Иқтисодиёт
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2019
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳо ва идораю муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ҷиҳати тадбиқ намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати», иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисоди дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 гузоштаанд, инчунин вобаста ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон диққати доими дода, дар бобати таъмини иҷрои нақшаҳои дурнамо ва вазифаҳои афзалиятноки сол корҳои муайянро анҷом додаанд.
1. Маълумот оид ба таъминоти расмиёти ҳуқуқи ва шумораи Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроѓаи МИМҲД-и шаҳру ноҳияҳо.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 ба мақомоти ичроияи хокимияти давлатии ВМКБ дар маҷмуъ 3390 ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки 2119 адади он аз ҷониби раёсату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, шуъбаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, боқимондаи он аниқтараш теъдоди 1271 ҳуҷҷат аз мақомоти болои, аз ҷумла 12 адад Амр ва Фармони Президенти мамлакат, 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, 49 қарор ва 3 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60 адад протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 76 адад супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 123 супоришҳои муовинони Сарвазири мамлакат, 335 адад супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 адад барқияҳои ҳукумати ва 20 адад ҳуҷҷат аз Маҷлиси Оли, 555 адад аз Вазорату кумитаҳо, ташкилотҳои болои ва шарикони рушд ворид гардидааст.
Аз ҷониби Раиси вилоят дар ин давра 8 адад амр ва 328 қарор, аз ҷумла 39 адади онҳо дар заминаи Фармон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 ададашон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба тасвиб расида, ҷиҳати маълумот, корбари ва иҷрои саривақтии минбаъда ба воҳидҳои сохтории дахлдори вилояти ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардида, ҷараёни амалишавии онҳо таҳти назорати ҳамаруза қарор доранд.
2. Маълумот оид ба ҷараёни иҷрои тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳалли бо роҳи таъмини волоияти қонун:
2.1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати»:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолияти худро тибқи талаботҳои Қонситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлати», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», амали карда истодааст. Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти махаллии ҳокимияти давлати» ба такмили шаклу услуби кор, сифат ва самаранокии корҳои сиёси, ташкилию оммави аҳамияти ҷидди дода, бо назардошти масъалаҳои афзалиятноки соҳа нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ- ро таҳҳия ва тасдиқ намуд. Мутобиқи нақшаи мазкур дар давоми нуҳ моҳи соли равон, се иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, иҷлосияи бистум, бисту якум ва бисту дуюми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 9 машварати васеъ ва 9 машварати назоратии назди раиси вилоят гузаронда шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 20 масъалаи рузмарраи дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта барраси гардида, доир ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор ба тасвиб расонда шуданд.
Супоришҳо дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва машваратҳои васеи назди раиси вилоят дар шакли қарор, протокол ба расмият дароварда шуда, бо мақсади иҷро дастраси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруѓ, ноҳияҳо ва идораю муассисаҳои дахлдори вилоят гардонда шуданд. Оид ба таклифу пешниҳодҳои вакилони халқи вилоят қарори дахлдор бо нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расонда шуда, ҷиҳати иҷро дастраси масъулин гардиданд. Ҳангоми қабули қарорҳо талаботи меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” риоя мегардад.
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 45 Ҷамоати шаҳраку деҳот тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Низомнома кор ва Дастури ҷамоатҳо кор ва фаъолият карда истодаанд.
Дар моҳи майи соли равон вобаста ба фаҳмондадиҳии муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва “Дар бораи мақомоти худидоракунии ҷамъияти” дар якҷояги бо кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Прзиденти чумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи Оѓохон ва намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – омузиш доир гардид. Ҳамзамон рафти иҷрои қонунҳои мазкур дар машварати васеи назди мавриди барраси қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қарори дахлдори раиси вилоят қабул гардид.
2.1.1. Раванди амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо;
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 109 лоиҳаро бо маблаѓи умумии 4080,8 миллион сомони дар бар мегирад, ки аз ин 49 лоиҳа ба маблаѓи 343,5 миллион сомони ба бахши иқтисоди, 34 лоиҳа бо маблаѓи 114,3 миллион сомони ба бахши иҷтимои, 15 лоиҳа бо маблаѓи 3407,9 миллион сомони ба инфрасохтор ва 10 лоиҳа бо маблаѓи 213,5 млн. сомони бахши таъмини бехатарии ҳаёт пешбини гардидаанд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 аз 109 лоиҳа 70 лоиҳа ба маблаѓи умумии 1030,6 млн. сомони (як млрду си миллиону 600 ҳазор сомони) маблаѓгузори гардиданд, ки ин 64,2 фоизи шумораи умумии лоиҳаҳо ва 25,2 фоизи маблаѓи умумии Барномаро ташкил медиҳад. Аз 70 лоиҳа 27 лоиҳа ба маблаѓи 881,1 млн. сомони пурра иҷро гардида, амалишавии 43 лоиҳа ба маблаѓи 149,5 млн. сомони идома дошта, 39 лоиҳаи Барнома то ҳоло оѓоз нашуданд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016 – 2020 – 134 лоиҳаро дар бар мегирад, ки аз шумораи умумии лоиҳаҳо 56 лоиҳа ба маблаѓи 117 миллиону 610 сомони ба бахши иқтисоди, 39 лоиҳа ба маблаѓи 40 миллиону 60 ҳазор сомони ба бахши иҷтимои, 30 лоиҳа ба маблаѓи 54 миллиону 241 ҳазор сомони ба бахши инфрасохтор, 6 лоиҳа ба маблағи 8 миллиону 604 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳолатҳои фавқулодда ва 3 лоиҳа ба маблаѓи 80,0 ҳазор сомони ба бахши таъминоти захиравӣ нигаронида шудааст. Дар ин давра 15 лоиҳа ба маблағи 27 миллиону 595 ҳазору 400 сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин 13,0 фоизи барномаи мазкурро дар давоми солҳои 2016 – 2018 дар бар мегирад, аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 11 миллиону 634 ҳазору 900 сомонӣ (19,9 фоиз), буҷети вилоятӣ 2 миллиону 250 ҳазор сомонӣ (40,0 фоиз) буҷети маҳаллӣ 4,7 ҳазор сомонӣ (0,18 фоиз), сармояи дохили ва хориҷӣ 12 миллиону 903 ҳазору 800 сомонӣ (10,5 фоиз) ва маблағҳои хусусию хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ 802,0 ҳазор сомониро (6,0 фоиз) ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурѓоб дар маҷмуъ бо дар бар гирифтани 121 лоиҳа ва ҷалби маблаѓи 213,9 млн. сомони, ки аз ин 53 лоиҳа ба маблаѓи 76,4 млн. сомони ба бахши иқтисоди, 38 лоиҳа ба маблаѓи 11,1 млн. сомони ба бахши иҷтимои, 24 лоиҳа ба маблаѓи 123,7 млн. сомони ба бахши инфрасохтор ва 6 лоиҳа ба бахши ҳолатҳои фавқуллода бо маблаѓи 2,6 млн. сомони тааллуқ дорад, амали шуда истодаанд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 аз 93 банди Барнома 34 банд бо маблаѓи 216 798,9 ҳазор сомони ( аз он 19759,8 аз буҷети ҷумҳурияви, 123,6 аз буҷети вилояти, 114 аз буҷети маҳалли, сармояи хориҷи 194844,4 ҳазор сомони ва 1956,8 ҳазор сомони маблаѓҳои худди) пурра, 10 банд ба маблаѓи 5055,1 ҳазор сомони ( аз он 4969,4 аз буҷети ҷумҳурияви, маблаѓи 45,7 ҳазор сомони аз буҷети маҳалли ва 40 ҳазор сомони маблаѓҳои худди ) қисман иҷро гардида ва 49 банд бо маблаѓи 80110,6 ҳазор сомони то ҳол иҷро нагардидааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ 266 лоиҳаро бо маблаѓи умумии 327 млн. сомони дар бар мегирад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳо 88 лоиҳа бо маблаѓи 118,739 млн. сомони ба бахши иқтисоди, 80 лоиҳа бо маблаѓи 56,792 млн. сомони ба бахши иҷтимои, 73 лоиҳа бо маблаѓи 117,639 млн. сомони ба бахши инфрасохтор, 20 лоиҳа бо маблаѓи 33,790 млн. сомони ба бахши ҳолатҳои фавқулодда , ҳифзи муҳити зист ва 5 лоиҳа бо маблаѓи 209 ҳазор сомони ба бахши таъминоти захирави рост меояд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 аз 266 лоиҳа 73 лоиҳа ба маблағи 58, 8 млн. сомони иҷро гардидааст, ки ин 18 фоизи барномаи мазкурро дар бар мегирад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз дар маҷмуъ бо дар бар гирифтани 217 лоиҳа бо маблаѓи 196,38 млн. сомони, ки аз ин 84 лоиҳа бо маблаѓи 110,46 млн. сомони ба бахши иқтисоди, 49 лоиҳа бо маблаѓи 27,92 млн. сомони ба бахши иҷтимои, 59 лоиҳа бо маблаѓи 52,25 млн. сомони ба бахши инфрасохтор, 10 лоиҳа ба маблаѓи 3,23 млн сомони ба бахши ҳифзи муҳти зист, 7 лоиҳа ба маблаѓи 1,3 млн сомони ба бахши ҳолатҳои фавқулодда, 9 лоиҳа ба маблаѓи 1,21 млн сомони ба бахши таъминоти захирави рост меояд, амали шуда истодааст. Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 89 банд ба маблаѓи 118,4 млн. сомони пурра иҷро, 19 банд ба маблаѓи12,6 млн. сомони идома ва 110 банд то ҳоло оѓоз нагардиданд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №145 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рушон барои солҳои 2016-2020» бо дар бар гирифтани 127 лоиҳа ва ҷалби маблаѓи 138,1 млн. сомони пешбини шудааст. Давоми солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузори барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 78194,3 ҳазор сомони равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви 62624,0 ҳазор сомони (80,1%), буҷети маҳалли 1702,6 ҳазор сомони (2,1%), сармояи хориҷи 8723,1 ҳазор сомони (11,2%), маблаѓҳои худи 4724,6 ҳазор сомониро (6,0%) ташкил дода, аз ҳисоби шарикони рушд ё донорҳо бошад 420,0 ҳазор сомони (0,5%) иҷро гардидааст, ки ин 65,4 фоизи нақшаи пешбинишудаи солҳои 2016-2019 ва 56,6 фоизи маблаѓи умумии барномаро ташкил медиҳад. Солҳои 2016 – 2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 45 банд ба маблаѓи 33453,8 ҳазор сомони пурра иҷро гардида, (аз онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви маблаѓи 20104,7 ҳазор сомони, маблаѓҳои маҳалли 1624,6 ҳазор сомони, сармояи хориҷи маблаѓи 6884,1 ҳазор сомони, маблаѓҳои соҳибкорон 4420,4 ҳазор сомони ва маблаѓҳои шарикони рушд ва донорҳо 420,0 ҳазор сомони), дар иҷрои 31 банд бо маблаѓи 44740,5 ҳазор сомони корҳо идома дошта, дар 47 банди чорабиниҳо бинобар дарёфт нагардидани маблаѓ корҳо оѓоз нашудаанд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №146 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2016-2020 бо дарназардошти 128 лоиҳа ба маблаѓи 237,5 млн. сомони пешбини шудааст. давоми солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузори барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо бо назардошти лоиҳаҳое, ки сарчашмаи маблаѓгузориашон номуайян аст, маблаѓи 30170,0 ҳазор сомони равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви 6360,0 ҳазор сомони, буҷети вилояти 2177,0 ҳазор сомони, буҷети маҳалли 37,0 ҳазор сомони, сармояи хориҷи 12770,0 ҳазор сомони, маблаѓҳои худи 4455,0 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҳисоби маблаѓгузории номаълум бошад, 4371,0 ҳазор сомони иҷро гардидааст, ки ин 10,6 фоизи маблаѓи умумии барномаро ташкил медиҳад. Солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 27 лоиҳа ба маблаѓи 17449,0 ҳазор сомони мавриди истифодабари қарор дода шуд, ки аз ҳисоби сармояи хориҷи маблаѓи 8246,0 ҳазор сомони, аз ҳисоби маблаѓҳои ҷумҳури 2355,0 ҳазор сомони, аз ҳисоби маблаѓҳои маҳалли 50,0 ҳазор сомони, аз ҳисоби маблаѓҳои худдии соҳибкорон маблаѓи 2427,0 ҳазор сомони, ва лоиҳаҳое, ки сарчашмаи маблаѓгузориашон номуайян аст маблаѓи 4371,0 ҳазор сомони ташкил медиҳад. Дар 40 лоиҳа ба маблаѓи 12721,0 ҳазор сомони корҳо идома дошта, 65 лоиҳа бинобар дарёфт нагардидани маблаѓ корҳо оѓоз нагардиданд.
Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуѓнон аз 10 декабри соли 2014, №173 Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуѓнон барои солҳои 2015-2019 бо бо дарназардошти 147 лоиҳа ба маблаѓи 214,7 млн. сомони пешбини шудааст. Давоми солҳои 2015-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузори барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 111038,7 ҳазор сомони равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви 65121,6 ҳазор сомони (58,6), буҷети маҳалли 930,6 ҳазор сомони (0,8), сармояи хориҷи 26042,3 ҳазор сомони (23,5%), маблаѓҳои худии соҳибкорон 18944,2 ҳазор сомони (17,1 %) иҷро гардидааст, ки ин 51,7 фоизи маблаѓи умумии барномаро ташкил медиҳад. Солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 60 банд ба маблаѓи 77789,6 ҳазор сомони пурра иҷро гардида, (аз ин буҷети ҷумҳурияви маблаѓи 52337,4 ҳазор сомони, сармояи хориҷи маблаѓи 23071,3 ҳазор сомони, маблаѓҳои маҳалли 679,4 ҳазор сомони, маблаѓҳои соҳибкорон 1701,5 ҳазор сомони), дар 37 банд бо маблаѓи 33249,1 ҳазор сомони корҳо идома дошта, дар 50 банд бинобар дарёфт нагардидани маблаѓ корҳо оѓоз нашуданд.
Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруѓ аз 22 сентябри соли 2014, №139 Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруѓ барои солҳои 2015-2019 бо дарназардошти 91 лоиҳа ба маблаѓи 868,9 млн. сомони пешбини шудааст. Дар давоми солҳои 2015-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузори барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 942492,9 ҳазор сомони равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви 118977,9 ҳазор сомони (12,6%), буҷети маҳалли 11826,3 ҳазор сомони (1,3%), сармояи хориҷи 781610,3 ҳазор сомони (82,9%), маблаѓҳои худии соҳибкорон 30078,4 ҳазор сомони (3,2%) иҷро гардидааст, ки ин 108,5 фоизи маблаѓи умумии барномаро ташкил медиҳад. Солҳои 2016-2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 53 банди Барнома ба маблаѓи 880697,1 ҳазор сомони пурра иҷро гардида, (аз ин буҷети ҷумҳурияви маблаѓи 76220,9 ҳазор сомони, сармояи хориҷи маблаѓи 778594,9 ҳазор сомони, маблаѓҳои маҳали 554,3 ҳазор сомони, маблаѓҳои соҳибкорон 25327,0 ҳазор сомони), дар 16 банд бо маблаѓи 61795,8 ҳазор сомони корҳо идома дошта, дар 22 банд бинобар дарёфт нагардидани маблаѓ корҳо оѓоз нашуданд.
2.1.2. Ҳолати ҳамкори ва дастгирии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳаҷми кумаки молияви ва иқтисоди аз ҳисоби буҷети маҳалли ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои амали намудани вазифаҳои онҳо бо дарҷи номгуи вазифаҳои маблаѓгузоришаванда.
2.1.3. Натиҷаи барраси ва ҷараёни ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ба МИМҲД, инчунин аз ДИПҶТ ирсол гардида (банди 59 паём).
Дар нуҳ моҳи соли равон ба дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 1539 (936) муроҷиати шахсони воқеъи ва 91 (50) муроҷиати шахсони ҳуқуқи ворид гардид, ки нисбати паҷ моҳи соли 2018 603 муроҷиат зиёдтар мебошад. Аз ин теъдод 80 (83) муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 638(520) муроҷиати хатти аз ҷониби сокинони вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури дохил шуда, 821 (333) муроҷиат ба таври шифоҳи мебошанд.
Дар робита ба иҷрои сари вақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон қайд кардан зарур аст, ки аз теъдоди 1539 муроҷиати сокинони вилоят ва аз дигар ноҳияҳои ҷумҳури воридгардида 276 адад қонеъ, 129 адад қонеъ нашуда, ба 798 муроҷиаткунанда моҳияти қонун фаҳмонда дода шуда, 117 муроҷиат аз руи тобеъият ба суроѓаи лозими фиристонда шуданд ва боқимонда барои барраси ба иҷрокунандагон ирсол карда шудананд. Боиси ёдоварист, ки 156 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон дар рузи қабул барраси гардида, хулосаи зарури бароварда шуд.
Аз таҳлилҳои нуҳмоҳа бармеояд, ки аз 821 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон, ки тибқи реҷаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби раиси вилоят қабул гардиданд, теъдоди асосиашон шаҳрвандони шаҳри Хоруѓ (466 нафар), ноҳияҳои Шуѓнон (190 нафар), 74 нафар ноҳияи Роштқалъа, 49 нафар ноҳияи Рушон буда, 42 адади боқимонда ба дигар ноҳияҳо рост меояд. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои шифоҳи 599 нафар муроҷиаткунандаро занон ташкил медиҳанд.. Аз 810 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандони шаҳри Хоруѓ 170 ададашон муроҷиат оиди таъмин бо манзили зист мебошанд, ки як қисми онҳо то ҳатто такроран низ аз ҷониби раиси вилоят қабул гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 80 муроҷиат ирсол гардидааст, ки аз ин теъдод 6 муроҷиат шикояти мебошанд. Аз теъдоди 80 муроҷиат 21 адад аз шаҳри Хоруѓ буда, 15 ададашон оиди талаби манзили зист мебошад. Аз ноҳияҳои Ишкошим 11 муроҷиат, Роштқалъа 8 муроҷиат, Дарвоз 8 муроҷиат, Ванҷ 12 муроҷиат, Мурѓоб 5 муроҷиат ва Рушон 5 муроҷиат пешниҳод шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, мувофиқи имконоти мавҷудбуда муроҷиаткунандагонро аз ҷиҳати молияви буҷети тасдиқгардида, бахусус фонди захиравии пешбинигардида, дастгири намуда истодааст. Масалан расонидани кумак ба камбизоатон, беморону маъюбон дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷиҳати молияви дастгири намуда истодааст. Бояд қайд кард, ки алакай дар давоми панҷ моҳи сипаришуда ба 45 нафар табақаҳои ниёзманд вилоят ба маблаѓи умумии 22600 сомони, ки талаби кумаки маблаѓи расонида шудааст.
2.2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлати”:
Комиссияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нуҳ моҳи соли 2019 корҳои муаянеро ба сомон расонд.
Ҷараёни иҷрои Қонуни мазкур пайваста мавриди назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қарор дошта, ҷиҳати таъмини амалишавии он нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи талаботи он Комиссияи забон кор ва фаъолият намуда истодааст.
Татбиқи амалии Қонуни мазкур пеш аз ҳама ба маориф ва маорифчиён вобастагии амиқ дошта, бо мақсади арҷгузори ба забони давлати ва риояи он дар муассисаҳои таълими, омузиши забони давлати дар шуъбаҳои маорифи вилоят ва муассисаҳои таълими тадбирҳо тибқи талаботи Қонун ба роҳ монда шуда, масъалаи мазкур зери назорати доими қарор дорад.
Ба барномаи таълимии фанни мазкур диққати зарури дода шуда, меъёрҳои забони адаби, риояи забони тоҷики ва насби шиору овезаҳо бо забони ноби давлати ба роҳ монда мешавад. Дар давоми солҳои 2018-2019 дар асоси нақшаи кори курсу семинарҳо гузаронида шуда, омузгорон ва мураббияҳои муассисаҳои томактаби аз фанни забони давлати ба он фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ дар нимсола зиёда аз 30 курсу семинарҳо гузаронида шуда, 90 фоиз омузгор аз такмили ихтисос баҳравар гардиданд.
Омузиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 05.10.2009, №553) ва Қоидаҳои имлои забони тоҷики» (аз 04.10.2011, №456) доимо дар байни омузгорон, кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шудааст.
Дар муассисаҳои таълимии вилоят синф – кабинети забон ва адабиёти тоҷик ташкил карда шуда, гушаи Қонуни забон дар амал ва имлои нави забон мавҷуданд. Бо ташаббуси омузгорони фанни номбурда хонандагон конференсияҳо таҳти унвони «Забони модарии фархунда доред», «Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад», суҳбатҳо ва соатҳои тарбияви доир ба «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» баргузор намуданд.
Барои равнақ бахшидани забондони дар ноҳияи Мурѓоб ҳар сол курсҳои 12-руза гузаронида шуда, дар ин курсҳо ба ѓайр аз омузгорони забони давлати, кормандони шуъбаи маориф ва мақомоти маҳалли низ ширкат варзида, такмили ихтисос менамоянд. Ҳамзамон тренерони донишкада, ки аз байни омузгорони беҳтарини ноҳияи Мурѓоб интихоб гардидаанд бо омузгорони муассисаҳои таълими моҳе як маротиба семинарҳои дастурдиҳи мегузаронанд.
Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани сифати таълими забони давлати ва равнақ бахшидани забондони мушкилиҳо низ мавҷуданд:
– барои омузгорони забони давлати гузаронидани курсҳои дарозмуддат дар маркази ноҳияи Мурѓоб;
– омузгороне, ки бо маълумоти миёнаи касбии омузгори дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоят ба таълимдиҳии фанни забони давлати машѓуланд тавассути имтиёз ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил карда шаванд;
– барои омузгорони дигар фанҳои таълимии ноҳияи Мурѓоб низ семинари омузиши забони давлати ташкил карда шаванд, зеро онҳо низ ба омузиши забони давлати ниёз доранд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати забони давлати ва ба танзим даровардани тарзи ҳуҷҷатгузори ва аз байн бурдани хатогиҳои имлои, техники ва мантиқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як воҳиди кориро тариқи шартномави таъсис дода, имруз чандин нафар дар ин мансаб кор ва фаъолият намуда истодааст. Инчунин, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои кормандони ҷавоне, ки бо ҳуҷҷатгузори сару кор доранд, ҷиҳати аз худ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати» бозомузи ба роҳ монда шудааст, ки барои гузаронидани онҳо устодону забоншиносон аз Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ва Институти илмҳои гуманитарии Помир даъват карда мешаванд.
Дар самти мутобиқкунии лавҳаю овезаҳои иттилоотии беруна ва бо мақсади таъмини ороиши шаҳр ва таҳлили навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо ва рекламаи ороиши беруни дар шаҳр аъзоёни Комиссияи татбиқи Қонуни мазкур мунтазам санҷиши муштарак мегузаронанд.
Бо мақсади истифодаи забони давлати дар технологияҳои компютери ва амали намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2004, №330 «Дар бораи стандартҳои рамзгузори ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷики дар лавҳакалиди (клавиатураи) комютерии стандарти UNICOD барои истифодаи комютери» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо истифода аз низоми ҳуруфоти муқарраргардида ҳуҷҷатҳоро тарҳрези менамояд.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Комиссия оиди номгузори фаъолият карда истодааст, ки барои иваз ё номгузори намудани номи шаҳрак, кучаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, корхонаҳои давлати, ташкилоту муассисаҳо, инчунин маѓозаву хизматгоҳҳои маиши дар шаҳр ба номи шахсони баруманди диёр, пеш аз тасдиқи Маҷлиси вакилони шаҳр бо мактуби расми бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд.
Ҷиҳати вусъат додани корҳои ташвиқоти – тарѓиботи вобаста ба амали намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути воситаҳои ахбори омма ва телевизиони маҳалли мунтазам баромадҳо, мизи мудаввар ва панду андарзҳо оиди риояи Қонуни мазкур ташкил карда мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади гироми доштани забони давлати таҷлили Рузи забони давлати дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимилли ва рамзи худшиноси дониста мешавад.
2.2.1. Натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва чорабиниҳои амалишуда дар асоси протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.2016 с, №7 банди 4 (оид ба масъалаи номгузории анъанави дар тамоми шаҳру ноҳияҳо)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масъалаи номгузории анъанавиро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят зери назорати ҷидди қарор дода, татбиқи онро дар асоси “Тартиби номгузори ва дигар кардани номи корхонаҳои давлати, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассиаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуѓрофи”, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2009, №609 ба тасвиб расидааст, роҳандози менамояд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба комиссия оид ба номгузори ва дигар кардани номи корхонаҳои давлати, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассиаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуѓрофи ва масъалаҳои сохти марзию маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят8 адад муроҷиатнома ва пешниҳод аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои вилоят вобаста ба номгузори намудани як қатор муассисаҳои иҷтимою фарҳанги ва як адад вобаста ба номгузори намудани ҷамоати деҳоти Сучони ноҳитяи Шуѓнон ба номи Шофақир Ҷумъаев ва 5 адад вобаста ба таѓйир додани номҳои ѓайримеёрии ҷуѓрофии ворид гардидан ва дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят барраси гардиданд.
2.3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд”:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 25 августи соли 2018, № 06у2-1223, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оиди пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир ба фаҳмондани мазмуну муҳтавои он, ташвиқу тарѓиби тарзи ҳаёти солим, одобу ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани ҳисси ватандустии хонандагон, арҷгузори ба арзишҳои милли, аз байн бурдани тамоюли бегонапарасти, тақлид ба фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиѓон ба роҳ мононда корҳои назаррасро ба сомон расонд.
Дар асоси нақша–чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар ҳамкори бо маъмурияти муассисаҳои таълими бо, комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кудаки шаҳру ноҳияҳо, раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо хонандагон ва дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят бо падару модарон оиди Қонуни мазкур вохуриҳо ва суҳбатҳо гузаронида шудаанд.
Дар муассисаҳои таълими оиди Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гушаи махсус ташкил карда шудааст. Дар асоси нақша–чорабиниҳо дар аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят рузи шанбе «Рузи падару модарон» ва «Рузи дарҳои кушод» эълон карда шудааст.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда мутахассисони шуъбаҳои маориф, кормандони комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кудак, роҳбарони муассисаҳои таълими оиди корҳои тарбияви ва берун аз синфи рузҳои шанбе дар бозори шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳо амалиёти «Ноболиѓ» оиди муайян намудани ноболиѓони аз дарс берун монда, ба оворагарди машѓул бударо муайян намуда бо падару модарон суҳбат оид ба тарбияи дурусти фарзанд ва ба роҳи дуруст тарбия намудани фарзанд маслиҳатҳо дода мешаванд. Ҳолатҳои бесабаб аз мактаб берун мондани хонандагон ва ташрифи хонандагон ба марказҳои дилхуши, тамошои филмҳои зуровари, иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои дини дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳида нашудааст.
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи муассисаҳои таълими шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлисҳои якҷояи падару модарон, омузгорон ва хонандагони синфҳои болои дар мавзуи «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими ҷашну маросимҳо», интихоби касб, истифодаи китоб ва мутоилаи он, дохилшави ба тариқи Маркази Миллии Тести, квотаи Президенти ва муассисаҳои олии хориҷи кишвар ва ѓайра суҳбатҳо доир гашта аз натиҷаи вохуриҳо ба дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ахборот пешниҳод карда шуд.
