Сайёҳӣ
18.1. Рафти иҷрои Нақша чорабинињои амалисозии Стратегияи рушди сайёњии Ҷумњурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №202 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ҷињати иҷрои Қарори Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №372 “Дар бораи Стратегияи рушди сайёњи дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо қарори раиси вилоят аз 17 августи соли 2018, №249, Амру фармонҳо ва Қарори Раиси ВМКБ оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12 2018, №АП-1146 дар бораи Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амали менамояд. Вобаста ба амали намудани вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида дар сатҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақша чорабиниҳо ҷиҳати амалишавии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 8 уми апрели соли 2019, №118 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” бо 31 банд ба тавсиб расонида шуд. Дар заминаи он қарорҳои дахлдори раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот нақшаи чорабиниҳо қабул карда шуданд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Вањдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” эълон намуд, ки самтҳои асоси барои фаро гирифтани аҳолии қабили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсоли, инчунин, муаррифи намудани таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои милли ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар соли 2018 ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрию ҳуқуқи фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкуни низ татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳи аз пардохтҳои андозию гумруки ва ширкатҳои сайёҳи дар панҷ соли аввали фаъолияташон озод карда шудаанд. Инчунин, бомақсади ҳавасмандгардонии аҳоли ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардуми аз 1 январи соли 2018 фуруши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.
Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар заминаи Қарори Раиси вилоят аз 8 апрели соли ҷори нақшаи кории шуъбаи рушди сайёҳи ба тасвиб расид. Тибқи нақшаи кории шуъбаи рушди сайёҳи дар нўњ моҳи соли 2019 як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Дар доираи чорабиниҳои “Соли рушди дењот сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” эълон гардидани соли 2019 якҷо бо сохторњои дахлдори самти сайёњи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва бо иштироки бахшҳои рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд муаррифи намудани имкониятҳои риштаи сайёҳи дар минтақаи Бадахшон њамоиши расми тањти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат мўњтарам Эмомали Рањмон : 2019-2021 солњои рушди дењот, сайёњи ва њунарњои мардуми” дар моњи январи соли 2019 баргузор гардид.
Бо мақсади ҳар чи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ВМКБ ва ҳамзамон муаррифи намудани минтақаҳои сайёҳии вилоят насби рекламаи минтақаҳои сайёҳи ва ишораҳои сарироҳи, аз ҷумла насби харитаи нави сайёҳи ва таъмини маводи иттилоотии сайёҳи бо се забон, дар њамкори бо АСЭФП ва дигар субеъктони хизматрасонии сайёњи дар истгоҳҳои нақлиёти ва даромадгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят корњо рафта истодаанд. Аз тарафи кормандони шуъбаи рушди сайёњии вилоят бо дастуру супориши муовини раиси вилоят сарпарасти соња харитаи нави сайёњи тањия карда шуд. Дар баробари ин дар қад-қади роњњои маркази шањри Хоруғ ва ноњияњои вилоят шиору овезањо вобаста ба эълон гардидани “Солњои рушди дењот, сайёњи ва њунарњои мардуми” насб карда шуда, тавассути васоити ахбори омма, сомонањои расми ва шабакањои иҷтимои муҳимияти рушди соњаи сайёҳи тарғибу ташвиқ карда шудаанд.
Кормандони шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар арафаи Наврузи оламафруз санаи 21 уми марти 2019 “Навруз мероси фарҳангии сайёҳи”, ки яке аз идњои милли ва таҷасумкунандаи фарњанги ниёгонамон ба шумор меравад ва диққати сайёҳони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад, дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
18.2 . Корҳои анҷомдода ҷиҳњати рушди инфрасохтори сайёҳи, зиёд намудани ширкатҳои сайёҳи ва шумораи сайёҳон дар соли 2019
Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ҳолати имрўза дар ҳудуди вилоят 36 нафар субъектони хизматрасонии сайёҳи (ширкатњои сайёҳи) бо иҷозатномаи махсуси кумитаи рушди сайёҳии назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт фаъолият карда истодаанд, ки аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз 2 адад, ноҳияи Ванҷ 1 адад, ноҳияи Рушон 3 адад, ноҳияи Шуғнон 3 адад, ноҳияи Ишкошим 1 адад, ноҳияи Мурғоб 12 адад, шаҳри Хоруғ 14 адад мебошанд.
Ҳамзамон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баҳри беҳтар намудани инфросохтори соҳаи туризм аз сектори хусуси чораҳои амали андешида шуда, айни замон дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 12 адад, ноҳияи Дарвоз 8 адад, ноҳияи Ванҷ 2 адад, ноҳияи Рушон 3 адад, ноҳияи Шуғнон 4 адад, ноҳияи Роштқалъа 4 адад, ноҳияи Ишкошим 20 адад, ноҳияи Мурғоб 14 адад меҳмонхона барои қабули сайёњони дохилию хориҷи омода мебошанд, ки аксарияти аз ин меҳмонхонаҳо фаъолияти мавсими доранд.
Вобаста ба эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”дар ноҳияи Дарвоз бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷи ширкати сайёҳии “М-Сайёд” дар мавзеъи Яхчи мобайни Ҷамоати Нулванд сохтмони меҳмонхонаи се ошёна бо маром идома дорад, то ба имруз 80% фоиз корҳои сохтмони анҷом ёфтааст. Соҳибкори ватани тасмим гирифтааст, ки меҳмонхонаро ба тарзи замонави бунёд намуда, дар ин мавзеъи зебоманзар шумораи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ҷалб намояд. Инчунин аз тарафи соҳибкори ватани дар маркази ноҳия тарабхонаи “Ориёно” аз сари нав таъмир карда шуда, баҳри ҷалб намудани диққати сайёҳон ба меъёрҳои стандарти ҷавобгу гардонидашуда, рузҳои наздик кору фаъолияташро баҳри қабули меҳмонҳо идома медиҳад.
Бо мақсади ташаккул додани сайёњии табобатию солимгардони, ки ин шакли аз ҳама паҳншудатарини фаъолияти туристи буда бо мақсади истироҳат, солимгардони, барқароркунии ҷисмони ба шумор меравад, дар ҳудуди вилоят 4-осоишгоҳ Гарм-Чашма, Авҷ, Биби Фотимаи Зуњро ва Ҷелондеҳ арзи вуҷуд доранд, ки барои сайёҳони дохилию хориҷи њамарўза хизмат мерасонанд.
Вобаста ба эълон гардидани солњои 2019-2021 “Соли рушди дењот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” шумораи сайёҳони хориҷи афзоиш ёфта, мутобиқи њисоботи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон дар ВМКБ давоми дувоздањ моҳи соли ҷори ба вилоят 7883 нафар сайёҳони хориҷи ва дохили ба қайд гирифта шуда, ворид гардиданд.
18.3. Ташкил ва ба роњ мондани муаррифии мавзеъњои нодири сайёњи, њифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захирањои табии, њайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарњанги, фароњам овардани шароит барои рушди сайёњии экологи, табобати, варзишию шикор
Бо мақсадиҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва њамзамон муаррифи намудани минтақаҳои сайёҳии вилоят насби рекламаи минтақаҳои сайёҳи ва ишорањои сарироњи, аз ҷумла насби харитаҳои сайёњи ва таъмини маводи иттилоотии сайёњи бо се забон дар сомонаи иҷтимоии шуъба (фейсбук) ва дар ҳамкори бо Ассотсиатсияи сайёҳии экологии фарњангии Помир ва дигар субъектони хизматрасонии сайёњи дар даромадгоҳҳои шањри Хоруғ ва ноњияњо корњо рафта истода аз тарафи шуъбаи рушди сайёњии вилоят харитаи сайёњии вилоят тањия карда шуданд. Дар баробари ин қад-қади роҳҳои марказии шањру ноњияњои вилоят шиору овезањо вобаста ба эълон гардидани “Солњои рушди дењот, сайёњи ва њунарњои мардуми” насб карда шуда, тавассути васоити ахбори омма, сомонањои расми ва шабакањои иҷтимои муњимияти рушди сайёњи, њамарўза тарғибу ташвиқ карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар партави сиёсати созанда ва “Дарҳои кушод”-и Асосгузори сулњу Вањдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рањмон гўшаи сайёҳии ВМКБ-ро намояндаи соњаи сайёњии вилоят Ассотсиатсияи Сайёњии Эко – Фарҳангии Помир дар намоишгоњи бузурги байналмилалии сайёњи, ки аз 6 то 10 марти соли 2019 дар шањри Берлини Ҷумњурии Федералии Олмон (ITB Berlin-2019) баргузор гардид муаррифи намуданд. Кўҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба рўйхати “100 самти бењтарин пешоҳангони глобали дар ҳифзи фарҳанги милли, анъана ва ҷалби мардумон ба соњаи сайёҳи дар соли 2019” шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардид.
Њамчунин дар таърихи 15 марти соли 2019 Форуми байналмилалии иқтисодии давлатњои иштирокчии аъзои Иттињоди Давлатњои Мустақил тањти унвони “ИДМ иқтисоди рақами платформаи њамгирои” баргузор гардид, ки дар он мавзўи “Иқтисоди рақами дар сайёњи: ИДМ +Ҷањон” мавриди барраси қарор дода шуд. Роњбари АСЭФП дар ин чорабинии муњими сайёњи иштирок намуданд.
Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” дар ш. Брусел чорабини баргузор гардид. Бо даъвати расмии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брусел намояндагони АСЭФП даъват шуданд ва имкониятҳои сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро муаррифи намуданд. Ахборот оиди имкониятҳо дар “Travelling News from and to tourism lovers” #119 June” чоп гардид, ки ин маҷала зиёда аз 7 млн хонанда дорад.
Иштироки намояндагони АСЭФП дар форуми намояндагони соҳаи сайёҳи дар ш.Тошкент. Ин чорабини дар таърихи 11 апрели соли 2019 баргузор гардид, дар ин чорабинии муҳим намояндагони АСЭФП имкониятҳои шоистаи сайёҳии вилоятро муаррифи намуда ва зиёда бо 42 ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон, Қирғизистон вохури баргузор гардиданд.
Омўзиши соҳави барои мутахасиссони соҳаи сайёҳи дар робита бо дигар сохторҳои дахлдори соҳаи сайёҳи дар мавзуъи Менеҷмент, Маркетинг ва Иртиботот барои намояндагони соҳаи сайёҳи. Ин омўзиш аз тарафи Донишгоҳи Осиё Маркази (ДОМ) аз саънаи 14 то 23 апрели соли 2019 гузаронида шуд. Дар ин омўзиши мазкур 20 нафар кормандони соҳаи сайёҳи дар ҳамкори бо дигар намояндагони ин соҳа иштирок карданд. Кормандони шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ширкатҳои сайёҳи ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ дорои шаҳодатномаи Донишгоҳи Осиёи Маркази гардиданд.
Вобаста ба муаррифи ва таблиғ намудани имкониятҳои шоистаи сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намояндагони портали иттилоотии маҷалаи таърихиву фарҳангии “Наша история”-и Ҷумҳурии Белорус барои таҳияи маҷалла ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Тибқи барномаи таҳиягардида ташрифи хабарнигорони портали “Наша история” рузҳои 7-8 июни соли 2019 амали гардид. Намояндагони портали иттилоотии маҷалаи таърихиву фарҳангии “Наша история”-и Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати нашри мақолаҳо оиди имкониятҳои соҳаи сайёҳии вилоят аз мавзеъҳои таърихи, экологи, куҳнаварди, этнографи, табобати, ҳунарҳои мардуми ва таомҳои милли аз наздик шинос шуданд.
Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии вилоят санаи 29.05.19 вохурии мутахассиссони соҳаи сайёҳи бо муаллимон ва донишҷуёни кафедраи биоэкология ва туризм бо мақсади ҳамкории мутақобилан судманд дар самти соҳаи сайёҳи баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва забондон барои бозори соҳаи сайёҳи доир гардид.
Муаллимаи кафедраи биоэкология ва туризм Назарбекова Рамзия барои донишҷуён презинтасияро дар мавзуъи сайёҳии куҳгарди дар шароити куҳи ба тарзи электрони гузаронд. Аз тарафи намояндаи шуъбаи рушди сайёҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳи оиди имкониятҳои шоистаи соҳаи сайёҳии вилоят ва моҳияти эълон намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” суханрони намуданд.
Инчунини дигар бо мақсади фароҳам овардани ҳамаи имкониятҳо дар соҳаи сайёҳи ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт, ки рушди минбаъдаи соҳа аз онҳо вобастаги дорад санаи 07.06.19 конфронси илми-амали бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми таҳти унвони “Мушкилотҳо ва имкониятҳои соҳаи сайёҳи дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” дар меҳмонхонаи Серена бо иштироки муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ва муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло баргузор гардид.
Дар конфронс инчунин муовини раиси вилоят сарпарасти соҳаи сайёҳи Носирзода У, раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳи даъват гардиданд.
Кори конфронсро раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ҳусни оғоз бахшида изҳор доштанд, ки мо барои ҷалб намудани сайёҳони хориҷи ва дохили ба вилоят тамоми кушиши худро ба харҷ диҳем. Аз ҳама асос волоияти қонун ва таъмини амнияти бехатарии сайёҳон барои мо лозим ва зарур мебошад. Дуюм фароҳам овардани шароити мусоид дар меҳмонхонаҳо, тайёр намудани роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонон, ки донистани забонҳои хориҷи барои онҳо муҳим мебошад.
Муовини якуми раиси Кумитаи сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло кайд карданд, ки Бадахшон ҳақиқатан макони сайёҳон буда Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ тамоми талошҳои худ баҳри он равона мекунад, ки хизматрасонии сайёҳиро дар вилоят беҳтар намояд.
Дар конфронси мазкур олимон ва роҳбарони ташкилотҳои сайёҳи дар мавзуъҳои зерин суханрони намуданд.
Барои ҷалби диққати бештари сайёҳон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон санаи 24 июни соли 2019 гуруҳи хабарнигорони идораи радио ва телевизиони “Мир” бо барномаи “Риштаи ҷаҳон” ба вилоят ташриф оварданд ва бо маъсулини шуъбаи рушди сайёҳии вилоят ҷойҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳии вилоятро ба навор гирифтанд. Аз ҷумла Боғи ботаники, осоишгоҳи Гармчашма, хонаи Помири, тарзи бофтани ҷуроби помири, усули тайёр намудани ширчой, ва моҳигири бо мардуми маҳалли аз наздик шинос шуданд. Ин имкон медиҳад, ки теъдоди сайёҳоне, ки хоҳиши дидани куҳсори Помирро доранд, боз ҳам афзоиш ёбад.
Барои рушди босуботи ин соҳа аз ҳама муҳим волоияти қонун ва таъмини амнияти бехатарии сайёҳон ба ҳисоб рафта вобаста ба ин санаи 28 июни соли 2019 дар Ассотсиатсияи Сайёҳи Экологии Фарҳангии Помир семинар омўзиш дар мавзуъи “Бехатарии сайёҳон аз офатҳои табии” бо иштироки намояндаи барномаи инкишофи Созмони Милали Муттањид мушовири идоракуни аз хатарҳои табии Чарлзь Келли, дар ҳамкори бо Кумитаи Њолатҳои Фавқулодда ва намояндагони мақомоти иҷроияи њокимяти давлатии Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон семинар омузиш баргузор гардид.
26-28 июли соли 2019 дар шањри Хоруғ фестивали “Боми Ҷањон” баргузор шуд, ки дар он ҳунармандон аз мамлакатхои Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон ва инчунин аз Иёлоти Муттањидаи Амрико ва Латвия иштирок карданд. Фестивали мазкур дар ВМКБ давоми 12 сол ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии фестивал муттањид намудани дустдорони мусиқи ва ҷалби сайёҳони хориҷи мебошад.
Кумитаи сайёњии назди Њукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии ВМКБ дар њамкори бо шарикони рушд санаи 30-31 июли соли ҷори дар шањри Хоруғ омўзиш оиди “Идоракунии захирањо дар соњаи сайёњи гузаронида шуд. Дар омўзиш кормандони шуъбаи рушди сайёњи иштирок намуданд. Мақсади асосии ин омўзиш рушди инфрасохтори сайёњи ва инкишофи њунарњои мардуми, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатњи хизматрасони ва баланд бардоштани некуањволии мардум дар як дења ва мањалли ањолинишин мебошад.
Санаи 4 августи соли 2019 дар ноњияи Мурғоб фестивали њифзи озодапаланг “Тоҷикистон-2019” баргузор гардид. Фестивал бо дастгирии Раёсати њифзи муњити зисти ВМКБ, МИЊД-и ноњияи Мурғоб,ҶДММ “Барс-2010”, ИҶ “Кўњњои Помир” ташкил карда шуд.
Рушди соњаи сайёњи ва инфрасохтори он яке аз масъалахои муњим дар вилоят буда, барои рушд додани ин соња ҷалби сармояи хориҷи низ зарур аст. Дар таърихи 6-7 августи соли равон дар шањри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир-инвест 2019” баргузор гардид. Мақсади форум пешнињод намудани бизнес идеяњо ва дастгирии онњо аз тарафи сармоягузорони хориҷи, мубодилаи афкор ва тањияи барномањои иқтисоди мебошад. Њамзамон Форуми байналмилалии сармоягузори муаррифгари имкониятњои рушди сайёњии вилоят низ мебошад. Дар форум ба масъалаи соњаи сайёњи диққати ҷидди дода шуд. Махсусан масъалаи раводид, гузаргоњи Кулма, оббњои шифобахш, туризми кўњи, инфрасохтори вилоят муњокима карда шуд.
Шуъбаи рушди сайёњии вилоят дар њамкори бо шарикони рушд (АСЭФП) аз санаи 21 то 24 августи соли 2019 ба ноњияњои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа ҷињати тањлил намудани инфрасохтори сайёњи сафар карданд. Аз тањлилњо бар меояд, ки дар ноњияњои зикргардида мушкилотњои соња ба чашм мерасад, аз ҷумла нишонањои сари роњи ва тозагии санитари. Мењмонхонањои хурде, ки дар ноњияњо фаъолият доранд шароити баъзеашон ба талабот ҷавобгў набуда ниёз ба кўмак доранд, вале новобаста аз ин ба сайёњон хизмат расонда истодаанд.
Бо дастгирии њамачонибаи Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 15 август то 6 сентябр ва аз 6 то 25 сентябри соли 2019 дар Ҷумњурии Чин омўзиши “Идоракуни ва рушди мењмонхонањо барои Тоҷикистон” ва “Омўзиш оиди њамкори ва идоракунии рушди соњаи сайёњии Хитой ва Тоҷикистон” баргузор гардид. Барои таҷрибаомузи мудир ва мутахасисси шуъбаи рушди сайёњи дар ВМКБ, мудири шўъбаи рушди сайёњи дар ноњияи Ишкошим ба сафари хизмати ва дар ин омўзишњо иштирок карданд, ки ин барои баланд бардоштани сатњи ҷањонбини ва муносибатњои байни ин ду кишвар мусоид аст.
Ҷињати муаррифии имкониятњои сайёњии кишвар санаи 20-21 сентябри соли 2019 дар шањри Хоруғ “Намоишгоњи ҷумњуриявии дастовардњои соњаи меъмори ва шањрсози, масолењи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши њунарњои дар муаррифии меъмории милли” гўшаи сайёњии мамлакат ташкил карда шуд. Аз тарафи шуъбаи рушди сайёњи дастовардњои соњаи сайёњи ва њунарњои мардуми ба намоиш гузошта шуда, урфу одати мардуми Бадахшон муаррифи карда шуданд.
Бо дастгирии шарикони рушд ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар омўзиш дар мавзўъи “Усулњои муосири тањияи барномањои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Мақсади омўзиш ин таҳияи барномаҳои рушд бо истифодаи усулҳои муосири банақшагирии стратеги мебошад.
Дар њудуди вилоят њамаги 32 мењмонхонањо мавҷуд њастанд, 437 ҷои хоб, 39 адад як ҳуҷраги, 68 адад ду њуҷраги ва 26 адад люкс мебошад. Боз 150 адад њуҷрахо мавҷуд астанд, ки мақсади асосии ташхис додани ин њуҷрањо паст кардани бекори ва ташкил кардани ҷойњои кории мавсими мебошад. Имрузњо сайёњон метавонанд дар ин њуҷрањо дар баробари дам гирифтан бо урфу одат ва фарњанги мардуми диёрамон шиносои пайдо намоянд.Барои бењтар кардани сифати хизматрасонињо барои баъзе њуҷрањо њоҷатхонањои замонави бо дастгирии БҶИИМК сохта шуданд.
Имконияти ҷои хоб дар њуҷрањо дар як шабонаруз:
- Шањри Хоруг – 540 нафар
- Ноњияи Дарвоз – 203 нафар
- Ноњияи Ишкошим – 449 нафар
- Ноњияи Рошткала – 112 нафар
- Ноњияи Мурғоб – 414 нафар
- Ноњияи Шугнон – 66 нафар
- Ноњияи Рушон – 342 нафар. Њамаги 2126 нафар мебошад.
Таълилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷи ба вилоят зиёд гардида истодааст.
Ҳамзамон бо мақсади тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми тавассути телевизиони Бадахшон барномаҳои гуногунмазмун таҳти унвони “Волотар аз куҳ фақат куҳ метавонад”, “Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ишкошим”, “Сайри таърих”, “Дарвоз розҳояшро мекушояд”, “Муҳофизони роҳи абрешим”, “Сайру гашт аз Яшикул то Бачор”, “Вахон интизори сайёҳон”, “Обҳои шифобахши Помир” ва дигарон намоиш ва ба нашр расиданд.
Бинобар сабаби то кунун пайваст набудани шуъбаи рушди сайёҳии вилоят ва бахшҳои ноҳияҳои зикргардида ба шабакаи ягонаи Интернет, таъсиси маҳзани маркази ягонаи иттилоотии сайёҳи бо мақсади ҷамъоварии ҳама гуна маълумотҳои зарури вобаста ба соҳаи мазкур ва дар ин замина корҳо рафта истодаанд.
Шуъбаи рушди сайёҳии вилоят фаъолияти хешро минбаъд низ бо мақсади татбиқи сифатнок ва пурраи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, амру фармонҳо ва қарори Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 8 апрели соли 2019, №118 “Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар робита ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” чораҳои зарури андешида, баҳри иҷрои босамари он аз тамоми роҳу воситаҳои афзалиятнок истифода хоҳад намуд.