Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус зимни суханронӣ дар Нишасти ҷаҳонии ҳукуматӣ дар Дубай изҳор дошт, ки ҷаҳони муосир ба пандемияи нав омода нест. Дар ин хусус ТАСС иттилоъ медиҳад.
Директори генералӣ бар ин назар аст, ки инсоният дер ё зуд бо «бемории X»-маризии нави номаълум рӯ ба рӯ мегардад ва барои ин бояд аз ҳоло омодагӣ гирифт.
Ҳамчунин Гебрейесус ишора намуд, ки пандемияи нав метавонад аз вируси зуком ё коронавируси нав ё ин ки патогени нави ба истилоҳ «бемории X» ба амал ояд.
Дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 12-14 феврал Нишасти ҷаҳонии ҳукуматӣ бо шиори «Ташкили ҳукуматҳои оянда» баргузор мешавад. Он 6 мавзуи асосиро дар бар мегирад: тағйирёбии идоракунии давлатӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди оянда, маориф, рушди устувор, шаҳришавӣ ва афзалияти глобалӣ дар соҳаи тандурустӣ. Дар доираи он зиёда аз 23 вохӯрии вазоратӣ ва мизҳои мудаввар, инчунин зиёда аз 120 ҷаласа ва машварати интерактивӣ баргузор мешаванд. Дар чорабинӣ 200 шахсияти намоён, аз ҷумла сарони давлатҳо, вазирон, коршиносон иштирок менамоянд.