2.3.1. Натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва чорабиниҳои амалишуда, тамоюли ҷинояткори байни ноболиѓон (банди 50 паём).
Дар давоми нуҳмоҳа 5- ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлватии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мактабҳои таҳсилоти умуми байни хонандагон оид ба Конвенсияи Созмони Миллали Мутаҳид дар бораи «Ҳуқуқи кудак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кудак» зарари нашъаманди, суиқасд ба ҷони худ ва дар доираи дигар мавзуъҳо 255 адад вохурихою суҳбатҳо, аз ҷумла 200 адад дар мавзуъи «Баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», гузаронида шуданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои алоҳида бахшида ба таҷлили “ Рузи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кудакон” иборат аз 23 банд дар қаламрави вилоят чорабиниҳои рангин руйи кор оварда шудаанд. Бахшида ба рузи ҷаҳонии кудакон 30- майи соли 2019 дар филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омугорони ВМКБ конфренсияи илми-амали дар мавзуи «Тарбияи кудак-талаби замони муосир» гузаронида шуд, ки иштирокдорони он зиёда аз 50- нафар наврасон буданд , ки бо баррасии мавзуъҳояшон сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Айни ҳол дар вилоят дар маҷмуъ 69952 нафар кудакон зиндаги мекунанд, аз инҳо 38062 нафар хонанда; 1112 нафар маъюб ( 832- нафар дар қайди ҳифзи иҷтимоии вилоят); ятими кулл 95- нафар кудак; ятими яктарафа 2716 нафар ; синни то мактаби 29404 нафар (2079 нафар кудак ба 26-адад кудакистон; 4792 нафар кудак ба 267 адад марказҳои рушди барвақтии кудакон; 700- нафар кудак ба омузиши забонҳои хориҷи (дар 5 адад маркази хусуси) мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 29404 нафар кудаки синни томактаби 7571- нафар кудак ба муассисаҳои томактаби ва рушди барвақтии кудакон фаро гирифта шуда, 21833 нафар кудакон ба ягон муассисаҳои таълими фаро гирифта нашудаанд
Ҷиноятсодиркуни аз тарафи ноболиѓон дар нуҳ моҳи соли 2019, 2-ҷиноят бо иштирки 7-нафар ноболиѓ ба қайд гирифта шуда, ҷаримабанди бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури 573-нафар волидон ба маблаѓи 36975 сомони ва 57 нафар волидон бо дигар намуди ҳуқуқвайронкуни, ба маблаѓи 3110 сомони, дар маҷмуъ 630 нафар волидон ба ҳуқуқвайронкуни ба ҷавобгарии маъмури кашида шуда, ба маблаѓи 40085 сомони ҷарима гардиданд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки назди МИҲД-и ВМКБ 94-ариза бо мазмунҳои гуногун дохил гардиданд. Ба Бахши ҳуқуқи кудаки МИҲД-и ВМКБ 8-ариза; 6- ариза оиди кумаки иҷтимои; 4- оиди барқарор кардани муошират байни падару фарзанд; 3 ариза оиди дигар масъалаҳо
2.4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
2.4.1.Шумораи маъракаҳои гузаронидашуда, ҳолатҳои қонуншиканиҳо, натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва чорабиниҳои амалишуда (банди 59 паём).
Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳама вақт дар маркази диққат ва таҳти назорат қарор дошта, дар нуҳ моҳ ҷаласаҳои сайёри кори комиссияи доимии вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим гузаронида шуданд. Ҳамзамон ба комиссияҳои доимии ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти, бахшҳои дин ва сармутахассисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои мазкур ёриҳои амалию методи расонида шуд.
Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар нуҳ моҳаи соли 2019 корҳои тарғиботию ташвиқоти ва дигар воситаҳои фаҳмондадиҳи дар байни аҳолии вилоят вусъат дода шуд, ки ба тариқи ҷадвал бо теъдоди ҷашну маъракаҳо пешниҳод мегардад.
Қонун ба вазъи молиявии сокинони вилоят таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат намуд. Айни ҳол дар бонкҳои вилоят зиёда аз 190 миллион сомони амонатҳои шаҳрвандон пасандоз карда шудааст.
Амали Қонун ба афзоиши баргузории маъракаҳо, аз ҷумла туйҳои хайрияви мусоидат намуда, ба эҳёи маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдоди барои камбизоатон замина гузошт. Амали Қонун дар дастгирии Фонди ҷамъиятии хайрия, кумак ба аҳолии камбизоат ва барпо намудани маъракаҳои хурсандии ниёзмандон дар таърихи давлатдории навини мо як саҳифаи навро боз намуд.
Чунончи дар соли равон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №159 ба муносибати иди байналмиллалии Навруз-2019 ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 228783 сомони кумаки молию пули расонида шуд. Дар иди саиди Фитр ба ин табақаи ниёзманд 474877 сомони ва дар иди Қурбон ба маблағи 450054 маҷмуъ дар нуҳ моҳи соли равон ба маблаѓи 1153714 сомони кумакҳои хайрияви расонида шуданд.
Дар нуҳмоҳаи соли ҷори дар вилоят 1096 туйи домодии аруси, 270 хатнасури хайрияви, 11 туйи домодии хайрияви гузаронида шуд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти иҷрои Қонуни мазкур 16 -то қонуншикани ба қайд гирифта шуда, нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуд.
Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП_1140 “Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардуми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 Қарори раиси вилоят аз 18 январи соли 2019 №18 ба тасвиб расида, мутобиқи Низомномаи тасдиқшуда даври якуми “Озмуни дастархонорои” дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят бомуваффақият ҷамъбаст гардида, аз номи вилоят ноҳияи Мурѓоб дар даври сеюми вилояти сазовори ҷойи якум гардид
2.5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2017 с., №344 «Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Шабакаи интернет»:
2.5.1. Истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсиони дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (сомона, почтаи электрони ва татбиқи унсурҳои «ҳукумати электрони»).
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ баҳри иҷрои ин банд ва қарори мазкур чораҳои мушаххас руйи кор овардааст. Тамоми шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят айни ҳол пурра аз технологияи иттилоотии коммуникатсиони таъминанд. Ҳар як корманди МИМҲД – и вилоят дар шабакаи Интернет суроѓаи электрони дорад.
Сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят www.badakhson.tj аз соли 2012 боз фаъолият мекунад. Бо сабаби руйи кор оварда шудани Барномаи нави HTML сомона аз моҳи январи соли равон фаъолияташро тибқи талаботи он роҳандози намудааст. Суроѓаи электронии он badakhshon@mail.ru буда, он тибқи мактуби расмии роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсату идораҳо дастрас гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати дастрасии мардуми вилоят ба сомона, расидани дархост, арзу шикояти шаҳрвндон эълоне ба ин мазмун дар сомона ҷой дода шудааст.
Айни ҳол ҷиҳати ба талаботи технологияи муосир мутобиқ гардонидани технологияи иттилоотии коммуникатсиони ҷараёни таъсис додани махзани ягонаи ахбор идома ёфта истодааст.
2.6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлати»:
2.6.1. Гузаронидани озмуни мансабҳои маъмурии хизмати давлати (моддаи 18), аттестатсияи хизматчиёни давлати (моддаи 20), бозомузи ва омода намудани хизматчиёни давлати барои баланд бардоштани масъулияти онҳо.
Дар нуҳ моҳи соли ҷори оиди гузаронидани озмуни мансабҳои маъмурии хизмати давлати (моддаи 18) 3 лоиҳаи қарори раиси вилоят барои 8 мансаб ба тасвиб расонида, барои 7 мансаб озмун гузаронида шуд. Тибқи қарорҳои раиси вилоят аз 6 феврали соли 2019, №41 мансаби Мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, аз 25 феврали соли 2019, №73 барои мансабҳои Сармутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, Сармутахассис ва мутахассиси пешбари раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, аз 16 апрели соли 2019, №136 мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси ВМКБ ва сармутахассиси шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ВМКБ ва аз 20 июни соли 2019, №199 барои мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузори ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озмунҳо эълон гардидаанд.
Оиди озмунҳои мазкур ба шуъба шумораи довталабон 39 нафар (26 зан)-ро ташкил дода, аз онҳо 6 нафар ба мансабҳои ишѓолнамуда таъин карда шудаанд. Мутаасифона барои 1 мансаб аз озмун нагузаштанд ва 1 мансаби дигар ҳоло гузаронидани озмун мавриди омузиш қарор дорад.
Аттестатсияи хизматчиёни давлати (моддаи 20) дар нуҳ моҳи соли ҷори дар моҳҳои август ва сентябри соли 2019 гузаронида шуд. Маълумоти омори дар бораи аттестатсияи ѓайринавбатии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруѓ, ноҳияҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва идораю муассисаҳо, ки шумораи умумии онҳо 790 нафар мебошанд, аз онҳо 627 нафар иштирок карда, 54 адад мансабҳои холи ва 109 нафар бо сабабҳои гуногун иштирок накарданд.
Ҳамзамон доир ба бозомузи ва омода намудани хизматчиёни давлати барои баланд бардоштани масъулияти онҳо, тибқи қарори раиси вилоят аз 31 декабри соли 2018, №493 «Дар бораи Нақшаи машѓулиятҳои идорави барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон дар соли 2019» ба тасвиб расонида, дар нуҳ моҳи соли ҷори аз ҷониби мудирони шуъбаҳою бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 21 маротиба машѓулиятҳо гузаронида шудаанд.
2.6.2. Пешгирии амалҳои коррупсиони дар сохторҳои мақомоти идоракунии маҳалли хусусан ҷиноятҳои коррупсиони оид ба замин, шумораи эътирозҳо, бекор кардани қарорҳо ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба ҳолати замин (банди 57 паём).
3.Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет .
3.1. Таҳлили иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷет, афзоиш/коҳиш нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта.
Доир ба таъмин намудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019 корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.
Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар нуҳ моҳисоли 2019 аз рӯи ҳаҷми умумӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки аз буҷети ҷумҳуриявӣ воридшуда, дар маҷмӯъ дар вилоят нақша маблағи 203703868 сомониро ташкил дода, иҷрои он ба маблағи 202 990 724сомонӣ ё ба андозаи 99,6 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 17 229 397 сомонӣ ё ин ки 9,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳисоби даромадҳои худи дар ин давра маблағи 2239990 сомони аз нақшаи пешбинишуда ба даромади буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид.
3.2. Ҳолати пардохти андозҳо аз руи ҳар як намуди онҳо.
Иҷроиши барзиёди даромади буҷет асосан аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеъӣ маблағи 6 851 сомонӣ, андоз аз фоида маблағи 1 835 836 сомонӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул маблағи 117 665 сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард маблағи 49 827 сомонӣ, андози низоми соддакардашуда маблағи 679 671 сомонӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт маблағи 262 482 сомонӣ, боҷи давлатӣ маблағи 142 527 сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ маблағи 2 250 366 сомонӣ ба амал омадааст.
Иҷрои даромадҳои худӣ 103,5фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла андозҳои умумидавлатӣ 98,0 фоиз ва андизҳои маҳаллӣ 111,2 фоиз иҷро шуданд. Дар алоҳидагӣ, андози даромад аз шахсони воқеъӣ 100,0 фоиз, андоз аз фойда 124,7фоиз, аксизҳо 98,1 фоиз, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки соли гузашта ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шуда буд имсол 106,3 фоиз, боҷи давлатӣ 113,8 фоиз, низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ ҳамагӣ 112,0 фоиз, аз ҷумла, низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкорони хурд 118,2 фоиз, низоми андозбандии шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соибкориро тибқи патент амалӣ менамоянд 100,0 фоиз, низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ 103,2 фоиз, низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ 111,0 фоиз, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳамагӣ 113,9 фоиз, аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 136,3 фоиз, шахсони воқеӣ107,8 фоиз, андоз аз молу мулки ғайриманқул ҳамагӣ 107,8 фоиз, аз ҷумла аз молу мулки ғайриманқул ҷамъ 107,6 фоиз, аз шахсони ҳуқуқӣ 117,1 фоиз, аз шахсони воқеӣ 103,5 фоиз, аз ҷумла андози замин ҷамъ 114,3 фоиз, аз он аз шахсони ҳуқуқӣ 141,7 фоиз,шахсони воқеи97,3 фоиз, пардохтҳои дигар ба буҷети маҳаллӣ 231,4 фоиз, ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,2 фоиз иҷро гардид.
Дар ин давра бо назардошти андози иҷтимоӣҳамаи ноҳияҳои вилоят аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет дар маҷмӯъ баромаданд.
Иҷроиши сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет бошад ба ғайр аз ноҳияи Дарваз дигар ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ таъмин карда нашуд. Дар вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда (80,3%), аксизҳо(98,1%) ва роялтҳо (андоз аз истифодабарандагони қаъри замин) (92,7%) таъмин нагардид.
Иҷрои буҷети ноҳияи Ванҷ аз рӯи як намуди андоз – андоз аз даримади шахсони воқеӣ (96,1%); ноҳияи Рушон аз рӯи як намуди андоз – андози даромад аз шахсони воқеъӣ (87,8%); ноҳияи Шуғнон аз руи се намуди андоз-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (92,2%), андози низоми соддакардашуда (97,7%) ва боҷи давлатӣ (92,7%); ноҳияи Роштқалъа аз рӯи як намуд – андози даромад аз шахсони воқеъӣ (87,3%); ноҳияи Ишкошим аз рӯи як намуд –андоз аз воситаҳои нақлиёт (40,2%); ноҳияи Мурғоб аз рӯи ду намуди андоз -андози даромад аз шахсони воқеъӣ (97,4%), андоз аз захираҳои табии (44,9%); шаҳри Хоруғ аз рӯи як намуди андоз- андоз аз арзиши иловануда (63,3%) ва буҷети худии вилоят аз руи се намуди андоз- андоз аз арзиши иловашуда (63,0%), андоз аз воситаҳои нақлиёт (51,4%) ва аксизҳо (66,7%) таъмин карда нашуд.
Иҷрои даромадҳои худӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 6 265 465 сомонӣ ё ин ки 109,1 фоиз зиёд мебошад.
3.3 Мавҷудияти бақия аз руи намуди андозҳои пардохтнашуда ва корҳои анҷомдодашуда дар самти коҳиш додани бақияҳо.
Бақияпулиҳои андоз яке аз омилҳои афзунгардонии қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят маҳсуб меёбанд. Дар вилоят оиди кам кардани бакияпулиҳои андоз корҳои муайян ба сомон расонда шуданд.
Бақияпулиҳои андоз яке аз омилҳои афзунгардонии қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят маҳсуб меёбанд, лекин онҳо ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Бақияпулиҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 маблағи 2556915 сомониро ташкил доданд, ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 ин рақам ба 2512976 сомонӣ баробар буд. Яъне бақияпулиҳои андоз дар ноҳияи Дарвоз 171479 сомонӣ, Ванҷ 199500 сомонӣ, Рушон 61213 сомонӣ, Шуғнон 220159 сомонӣ, Роштқалъа 41131 сомонӣ, Ишкошим 81618 сомонӣ, Мурғоб 75568 сомонӣ, шаҳри Хоруғ 1660723 сомонӣ ва буҷети худии вилоят маблағи 45524 сомонӣ боқи мондаанд.
3.4. Мавҷудияти қарз аз пардохтҳои бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят дар нуҳмоҳи соли 2019 ба андозаи 90,8 фоизи таъинот ба иҷро расонида шуда, маблағи 200204164 сомонӣ барои хароҷот равона карда шуд.
Аз он дар дастгоҳи идоракунии давлатӣ 91,3 фоиз, мудофиа 90,0 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 92,7 фоиз, соҳаи маориф 89,4 фоиз, соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 93,3 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 93,1 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 96,2 фоиз, фарҳанг 88,6 фоиз, хоҷагии қишлоқ 81,1 фоиз ва нақлиёт ва хоҷагии роҳ 83,2 фоизро ташкил медиҳад.
Иҷрои қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла дастгоҳи идоракунии давлатӣ –3,2 фоиз, мудофиа 10,4 ҳифзи ҳуқуқ 8,0 фоиз, соҳаи маориф 11,6 фоиз, соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 8,7 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 9,3 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 33,9 фоиз, фарҳанг 6,1 фоиз, хоҷагии қишлоқ 11,4 фоиз ва нақлиёт ва хоҷагии роҳ 14,1 фоиз.
Хароҷоти буҷет дар алоҳидагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад, дар ноҳияи Дарвоз 92,7 фоиз, Ванҷ 91,0 фоиз, Рушон 91,8 фоиз, Шуғнон 90,2фоиз, Роштқалъа 93,2 фоиз, Ишкошим 94,4 фоиз, Мурғоб 89,0 фоиз, ш.Хоруғ 85,7 фоиз ва буҷети худии вилоят 90,0 фоиз ба иҷро расонида шудааст.
3.5 Тамоюли афзоиш ва камшавии музди миёнаи меҳнат.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 музди миёнаи меҳнат маблаѓи 1181,6 сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 201,1 сомони ё 20,5 фоиз афзоиш ёфт.
3.6. Корҳои андешидашуда ҷиҳати ташаккул додани сарчашмаҳои иловагии буҷетҳои маҳалли;
Дар нуҳ моҳи соли 2019 мувофиқи нақшаи кории Шуъбаи аудити дохили ва назорати Сарраёсати молияи ВМКБ, баҳри харочоти максадноку шаффофи маблагҳои буҷети ва риояи катҷии интизомии молияви дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ВМКБ аз тарафи мутахассисони шуъба дар 71 идораву муассисаҳои давлатии вилоят санчишу таҳлилҳо гузаронида шуданд, ки ин ҳамаги 92,0%-и накшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Натиҷаи супоришҳои аудити дар ин идораву муассисаҳо ба ғайр аз маблағҳое, ки ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шуданд, маблаги 184019 сомониро ошкор намуд, ки аз он зарари молияви ба маблаги 161671 сомони муайян гардид ва аз он маблаги 55702 сомони аз ҳисоби пардохти музди меҳнат ва мукофотпули, 5777 сомони аз ҳисоби маблагҳои сугуртаи ичтимои ва нафака, 15894 сомони аз ҳисоби сафархарчи, 6334 сомони аз ҳисоби аз меъёр хароҷоти зиёди сузишвори, 5625 сомони аз ҳисоби дигар харочотҳои гайриконуни, 295 сомони аз ҳисоби камомади воситаҳои пули, 4035 сомони аз ҳисоби камомади маводҳои арзишнок, 26329 сомони талафи воситаҳои пулию молй ва 41680 сомони аз ҳисоби андозҳо ташкил медиҳанд.
Аз маблағҳои ошкоршудаи зарари молияви ба ҳолати 25 сентябри соли 2019 ба андозаи 56,6 %, ё ки маблаги 91514 сомони ҷо ба ҷо карда шуда, ҳоло ҷобаҷокунии маблагҳои ғайриқонунӣ хароҷотгардида идома дорад.
3.7. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо.
Мушкилотҳои асосии ҷойдошта вобаста ба қисми даромади буҷет ин дар мадди аввал ба ғайри аз ноҳияиДарвоз сифатнок иҷро нагардидани буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Барои ҳалли мушкилоти мазкур, мақомотҳои андоз ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд барои пурра ба даромади буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ворид шудани даромадҳои андозию ғайриандозӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии даромадро таъмин намоянд.
4. Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузори, рушди бахши хусуси ва мусоидат ба рушди соҳибкори (бандҳои 18, 20 паём):
4.1. Шумораи соҳибкорони хурду миёна, тамоюли инкишоф ё қатъ гардидани фаъолияти онҳо, каму зиёдшавии онҳо аз руи соҳаҳо, аз ҷумла занон ва ҷавонони соҳибкор, ҳиссаи соҳибкорон дар ҳаҷми маҷмуи махсулоти шаҳру ноҳия (бандҳои 18 ва 20 Паём);
Фаъолияти соҳибкори, ки яке аз манбаъҳои зиёд намудани даромаднокии буҷет ба шумор меравад, нишон дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи нозиротҳои андоз 2196 нафар соҳибкорони инфироди бо патент ва 1062 соҳибкорон бо шаҳодатнома ба андозбанди ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо маблаѓи 4184,8 ҳазор сомони ба буҷет ворид гардид.
Дар ин давра 267 соҳибкор, ки дар асоси патент ва 41 соҳибкор, ки бо шаҳодатнома фаъолият доштанд, фаъолияташонро қатъ намуданд.
4.2. Рафти ҷалби маҷмуи маблаѓҳои сармояҳо дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда, ҷалби сармояи хориҷи, аз ҷумла: сармояи мустақим, рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузори;
Ҳоло дар ҳудуди вилоят барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 92 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар дар ВМКБ 11 лоиҳаи сармоягузории давлатии зерин амали гардида истодааст, ки маблаѓи умумии дар доираи онҳо дар вилоят азхудшуда 9,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
- Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо (марҳилаи 4)” – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 820,5 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбии техники ва омузиш” – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 98,5 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи дуюми таъмини шуѓли аҳоли барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои оби – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 541,7 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи “Мутобиқшави ба таѓйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон” – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 1727,4 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба таѓйирёбии иқлим» – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 2078,8 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон”- дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 3751,0 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тибби» – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 426,7 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти оли” – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 21,2 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимои” – дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилоят 35,4 ҳазор доллари ИМА азхуд шудааст;
- Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруѓ” – дар вилоят азхудкунии маблаѓҳо оѓоз нашудааст;
- Лоиҳаи “Беҳтар намудани шабакаҳои обтаъминкуни дар шаҳри Хоруѓ” – дар вилоят азхудкунии маблаѓҳо оѓоз нашудааст.
4.3. Корҳои анҷомдодаи МИМҲД – и шаҳру ноҳияҳо дар амали намудани “300 рузи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкори дар беҳтар намудани фазои сармоягузори” (банди 20 паём, ҚҲҶТ “Дар нақша чорабиниҳои 300 рузи ислоҳот”);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амали намудани 300 рузи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкори ва беҳтар намудани фазои сармоягузори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”қарори раиси ВМКБ аз 2 апрели соли 2019, №102 ба тасвиб расонида, иҷрои нақшаи чорабиниҳо зери назорати доими қарор дода шудааст.
Вазифаҳои асосии нақшаи чорабиниҳо ин дастгирии молиявии соҳибкори, дастгирии маҳсулоти – техникии бахши соҳибкори, аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзноки таҳҷизотҳо, биноҳои истеҳсоли ва технологияҳо, ташкили инфрасохтори дастгирии соҳибкори, паст намудани монеаҳои маъмури ҳангоми ташкил ва пешбурди тиҷорат, дастгирии давлатии самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкори, рушди шаклҳои хоҷагидории хурду миёна, ҳавасмандгардонии таъсиси институтҳои худ дастгирии соҳибкори дар шакли кооперативҳои истеҳсоли, фуруши ва қарзи, таъмини дастгирии иттилооти ва машваратии соҳибкори, мусоидат дар тайёркуни ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳо барои бахши соҳибкори, барои субъектҳои соҳибкори шароитҳои мусоид фароҳам овардан, ки ба таъсиси ҷойҳои нави кори мусоидат намоянд, мебошанд.
4.4. Ташкил ва гузаронидани курсҳои омузиши ба мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаи соҳибкорон ва сифати омода гардидани лоиҳаҳои сармоягузори ва нақшаҳои тиҷорати, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкори (банди 18, ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 15);
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори соҳибкорони вилоят пайваста дар шаҳру ноҳияҳо семинарҳо, конфронсҳо, курсҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва дигар барномаҳои иттилоотӣ – таълимӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ташкил ва баргузор карда мешанд.
Ҳамзамон, тайи чанд соли охир дар шаҳри Хоруғ Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд” (Акселератор) фаъолият дорад, ки дар баробари ташкили курсҳои омӯзишӣ, ҳамчунин ба соҳибкорони вилоят барои амалисозии лоиҳаҳои тиҷортӣ қарзҳои имтиёзнокро ҷудо менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ таъсис додани бизнес-инкубаторҳо бамаврид буда, ташкили он барои дастгирии соҳибкори навтаъсис (стартап) ва рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат менамояд.
Инчунин, таъсиси бизнес-инкубаторҳо тибқи таҷрибаи муосир яке аз самти асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба шумор рафта, ҷиҳати муайян намудани самти соҳибкори ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти милли ва дастгирии соҳибкорон дар тамоми марҳилаи ташаккул ба шумор меравад.
Аз ин ҷост, ки вазифаи асосии Бизнес-инкубатор ба таъсис додан, рушду таҳкими соҳибкории хурду миёна, ҳаматарафа дастгирӣ намудани соҳибкори азнавташкилшуда ва фаъолияткунанда ва дар солҳои аввали ташаккули онҳо ҷиҳати бартараф кардани душвориҳо ва монеаҳо мусоидат намудан, маҳсуб меёбад.
Дар ин асно, дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №624 “Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” қарори раиси ВМКБ аз 2 апрели соли 2019, №101 ба тасвиб расид, ки мутобиқи он дар вилоят бахши муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” таъсис дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки буҷети маҳаллии вилоят худ буҷети субвентсионӣ маҳсуб ёфта, қариб 70 фисади хароҷоти он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи маблағҳои мақсадноки нақшавӣ таъмин карда мешавад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати маҳдуд будани имкониятҳои молиявии буҷети маҳаллии вилоят айни ҳол нигоҳдории сохтор ва воҳидҳои кории бахши муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар ВМКБ ғайримкон мебошад.
Бо дарназардошти ин, пешниҳод карда мешавад, ки ба лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №100 тасдиқ карда шудааст, иловатан се воҳиди корӣ барои бахши муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар ВМКБ ворид карда шаванд.
4.5. Дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои бонки ва ҳаҷми маблаѓҳои ҷудогардида мувофиқи бонкҳо (банди 18, 20 паём);
Рушди соҳибкори аз бисёр ҷиҳат ба фаъолият ва хизматрасонии самарабахши бонки вобаста мебошад. Дар нуҳ моҳи соли 2019 барои 320 соҳибкорон аз тарафи бонкҳои дар вилоят амалкунанда ба маблаѓи 12251,6 ҳазор сомони қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблаѓи 1915,6 ҳазор сомони ё худ 18,5 фоиз зиёдтар мебошад.
Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки фоизи миёнаи тамоми намуди қарзҳои пешниҳодшуда, барои рушди соҳибкори, баланд буда, монеаи ҷиддитарини рушди соҳибкори ва сектори хусуси мебошад. Ҳамин тариқ, қарзҳои ба таъхирафтода дар бонкҳо зиёдтар шуда, мутаносибан захираи кредити кам шуда, имкони қарздиҳии бонкҳоро боз ҳам маҳдудтар мекунад.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Соҳибкори ва рушд” 33 субъектҳои соҳибкорӣ ба маблаѓи зиёда аз 2,6 млн сомони қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд.
4.6. Ҳамкори бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкори»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти лоиҳаҳои пешниҳодгардида ва мавриди амал қарор додашуда;
Баҳри инкишофи шарикии давлат ва дастгирии бахши хусуси, инчунин барои ривоҷу равнақ додани соҳаи соҳибкори бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон филиали Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкори» – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруѓ таъсис дода шуда, ин барои таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои бизнеси барои соҳибкорон кумак ва дастгири менамояд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи Фонди мазкур се лоиҳаи самти истеҳсоли бо таъсиси 10 ҷойи кори ба маблаѓи 778,0 ҳазор сомони дода шуд.
4.7. Рафти ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор барои фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисоди, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда (ВМКБ, в.Суѓд, в.Хатлон);
Ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” ширкати ҶДММ “Ѓаюрҷон” ба ҳайси субъекти минтақа расман ба қайд гирифта шуд. Самти асосии фаъолияти ширкати мазкур ин таъсиси маркази логистики буда, тавассути минтақа интиқол додани молу маҳсулот, ки аз давлатҳои ҳамсоя вориди минтақа мегарданд, мебошад. Айни замон ҶДММ “Ѓаюрҷон” ба истеҳсоли сементблок машѓул буда, дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба маблаѓи 28,0 ҳазор сомони маҳсулоти сохтмони истеҳсол намудааст. Бояд қайд кард, ширкати мазкур нақша дорад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон содирот намояд. Вале ҷиҳати надоштани рамзи гумруки ва воҳидҳои кории иловаги барои минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” аз тарафи хадамоти гумрукии вилоят иҷозат дода намешавад, ки маҳсулот ба содирот бароварда шавад. Оиди ин масъала ба унвони Раёсати хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ мактуби расми ирсол гардида буд, вале мутаасифона то ба имруз масъала ҳалли худро наёфтааст.
Инчунин лоиҳаи сармоягузории ҶДММ “Суман”, ки самти фаъолияти ин ширкат истеҳсоли сангҳои сохтмони ва ороиши мебошад, расман ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим ” ба қайд гирифта шуд. То ба имруз аз тарафи ин ширкат ба маблаѓи 2088,0 ҳазор сомони таҷҳизотҳои истеҳсоли харидори гардида, корҳои лоиҳакашии сохтмон идома доранд.
Моҳи июни соли 2019 Форуми соҳибкорони байнимарзии минтақаҳои Бадахшони Тоҷикистону Афѓонистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 60 нфар ширкат варзиданд. Мақсади баргузории форум ин ба ҳам овардани соҳибкорони минтақаҳо барои ташкил намудани соҳибкории муштарак ва истифодаи имкониятҳои ҳар ду тараф арзёби гардид. Инчунини дигар дар доираи баргузории Форуми сармоягузории “Помир инвест”, ки 6 августи соли равон дар маркази шаҳри Хоруѓ доир гардида буд, панел дар мавзуи “Минтақаҳои озоди иқтисоди ҳамчун омили суръатбахшии саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида, барои сармоягузорон имкониятҳои пеш бурдани соҳибкори дар шароити Минтақаи озоди иктисодии “Ишкошим” муаррифи карда шуданд.
Самти асосии маъмурияти минтақа ин ҷалби сармоягузориҳо ва бақайдгирии субъектҳои нав арзёби гардидааст. Соли ҷори таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳалли ба минтақа бо назардошти таъсисдиҳии қитъаи алоҳидаи (субзона) дар шаҳраки Теми шаҳри Хоруѓ афзудааст. Аллакай ба маъмурият се лоиҳаи мукаммали сармоягузори барои амалигардони дар ин субзона пешниҳод гардидаанд.
4.8. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар татбиқи барномаҳои вобаста ба рушди саноати сабук дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор норасоиву камбудиҳо ба назар мерасанд. Махсусан истеҳсоли маҳсулоти шири, хуроквори, дӯхти либоси мактабӣ, пойафзоли чармӣ ва ѓайра дар сатҳи паст қарор дорад.
Имкониятҳои воқеии ташкили корхонаҳои саноатӣ дар вилоят ҳанӯз ба пуррагӣ истифода намегарданд. Ҳамзамон худи ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, бахусус захираҳои дохилӣ ба пуррагӣ омода нестанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави дорои технологияҳои пешқадам, истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва хизматрасониҳои баландсифат тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият дар вилоят дар заминаи корхонаҳои давлатӣ ҷамъияти саҳҳомии кушода таъсис ёфта, то имрӯз бастаи саҳмияҳои онҳо хусусӣ гардонида шудаанд.
Вале ҳоло қисми зиёди корхонаҳои хусусишуда аз фаъолият бозмондаанд ё нопурра фаъолият менамоянд. На ҳамаи соҳибмулкони корхонаҳои хусусишуда азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшударо таъмин кардаанд.
Аз бонкҳои дар вилоят фаъолиятдошта хоҳиш карда мешавад, ки барои идомаи ислоҳоти соҳаи бонки ҷиҳати таъмин намудани устувории низоми бонки, зиёд кардани шаклҳои хизматрасонии муосир, фароҳам овардани захираҳои васеи қарзиву сармоягузори ба бахши воқеии иқтисодиёт, махсусан соҳибкории истеҳсоли чораҳои заруриро амали намоянд.
Ба чунин мушкилотҳо, ки айни замон соҳибкорони вилоят низ бо онҳо ру ба ру гаштаанд, дохил мешаванд:
– маълумоти нокифояи соҳибкорон оиди муносибатҳои бозори;
– набудани восита ва дастраси ба сарчашмаҳои молияви;
– камчинии майдонҳои истеҳсоли ва таҷҳизот барои соҳибкории хурду миёна;
– мушкилот бо тартибот ва бурдани ҳисоботи бухгалтери;
– дастрасии маҳдуд ба гирифтани хизматрасонии информатсиони;
– рушди маҳдуди маркетинг ва ѓайра.
Муаммоҳои болозикр ва мушкилотҳои мавҷуда метавонанд раванди рушди соҳибкориро суст гардонида, дар дурнамо метавонад ба зиёдшавии сатҳи соҳибкори таъсири манфи расонанд.
5. Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат:
5.1.Нишондиҳандаимаҷмуимаҳсулотисаноати ва истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати аз руи намуди маҳсулоти саноати, зиёд намудани ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохили, раванди содироти маҳсулоти саноати ва истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда (банди 11 паём, ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 1);
Дар вилоят ба ҳолати ҳозира 254 адад корхона ва коргоҳои истеҳсоли мавҷуд буда, аз онҳо 41 адад ба таври расми ва 213 ба тариқи тадқиқот ба қайд гирифта шудаанд. Дар 9 моҳи соли 2019 корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблаѓи 135,4 млн. сомони маҳсулот ва хизматрасониро ба иҷро расонидаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз камтар мебошад.
Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави кори қарори раиси ВМКБ аз 31 декабри соли 2018, №486 дар бораи “Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноати дар ВМКБ барои соли 2019” ба тавсиб расида, дар асоси он дар соли 2019 бояд дар вилоят 16 адад корхона ва коргоҳ бо ҷалби 173 ҷойи кори ба истифода дода шаванд.
Дар 9 моҳи соли 2019 дар вилоят 9 коргоҳи истеҳсоли ба истифода дода шуданд. Инҳо дар ноҳияҳои Дарвоз сехи истеҳсоли қуму шаѓал бо ҷалби 8 ҷойи кори, Рушон сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмони дар деҳаи Ёмс бо ҷалби 2 ҷойи кори, Шуѓнон дар ҷамоати деҳоти Навободсехи истеҳсоли дару тиреза аз тарафи соҳибкор Носиров Б. бо ҷалби 3 ҷойи кори,дар ҷамоати деҳоти Поршиневсехи коркарди чуб, маҳсулоти масолеҳи рузгори мардум бо ҷалби 2 ҷойи кори ва сехи мурѓпарвари дар ҷамоати деҳоти Сучон бо ҷалби 5 ҷойи кори, Роштқалъа сехи коркарди пашм (Хоркашова Р.) бо ҷалби 4 ҷойи кори, Ишкошим коргоҳи коркарди асбобҳои мусиқи(соҳибкор Масанов М.)ва Мурѓоб сехи дузандагии соҳибкор Носирова Гулнамо бо 3 ҷойи кори ташкил медиҳад.
Яке аз содироткунандаи беҳтарини вилоят ин ҶСК “ПомирЭнерҷи” ба ҳисоб меравад, ки барқро ба Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон содирот менамояд. Бояд қайд намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 4,1 млн. кВт-cоат ба маблаѓи умумии 1422,5 ҳазор сомони қувваи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон фурухта шудааст, ки ин 3,03% аз ҳаҷми умумии тавлиди барқро ташкил дода, назар ба нуҳ моҳи соли гузашта 25,7 ҳазор кВт-соат ба маблаѓи 9,111 сомони ё ба андозаи 6,8% зиёдтар аст. Вобаста ба талаботи бозори ҷаҳони дар шароити имруза дар вилоят маҳсулоти афзалиятноки кишоварзии барои содирот нигаронидашуда ин маҳсулоти боѓпарвари (меваи хушк) ва истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Рушон ду корхонаи хурди коркарди меваи хушк фаъолият доранд. Корхонаи хурди коркарди меваи хушк ҶДММ «Нури Умед» дар 9 моҳи соли ҷори ба маблаѓи 13,3 ҳазор сомони меваи хушкро банду баст карда, ба фуруш баровардааст. Дар ноҳияи Дарвоз маҳсулоти боѓдори, аз ҷумла анор, анҷир ва дар ноҳияи Ванҷ себ ва чормаѓз берун аз вилоят ба минтақаҳои ҷумҳури ба фуруш бароварда мешавад. Дар шаҳри Хоруѓ ҶДММ “Памир-Тревел” аз маҳсулоти меваги маҳсулоти қаннодиро дар 9 моҳи соли равон ба маблаѓи 865,7 ҳазор сомони истеҳсол намуда, дар дохили вилоят ва берун аз он маҳсулоташонро пешкаши харидорон менамоянд. Инчунин, сехҳои коркарди муинаи тибити ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим маҳсулотҳои аз муинаи тибити истеҳсолкардаашонро тавассути соҳибкорони вилояти Суѓд ба хориҷи кишвар содирот карда истодаанд.
5.2. Таъмини самараноки ва сифати амали намудани барномаҳои қабулгардидаи соҳаи саноат ва лоиҳаҳои сармоягузории ба ин самт равона гардида (банди 12 паём), аз ҷумла “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” (Нусха аз Протоколи маҷлиси ҲҶТ аз 21.01.2019 с., №1 банди 1);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баҳри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати, таъсиси ҷойҳои нави кори, истифодаи ашёи хоми маҳалли ва истифодабарии иқтидорҳои бозистода, расидан ба ҳадафҳои асосии соҳа, яъне истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот равонашуда тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
5.3. Ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои кории нав (банди 12 паём, ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 1);
Дар вилоят ба ҳолати ҳозира 254 адад корхона ва коргоҳои истеҳсоли мавҷуд буда, аз онҳо 41 адад ба таври расми ва 213 ба тариқи тадқиқот ба қайд гирифта шудаанд. Дар 9 моҳи соли 2019 корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблаѓи 135,4 млн. сомони маҳсулот ва хизматрасониро ба иҷро расонидаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз камтар мебошад. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 94,1 фоиз, саноати коркард 74,7 фоиз ва истеҳсолу тақсимоти неруи барк 100,0 фоизро ташкил медиҳад.
Аз 41 адад корхонаи ба таври расми ба қайд гирифташуда, дар 9 моҳи соли 2019 дар вилоят бо сабабҳои объективи 7 корхона ва коргоҳи саноати фаъолият надоштанд, инҳо дар шаҳри Хоруѓ- ҶДММ “Зари Помир” ва ҶДММ “Асал”, ноҳияи Дарвоз корхонаи коркарди ангишти “ВТИ -Помир”, корхонаи дузандагии “Ахтари меҳр”, ноҳияи Ванҷ-ҶДММ “Мрамор Стоун”( сехи коркарди санги мармар) ва заводи асфалтбарории ҶДММ “Истиқлол”, ноҳияи Рушон коргоҳи истеҳсоли обҳои минералии ҶДММ “Помир асри 21 ”. Сабаби асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва коргоҳҳои мазкур ин надошатни иҷозатнома, фарсуда гардидани таҷҳизот, надоштани маблаѓи гардон, дастрас нагардидани ашёи хом, муфлис гардидани соҳибкор ва набудани бозори фуруши маҳсулот арзёби мегардад.
Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави кори қарори раиси ВМКБ аз 31 декабри соли 2018, №486 дар бораи “Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноати дар ВМКБ барои соли 2019” ба тавсиб расида, дар асоси он дар соли 2019 бояд дар вилоят 16 адад корхона ва коргоҳ бо ҷалби 173 ҷойи кори ба истифода дода шаванд.
Дар 9 моҳи соли 2019 дар вилоят9 коргоҳи истеҳсоли ба истифода дода шуданд. Инҳо дар ноҳияҳои Дарвозсехи истеҳсоли қуму шаѓал бо ҷалби 8 ҷойи кори, Рушон сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмони дар деҳаи Ёмс бо ҷалби 2 ҷойи кори, Шуѓнон дар ҷамоати деҳоти Навободсехи истеҳсоли дару тиреза аз тарафи соҳибкор Носиров Б. бо ҷалби 3 ҷойи кори,дар ҷамоати деҳоти Поршиневсехи коркарди чуб, маҳсулоти масолеҳи рузгори мардум бо ҷалби 2 ҷойи кори ва сехи мурѓпарвари дар ҷамоати деҳоти Сучон бо ҷалби 5 ҷойи кори, Роштқалъа сехи коркарди пашм(Хоркашова Р.) бо ҷалби 4 ҷойи кори, Ишкошим коргоҳи коркарди асбобҳои мусиқи(соҳибкор Масанов М.)ва Мурѓоб сехи дузандагии соҳибкор Носирова Гулнамо бо 3 ҷойи кори ташкил медиҳад.
5.4. Баланд бардоштани дараҷаи таъмини корхонаҳои нассоҷи бо нахи пахта, пешгири намудани зиёдшавии содироти нахи пахта ва таъсиси ҷойҳои нави кори дар соҳаи нассоҷии шаҳру ноҳияҳо (банди 28 паём) ва ҳиссаи коркарди пилла, пашм ва пуст (Нусха аз Протоколи маҷлиси ҲҶТ аз 21.01.2019 с., №1 банди 1);
5.5. Маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳои коркорди маҳсулотҳои шири, меваю сабзавот, нушокиҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо (Нусха аз Протоколи маҷлиси ҲҶТ аз 18.01.2018 с., №1 банди 16).
Дар вилоят корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Куҳистон» (Шораҳматуллоев Иброҳим) фаъолият карда истода, 9 намуди маҳсулоти шири истеҳсол ва пешкаши харидорон менамояд, Дар 9 моҳи соли 2019 маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур 95,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз зиёдтар мебошад.
Ҳамзамон дар ноҳияи Мурѓоб сехи дузандаги (соҳибкор Носиршоева Г.) соли 2018 ѓолиби озмуни Гранти Президенти ба маблаѓи 40 ҳазор сомони гардида, аз моҳи марти соли 2019 ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ноҳияи Давроз коргоҳи коркарди шири (соҳибкор Қурбонова Гулнисо) аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби гранти Президенти ба маблаѓи 10 ҳазор сомони ҷудо гардида, 2 сар гови шириро харидори намуда, барои сохтмони сех маблаѓи кофи надорад.
Дар ноҳияи Ванҷ коргоҳи коркарди ширии ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев (соҳибкор Давлатова Мақсуда) бо 3 ҷойи кори низ соли 2018 соҳиби гранти Президенти ба маблаѓи 10 ҳазор сомони гардид. Соҳибкор таҷҳизоти коркарди шир харидори намуда, барои сохмони бино маблаѓ то ҳоло дастрас нагардидаст.
Дар ноҳияи Шуѓнон сехи коркарди маҳсулоти ширии ҷамоати деҳоти Вер (соҳибкор Фозилова С.) бо 5 ҷойи кори соҳиби гранти Президенти ба маблаѓи 10 ҳазор сомони гардид, ки ин маблаѓ барои хариди таҷҳизот нокифоя мебошад. Аз тарафи соҳибкор барои дастрас намудани таҳҷизот ба маблаѓи 65 ҳазор сомони ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкори”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод гардид, вале то ҳол дастгири наёфтааст.
Лоиҳаи сехи коркарди маҳсулоти ширии ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рушон (Худоназарова Наргис ) барои дастгири ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонба пешниҳод гардида, то ҳол дастгири наёфтааст. Ҳамзамон аз тарафи соҳибкор сармояи хориҷи ба маблаѓи 169 ҳазор сомони дарёфт шуда, таҷҳизот аз давлати Руссия харидори гардида, рузҳои наздик дастрас ва насб карда мешавад.
Дар ноҳияи Ишкошим лоҳаи корхонаи коркарди шир аз тарафи соҳибкор Юсуфбеков П. ба муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкори”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Куҳистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Нақшаи тиҷоратии сехи коркарди маҳсулоти шири дар ҷамоати деҳоти Қизил Работ (соҳибкор Оматов Тоқур) ба маблаѓи 134020 сомони соли 2018 ба МД «Фонди дастгирии соҳибкори»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод гардида, то ҳол дастгири наёфтаанд.
Вобаста ба корхонаҳои коркарди меваю сабзавот қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳияи Рушон ду корхонаи хурди коркарди меваи хушк фаъолият доранд. Корхонаи хурди коркарди меваи хушк ҶДММ «Нури Умед» дар 9 моҳи соли ҷори ба маблаѓи 13,3 ҳазор сомони меваи хушкро банду баст карда, ба фуруш баровардааст. Инчунин дар ноҳия Ванҷ ҶДММ “Зиёратшо” ба коркарди меваю сабзавот машѓул буда, дар 9 моҳи соли 2019 ба маблаѓи 31,9 ҳазор сомони маҳсулотро истеҳсол намудааст. Дар ноҳияи Шуѓнон корхонаи коркарди тути ҶДММ “Тути Помир” соли равон ба фаъолият шуруъ намуда, дар 9 моҳи соли равон ба маблаѓи 143,3 ҳазор сомони маҳсулот истеҳсол намудаст. Дар шаҳри Хоруѓ ҶДММ “Памир-Тревел” аз маҳсулоти меваги маҳсулоти қаннодиро дар 9 моҳи соли равон ба маблаѓи 865,7 ҳазор сомони истеҳсол намуда, дар дохили вилоят ва берун аз он маҳсулоташонро пешкаши харидорон менамоянд.
5.6. Ҷараёни фаъолияти корхонаҳои дастии атласу адрасбофи, қолинбофи ва сехҳои духти либосҳои мактаби (Нусха аз Протоколи маҷлиси ҲҶТ аз 18.01.2018 с., №1 банди 18);
Бояд қайд намуд, ки дар вилоят асосан ду корхона, корхонаи дузандагии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруѓ ва корхонаи дузандагии «Кохи Бонувон» (соҳибкор Кабирова Маҷида) дар ноҳияи Дарвоз фаъолият доранд.
Қайдаш бамаврид аст, ки дар вилоят 314 муассисаи таҳсилоти умуми мавҷуд буда, шумораи толибилмон 37708 нафар мебошад. Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз барои духти либоси мактаби бо корхонаи дузандагии “Кохи бонувон” ба миқдори 3100 адад либоси мактаби шартнома баста, ба ҳолати 1 октябри соли 2019 2142адад либоси мактаби ба маблаѓи 367 ҳазор сомони духта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Саѓирдашти ноҳияи Дарвоз корхонаи дузандагии “Ахтари меҳр” бо 50 ҷойи кори мавриди қарор дода шуд. Аммо бо сабабҳои нарасидани мутахассисон, надоштани маблаѓи гардон ва ашёи хом айни ҳол корхона фаъолият надорад.
Барои бунёди корхона ва коргоҳҳои дузандаги дар соли 2018 аз ҳисоби Гранти Президенти сехи дузандагии “Ҳангома”-и ноҳияи Ванҷ ба маблаѓи 40,0 ҳазор сомони ва сехи дузандагии ноҳияи Мурѓоб (соҳибкор Носиршоева Г.) ба маблаѓи 10,0 ҳазор сомони ба фаъолият шуруъ намуданд. Бинобар сабаби надоштани мутахассисони касби то ҳоло аз ҷониби ин коргоҳҳо духти либоси мактаби ба роҳ монда нашудааст.
Сабаби асосии дар сатҳи паст қарор доштани фаъолияти коргоҳҳои духти либосҳои мактаби ин нарасидани мутахассисони касби дар вилоят мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз кушода шудани коргоҳҳои дузандаги дар вилоят маҳсулоти истеҳсолшаванда рақобатпазир набуда, бозори худро дар байни аҳоли пайдо намекунад. Коргоҳҳои амалкунанда бо таҷҳизотҳои куҳнаю фарсуда таҷҳизонида шуда, асосан ба духти курпача, болишт ва либоси милли машѓул мебошанд.
5.7. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
Мушкилот ва пешниҳодҳои соҳаи саноат
– Ҷиҳати пешбурди соҳибкории истеҳсоли ҷудо намудани қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан паст зарур аст;
– Ба роҳ мондани низоми иҷозатномадиҳи ба соҳибкорон дар маркази вилоят бо мақсади бартараф намудани монеҳои маъмури барои фаъолияти соҳибкори ва дар ин замина беҳтар намудани фазои соҳибкори;
– Ташкили курсҳои дузандаги ва инчунин сафарбар намудани ҷавондухтарон барои омузиш ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суѓд;
– Таъсис додани гуруҳҳои худфаъол ва артелҳо оиди истихроҷ ва шустушуи металҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра), сангҳои қиматбаҳо ва ороиши (ёқут, скаполит, топаз, булурикуҳи, амазонит ва ѓ.);
– Аз тарафи Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, молия, Саридораи геология дастгирии ташкили корхонаи муштарак дар заминаи кони «Икар» ва кони оҳани «Барҷ»-и ноҳияи Рушон ва сохтмони корхона оиди истихроҷи тиллои пошхурдаи мавзеъҳои ноҳияҳои Мурѓоб ва Дарвоз, ки метавонанд ба рушди иқтисодии вилоят, таъсиси ҷойҳои нави кори ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда такони ҷидди бахшад.
6. Маълумот оид ба рушди энергетика (банди 10 паём):
6.1. Ҳаҷми барқи қабулшуда,шумора ва ҳолати истифодаи неругоҳҳои хурди барқи.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 барои таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи ВМКБ аз қувваи барқ тавассути 10 адад НБО-ҳои Ширкат дар ҳаҷми 137,0 млн. кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 9,5 млн. кВт-соат, ё 7 % зиёдтар аст. Сабаби асосии зиёдшавии истеҳсоли қувваи барқ фаъолияти мураттаби НБО-ҳои “Помир-1”, “Ванҷ”,“Техарв”, “Андарбак”, “Тоҷикистон” ва дигар НБО-ҳои хурд мебошад. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ тавассути НБО-ҳои Ширкати “Ориён ГЭС” дар маҷмӯъ ба андозаи 5,1 млн. кВт-соат қувваи барқ истеҳсол шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 21% камтар аст. Сабаби камшавии он аз НБО-ҳои “ОриёнГЭС” дар нисбатан зиёд будани хомӯшшавии барқ вобаста ба садамаҳои дар мобайни моҳи январ ҷиҳати боришоти барфи тар рухдода, муваққатан фаъолият накардани яке аз НБО-ҳои “Ширг” ва инчунин сарфакорона истифодабарии қувваи барқ аз тарафи муштариён мебошад. Инчунин дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути НБО-ҳои Хурди Деҳот бо сабаби гарм шудани боду ҳаво ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз тарафи истеъмолкунандагон назар ба соли гузашта ба андозаи 336,9 хазор кВт-соат, ё 21% камтар нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.
6.2.Вазъи таъминоти истифодабарандагони қувваи барқ бо ҳисобкунакҳои электрони (банди 10 паём).
Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 аз тарафи Ширкати “Помир Энерҷи” таъминоти муштариёнро бо таҷҳизоти замонавии ченкунии сарфиёти барқ зери назорати қатъи қарор дода, то кунун дар миқёси вилоят аллакай 35621 адад ҳисобкунакҳои нави электрони васл шудаанд, ки ин 100%-и шумораи умумии муштариёнро дар бар мегирад.
6.3. Рафти пардохти маблаѓи ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва мавҷудияти бақияи қарзи истифодаи қувваи барқ (банди 10 паём).
Ҷамъоварии маблағ назар ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 5,9 млн. сомони ё 15,3% зиёд гардид. Ҷамъоварӣ аз фурӯш дар 9 моҳи соли равон 101,1%-ро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,3 % зиёдтар аст. Аз он ҷумла, ҷамъоварии маблағ аз аҳолӣ–1,4%, аз корхонаҳои тиҷоратӣ – 2,4% ва аз идораҳои буҷавӣ ба андозаи 8,7% зиёд гардид. Дар моҳи сентябри соли 2019 ҷамъоварии маблағ нисбати сентябри соли 2018 ҳамагӣ ба андозаи 884,6 ҳазор сомони ё 26,8% зиёдтар шуд. Сабаби беҳтар шудани ҷамъоварии маблағ натиҷаи роҳандозии як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла аз хати барқӣ ҷудо намудани муштариёни қарздор, саривақт пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пардохт, дар байни аҳолӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.
Ба ҳолати охири моҳи сентябри соли 2019 қарздории дебитории корхонаҳои буҷавӣ дар маҷмӯъ маблағи 1,2 млн. сомони, аз ҷумла Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ – 270,3 ҳазор сомони, Қисмҳои ҳарбии сарҳадбонон дар ВМКБ – 258,6 ҳазор сомони ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 144,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарздории идораю муассисаҳои буҷаи маҳалли – беморхонаи вилоятӣ – 325,0 ҳазор сомони, беморхонаи дил – 52,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарздории ташкилотҳои тиҷоратӣ бошад дар маҷмӯъ 2,9 млн. сомони, аз ҷумла Корхонаи фаръии об ва корези шаҳри Хоруғ – 1,9 млн. сомони ва қарздории аҳолӣ ҳамагӣ 2,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
6.4. Чораҳои андешидашуда барои кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва фоизи талафот. (банди 10 паём)
Дар давоми 9 моҳи соли 2019 талафоти қувваи барқ дар миқёси вилоят ба 10,1 % баробар шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2018 (10,8%) ба андозаи 0,7% камтар мебошад. Марҳила ба марҳила паст шудани талафот асосан аз ҳисоби васлкунии ҳисобкунакҳои барқӣ, ҷорӣ намудани системаи ҷадиди биллингӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, таъмири хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳо, иваз кардани симҳои луч ба симҳои оиқдори намуди СИП ба даст оварда шуд. Ба ғайр аз ин тирамоҳи соли гузашта байни НБО-и “Помир-1” ва НБО-и “Хоруғ” дар масофаи 5,6 км хати нави баландшиддат бо габарити 110 кВ сохта шуд, ки танҳо аз ҳисоби ғафсии ноқилҳо то андозае ба камшавии талафоти барқ таъсири мусбӣ расонда шуд. Бо пурра то охири соли равон аз рӯи 110 кВ ба кор даромадани ХИБ-и номбурда талафоти барқ боз пасттар хоҳад шуд. Ҳамзамон соли гузашта дар ноҳияи Мурғоб НБО-и “Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо хатҳои нави интиқол ва тақсимкунандаи барқ мавриди истифода қарор дода шуда, танҳо аз ин сатҳи талафоти умумӣ дар Ширкат ба андозаи 0,06% кам карда шуд.
6.5. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
Қарздории идораву муассисаҳо дар назди Ширкати “Помир Энерҷи аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ.
Ҳамаги дар вилоят 58 деҳа (2324 хоҷаги бо 11248 нафар аҳоли) дастраси ба қувваи барқ ва батареяҳои офтоби надоранд, ки ин 4,7 фоизи аҳолии вилоятро ташкил мекунад.
7. Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқавори ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ѓизои хушсифат
7.1 Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзи дар соҳаҳои растанипарвари ва чорводори, истеҳсоли маҳсулоти асосии соҳа
Мувофиқи маълумотҳои расмии омори дар нуҳ мохи соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзи ба 268947 ҳазор сомони расонида шуда, ки ин нисбати соли гузашта 86108 ҳазор сомони кам мебошад.
Ҷамъоварии ҳосилоти зироатҳои кишоварзи дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории вилоят идома дошта, ба ҳолати 1 октябри соли 2019, 4829 тонна ѓалладонаги, 14907 тонна картошка, 6693 тонна сабзавот, 5861 тонна мева истеҳсол гардид.
Дар ин давра истеҳсоли гушт (бо вазни зинда) 4819 тонна, шир 11604 тонна, 2725,3 ҳазор тухм, 172 тонна пашм истеҳсол карда шудааст.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории вилоят ба миқдори 40154 тонна хуроки дурушти чорво захира гаридааст. Захиракунии хуроки чорво дар хоҷагиҳои вилоят идома дорад.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 сайди моҳи аз ҳисоби хоҷагиҳо моҳипарвари ба миқдори 7,3 тонна ташкил дод.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 104455 сар ҳайвони шохдори калон, ки аз он 39930 сарро модагов, 26089 сар қутос ташкил дода, 353292 сар бузу гусфанд, 100322 сар парранда, 301 сар асп, 6790 оилаи занбури асал мавҷуд мебошад. Дар хоҷагиҳои мазкур 27848 сар насли гусола ва 134812 сар насли барраю бузѓола гирифта шудаст.
7.2. Ба гардиши кишоварзи ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав:
Дар нимсолаи аввали соли равон оиди азхудкунии заминҳои нав ва бекорхобида бо сабаби маблаѓгузори нагардидани Барномаи азхудкунии заминҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2028 ягон кор ба анҷом расонида нашудааст.
7.3. Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо хусусан пахта ва рушди соҳаи тухмипарвари
Бояд қайд кард, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 413 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон се хоҷагии тухмипарвари ташкил шудаанд. Дар ноҳияи Ванҷ хоҷагиидеҳқонии «Ванҷ», ноҳияи Рушон хоҷагии деҳқонии «Рушон», ки самти истеҳсоли тухмии ѓалладонагиҳо ва дар ноҳияи Шуѓнон хоҷагии деҳқонии «Дзержинский» самтии истеҳсоли тухмии картошка фаъолият намуда истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки таи се соли охир хоҷагиҳои номбурда бо тухмии хушсифати картошка аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин нагардиданд.
Барои мавсими кишту кори баҳори соли 2019 тавасути БҶИИМК-и Хазинаи Оѓохон ба миқдори 85 тонна тухмии картошка ба маблаѓи 285 ҳазор сомони барои хоҷагиҳои ноҳияҳои вилоят дастрас гардид.
Ҷиҳати омодаги ба мавсими кишту кори баҳории соли 2020 ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 227 тонна ѓалладонагиҳо ва 306 тонна картошка захира шудааст. Захиракунонии тухмии зироатҳо идома дорад.
7.4 Зиёд намудани масохати гармхонаҳои доимоамалкунанда:
Айни ҳол дар миқёси вилоят 45 адад гармхона дар масоҳати 0,34 гектар ташкил гардида, мавсими буда дар онҳо парвариши кабуди ва тайёр намудани кучати барвақтии сабзавот ба роҳ монда шудааст.
7.5 Афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзи:
Мувофиқи маълумоти Бахши Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавори дар сарҳади давлати ва нақлиёти вилоят тавассути Нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқавории «Тем»-и шаҳри Хоруѓ 1 сертификати фитосанитари барои 73 тонна орди гандум тааллуқ ба корхонаи “Анҳор” ба давлати Исломии Афѓонистон содирот гардид.
Дар асоси сертификати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶДММ «Тоҷик Интиқол» дар шаш моҳи соли равон 48054 дона пусти коркардашудаи ҳайвони шохдори калон, тариқи нақлиёти автомобили ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, бо риояи талаботҳои байторию-санитари, таввасути гузаргоҳи сарҳадии «Кулма»-и нохияи Мурѓоб содирот карда шуд.
Дар асоси сертификат ба соҳибкор Азизхоҷаев Ш. барои содирот намудани 70 оилаи занбури асал аз шаҳри Душанбе ва ба соҳибкор Давлатхочаев А. барои содирот намудани 165 оилаи замбури асал аз ноҳияи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Баҳор таввасути гузаргоҳи «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз ба Давлати Исломии Авѓонистон иҷозат дода шудааст.
Инчунин аз ҷониби ташкилоти Фонди Оѓохон 182 оилаи занбури асал тавассути гузаргоҳи «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз, 54 оилаи занбури асал тавассути гузаргоҳи «Хумроѓи»-и ноҳияи Ванҷ ва 81 оилаи занбури асал ба воситаи гузаргоҳи «Тем»-и шаҳри Хоруѓ аз ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Давлати Исломии Афѓонистон содирот карда шудааст.
7.6 Зиёд намудани шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишрварзи:
Дар ҳудуди вилоят барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзи 26 анборхона бо иқтидори 1590 тонна ва 1 адад сардхонаи замонави бо иқтидори 100 тонна мавҷуд буда, дар ҳолати коршоям қарор доранд, ки асосан барои захираи маҳсулоти кишоварзи бахусус картошка, меваю сабзавот истифода бурда мешаванд.
Аз тарафи Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар деҳаи Дерзуди ҷамотаи деҳоти Назаршо Додихудоев барои захираи маҳсулоти кишоварзи сохтмони 1 адад маркази логистики идома дорад.
7.7 Бунёди боѓу токзор, аз ҷумла боѓҳои интенсиви аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо:
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боѓу токпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар мавсими соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 35,8 гектар боѓҳои нав бунёд гардида, 11,7 гектар боѓҳои куҳна аз нав барқарор гардиданд. Аз майдони умумии боѓҳои нав 1 гектар боѓи интенсиви ташкил медиҳад.
Ба ин васила қарори раиси вилоят аз 28 феврали соли 2019, №80 «Дар бораи дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон эълон намудани маъракаи 200 рузи ободони ва кабудизоркунии маҳаллаҳои аҳолинишин” ба тасвиб расида, доир ба рафти иҷрои ҷараёни он ҳар 10 руза ҷамъбаст ва маълумотҳо ба мақомоти болои ва Вазоратҳои дахлидор пешниҳод мегарданд.
Инчунин моҳи апрели соли 2019 дар маркази шаҳри Хоруѓ ярмаркаи фуруши ниҳол, кучати гул, тухмии зироатҳои кишоварзи баргузор гардида дар чорабинии мазкур ба миқдори 25,3 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороиши, 30 намуди кучати гул,10 намуди тухмии сабзавот, 10 тонна тухмии картошка аз тарафи хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят ва алоҳида соҳибкорон ба фуруш бароварда шуд.
Аз тарафи филиали Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзи дар ВМКБ дорупошаки дасти барои коркарди кимиёви омода гардида дар мавзеҳои паҳншудаи ҳашаротҳои зараррасон дар муҳлатҳои лозими мавриди истифода қарор мегиранд. Техникаи махсуси дорузании ОВП-1200 дар трактори МТЗ-80 ҷиҳозонида шуда, барои кор омода мебошад. Ҳамчунин мутахассисони соҳаи муҳофизати растаниҳо дар якҷояги бо бахшҳои кишоварзии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Шуѓнон ҳамкори намуда, барои пешгири намудани ҳашаротҳои зараррасон, ки асосан аз ҳудудҳои Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон ба вилоят паҳн мегарданд, зонаи буфериро ташкил намуданд.
Бо дастгирии Вазорати кишоварзии мамлакат барои пешгирии ҳашаротҳои зарарасон ба миқдори 200 литр доруҳои заҳрхимикат дастрас гардида, ба ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд.
Дар ноҳияи Рушон ҷамоати Муминшо Абдулвосиев қишлоқи Шидс ҳашаротҳои зараррасон хусусани зариндумболи Туркистони паҳн шуда ба ин деҳа зарари калон оварда истодаанд. Соли ҷори бо супориши муовини Раиси вилоят Филиали муасисаи муҳофизати растаниҳо бо кормандон ба ноҳияи Рушон сафарбар карда шуданд. Аз тарафи Мутахассисони соҳа аввал бо заҳрдоруи Агро Би -58, ва Карат Буз 5%, дар майдони 10 гектар боѓҳои мевадиҳанда ва ороиши коркарди кимёви гузаронида шуданд.
Ҳамзамон ҳамин ҳашарот яъне шапараки Зариндумболи Туркистони дар шафати назди сарҳадии байни давлати Исломии Афѓонистон ва Тоҷикистон дар Дашти Роѓаки мавзеи Зиѓари ноҳияи Дарвоз ба мушоҳида расиданд. Дар ин мавзеъ барои маҳви зараррасонҳои кишоварзи пестисидҳо ҷудо гардиданд. Аз ҷиҳати зиёд паҳн гардидани ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо мувофиқи имкониятҳо ба ноҳияи Дарвоз, Ванҷ 25 литр заҳрдоруҳо ҷудо гардид.
7.8 Ҳолати ҷамъоварии маблаѓҳои ҳаққи хизматрасонии истифодаи оби полези ва ҳаҷми қарздори аз пардохти он
Дар мавсими соли ҷори пардохти ҳаққи истифодаи оби полези мувофиқи шартномаи Шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят бо хоҷагиҳои кишоварзи ба маблаѓи 187748 сомони муайян шудааст ва дар давоми сол марҳила ба марҳила пардохт карда мешавад. То ба ҳамин ҳолат маблаѓи 6331 сомони пардохт карда шудааст. Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби пардохти ҳаққи хизматрасонии истифодаи оби полези то ҳамин муддат қарздори мавҷуд нест.
7.9 Рафти иҷрои барномаҳои давлатии қабулгардидаи соҳаҳои кишоварзи (тухмипарвари, хушзоткуни, муборизаи зидди малах, картошкапарвари ва ѓайра).
Барномаҳои соҳави дар самти рушди соҳаи кишоварзи қабулгардида марҳила ба марҳила амалишуда истодаанд. Доир ба корҳои анҷомдодашудаи Барномаҳои соҳави ҳар нимсола ба мақомотҳои болои ахборот пешниҳод мегардад.
7.10. Ба роҳ мондани фаъолияти Ассосиатсияи истифодабарандагони об, механизми ба онҳо вобаста кардани шабакаҳои обёрии дохили-хоҷаги ва таъсис додани заминаи моддию техникии онҳо
То ба ҳамин ҳолат дар қаламрави вилоят 17 адад Ассосиатсияи истифодабарандагони об ба таври расми ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодаанд. Ҳамзамон 8 адади дигар дар арафаи таъсисёби қарор доранд.
7.11. Ҷараёни кишти зироатҳои кишоварзи, аз ҷумла кишти такрори;
Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январ соли 2019 таҳти рақами №5/28, дар асоси сархати 1 банди 8 нусха аз протоколи маҷлисии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017,№ 2 «Оид ба соҳаи кишоварзии ВМКБ дар соли 2019” ҳайати ситоди махсуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо қарори раиси вилоят аз 11 феврали соли 2019,№53 ба тасвиб расид..
Дар мавсими соли 2019 дар майдони 10514 гектар кишти зироатҳои кишоварзи гузаронида шуд, ки аз он зироатҳои ѓалладонаги майдони 4443 гектар, картошка 1999,2 гектар, сабзавот 670 гектар, полезиҳои хурока 2 гектар ва хуроки чорво 3399,8 гектарро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва аз он руёндани ду ҳосил деҳқонони қисмати поёнии вилоят соли ҷори дар майдони 62,5 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзи гузаронданд, ки аз он 4,8 гектарро лубиёги, 6 гектар сабзавот,51,7 гектарро хуроки чорво ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории вилоят дар маҷмуъ 194 адад тракторҳои гунонгунтамѓа, 90 адад ядакҳои трактори, 175 адад испорнҳо, 28 адад култиваторҳо, 48 адад сихмола дар ҳолати дурусти техники қарор дошта, барои мавсими кишту кори баҳори зироатҳои кишоварзи омодаи кор мебошанд.
Ҷиҳати гузоштани заминаи боэътимод барои мавсими соли 2020 ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 37 гектар кишти тирамоҳи ва 857 гектар шудгори тирамоҳии зироатҳои кишоварзи гузаронида шуд.Кишт ва шудгори тирамоҳи дар хоҷагиҳои вилоят идома дорад.
Соли равон ҷиҳати гузаронидани таҷрибаҳои илми тадқиқоти омузиши 8 навъи картошка, 4 навъи сабзи ва 3 навъи пиёз ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои ҷудо намудани тухмии объектҳои тадқиқшаванда дар таҳхонаҳои нигоҳдории онҳо гузаронида шуда, дар ноҳияи Рушон шудгори замин барои кишти объектҳои тадқиқоти оѓоз гардид.
Барои кишти зироатҳои кишоварзи дар ноҳияи Мурѓоб, ҷиҳати иҷрои Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017, №5 аз таърихи 5 то 12 июни соли ҷори кишти зироатҳои кишоварзи дар маркази ноҳияи дар маҳаллаи Тоҷикмаҳал аз ҷумла- навъҳои ҷави Пулоди, Нодира, Умед ва ҷави маҳалли – популятсияи ҷави “Кабутак” , ду навъи арзан – маҳалли ва SP ( Saidjamol), Elymus nutans (пҳрейник поникший), 10 намуди картошка (Галла, Удача, Янка, Красная фантазия, Red Skarlet, Red one, Пикассо, Невский, Вомар ва Лорх ), намудҳои растаниҳои бехмевагиҳо (редиса, шалѓам), сабзавот – пиез, сабзи, укроп ва гашнич (кориандра) гузаронида шуд.
Ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Хоруѓ ва Рушон барои зиёд намудани навҳои “Вомар” ва “Пикассо “ миқдори муайяни тухми дастрас карда шуд.
Инчунин тадқиқотҳоро дар мавзуи «Такмилдиҳии сифатҳои маҳсулнокии қутосҳои экотипи помири ва омузиши хусусиятҳои ирсии онҳо дар шароити Бадахшони куҳи» дар водии Аличури ноҳияи Мурѓоб идома ёфта, саршумори қутосҳо ба 135 сар расонида шуданд.
7.12. Натиҷаҳои таҳлил вобаста ба тавозуни сатҳи зарури ва воқеии истеҳсоли озуқа шаҳру ноҳияҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти озуқавори” (1 маротиба дар ҷамъбасти сол пешниҳод карда мешавад.)
7.13 Мушкилоти соҳа:
- Нарасидани техникаи майдаҳаҷми кишоварзи аз қабили минитракторҳо бо олотҳои кори мебошад. Зиёда аз 46 фоизи заминҳои киштшаванда дар доманакуҳо воқеъ аст
- Ташкил намудани Кооперативиҳои истеҳсоли-тиҷоратии кишоварзи дар ноҳияҳои вилоят (дар заминаи таҷдиди 16088 адад хоҷагиҳои деҳқонии оилави, инфироди)
- Ҳал намудани масъалаи маблаѓгузори ва интиқолдиҳии ҷавонаҳои қутос аз хоҷагиҳои қутоспарварии ноҳияи Мурѓоб ба дигар минтақаҳои куҳистони Ҷумҳури (дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
- Тавассути КВД «Парандапарвари»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани фермаи мурѓпарварии Бунии ноҳияи Шуѓнон бо ҷуҷаи мурѓ.
- Ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти Кооперативи истеҳсолии зотпарварии «Саѓирдашт»-и ҷамоати деҳоти Саѓирдашти ноҳияи Дарвоз таъмин намудани он бо 200 сар гусфанди зоти Дарвози тавассути Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Таъмин намудани ҳавзҳои сунъи ва кулҳои моҳидори аз кирминаи моҳиҳои зудинкишофёбандаи селексиони тавассути КВД «Моҳии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8. Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъмори;
8.1. Таъмин намудани марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандиси бо дар назардошти рушди минбаъдаи онҳо аз ҳисоби ҷалби сармоягузории дохилию хориҷи (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 27);
Дар шаҳри Хоруѓ 31 ҳазор аҳоли истиқомат мекунанд ва ба ҳолати имруза 85% аҳоли бо оби ошомидани таъмин мебошанд. Системаи обтаъминкуни дар шаҳри Хоруѓ аз се манбаъ ворид мешавад, аз ҷумла хати обгузари Боѓевдара аз ноҳияи Шуѓнон дар масофаи 13,2 км бо қубури диаметраш 500 мм, манбаи дуюм аз ноҳияи Роштқалъа ба масофаи 11 км бо қубури диаметраш 250 мм ва манбаи сеюм аз чашмаи Хуфак бо қубури 150 мм ворид мешавад. Ба ѓайр аз ин дар шаҳри Хоруѓ чоҳи амуди бо насоси обкаш, тавассути қубури диаметраш 120 мм амали мегардад. Инчунин дар шаҳр чор обанбор мавҷуд буда, ҳаҷми об дар онҳо 8000 м3 ташкил медиҳад. Хати коррези дар шаҳри Хоруѓ ба масофаи 15 км вуҷуд дошта, бо қубурҳои диаметраш 500 мм амали мегардад.
Корҳои сохтмони дар хати оби нушоки аз маҳаллаи Дашти боло то маҳаллаи Хичордев ба масофаи 1800 метр бо қубурҳои диаметраш 160 мм аз тарафи ҶДММ «Помирэнергосервис» дар моҳи майи соли равон мавриди истифодабари қарор дода шуд.
Дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуѓнон 2 чоҳи амуди сохта шудаанд, ки аз онҳо барои обтаъминкунии маркази ноҳия об тавассути қубурҳои диаметраш 150 мм ба масофаи 800 метр интиқол дода мешавад. Инчунин дар маркази маъмурии ноҳияи Шуѓнон шаҳраки Ваҳдат бо шабакаи муҳандисии беруна, яъне ҳавзи ахлотпартои мувақатии сохташуда пайваст шудааст, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгу намебошад. Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳавзи ахлотпарто дар деҳаи Барчид ба нақша гирифта шудааст, ки дар масофаи зиёда аз 3 километрро ташкил медиҳад.Ҷиҳати муайян нагардидани сарчашмаи маблаѓгузори, айни ҳол сохтмони ҳавзи ахлотпарто оѓоз нагардидааст.
Системаи об таъминкунии маркази ноҳияи Рушон аз ду манба иборат мебошад. Манбаи якум аз сойи Вомардара бо қубури диаметраш 250 мм ва манбаи дуюм аз оби чашмаи Вомардара бо қубури диаметраш 160 мм ба ҳавзи обтаъминкуни ҷори мешавад. Бояд қайд намуд, ки маркази ноҳияи Рушон шабакаи умумии коррези ва обсофкуни надорад. Мутобиқи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Рушон сохтмони иншооти обсофкуни дар назар аст.
Дар ноҳияи Ванҷ пайвастшави ба шабакаҳои муҳандиси дар маркази ноҳия, аз ҷумла ба об аз шабакаи маркази ноҳия амали карда мешавад. Шабакаи оби маркази ноҳия аз ду обанбор бо ҳаҷми 500 м3 бо ду адад хати оби нушоки диаметраш 200 мм, ду адад хати оби нушоки диаметраш150 мм ва 1 ададхати оби нушоки диаметраш 100 мм иборат мебошад. Дар ноҳия хати коррези вуҷуд надорад.
Дар маркази ноҳияи Дарвоз 2 ҳавзи обтаъминкуни бо ҳаҷми 70 м3 вуҷуд доранд, ки барои обтаъминкунии маркази ноҳия сохта шудаанд. Об тавассути қубурҳои диаметраш 100 мм ҷори мешавад ва сарчашмаи он аз деҳаи Хушарвак буда, дарозии он 4,5 километрро ташкил медиҳад. Дар ноҳия хати коррези (канализатсия) вуҷуд надорад, ки ин барои сохтмони биноҳои баландошёна монеъа эҷод менамояд. Мувофиқи Нақшаи генерали сохтмони 2 ҳавзи обсофкуни ба нақша гирифта шудааст.
Дар асоси Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ишкошим зичии аҳолии марказ дар дурнамо 8 ҳазор нафар ба нақша гирифташуда, айни замон аҳолии маркази ноҳия зиёда аз 3,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шабакаҳои муҳандиси дар маркази ноҳия ба талаботҳо ҷавобгу набуда, хати коррези (канализаѓия) умуман вуҷуд надорад ва хати обтаъминкуни дар даврони собиқ шурави сохта шудааст. Бояд қайд намуд, ки айни ҳол обанборҳои асоси ва ҳавзҳои обтозакунии маркази ноҳия дар ҳолати садамави қарор дошта, дар сурати баланд шудани сатҳи об дар маҳаллаҳои маркази ноҳия ба тариқи реҷа об таъмин карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки дар Нақшаи генералии маркази ноҳия хатҳои обтаъминкуни ва хати коррези (канализаѓия) пурра ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон корҳои лоиҳакашии хати коррези (канализаѓия) ва хати обтаъминкунии ноҳияи Ишкошим аз тарафи ҶСК «Коррезлоиҳа» оѓоз гардиданд. Корҳои аксбардори ва топографи ба анҷом расиданд.
Системаи обтаъминкунии маркази ноҳияи Роштқалъа аз мавзеи Чаѓинс тавассути қубури диаметри 200 мм оѓоз гардида, ба масофаи 1,5 км то маркази ноҳия давом мекунад. Дар ноҳия хати коррези вуҷуд надорад. Бояд қайд намуд, ки мувофиқи Нақшаи генерали сохтмони хати коррези ба масофаи 4 ҳазору 350 метр ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Мурѓоб масъалаи обтаъминкуни ва хати коррези ҳалли худро пайдо накардааст.
8.2. Ба истифодадиҳии манзилҳои истиқомати ва афзоиши манзили зист ба як сари аҳоли (дар асоси таъмини нишондиҳандаи БМР 2016-2020).
Оиди ба истифодадиҳии манзилҳои истиқомати ва афзоиши манзили зист ба ҳар сари аҳоли дар нуҳ моҳи соли 2019 қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳияи Ванҷ 6 адад ба маблаѓи 461,0 ҳазор сомони, Рушон 6 адад ба маблаѓи 300,0 ҳазор сомони, ноҳияи Шуѓнон 41 адад ба маблаѓи 2997,0 (3200,0) ҳазор сомони, ноҳияи Ишкошим 8 адад ба маблаѓи 450,0 ҳазор сомони, дар ноҳияи Роштқалъа 9 адад ба маблаѓи 425,0 ҳазор сомони, ноҳияи Дарвоз 19 адад ба маблаѓи 665,0 ҳазор сомони ва ш. Хоруѓ 140 адад адад ба маблаѓи 7019,0 ба истифода дода шудаанд.
8.3. Вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти бунёди иншооти маорифу тандурусти, фарҳанг муассисаҳои иҷтимои, роҳҳо, корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсоли, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва анҷом додани корҳои дигари созандаги, боѓҳо, боѓҳои фарҳангию фароѓати, гулгаштҳо, толор ва майдончаи варзиши ва бозиҳои кудакон, ҳавзҳои шиновари(банди 65 паём);
Вобаста ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти маорифу тандурусти соли 2019 дар шаҳри Хоруѓ сохтмони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруѓ ба номи Моёншо Назаршоев бо арзиши харҷномавии 54300,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои Коллеҷи тибби дар шаҳри Хоруѓ барои 240 хонанда ва хобгоҳ бо арзиши харҷномавии 12300,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои кудакистони №1 дар шаҳри Хоруѓ бо арзиши харҷномавии 3100,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар ноҳияи Шуѓнон бо арзиши харҷномави 3200,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Рушон бо арзиши харҷномавии 2200,0 ҳазор сомони ,сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар ноҳияи Рушон бо арзиши харҷномави 14400,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и маркази ноҳияи Рушон бо арзиши харҷномавии 16000,0 ҳазор сомони, сохтмони омузишгоҳи литсеи касбии техникӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ бо арзиши харҷномави 8200,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои маркази саломати дар деҳаи Зонги бо арзиши харҷномави 1350,0 ҳазор сомони ва сохтмони бинои маркази саломати дар деҳаи Вранг бо арзиши харҷномави 1400,0 ҳазор сомони дар ноҳияи Ишкошим идома доранд. Бунёди иншооти фарҳанг ин сохтмони театри милли дар шаҳри Хоруѓ бо арзиши 27108,0 ҳазор сомони, сохтмони бинои хонаи фарҳанг дар деҳаи Лангар бо арзиши 1500,0 ҳазор сомони идома дорад. Таъмир намудани муассисаҳои фарҳангии деҳаҳои Рованд ва Гишхунди ноҳияи Ванҷ дар соли 2018 ба анҷом расонида шуд. Бо супориши Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли равон толору майдончаҳои варзиши ва бозиҳои кудакона дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруѓ бунёд гардида истода, инчунин корҳои дигари созандаги давом доранд.
8.4. Вазъи таъминоти аҳоли бо қитъаи замини наздиҳавлиги, дараҷаи қонеъ гардонии муроҷиати шаҳрвандон бо қитъаи замини наздиҳавлиги.
Дар вилоят шумораи муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил дар 9 моҳи соли 2019 622 адад буда, шумораи дархостҳои қонеъкардашуда 220 адад ва қитъаи замини ҷудокардашуда 9,92 га-ро ташкил медиҳад.
8.5. Сохтмон ва таъмиру тармими манзилҳои истиқоматии шахсони яккаву танҳо, маъюбон, пирони барҷомонда, ятимон ва оилаҳои камбизоат (Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018 с., №12 банди 19);
Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шумораи оилаҳои ба сохтмони манзилҳои истиқомати ниёзманд 398 нафар буда, барои иҷрои корҳои сохтмони маблаѓи 320,0 ҳазор сомони ҷудо гардид. Шумораи оилаҳои ба таъмири манзил ниёзманд 445 нафар буда, барои корҳои таъмири маблаѓи 74,0 ҳазор сомони ҷудо гардид.
8.6. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он
– вуҷуд надоштани лоиҳаи бино ва аз ташхиси давлати нагузаштани онҳо,
– бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оѓоз намудан ба корҳои сохтмони, дар шаҳри Хоруѓ бе иҷозати мақомотҳои дахлдор ҷойгир кардани дуконҳо дар қади роҳҳо, ки намуди зоҳирии шаҳрро коста мегардонанд,
– назорати сусти сармеъморони шаҳр ва ноҳияҳо аз иншоотҳои сохташавандаи вилоят.
9. Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт:
9.1. Таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳалли бо истифода аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 7);
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019 бо назардошти маблаѓгузории мутамарказ ва нигоