Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Номзад ба мақоми президенти Финландия аз Ҳизби эътилофи миллӣ Александр Стубб дар интихоботи президентӣ, ки шоми якшанбе баргузор гардид, бо андак бартарӣ пирӯз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».
Тибқи маълумоти вазорати адлияи Финландия, пас аз ҳисоби тамоми баргаҳои овоздиҳӣ Александр Стубб дар даври ниҳоӣ 51,6 дарсад овоз гирифта, номзади мустақил, узви ҳизби «Иттиҳоди сабз» Пекка Хаависто 48,4 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.
Александр Стубб 1 март ба ҳайси президенти 13-уми Финландия савганд ёд менамояд.