Фарҳанг
Шуъбаи фарҳанги вилоят дар соли 2019 фаъолияти худро дар асоси қарору қонунҳои Ҳукумат, Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг, қарорҳои раиси вилоят, супоришу дастурҳои мақомотҳои болои ва нақшаи кории солона ба роҳ монда, соли 2019 – ро бомуваффақият ҷамъбаст намуд.
Дар ин муддат 5 – маротиба ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи шуъбаи фарҳанги вилоят, 8 – маротиба ҷаласаи маҳдуди ҳайати мушовараи шуъбаи фарҳанги вилоят, 33 маротиба ҷаласаҳои назоратии назди мудири шуъбаи фарҳанги вилоят доир гардида, масъалаҳои муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Соли 2019 – ро аҳли фарҳанги вилоят бо дастовардҳои назаррас ва баргузории чорабиниҳои сиёси, фарҳанги – маърифати ва озмунҳои ҷумҳурияви ҷамъбаст намуданд. Бояд иброз намуд, ки дар ин сол мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус мардуми Бадахшон ҷашнҳои бузурги милли Рузи модар, Наврузи байналмилали, 22- солагии Ваҳдати милли, 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 – солагии рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар чорабиниҳо сиёси таҷлил намуданд.
Шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи соли 2019 он вазифаҳое, ки ба зимма гузошта буд, пурра мувофиқи имкониятҳои мавҷудбуда ба иҷро расонд.
Масъалаҳое, ки дар ҷаласаи ҳайати мушовараи шуъбаи
фарҳанги вилоят барраси гардиданд.
- Рафти омодагии бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ба ҷашни «Артиши Милли»
- Рафти омодагии бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҷашни «Рузи Модар»
- Омодагии муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ба таҷлили «Иди байналмиллалии Навруз»
- Ташкил ва гузаронидани фестивали умумиҷумҳуриявии «Библиомарафон»
- Ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
- Рафти омодаги ба озмуни ҷумҳуриявии «Парасту – 2019»
- Ташкил ва баргузор намуданги рузи «Оила»
- Омодаги ба ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фуруѓи субҳи донои…» дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят
- Ташкил ва гузаронидани «Рузи ҷавонон» дар вилоят
- Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Рафти омодаги ба таҷлили «Рузи Ваҳдати милли»
- Омодаги ба ташкил ва гузаронидани «Рузи Истиқлолият давлатии Ҷ.Т»
- Омодаги ба таҷлили «Рузи Президент»
- Ташкил ва гузаронидани «Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
- Ташкил ва баргузор намудани конференсияи вилояти бахшида ба 90 солагии арбоби сиёси Моёншо Назаршоев 5.10.2019.
- Ташкил ва гузаронидани конференсияи илми бахшида ба 120 солагии Муборакқадами Вахони 21.09.2019.
- Омодаги ба 120 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур 17.12.2019
3. Баргузории чорабиниҳои фарҳанги бахшида ба санаҳои муҳими таърихи ва ҷашнвораҳо, мизҳои мудаввар, мубодилаи афкор, конфронсу семинарҳо, фестивал, фестивал – озмунҳо, озмунҳо вохуриҳо, суҳбатҳо оид ба пешгирии бемориҳои сирояти, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремисти ва дигар чорабиниҳои фарҳанги
Шуъбаи фарҳанги вилоят дар соли 2019 ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои истироҳати, фароѓативу фарҳанги ва маърифатии мардум чораҳои зарураи андешида ҳар кадоми онҳоро бо масъулият баланд ташкил ва баргузор намуд.
Дар соли 2019 шуъбаи фарҳанги вилоят ва сохторҳои он зиёда аз 134 адад чорабиниҳои калонҳаҷми фарҳанги ва зиёда аз 462 адад чорабиниҳои муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо баргузор намуданд. Аз ҷумла;
– консерти идона бахшида ба ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низоми 0410 ва 01123
– барномаи театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни Наврузи Аҷам дар маркази ноҳияи Рушон
– 64 – солагии рузи «Ѓалаба»
– барномаи фарҳанги бахшида ба рузи «Ҷавонон».
– барномаи театркунонидашуда бахшида ба 22 солагии Ваҳдати милли.
– барномаи театркунонидашуда бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷ.Т
– барномаи консерти бахшида ба 28 солагии рузи «Истиқлолияти давалатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон»
– «Парасту- 2019»
– фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Дунёи саодат»
– озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат»
– библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»
– озмуни ҷумҳуриявии «Оинаи таърих»
– озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
– озмуни ҷумҳуриявии «Фуруѓи субҳи донои…»
– барномаи театрикунонидашуда бахшида ба Рузи Президент
– барномаи консерти ва чорабинихои фарханги бахшида ба рузи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон
– конференсияи илми бахшида 180 солагии Муборакқадами Вахони 21.09.2019
– конференсияи вилояти бахшида ба 90 солагии арбоби сиёси Моёншо Назаршоев 5.10.2019
– конференсияи илми бахшида ба 120 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур 17.12.2019
Дар соли 2019 дар муассисаҳои фарҳанги вилоят 27 адад мизҳои мудаввар, дар мавзуҳои Модар, Навруз ҷаҳони шуд, Аз Паём то Паём, Садоқат ба Президент, Ҷавонон – ояндаи миллат, Ваҳдати милли, Конститутсия – раҳнамои мо, Нашъа – вабои аср, Дури аз вируси норасоии масъунияти одам ва ѓайраҳо гузаронида шуданд.
Аз тарафи кормандони шуъбаи фарҳанги вилоят, хонаи методии назди шуъбаи фарҳанги вилоят ва маркази эҷодиёти халқ 13 адад семинарҳо, бозомузи ва мубодилаи афкор бо кормандони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва гузаронида шуданд. Илова бар ин аз тарафи сармутахассиси шуъбаи фарҳанги вилоят бо сармутахассисон, мутахасисони пешбари бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо семинар оид ба Барномаи пешниҳод ва қабули ҳисоботҳои хаттии муассисаҳои фарҳанг ва ҳунари вилоят дар солҳои 2019 гузаронида шуд, ки дар он тарзи дурусти пур кардани ҳисоботҳои хатти ва ҳисоботҳои омори ба иштирокдорон фаҳмонда дода шуд. Инчунин дар маркази ноҳияҳо аз тарафи сардори шуъбаи фарҳанги вилоят бо мудирон ва кормандони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои фарҳанги ноҳияҳо доир ба маърифати ҳуқуқи, моликияти зеҳни, ҳукуқҳои муаллиф суҳбату вохуриҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мубрами руз ороиши муассисаҳо, тозагии гирду атрофии онҳо, тарзи либоспушии кормандони фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Аз тарафи кормандони дастгоҳи раиси вилоят бо хизматчиёни давлатии идораву муассисаҳои вилоят 4 маротиба семинар оид ба ҳуҷҷатгузори, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, муҳофизат аз сухтор, масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд ташкил ва гузаронида шуданд.
4. Иштироки кормандони муассисаҳо шуъба, бахш дар дигар чорабиниҳо.
Дар давоми соли 2019 кормандони шуъбаи фарханги вилоят ва муассисахои зертобеъи он дар корҳои чамъияти фаъолона иштирок намуданд. Аз чумла дар тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳо ва кучаҳои шаҳр ҳашархоро ташкил намуда, дар ташкил ва гузаронидани аксияҳо бахшида ба тозагии соҳили дарёи Ѓунд пайваста иштирок доштанд. Дар соли 2019 кормандони фарҳанги вилоят фаъолияти хуб ҳангоми иштирок дар чорабинии «Дави милли», аксияи «Нашъаманди – вабои аср», Рузи ҷавонон, 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Президент, Рузи театр, Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши ҳунарҳои мардуми, таомҳои милли, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон нишон доданд. Инчунинаҳли фарҳанги вилоят ҳангоми шинондани гул ва дарахтон дар гирду атрофии муассисаҳои фарҳанги ва гулгашту хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳор ташкил ва гузаронидани сухбату вохуриҳо бо кормандони фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон, ҷашни Меҳргон, Сада, намоиши ҳунарҳои мардуми, таомҳои милли, озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруѓи субҳо донои …» саҳми босазо гузоштанд.
5. Фаъолияти илми – методи, илми тадқиқотии муассисаҳо, шуъба, бахш (кадом тадқиқотҳо доир гардиданд ва натиҷаи онҳо).
Дар соли 2019 кормандони маркази эҷодиёти халқи назди шуъбаи фарҳанги вилоят бо роҳбарии директори он Мамадамонов Сорбон баҳри омода намудани китоби Энсеклопедияи фарҳанг ва санъати Бадахшон маводҳо ҷамъ намуда, барои нашр намудани он омодаги дида истодаанд. Илова бар ин ходимони маркази методи қисми китоби Махзани фарҳанг, илм ва ҳунарро аз чоп бароварда ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурѓоб дастрас намуданд. Китоби дигари кори дастҷамъии кормандон Барномаи эҷоди фарҳанги дар арафи азчопбарори дар нашриёти «Логос» қарор дорад.
Бахшида ба 170 – умин солгарди зодрузи Азизхон Абодилохонов кормандони осорхонаи вилояти ба зодгоҳи ин шахси муътабар сайёҳати илми ташкил намуда, маводҳои заруриро ҷамъ намуданд. Инчунин онҳо дар моҳи июни соли 2019 экскурсияи тадқиқоти – омузишии вазъи ёдгориҳои таърихии ноҳияи Роштқалъаро омухта маводҳои лозимиро ҷамъ намуданд.
Хонаи методии бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа корҳои илмиро пеш бурда, барои омода намудани китоби «Хотираҳо аз рузгори ҳунармандони Шоҳдара» ҷамъ намуда, барои нашр омода намуда истодааст.
6. Марказҳои илми – методии муассисаҳо, шуъба, бахш ба кадом муассисаҳои вилояти, шаҳри ва ноҳиявии зертобеъ кумаки амалию методи расониданд.
Дар давоми соли 2019 аз тарафи кормандони хонаи методии назди шуъбаи фарҳанги вилоят, ва маркази эҷодиёти халқ бо кормандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, омузгорони мактабҳои санъат ва мусиқи, мудирони клубҳо, кормандони китобхонаҳо 6 маротиба кумаки амали оид ба баргузории фестивал – озмунҳо, озмунҳо гузаронида шуда ба онҳо ёрии методи расонда шуд. Дар ташкил ва гузаронидани ин семинарҳо ба кормандони масъул сенарияҳо ва дастурҳои методии баргузории чорабиниҳо пурра дастрас карда шуданд. Маркази методии назди шуъбаи фарҳанги вилоят дар таҳияи чорабиниҳои фарҳанги шабҳои саволу ҷавоб, минбари афкори умум, мизи мудаввар, тайёр намудани барномаҳо, сенарияи озмунҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Мурѓоб, Рушон, Шуѓнон ёрии амалии худро расонданд. Илова бар ин 3 адад композитсияҳои мусиқии театркунонидашуда ва 7 маротиба семинар машваратҳо бо кормандони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуданд.
7. Иштироки кормандон дар курсҳои такмили ихтисос;
Аз соли 2012 то ин ҷониб кормандони фарҳанги вилоят, осорхонаҳо, маркази эҷодиёти халқ, хонаи методи, ансамблҳои «Навои Бадахшон» ва «Эҳё» ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб нагардидаанд. Дар соли 2019 як нафар китобдори китобхонаи вилояти Булбулова Мародбегим дар китобхонаи патентии шаҳри Душанбе бахшида ба рузи китоб дар семинар иштирок намуд.
8. Фаъолияти хоҷагидори дар муассисаҳо, шуъба, бахш ва муассисаҳои зертобеъ;
Шуъбаи фарҳанги вилоят бо чор утоқҳои кори дар бинои чорошиёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъмин карда шудааст, ки он 67 м2 – ро дар бар мегирад. Барои шуъба воҳиди кори фаррош намерасад. Мудири хоҷаги дар шуъбаи фарҳанги вилоят бо 0,5 воҳиди кори фаъолият намуда истода, барои таъмин намудани кормандони шуъба бо маводҳои конселяри ва нигоҳдории молу амволи шуъба кор карда истодааст. Шуъба бо тамоми таҷҳизотҳои зарури ҷиҳозонида шудааст. Барои харидори намудани асбобу анҷоми лозими барои корҳои хоҷагидори маблаѓ дар смета ба талабот ҷавобгу мебошад.
Дар муассисҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо фаъолияти хоҷагидори дар асоси талабот ба роҳ монда шудааст.
8.1. Маълумот дар бораи сохтмон (бунёд, таъмир, азнавсози ва сарчашмаи маблаѓгузори).
Сохтмони театри вилояти дар маркази шаҳри Хоруѓ идома дорад, ки он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Соли 2020 ин театр ба истифода дода мешавад.
Китобхонаи вилояти соли 2019 ба маблаѓи 4000 сомони қисман аз таъмир бароварда шуд, ки ин маблаѓ барои пурра аз таъмир баровардан басанда нест. Китобхонаи вилояти бо бинои мувофиқгардонидашуда таъмин нест, ки он ҳамаги 4 утоқи кори дошта, барои фонди китоби ҷой намерасад. Китобхона ба азнавсози ниёз дорад.
Бинои китобхонаи бачагонаи вилояти солҳои 30-40 уми асри гузашта сохта шуда, то имруз аз таъмири асоси бароварда нашудааст. Дар соли 2019 барои таъмири ҷори 1500 сомони ҷудо гардидааст, ки он барои қисман аз таъмир баровардани пешҳайвон низ басанда нест. Аз сабаби боришоти зиёди барфи порсола зербом ва шифти захираи китоби ва болопуши китобхона зарари зиёд дида ба таъмир ниёз дорад.
Дар ноҳияи Мурѓоб клуби ҷамоати деҳоти Рангкул дар ҳолати садамави қарор дошт. Аз сметаи хароҷотии бахши фарҳанг ва ҷамоати деҳоти Рангкул маблаѓи 32500 сомони барои таъмир ва болопуши он масраф гардид. Илова бар ин дар ноҳия 2 клуби деҳоти, 3 хонаи фарҳанг, мактаби санъат, мактаби мусиқи, осорхона, 4 китобхона таъмирталаб ва1 клуби деҳоти садамави, 1 китобхона дар мактаб ҷой дода шудааст.
Дар ноҳияи Ишкошим бо дастгирии Барномаи ҷонибдории инкишофи иқтисодии манотиқи куҳистон хона осорхонаи Шоҳи – Мардон ба маблаѓи 50000 сомони дубома шуда қисман аз таъмир бароварда шуд.
Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳияи Рушон дар соли 2019 барои таъмири клуби деҳаи Вамд 2000 сомони, клуби деҳаи Пасор 2000 сомони, китобхонаи деҳаи Рошорв 1200 сомони ва барои таъмири воситаҳои техникии Қасри фарҳанги ноҳия 1500 сомони ҷудо гардид.
8.2. Вазъи бинои муассисаҳо, таҷҳизот, технология, нақлиёт;
Шуъбаи фарҳанги вилоят дар ошиёнаи сеюми бинои чорошиёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо чор утоқи кори фаъолият намуда истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки таҷҳизотҳои утоқхои кори мизҳо, курсиҳо ва ҷевонҳо фарсуда шуда, ба талабот ҷавобгу нестанд. Утоқҳои кори ба таъмири ҷори ниёз доранд. Ин утоқҳои кори бо технологияи муосир компютер, принтер ва интернет муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Нақлиёти хизмати дар шуъбаи фарҳанг мавҷуд нест, ки ин фаъолияти шуъбаро хеле мушкил гардондааст.
Китобхонаи вилояти аз 7 адад компютери болои мизи ва ду компютери дасти таъмин буда, ба интернет пайваст гардидааст. Ѓайр аз ин дар он ду адад камераи назорати насб карда шудаанд, ки аз онҳо як адад корношоям мебошад.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Ишкошим 10 адад муассисаҳои фарҳанги дар ҳолати садамави қарор доранд, яъне клубҳои деҳаҳои Лангар, Исор, Яхшвол, Баршор, китобхонаҳои деҳаҳои Лангар, Исор, Ямг, Зумудг, Куҳи Лаъл ва хонаи фарҳанги деҳаи Намадгут мебошанд. 17 адад муассисаҳои фарҳанги ба таъмири асоси ниёз доранд. 6 адад китобхонаҳои ноҳия дар синфхонаҳои мактабҳо ҷой дода шудаанд. Инҳо китобхонаҳои деҳаҳои Сист, Туѓгоз, Зумудг, Исор, Лангар ва Вранг мебошанд. Муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо аз нақлиёт таъмин нестанд.
Дар ноҳияи Рушон аз 71 адад муассисаҳои фарҳанги 22 муассиса таъмирталаб ва 15 адад дар ҳолати садамави қарор дошта, 4 адад клуби сайёр дар ҳолати корношоями қарор доранд. Китобхонаҳои оммави 4 адад дар хонаҳои шахси, 4 адад дар мактабҳо ва 4 адад дар дигар иморатҳо ҷойгир мебошанд.
Маркази эҷодиёти халқи назди шуъбаи фарҳанги вилоят дорои 1 адад компютер, 1 адад автомошина мебошад.
Бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа бо як утоқи кори дар ошиёнаи якуми бинои МИХД – и ноҳия фаъолият намуда истодааст. Бахши аз компютер ва принтер таъмин буда, аз автомошинаи хизмати таъмин мебошад. 34 муассисаҳои фарҳанги ноҳия аз компютер таъмин нестанд.
8.3. Хариди таҷҳизот, технология, китоб, нигора, созҳои мусиқи, сару либос, дикоратсия ва ѓайра.
Дар соли 2019 барои ансамбли «Навои Бадахшон» компютер – НОТБУК принтер, қолин ба маблаѓи 9020 сомони ва барои харидори намудани либосҳои саҳнави ва маводҳои конселяри маблаѓи 7850 сомони ҷудо гардида маводҳо дастрас карда шуданд.
Дар театри вилояти барои намоишномаи «Гамлет» аз ҳисоби худи театр маблаѓи 5510 сомони ҷудо карда шуд. Аз он барои либосҳои саҳнави 1310 сомони ва барои дикоратсия 4200 сомони масраф гардид. Моҳи ноябри соли 2019 ҳунармандони театри вилояти ба сафари ҳунари ба ноҳияи Роштқалъа баромада дар се ҷамоати он намоишномаи «Зани шаҳри»-ро ба намоиш гузоштанд.
Моҳи июли соли 2019 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Мурѓоб либосҳои миллии чакан (курта, поча, руймол) ба миқдори 10 адад ба маблаѓи умуми 2300 сомони ва асбобҳои мусиқи 8 адад бо арзиши умумии 3080 сомони ворид гардиданд. Барои клуби ҷамоати деҳоти Мурѓоб аз тарафи ҷамоат 4 адад либосҳои саҳнави харидори карда шуд.
Дар бахши фарҳанги шаҳри Хоруѓ маркази фарҳанги – фароѓати, хонаи методи, клуби сайёр, 4 адад китобхонаҳо ва мактаби санъат кору фаъолият карда истодаанд. Утоқҳои кори аз таъмири ҷори бароварда шуданд.
Дар нохияи Ишкошим аз ҳисоби маблаѓҳои бахши фарҳанги ноҳия 19000 сомони ба хонаи фарҳанги маркази ноҳия, 1000 сомони ба хонаи фарҳанги деҳаи Намадгут ва 5000 сомони ба мактаби санъат ва рассоми барои харидори намудани воситаҳои техники ва тақвияти овоз ҷудо карда шуда, таҷҳизотҳо харидори карда шуданд. Аз тарафи раиси ноҳия бахши фарҳанги ноҳия дастгири ёфта, маблаѓи 20000 сомони барои духтани либосҳои саҳнави ҷудо гардид.
Ансамбли «Эҳё» дар соли 2019 ба маблаѓи 615 сомони гармкунаки барқи ва 880 сомони сейфи оҳанин харидори намудааст.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Рушон соли равон барои сару либоси саҳнави ба маблаѓи 3235 сомони харидори карда шуд.
Китобхонаи вилояти дар 2019, 80 нусха китоб ба маблаѓи 7440 сомони, 1 адад компютер, 1 адад принтер ба маблаѓи 5500 сомони ва 10 курси ба маблаѓи 500 сомони харидори намуд.
Дар соли 2019 барои китобхонаи бачагонаи вилояти 1 адад принтер ба маблаѓи 1400 сомони, 3 адад рафҳои оҳанини китобмони ба маблаѓи 900 сомони харидори гардиданд. Инчунин ба китобхона 316 нусха китобҳои тозанашр дохил гадиданд, ки аз онҳо 276 нусха китобҳо ба маблаѓи 6981 сомони аз сметаи хароҷотии китобхона ва 40 адад ройгон ба хазинаи китобхона ворид гардиданд. Илова бар ин 19 нусха китобҳои кудакона бо забонҳои англиси аз тарафи шаҳрвандони Торонтои Канада Насим ва Фируз Велани ройгон ба китобхона дохил гардиданд. 1 адад китоб туҳфа аз корманди Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситора Абдумуминзода, 12 адад Солномаи матбуот аз Хонаи китоб, 13 адад дастури иттилоотию методи «Роҳнамои довталаб» аз маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 адад китоб туҳфа аз шаҳрванди шаҳри Хоруѓ ба китобхона дохил карда шуданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа дар соли 2019 барои муҳосибин 1 адад компютер, сканер ба маблаѓи 3000 сомони харидори гардид. Умуман барои хариди молҳои дарозмуддат дар соли 2019 маблаѓи 32000 сомони пешбини шудааст, ки сарфи он то охири моҳи декабр дар назар аст. Барои китобхонаи маркази ноҳия ба маблаѓи 2300 сомони 146 китоб аз буҷети бахши фарҳанги ноҳия ва 66 нусха китоб ба маблаѓи 1117 сомони аз китобхонаи вилояти ба тариқи ройгон таъмин гардид.
9. Ҳамкори бо ташкилоту муассисаҳои давлати ва ташкилотҳои байналмилали, пешниҳоди лоиҳаҳо.
Дар соли 2019 аз тарафи шуъбаи фарҳанги вилоят лоиҳаҳо ба ташкилотҳои байналмилали пешниҳод нагардиданд.
Китобхонаи вилояти барои таъмири намудани китобхона лоиҳаро ба ташкилоти байналмилалии Донишгоҳи Осиёи Маркази пешниҳод намудааст.
Китобхонаи бачагонаи вилояти бо тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр, ташкилоти «Умедвор», маркази эҷодии кудакону наврасони ВМКБ, мактаби санъати шаҳр ҳамкори дорад.
Дар соли 2019 аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои клуби деҳаи Сежди ҷамоати деҳоти Сежд ба маблаѓи 16000 сомони курсиҳо дастрас карда шуданд. Инчунин барои таъмири болопуши дуюми хонаи фарҳанги деҳаи Бидизи ҷамоати деҳоти М. Миршакар аз тарафи ин Вазорат маблаѓи 12400 сомони ҷудо гардид. Илова бар ин барои санъаткорони ноҳия либосҳои саҳнави ба маблаѓи 23000 сомони аз тарафи Ширкати Помирэнерҷи ҷудо гардида, айни ҳол либосҳо духта шуда истодаанд.
10. Ҷалби воситаҳои ѓайрибуҷави дар муассиса, шуъба, бахш (аз кадом ташкилот бо кадом мақсад маблаѓҳои иловаги ба кадом миқдор ба буҷаи муассиса, шуъба, бахш ворид шуданд ва барои иҷрои кадом корҳо масраф шудаанд).
Ба шуъбаи фарҳанги вилоят аз ягон ташкилот маблаѓи иловаги ворид нагардидааст.
11.Маълумот дар бораи иҷроиши нақшаҳо, барномаҳои давлатии соҳаи фарҳанг ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ё ноҳия.
Нақшаи иҷрои хизматрасонии пулаки дар соли ҷори
Дар соли 2019 муассисахои фарханги вилоят ва бахшхои фарханги шахру нохияхо аз хизматхои фарханги чунин маблаѓхоро сохиб гардиданд
- Театри вилояти ба номи Мехрубон Назаров – 40000
- Осорхонаи вилояти – 1100 сомони
3. Нохияи Дарвоз __ 2218 сомони
4. Нохияи Ванч __ 13000 сомони
5. Нохияи Рушон __ 7332 сомони
6. Нохияи Шугнон ___ 18150 сомони
7. Нохияи Мургоб ___ 4913 сомони
8. Нохияи Рошткалъа ___ 18750 сомони
9. Нохияи Ишкошим __ 22131 сомони,
10.Шахри Хоруг ___ 1000 сомони
11.Хона-осорхонаи Шириншо Шохтемур ___ 300 сомони
12. Ансамбли «Эҳё» ___12000 сомони
13. Ансамбли «Навои Бадахшон» ___ 6432 сомони
Хамаги 147326 сомони.
Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2016 – 2020 сохтмони қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 500 ҷойи нишаст соли 2018 сохта шуда ба истифода дода шуд.
Сохтмони Маркази фарҳанги – варзиши дар ноҳияи Ишкошим тоҳануз оѓоз нашудааст.
Сохтмони театри мусиқи – мазҳакавии замонави дар шаҳри Хоруѓ барои 1000 ҷои нишаст имрузҳо идома ёфта, соли 2019 ба истифода дода мешавад.
Китобхонаи бачагонаи вилояти нақша чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 –ро сармашқи кори худ ҳисобида соли равон фестивали ҷумҳуриявии « Ҳафтаи китоби кудакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас», Библиомарафон таҳти унвони «Хамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар сатҳи баланд баргузор намуда, шогирдонашон дар ҷумҳури соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихори гардиданд.
Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурѓоб барои солҳои 2016 – 2020 ҷиҳати таъмири асосии клуби ҷамоати Рангкул тендер эълон гардида, барои таъмири асосии хонаи фарҳанг дар ҷамоати Мурѓоб, клуби деҳоти ҷамоати Мурѓоб, сохтмони бинои осорхонаи ноҳияви, сохтмони хонаи фарҳанг дар деҳаи Баш –Гумбез ҷамоати Аличур маблаѓ ҷудо нагардидааст. Таъмири хонаи фарҳанги Ранг – Кул аз ҳисоби маблаѓгузории буҷети вилояти дар соли 2017, 80 ҳазор сомони ба нақша гирифта шуда буд. Соли 2019 таъмири он оѓоз гардида, ҳоло идома дорад. Барои таъмири он аз ҳисоби буҷети бахши фарҳанги ноҳияи Мурѓоб 12500 сомони ҷудо гардида, моҳи апрел соли равон аз буҷети ҷамоати деҳоти Ранг – Кул 10000 сомони ҷудо гардид.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016- 2020 барои рушди муассисаҳои фарҳанг аз 7 банд иборат буда ба маблаѓи 5 миллиону 415 ҳазор сомони пешбини карда шудааст. Банди 1; таъмин намудани муассисаҳои фарҳанг бо компютер, мизу курси ва дигар лавозимотҳо ба маблаѓи 135 ҳазор сомони. Муттасифона банд иҷро нагардид. Банди 2; харидори намудани асбобҳои мусиқи ва техники ба маблаѓи 80 ҳазор сомони мебошад. Соли 2019 аз ҳисоби сметаи бахши фарҳанги ноҳия 10 ҳазор сомони ба муассисаҳои фарҳанг ва мактаби санъат ва рассомии ноҳия қисман лавозимоти техники ва воситаҳои тақвияти овоз харидори карда шуданд. Банди 3; мусоидат ва дастгирии рушди ҳунарҳои мардуми. Банди мазкур то охири соли 2019 иҷро нагардид. Банди 4; сохтмони қасри фарҳанг дар маркази ноҳия. То охири соли 2019 банди зикргардида иҷро нагардид.Банди 5; аз таъмири асоси баровардани хонаи фарҳанги маркази ноҳия ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани он. Банд то ҳоло иҷро нагардидааст. Банди 6; Азнавсозии мактаби санъати ноҳия. Маблаѓ барои азнавсози ҷудо нагардидааст. Аз ҳисоби харҷномаи бахши фарҳанги ноҳия барои таъмири ҷории он дар давоми 2 сол 31 ҳазор сомони ҷудо гардид. Банди 7; Барқарорсозии ёдгориҳои таърихи, ки дар асоси Барнома 1 млн 500 ҳазор сомони пешбини шудааст. Вале то имруз барои иҷрои он ягон маблаѓ ҷудо нагардидааст.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Рушон оид ба иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рушон ва водии Бартанг доир ба сохтмони клубу хонаҳои фарҳанги деҳаҳои Вознавд, Савноб, Бартанг, азнавсозии клуби Деҳ, китобхонаи Баҷув ва дигарҳо, ки ба нақша гирифта шудаанд, чораҳои амали андешида нашудаанд.
Дар ноҳияи Роштқалъа тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисахои фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ба мақсади таъмир, хариди асбобҳои тақвияти овоз ва либосҳои саҳнави диққати зарури дода шуда, барои таъмири автомошина 8000 сомони, барои таъмири муассисаҳои клуби ва китобхонаҳо 13000 сомони, барои хариди асбобҳои тақвияти овоз ва либосҳои саҳнави 42000 сомони ҷудо гардид.
12. Маълумот дар бораи иҷрои обуна ва матбуоти даври ва омодаги ба зимистонгузарони.
Маъракаи обунашави дар соли 2019 мувофиқи нақша тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз тарафи кормандони фарҳанги вилоят ҳаллу фасл гардида, барои нимсолаи якуми соли 2020, аз тарафи муассисаҳои фарҳанги вилоят 136 нусха рузномаву маҷаллаҳо ба маблаѓи 8246 сомони обуна шуданд.
Омодаги ба зимистонгузаронии солҳои 2019 – 2020 аз тарафи муассисаҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пурра ҳал гардида, муассисаҳо бо ангиштсанг ва ҳезум таъмин карда шуданд.
Бахши фарҳанги ноҳияи Ишкошим ва муассисаҳои он барои нимсолаи якуми соли 2020, ба 200 адад рузномаву маҷаллаҳо обуна шуданд, ки маблаѓи умумии он 12081 сомони мебошад. Муассисаҳои фарҳанги ноҳия аз ангиштсанг ва ҳезум пурра таъмин гардиданд.
Бахши фарҳанги ноҳияи Мурѓоб барои нимсолаи якуми соли 2020, ба 145 нусха маҷаллаву рузномаҳо ба маблаѓи 15687 сомони обуна шудааст.
Омодаги ба зимистонгузаронии солҳои 2019 – 2020 аз тарафи муассисаҳои фарҳангии ноҳия пурра ҳалли худро ёфтааст. 123907 тонна ангишт ва 311 м3 ҳезум ворид гардидааст
Обунашави дар бахши ноҳияи Рушон барои нимсолаи якуми соли 2020 ба маблаѓи 29092,41 сомони барои 421 нусха рузномаву маҷаллаҳо пурра ба анҷом расонда шуд. Барои зимистонгузаронии солҳои 2019-2020 дар муассисаҳои фарҳанги ноҳия 47 тонна ангишсанг ба маблаѓи 61100 сомони ва ҳезум 61,5 м3 ба маблаѓи 9225 сомони пурра иҷро гардид.
Китобхонаи вилояти барои нимсолаи якуми соли 2020 ба 18 номгуи маҷаллаву рузномаҳо ба маблаѓи 1218 сомони обуна шудааст. Илова бар ин китобхона ба зимистонгузаронии солҳои 2019 – 2020 пурра омода шудааст.
(Ҷадвалҳои обунашавии муассисаҳои фарҳанги вилоят ва зимистонгузарони замима мегарданд замимаҳои 1 ва 2).
13. Маълумот дар бораи иҷрои он корҳое, ки тибқи нақша пешниҳод нашуданду зикрашон зарур аст.
Шуъбаи фарҳанги вилоят масъалаи ба Раёсати фарҳанг табдил додани шуъбаи фарҳанги вилоятро чанд маротиба назди муовини раиси вилоят, сарпарасти соҳа барраси намуд ва оид ба он мактуб ба унвонии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, вале масъала то ҳануз ҳалли худро наёфтааст. Бояд иброз намуд, ки дар шуъба чор нафар хизматчиёни давлати мудири шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис кору фаъолият намуда истодаанд. Ба танзим даровардани кору фаъолияти шуъба, муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо аз тарафи кормандони зикргардида мушкил мебошад, яъне аз сабаби зиёд будани ҳуҷҷатгузори дар шуъба фаъолияти бахшҳои фарҳанги ноҳияҳо пурра зери назорат қарор додан ѓайриимкон мебошад.
Барои ба талабот ҷавобгу набудани китобхонаҳои вилояти ва бачагона зарур мешуморем, ки бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИХД – и вилоят китобхонаҳои замонави дар маркази шаҳр сохта шаванд. Бояд иброз намуд, ки соли 2019, 33 адад китобхо, ки истифодабарии онҳо минбаъд ѓайриимкон мебошад аз захираи китохонаи бачагонаи вилояти хориҷ карда шуданд.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Рушон айни ҳол аз байни кормандон 3 нафар дар колеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Буйдоқов, 3 нафар дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, 4 нафар дар Донишкадаи давлатии шаҳри Хоруѓ дар шуъбаи ѓоибона таҳсил намуда истодаанд.
14. Хулоса ва пешниҳод (дар ин бахш муҳим аст, ки натиҷаҳои корҳои анҷомёфта, нишонрасиву самарабахшии чорабиниҳои доиргардида, камбудиву норасогиҳои ҷойдошта мушаххасан ҷамъбаст шаванд ва роҳҳои ҳалли муаммоҳо ва масъалаҳои мавҷуда баён ёбанд).
Ба мушкилиҳои молияви нигоҳ накарда шуъбаи фарҳанги вилоят иҷрои нақшаи кории соли 2019 мувофиқи имкониятҳои мавҷудбуда ба иҷро расонд. Тамоми чорабиниҳои сиёси, фарҳанги – маърифати, ҷашнҳои милли, рузҳои таърихи дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд. Аз ҷумла: Наврузи байналмилали дар ноҳияи Рушон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруги субҳи донои …», «Даргоҳи Хунар ва маърифат», Ваҳдати милли, 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Президент, Рузи Пачам ва ѓайраҳо. Зикр кардан ба маврид аст, ки шуъбаи фарҳанги вилоят чорабиниҳои зикргардидаро бо шукуҳу шаҳомати хоса доир намуда, дар онҳо барномаҳои консертиро пешкаши сокинони шаҳру вилоят гардонд. Дар гузаронидани ин чорабиниҳо аз тарафи аҳли фарҳанги вилоят намоишҳои китоби ва ҳунарҳои мардуми ба намоиш гузошта шуданд. Илова бар ин кормандони фарҳанги вилоят дар ҳамоиш, ки аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оила вилоят 13 ноябр ва раҳпаймои, ки аз тарафи Раёсати ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд фаъолона иштирок намуда, аз тарафи ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» барномаи консерти пешкаши сокинони шаҳр ва вилоят гардид. Дар раҳпаймои зиёда аз 4500 нафар донишҷуён, толибилмон ва сокинони шаҳру вилоят иштирок намуданд.
Зарур мешуморем, ки ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намудани кормандони муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фаҳанги шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо, мактабҳои санъат ва мусиқи, клубҳо ва хонаҳои фарҳанг дар солҳои минбаъда ба нақша дароварда шаванд. Илова бар ин ба шабакаи интернет пайваст намудани китобхонаи бачагонаи вилояти дар соли 2020 мувофиқи мақсад мебошад.
15. Нишондиҳандаи асосии муассисаҳои фарҳанги (қаср ва хонаҳои фарҳанги, клуб, клуби сайёр, китобхона, осорхона, хона – осорхона, боѓи фарҳанги – фароѓати, театрҳои халқи, филармонияҳои халқи, ансамблҳои тарона ва рақс, шашмақомхони, фалаксарои , фолклори – этнографи, рақси, эстради, ҳаҷви, адаби – бадеи, карнайнавозон, дойрабадастон, радио телевизиони маҳалли, марказҳои фарҳанги – фароѓати, амфитеатр, арт-галерея, маълумоти кормандон ва таъминот бо мутахассисони ҷавон- нигаред ба ҳисоботҳои омори) дар муқоиса бо ҳисоботҳои қабли.
Дар вилояти 4 адад қасрҳои фарҳанг амал карда истодаанд. Инҳо дар ноҳияҳои Дарвоз – 175 ҷойи нишаст, Ванҷ – 350 ҷойи нишаст, Рушон – 375 ҷойи нишаст ва Шуѓнон – 438 ҷойи нишаст мебошанд. Ѓайр аз инҳо 46 адад хонаҳои фарҳанги дар ноҳияҳои вилоят кору фаъолият намуда истодаанд. Шумораи кормандони қаср ва хонаҳои фарҳанги 195 нафар мебошанд, ки аз онҳо бо маълумоти олии касби 46 нафар, олии умуми 12 нафар, миёнаи махсус 44 нафар ва миёнаи умуми 93 нафар буда, аз онҳо кормандони техники 70 нафар мебошанд.
Шумораи клубҳои деҳоти дар ҳудуди вилоят 58 ададро ташкил дода, дар онҳо 104 нафар кору фаъолият намуда истодаанд. Аз онҳо бо маълумоти олии касби 8 нафар, олии умуми 4 нафар, миёнаи махсус 30 нафар ва миёнаи умуми 62 нафар мебошанд. Аз онҳо 40 нафар кормандони техники мебошанд.
Клубҳои сайёр 8 адад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят амал карда истодаанд, ки 24 нафар кормандон дар онҳо фаъолият намуда истода, аз онҳо бо маълумоти олии умуми 10 нафар, миёнаи махсус 11 нафар, маълумоти миёнаи умуми 3 нафар мебошанд.
Дар вилоят 180 адад китобхонаҳо кору фаъолият намуда, шумораи кормандони онҳо 396 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи кормандон 51 нафар бо маълумоти олии касби, 41 нафар бо маълумоти олии умуми, миёнаи махсус 147 нафар, миёнаи умуми 157 нафар буда, аз онҳо 122 нафар кормандони техники мебошанд.
Китобхонаи вилояти дар 2019, 118 адад чорабиниҳои калонҳаҷм бахшида ба рузҳои таърихи ва ҷашнҳои милли, конфренсияи илми бахшида ба 120 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, озмуни «Фуруѓи субҳи донои …», библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», «Ровии беҳтарин», «Ҳафтаи китоби кудакон ва наврасон», 9 намоиши китобии доимоамлкунанда, 43 намоиши китобии мавсими, 12 адад конференсияи хонандагон бахшида ба ҷашнҳои таъриҳи ва милли, 9 адад мизи мудаввар, 36 адад суҳбату воҳуриҳо бо зиёиён ва собиқадорони меҳнат дар мавзуҳои мухталиф баргузор намуданд, ки дар онҳо зиёда 32500 нафар наврасон, ҷавонон ва сокинони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар ин муддат аз тарафи роҳбарияти китобхонаи вилояти ба китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 маротиба семинр ва зиёда аз 11 маротиба тавсияҳои методи расонда шуданд.
Шумораи осорхонаҳо 2 ададро ташкил медиҳанд, ки шумораи кормандони онҳо 25 нафар буда, аз онҳо бо маълумоти олии касби 2 нафар, олии умуми 11 нафар, миёнаи махсус 7 нафар, миёнаи умуми 5 нафар мебошанд. Аз онҳо кормандони техники 9 нафар мебошанд. Шумораи хона – осорхонаҳо 8 ададро ташкил дода, кормандони онҳо 13 нафар мебошанд, ки аз онҳо бо маълумоти олии умуми 7 нафар, миёнаи махсус 3 нафар, миёнаи умуми 3 нафар мебошанд, ки аз онҳо 4 нафар кормандони техники мебошанд. Моҳи августи соли равон ҳайати ҳакамон Одинаев С, Бачамардов, Алидодов Х, Чарсемаков ва Муборакшоев Э барои ҷамъбасти даври аввали озмуни ҷумҳурияви байни осорхонаҳои вилоят таҳти унвони «Оинаи таърих» ба ноҳияҳо сафарбар гардиданд. Дар натиҷа осорхонаи таърихи кишваршиносии ноҳияи Мурѓоб дар номинатсияи осорхонаи таърихи кишваршиноси соҳиби 400 хол ва дар номинатсияи хона – осорхонаҳо, хона – осорхонаи Ширин Бунёд сазовори ҷои якум гардиданд. Ба осорхонаи вилояти дар ёздаҳ моҳи соли 2019, 55 нигораи нав ворид гардиданд, ба дигар осорхонаҳо аз нарасидани маблаѓ ягон нигора дохил нагардид.
Дар вилоят 1 адад боѓи фарҳанги – фароѓати дар ноҳияи Рушон фаъолият намуда истодааст, ки шумораи кормандони он 3 нафар буда, аз онҳо 1 нафар бо маълумоти олии касби, 1 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 1 нафар бо маълумоти миёна, ки он корманди техниқи мебошад фаъолият намуда истодаанд. Боѓи ташкил гардида бо таҷҳизотҳои замонави муҷаҳҳаз карда нашудааст. Дар ноҳияи Мурѓоб боѓи фарҳанги – фароѓати ташкил карда шуда, он бо воҳидҳои кори таъмин нагардидааст. Инчунин боѓ дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳия қарор надорад. Дар шаҳри Хоруѓ боѓи фарҳанги – фароѓати фаъолият намуда истодааст, ки он дар тавозуни Хазинаи Оѓохон қарор дорад. Дар ноҳияи Ишкошим боѓи фарҳанги – фароѓати ташкил шудааст, вале масоҳати он ба талабот ҷавобгу набуда он бо таҷҳизотҳои зарури муҷаҳҳаз нагардидааст. Дар ноҳияи Роштқалъа барои ташкил намудани боѓи фарҳанги – фароѓати ҷой ҷудо гардида, дар он корҳо идома доранд.
6 адад ансамблҳои тарона ва рақс дар вилоят фаъолият доранд, ки шумораи кормандони онҳо 20 нафар буда, аз онҳо 4 нафар бо маълумоти олии касби, 3 нафар бо маълумоти олии умуми, 5 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 8 нафар бо маълумоти миёнаи умуми буда аз онҳо 2 нафар кормандони техники мебошанд.
Шумораи театрҳои халқи 4 ададро ташкил дода, шумораи кормандони онҳо 9 нафар мебошанд, ки аз онҳо 5 нафар бо маълумоти олии касби, 3 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 1 нафар бо маълумоти миёнаи умуми мебошанд.
Соли 2019 дар ноҳияи Шуѓнон дар назди қасри фарҳанги маркази ноҳия ансамбли Фалак таъсиси дода шуд, ки дар он 19 нафар ба кор қабул гардиданд, ки аз онҳо бо маълумоти олии тахассуси 4 нафар, олии умуми 3 нафар, миёнаи махсус 3 нафар ва миёнаи умуми 9 нафар мебошанд. Хизмати пулаки дар ёздаҳ моҳи соли равон аз тарафи ҳунармандони ансамблҳои «Фалак» ва «Умед» маблаѓи 18000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2019, аз ҳисоби истеъдодҳои нав 30 – нафар ба кор қабул гардиданд, ки аз онҳо дар ноҳияи Шуѓнон 4 нафар, шаҳри Хоруѓ 1 нафар, ноҳияи Роштқалъа 2 нафар, ноҳияи Мурѓоб 3 нафар, ноҳияи Ишкошим 8 нафар, ноҳияи Дарвоз 2 нафар, ноҳияи Ванҷ 2 нафар, ноҳияи Рушон 1 нафар, театри вилоят 1 нафар, ансамбли «Эҳё»- 5 нафар ва ансамбли «Навои Бадахшон» 1 нафар мебошанд.
Пешниҳодҳо
- Ба раёсат табдил додани шуъбаи фарханги вилоят ва зиёд намудани воҳидҳои кори.
- Хариди асбобхои таквияти овоз барои шуъбаи фарханги вилоят.
3. Дар вилоят таъсис додани коллечи санъат.
4. Бо нақлиёт таъмин намудани шуъбаи фарҳанги вилоят ва театри вилояти.
5. Чудо намудани маблаѓ барои барномахои соҳави дар соли 2020
6. Ба шабакаи интернет пайваст намудани китобхонаҳои маркази шахру нохияхои вилоят
7. Таъмини театри вилояти ва дастаҳои хунарии «Навои Бадахшон» ва «Эҳё» бо асбобхои мусиқи.
Шуъбаи фарҳанги вилоят тамоми саъю кушиши худро ба он равона намудааст, ки сиёсати фарҳангиро дар вилояти баланд бардошта, иҷрои барномаҳои соҳавиро дар муҳлатҳои муайянгардида ба иҷро расона