назорати пайваста аз ҷараёни кори кормандон ва воҳидҳои сохтори ҳар рузи сешанбе дар назди сардори раёсат рузи назорат баргузор карда шуда, ҷиҳати барраси ва ҳалу фасли масъалаҳои марбута ба масъулин супоришҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дода мешаванд.
Бахшида ба 23 феврали соли 2019 рузи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раёсат дар қисмҳои ҳарбии 01123, 0410 чорабиниҳои фарҳанги-сиёси баргузор гардиданд. Ҳамзамон бо мақсади шиносоии ҷавонон бо ҳаёту фаъолияти хизматчиёни ҳарби ва ҷалби бештари ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои дарҳои кушод таш кил ва дар сатҳи баланди сиёси доир гардиданд. Умуман 25 шумораи вохуриҳо аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо сарҳадбонон ва қисмҳои низоми баргузор карда шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон, ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандустию меҳанпарасти, ифтихори милли, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан, рамзҳои давлати, дарёфт намудани соҳибистеъдодон аз ҳисоби ҷавонон рузи 28 феврали соли 2019 дар толори Маркази ҷавонон озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманд”-ро баргузор гардида дар он намояндаи ҷавондухтарони ноҳияи Роштқалъа ҷойи аввал гирифт.
Бо эълон доштани солҳои 2019-2021 «соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми» аз тарафи раёсат ва бахшҳои он 2-озмун Фестивали суруди Модар- Алла дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Дар озмуни суруди Модар-Алла Мақбулшоева Наҷиба иштирокчи аз шаҳри Хоруѓ сазовори ҷойи аввал гардид.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2019, №25502(26.7) ва иҷрои нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор чорабиниҳои оммави фарҳанги ва солимгардониро баргузор намуд.
Вобаста ба дастуру супоришҳо Нақша чорабиниҳои Раёсат таҳия гардида аз тарафи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақша чорабиниҳо тасдиқ гардида ба бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иҷро ирсол гардид.
Бо мақсади таълиму тарбия намудани ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандустиву ватанпарасти, эҳтиром ба арзишҳои милли бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар Боѓи фарҳанги-фароѓатии шаҳри Хоруѓ чорабинии сиёси-фарҳанги ва солимгардони таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам“ санаи 1 майи соли равон бо иштироки беҳтарин ҳунармадон, истеъдодҳои навраси шаҳри Хоруѓ баргузор намуда дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок ва суханрони намудаанд.
Қобили қайд аст, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори Рузи ҷавонони Тоҷикистон 23-май ва бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳоли санаи 5 майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Ҳамоиши «Як рузи велосипедрони» баргузор гардида дар шаҳри Хоруѓ аз назди Боѓи Ѓалаба то майдони Исмоили Сомони иштирокчиёни ҳамоиш ҳаракат карда, дар майдони Исмоили Сомомни барои иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ифтихорномаҳо тақдим карда шудаанд.
Санаи 6 майи соли 2019 дар шаҳри Хоруѓ мусобиқаи Шоҳмот байни сину соли гуногун баргузор гардида ѓолибон бо мукофоти пули ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 майи соли равон дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят аксияи тоза кардани оромгоҳҳо таҳти унвони “Ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем” бо иштироки волонтёрони Раёсат ва масъулони соҳаи кор бо ҷавонон ташкил ва баргузор гардида аз ҷараёни чорабиниҳои мазкур аксҳо дар шабакаҳои иҷтимои ва наворҳо дар телевизони Бадахшон иникос карда шудаанд.
Санаи 15 майи соли равон дар студияи телевизиони Бадахшон барномаи телевизиони таҳти унвони “ Ҷавонон пайрави пешвои миллат” бо иштироки гирандагони стипендияҳои Президенти, донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хоруѓ бахшида ба Рузи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ҷавонон оиди дастовардҳои Истиқлолият, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва шароити арзанда муҳаё намудан ба насли ояндасози миллат суханрони намуданд.
Рузи 18 майи соли равон дар қаламрави вилоят ва махсус дар шаҳри Хоруѓ бахшида ба Рузи байналмллалии Осорхонаҳо ва Рузи ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони вилоят аз тамоми осорхонаҳои вилоят дидан намуда бори дигар бо анъанаҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Рузи 19 майи соли равон дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят дави милли бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун доир гардида, дар анҷоми чорабини барои иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотирави ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Санаи 21 майи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруѓ миззи мудаввар дар мавзуъи “Нақши ҷавонон дар ташвиқи арзишҳои милли” бо ибтикори Раёсат ва дар ҳамкори бо Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруѓ ташкил ва баргузор гардида дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок ва суханрони намуданд.
