Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид

Дар натиҷаи интихоботи рӯзи 25 феврал палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Ном ва насаби номзадҳоеро, ки дар ҳамаи 110 ҳавзаи интихоботӣ ғолиб омадаанд, дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ Игор Карпенко эълон намуд.

Ӯ иттилоъ дод, ки тибқи натиҷаҳои пешакии интихобот, ҳамаи 1 284 шурои маҳаллии вакилон ташкил шуд.

Дар рӯзи якуми овоздиҳии ягона дар таърихи Беларус, ки 25 феврал доир гардид, 110 вакили палатаи намояндагони Маҷлиси миллӣ ва 12 514 вакили шуроҳои маҳаллӣ ба муддати панҷ сол интихоб гардиданд. 263 довталаб барои вакилӣ дар парлумон ва 18 802 нафар барои вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ мубориза бурданд. Иштироки интихобкунандагон дар интихобот 73,09% — ро ташкил додааст.