Санаи 22 майи соли ҷори дар шаҳри Хоруѓ ноҳияҳои вилоят роҳпаймоии ҷавонон таҳти уновни “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардиданд. Дар шаҳри Хоруѓ аз назди Варзишгоҳи маркази то майдони Исмоили Сомони роҳпаймои бо иштироки ҷавонони касбукори гуногун доир гардида дар майдони Исмоили Сомони роҳпаймоиро Муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Раиси шаҳри Хоруѓ ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қабул намуда дар охир аз ҷониби беҳтарин ҳофизони шаҳри Хоруѓ чорабинии фарҳанги ташкил карда шуд.
Рузҳои 22-23 майи соли равон аз руй вазнҳои гуногун дар толори Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруѓ бахшида ба Рузи ҷавонони Тоҷикистон гуштини милли бо иштироки беҳтарин паҳлавонони вилоят баргузор гардида, ѓолибон бошад бо туҳфаҳои хотирави аз тарафи мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруѓ ҳавасманд гардонида шудаанд.
Рузи 23 майи соли 2019 дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон махсусан дар шаҳри Хоруѓ мулоқоти расмии Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов бо ҷавонони касбу кори гуногун доир гардида аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Хоруѓ барномаи театркунонида шуда пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Ҳамзамон дар ҳамин руз дар Боѓи фарҳанги-фароѓатии шаҳри Хоруѓ чорабинии фарҳанги-фароѓати таҳти унвони Шоми ҷавони пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Вобаста самтҳои афзалиятноки баронмаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои оммави фарҳанги ва сиёси ташкил ва баргузор карда шуданд.
Кормандони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят аз тариқи телевизиони маҳалли бахшида ба рузи Ваҳдати милли баромад намуда, қайд намуданд, ки Ваҳдат беҳтарин дастовард барои халқи тоҷик ба шумор рафта, эҳтиром ва пос доштани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси ин сарзамин аст. Инчунин дар толори шуъбаи агенти ва меҳнати вилоят, мизи мудаввар бо иштироки теъдоди зиёди ҷавонон баргузор гардида, дар он Сардори раёсат иштирок ва суханрони намуданд.
Аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят низ дар арафаи Ваҳдати милли суҳбату вохуриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву сиёси гузаронида гузарониданд ва аз натиҷаи баргузории ин чорабиниҳо ба Раёсат ахборотҳову гузоришҳо пешниҳод гардиданд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ дар алоҳидаги барои таҷлили бошукуҳи 28-солагии Истиқлолияти давлати бо иштироки васеъи волонтёрон як қатор чорабиниҳоро баргузор намуд.
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони Раёсат дар толори Маркази ҷавонон бо иштироки васеъи волонтёрон мулоқоти Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оиди «Ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои Истиқлолияти давлати» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 60-нафар ҷавонону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруѓ ва донишҷуёни ДДХ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруѓ иштирок намуданд.
Инчунин бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони Раёсат озмуни интлекттуалли «Донишвар» миёни донишҷуёни ДДХ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруѓ баргузор гардид, ки дар он донишҷуёни ДДХ ѓолиб баромада аз тарафи Раёсат бо туҳфаҳои хотирави ва ифтихорномаи Раёсат қадр карда шуданд.
Чорабинии телевизиони таҳти унвони «Зодагони истиқлол» бо иштироки гирандагони стипендияи Президенти баргузор гардид, ки дар он гирандагони стипендияи Президенти ва хонандагон иштирок ва суханрони намуданд.
Ѓайр аз ин дар ҳошияи ҷашнгирии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонии ҷавонони ҷумҳури ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид, ки аз таърихи 2 то 6 –уми сентябр давом кард. Дар доираи меҳмони инчуни як қатор чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардиданд, ки аз ҷумла дар шаҳри Хоруѓ, форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими арзишҳои Истиқлолият» баргузор гардид. Инчунин бо ҷалби ҳунармандони ҷавон чорабинии фарҳанги бахшида ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри тобистонаи шаҳри Хоруѓ таҳти унвони «Дустии ҷавонон поянда бод» баргузор гардид.
Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ вохурии ёсат бо ҷавонон ва варзишгарони ноҳияи Рошқалъа, ҷамоати Тусён баргузор гардид. Дар доираи вохури инчунин аёдати як нафар ҷавони маъюб баргузор гардида буд. Дар вохури зиёда аз 15- нафар ҷавонони фаъоли ҷамоат бо ифтихорномаҳои сардори раёсат қадр карда шуданд. Инчуни ба варзишгарон барои тамрин якчанд намуди лавозимотҳои варзиши тақдим гардиданд. Бо эълони сардори раёсат дар ноҳия озмуни «Суханвари беҳтарин» эълон гардида барои дарёфти туҳфаҳои қиматбаҳо аз қабили планшет ва телефони мобили рақибон бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Дар ноҳияи Ванҷ бошад ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии масъулини бахши кор бо ҷавонони ноҳия бо ҷавонони ҷамоатҳои Даштак, Водхуд ва Язгулом баргузор гардид, ки дар рафти вохури мавзуъи асосии онро «Ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои Истиқлолият» ташкил медод. Инчунини дигар дар алоҳидаги бо ҷавондухтарони бекор ва хонашин оиди тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандусти ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои муққаддаси милли суҳбатҳо дар ин ҷамоатҳо ороста шудаанд.
Бахшида ба Рузи кудакон дар варзишгоҳи маркази бо ҷалби ҷавонону бонувон ҳашар гузаронида шуд. Дар ҳамкори бо бахши кор бо занон ва оила, ташкилоти ҷамъиятии “Занон ва адолат” дар Ҷамоати деҳоти Қ. Гадолиев бо сокинони деҳаҳои Хидорҷеф,Тавдем ва Риҷист оид ба масоили зуровари дар оила, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарби, маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бараси гаштанд ва бо сокинону мулоқотчиён суҳбати озоду ошкоро ба вуқуъ пайваст.
Моҳи июн дар МТМУ№26 бо ҳамаи хонандагони китобхонаҳо ва муассисаҳои қаламрави ноҳия озмуни ҷумҳуриявии “Фуруѓи субҳи донои” дар ҳамкори бо шуъбаи маориф баргузор гардид. Дар ҳамкори бо Донишгоҳи Осиёи марказии шаҳри Хоруѓ дар Ҷамоатҳои деҳоти Сежд ва Роштқалъа бо ҷалби ҷавонон семинар дар мавзуи “Нақшаи тиҷорат” баргузор шуд. Дар доираи нақша чорабиниҳои МИМҲД-ии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа оид ба таҷлили 22-солагии Ваҳдати милли суҳбатҳо бо аҳли ҷамоатчиги доир шудаанд. Бо толибилмони МТМУ №9, 10 оиди маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд вохури баргузор шуд.
Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия гуруҳи кори ташриф оварда дар давоми як руз чорабиниҳои оммави, фарҳанги ва варзиши баргузор шуданд. Дар маркази ноҳия аксияи тарѓиботи оид ба пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили нашъманди ва ВНМО. БМНМ бо иштироки аҳли ҷамоатчиги ва суҳбат вохури дар хонаи фарҳанги ноҳия дар мавзуъҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти, мубориза бар зидди нашъаманди ва ВНМО аз ҷониби масъулин гузаронида шуд. Инчунини дигар ду нафар маъюбони гуруҳи якум Султонмамадова Элвира ва Ховаршоев Довар аз ҷониби масъулин айёдат шуда, бо кумаки яқватаина таъмин шудаанд.
Моҳи июл дар Ҷамоати деҳоти М. Миршакар дар ҳамкори бо ташкилоти ҷамъиятии “Лоҷвар” дар мавзуи хариду фуруши одамон суҳбат вохуриҳо доир шудаанд. Инчунини дигар ду маротиба вохури бо ҷавонон Ҷамоати деҳоти Роштқалъа оид ба ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзиши ва ҷалби онҳо ба хизмати Модар Ватан гузаронида шуд. Дар ҳамкори бо бахши кор бо занон ва оила ва маркази бемориҳои сироятии вилоят семинар машварт оид ба бемориҳои сирояти бо бонувон баргузор шуд.
Дар ҳамкори бо китобхонаи маркази ва идораву муассисаҳои дахлдор дар китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки наврасон, ҷавонон ва калонсолон озмуни “Фуруѓи субҳи донои” бо шаш номенатсия ва 21 нафар иштирокдорон озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.
Моҳи август бо ҷавонони синни даъвати суҳбатҳои индувидуали дар Ҷамоати деҳоти М. Миршакар, Роштқалъа ва Сежд оид ба ҷалби онҳо ба даъвати навбати ба хизмати ҳарби гузаронида шуд.
Бахшида ба Рузи варзишгарон дар толори варзишии МТМУ№12 Ҷамоати деҳоти Тусиён вохурии масъулин бахш бо варзишгарон доир гардид.
Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ихтиёриён, мураббиёни муассисаи варзиши ва идораву муассисаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳия ҳашар гузаронида шуд. Инчунини дигар вохурии масъулини бахш бо кормандони муассисаи варзиши оид ба таҷлили Истиқлолияти давлати ва тайёри ба соли хониши 2019-2020 баргузор шуд.
Бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони Ҷавонон пайрави Пешвои миллат баргузор карда шуда ҷавонон дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзиданд.
Шуѓлнокии ҷавонон: аз ҷониби Раёсат 3 ярмаркаи ҷойҳои нави кории холӣ ва вазифаҳои озод дар якҷояги бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуѓли аҳоли дар шаҳру ноҳияҳо 26 ярмаркаи ҷойҳои кории холи ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
3.Таъмини тарзи ҳаёти солими ҷавонон: Бо мақсади тарѓиби ташакулли тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва иҷрои нақшаҳои муштарак дар ин муддат 30 семинар омузиши бо ҷалби 148 вохурию мулоқотҳо бо фарогирии 21396 нафар, 7 семинар машваратҳои иттилооти бо ҷалби 725, 23 аксияю ҳамоишҳо бо ҷалби 4790, 9 конференсия, миззи мудаввар, 30 озмунҳо бо фарогирии 708 нафар гузаронида шуда, шумораи маводҳои иттилоотӣ дар ин давом 2907 ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масъунияти одам 357 нафар буда аз ин шумора 40 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад.
Тарбияи ватандустии ҷавонон:
Раёсат дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои маҳаллӣ 76 вохурию суҳбатҳо бо фарогирии 29975 нафар, шумораи озмунҳо 30 адад дар самти ватандустии ҷавонон гузаронидааст, ки 1784 адад маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Дар маҷмуъ шумораи чорабиниҳо дар ин самт 154 ададро ташкил менамояд, ки нисбати ҳамин давраи соли равон 30 чорабинӣ зиёд аст.
8. Ахлоқи ҳамида ва фарҳангдустии ҷавонон:
Дар ин самт 94 вохурию суҳбатҳо, бо фарогирии 11636 нафар наврасону ҷавонон баргузор карда шуд.
Соҳаи варзиш
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кушиш намуда истодаанд, ки бо мақсади тарѓиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонони вилоят, мустаҳкам намудани сулҳу иттиҳод, якдилию ҳамдигарфахми, даъвати ҳар чи бештари ҷавонон ба варзиш, тарѓибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлат тавассути чорабиниҳои варзиши мусобиқаҳоро роҳандози намоянд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят фаъолияти худро баҳри амали намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 260 «Дар бораи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017–2021» аз 27 майи соли 2017, № 261 ва Тақвими ягонаи ҳамасолаи чорабиниҳои оммавию варзиши, омодагию солимгардони ва иштироки варзишгарон дар мусобиrаи вилояти, xум[урияви ва байналмилали барои соли 2019 ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар вилоят ҷамъи умумии иншоотҳои варзиши 402, як маҷмааи варзиши аз ҷумла 67 толори варзиши, 293 майдончаҳои одди варзиши 11 варзишгоҳ, 3-то қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон вуҷуд дорад. Дар вилоят 10 мактаби варзиши бо фарогирии 3754 нафар варзишгар, аз ҷумла 667 духтар фаъолият карда истодааст.
Бо ташабуси Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят 15 январи соли 2019 маросими ҷоизасупори барои варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурияви ва байналмилали иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, мулоқоти расмии Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов баргузор карда шуд. Дар ин чорарабини мазкур ба 154 нафар варзишгарону мурабиён ифтихорнома ва
мукофоти пули дар ҳаҷми 18700 сомони аз тарафи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тақдим карда шуд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят тибқи нақша-чорабиниҳои таҳияшуда бахшида ба ҷашнҳо ва идҳои касби чорабиниҳои фарҳанги, маърифати, илмию сиёси ва варзиши корҳои муайянеро ба сомон расонд.
Дар вилоят давоми соли 2019 машқҳои пагоҳирузи 305 маротиба гузаронида шуда теъдоди фарогирифта 18840 нафар, 6633 нафар занон ва 12207 нафар мард ташкил медиханд.
Дар вилоят дар давоми соли 2019, 405 чорабиниҳои варзиши бо фарогирии 49831 нафар ки аз инҳо 38101 мард ва 11730 зан гузаронида шуданд
Дар давоми соли равон барои сафарбар намудани варзишгарони вилоят ҷиҳати ширкат варзидан дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳурияви 420653 сомони (чорсаду бист ҳазору шашсаду панҷовусе) сомони, ҷудо гардидааст.
Дар ин мусобиқаҳои варзиши 1042 нафар варзишгар, ки аз онҳо 221 нафарашон бонувон мебошанд, фаъолона иштирок намуданд.
Варзишгарони вилоят дар 47 адад мусобиқаҳо ҷумҳурияви ва 17 чемпионат иштирок намуда сазовори 217 медал гардиданд аз инҳо 52 медали тилло, 63 медали нуқра ва 102 медали биринҷи, ва дар 13 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда сазовори 51 медал гардиданд, аз инҳо10 медали тилло, 17 медали нуқра ва 24 медали биринҷи.
Аз 17 феврал то 17 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе курси такмили ихтисоси барои директорони муассисаҳои тайёрии варзиши, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар ин семинар панҷ нафар директорни муассисаҳои варзиши Хусравов Б, Олифтаев А, Назаров Х, Куибеков З ва Яқинов Ё сафарбар карда шудаанд. Ин курси бозомузи барои боз ҳам беҳтар намудани маҳорату малакаи мураббиёни вилоят рохандози карда шуд.
Аз 15 апрел то 22 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе курси такмили ихтисоси барои муовинони директорони муассисаҳои тайёрии варзиши, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар ин семинар чор нафар муовинони директорни муассисаҳои варзиши Алиназаров В, Баротов М, Назаров Р ва Наврузов С сафарбар карда шудаанд. Ин курси бозомузи барои боз ҳам беҳтар намудани маҳорату малакаи мураббиёни вилоят рохандози карда шуд.
Аз 26 август то 5 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе курси такмили ихтисоси барои методистони муассисаҳои тайёрии варзиши, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар ин семинар панҷ нафар методистони муассисаҳои варзиши Зикрихудоев Ф, Муродбеков Р, Худобахшова Н, Саидасаншоев С ва Абдулмаҷидова Л сафарбар карда шудаанд. Ин курси бозомузи барои боз ҳам беҳтар намудани маҳорату малакаи мураббиёни вилоят рохандози карда шуд.
Аз 21 октябр то 2 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе курси такмили ихтисоси барои мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзиши оид ба намуди варзши дзюдо, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар ин семинар се нафар мураббиёни муассисаҳои варзиши оид ба намуди варзши дзюдо Сурхов Э, Боқиев Б ва Асматбеков Н сафарбар карда шудаанд.
Ин курси бозомузи барои боз ҳам беҳтар намудани маҳорату малакаи мураббиёни вилоят рохандози карда шуд.
Дар таътили зимистона дар толорҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзиши аз руи 15 намуди варзиш гузаронида шуданд. Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсат бахшида ба таҷлили 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави вилоят мусобиқаҳои варзиши аз намуди футболи хурд дар маҷмааи варзиши, гуштини милли дар толори мактаби Президенти, варзиши сабук, дастхобони ва гурзбардори дар қисми ҳарбии 01123, шоҳмот дар комиссариати ҳарбии вилоят ва тирпаррони дар ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят баргузор гардида ѓолибони мусобиқаҳои варзиши аз тарафи Раёсат ва камисарияти ҳарбии вилоят бо мукофоти пули ва ифтихорномаҳо қадридони карда шуданд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, маркази таёри олимпи, муассисаҳои давлатии мактаби варзишии махсуси гуштинҳо ва мактаби варзишии шаҳри Хоруѓ аз 3 то 26 феврал дар ҳашарҳо аз барф тоза кардани боми толорҳо ва назди биноҳои мактабҳои варзиши тибқи реҷа фаъолона ширкат варзиданд.
Аз 23 то 24 феврал мусобиқаи варзиши аз намуди таэквондо (ВТФ) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 24 варзишгар иштирок карданд ва аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаи вилояти аз намуди баскетбол байни дастаҳои занона ба хотири рузи модарон аз 4 то 8 марти соли ҷори дар маҷмааи варзиши гузаронида шудаанд. Дар ин мусобиқа 4 даста иштирок намуданд ва аз тарафи Раёсат бо туфа, ифтихорнома ва медалҳо қадрдони карда шуданд.
Аз 9-10 марти соли ҷори мусобиқаҳои вилояти аз намудҳои гуштини самбо байни наврасони солҳои таваллуди 2003-2005 дар толори варзишии маҳалаи Тем ва таэквондо ВТФ байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 дар толи варзишии МТМУ №7 шаҳри Хоруѓ гузаронида шуданд, дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 78 нафар варзишгар иштирок намуданд, аз инҳо 15 бону мебошад. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Инчуни аз 15 то 17 март мусобиқаҳои вилояти аз намудҳои гуштини тарзи озод байни калонсолон дар толори мактаби Президенти, бокс дар толори бокси шаҳри Хоруѓ ва гуштини милли байни калонсолон дар толори варзишии маҳалаи Тем гузаронида шуданд. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Санаи 30 то 31 марти соли ҷори мусобиқаҳои вилояти аз намудҳои гуштини дзюдо байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруѓ ва варзиши сабук байни ҷавонони солҳои таваллуди 2000-2003 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруѓ гузаронида шуданд, дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 134 нафар варзишгар иштирок намуданд, аз инҳо 20 бону мебошад. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Аз 29 март то 2 июни соли 2019 мусобиқаи вилояти аз намуди футболи хурд байни кормандони идораву муасисаҳои бахшида ба Рузи ҷавонон дар
маҷмуааи варзиши шаҳри Хоруѓ баргузор гардид, дар ин мусобиқа зиёда аз 22 даста бо фарогирии 330 варзишгар иштирок намуданд. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва мукофоти пули қадридони шуданд.
Санаи 4 то 5 апрели чемпионати интихобии вилояти аз намуди туби дасти байни мардо ва 6-7 июни соли ҷори чемпионати интихобии вилояти аз намуди туби дасти байни бонувон дар маҷмуааи варзиши шаҳри Хоруѓ баргузор гардид.Дар ин мусобиқҳо зиёда аз 96 нафар варзишгар иштирок карданд, аз инҳо 48 нафар бону мебошад.
Таърихи 5 то 6 апрели соли 2019 мусобиқаи вилояти аз намуди гуштини дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2004 баргузор гардид, дар ин мусобиқа 120 нафар варзишгар қувва озмуи намуданд.
Аз 8 то 12 апрел чемпионати вилояти аз намуди волебол байни мардон ва аз 15 то 19 апрели соли ҷори чемпионати вилояти аз намуди волебол байни бонувуон баргузор гардид. Дар ин мусобиқҳо 96 нафар
варзишгар иштирок карданд, аз инҳо 48 нафар бону мебошад. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Аз 10 то 12 апрели соли 2019 мусобиқаи вилояти оид ба шоҳмот байни наврасону ҷавонон(писарон ва духтарон) аз 6,810,12,14,16,18 ва 20 сола баргузор гардид, дар ин мусобиқа 60 нафар варзишгар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 30 нафар духтар мебошад.
Бахшида ба 74-солагии Рузи Ѓалаба аз 5 то 8 майи соли ҷори мусобиқаи вилояти оид ба шоҳмот байни ҷавонону калонсолон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 20 нафар варзишгар иштирок карданд, ки аз онҳо 3 нафар бону мебошад. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва мукофоти пули қадридони шуданд.
Аз 17 то 18 май мусобиқаи вилояти аз намуди гуштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллуди 2002-2004 ва аз 1 то 2 июн соли ҷори мусобиқаи вилояти аз намуди гуштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллуди 1999-2001 баргузор гардид. Дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 80 нафар варзишгар ширкат варзиданд.
Санаи 21-22 майи сол 2019 мусобиқаи вилояти аз намуди гуштини милли байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1999-2001 баргузор гардид, дар ин мусобиқа зиёда аз 40 нафар варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилоят қувва озмуи намуданд.
Инчунини дигар дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 8 мусобиқаи ҷумҳурияви аз намудҳои гуштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2002-2004, гуштини дзюдо байни ҷавонони соли таваллудашон 1999-2001, волейбол байни ҷавонони (писарони) солҳои таваллуди 1997 ва хурд, шоҳмот байни мардон, туби дасти байни ҷавонони то 22 сола, бокс байни наврасони соли таваллудашон 2005-2006, тенниси руи миз байни ҷавонони соли таваллудашон 1998 ва хурд, карате кёкушинкай байни наврасону ҷавонони аз 6 то 15 сола дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.
Раёсат вобаста ба татбиқи Кодекси одоби варзишгар ва мурабби, истифодаи самараноки иншоотҳои варзиши, ки дар онҳо мураббиёни
муассисаҳои тайёрии варзиши машѓулият мегузаронанд мунтазам тадбирҳо андешида, бо ин мақсад бо иштироки роҳбарони мактабҳои
варзишии вилояти, мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо ва мураббиёну варзишгарон мулоқотҳо баргузор карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои интихоби вилояти, марҳилаи дуюм аз моҳи марти соли 2019 бо теъдоди 43 чорабинии варзиши аз он ҷумла чемпионат ва мусобиҳақои вилояти аз намудҳои Теквандо ВТФ, Самбо, Теквандо ВТФ (2003-2005), гуштини тарзи озод, гуштини милли, бокс, дзюдо 2005-2007, варзиши сабук байни синну соли 2000-2003, туби дасти байни мардон, дзюдо байни наврасони солҳои тавалудашон 2002-2004, волейбол байни мардон, шоҳмот байни наврасону ҷавонони(писарон ва духтарон 6,8,10,12,14,16,18 ва 20 сола), волейбол байни бонувон, бадминтон байни кудакони 9-11 сола, 12-13 сола, 14-15 сола ва 17 сола боло, гуштини тарзи озод байни наврасони солҳои тавалудашон 2002-2004, гуштини милли байни ҷавонони солҳои таваллуди 1999-2001, гуштини тарзи озод байни ҷавонони солҳои таваллуди 1999-2001, туби дасти байни бонувон, дзюдо байни ҷавонони солҳои таваллуди 1999-2001, волейбол байни ҷавонони (писарони) солҳои таваллуди 1997 ва
хурд, варзиши сабук ва волейбол байни наврасдухтарони солҳои таваллуди 2003 ва хурд баргузор гардида дар ин чорабиниҳо 1747 нафар варзишгар иштирок намуданд аз ин теъдод 306 нафарро бонувон ташкил медиҳад.
Ҳамзамон Раёсат дар якҷояги бо сохторҳои маҳалли, ташкилотҳои система бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ташкили гуруҳҳои нави варзиши, махсусан намудҳои олимпи ва милли мунтазам тадбирҳо андешида истодааст.
Мушкилотҳои ҷойдошта дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
1.Мушкилоти дигар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ин маблаѓгузори нагардидани барномаҳои маҳаллии ҷавонон аз ҳисоби буҷетҳои маҳалли мебошад, ки ин мушкилот дар амалигардонии ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон ва фарогирии ҷавонон ба машѓулиятҳо таъсири манфи расонида истодааст.
- Мушкилоти дигар имруз миёни ҷавонон ин бекори мебошад, ки ин теъдоди зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонони бекор ба амал омадаанд, ки боиси нигарони мебошад.
3.Маблаѓгузори нагардидани барномаҳои соҳави дар сатҳи маҳал
4. Кормандон аз баски бештарашон кадрҳои ҷавон ҳастанд ба курси такмили ихтисос ниёз доранд.
5. Утоқҳои Раёсат гарчанде таъмир гардидаанд ҳам айни замон ба мизу курси ва принтер ниёз доранд.
6. Ҷиҳати инкишофи базаи модди техники бунёди варзишгоҳҳо майдончаҳои варзиши,толорҳои варзиши, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби соҳибкорон ва дигар манбаҳо.
7. Ташкил ва баргузории лагерҳои варзиши ва солимгардони дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо вилоят
8. Вобаст намудани варзишгарони беҳтарини вилоят тибқи Қарори Раиси вилоят ба идораву муассисаҳои давлативу ѓайридавлати
9. Барои сарфа кардани буҷети вилоят ҷиҳати сафарбарнамудани варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви мошини хизмати агар харидори шавад як маротиба нисбати нархи тременалҳо арзон карда шуда варзишгарон дар дигар мусобиқаҳо низ ширкат хоҳанд варзид.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кушиш менамояд, ки баҳри амали намудани дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми роҳу воситаҳои афзалиятнок минбаъд низ истифода хоҳад намуд.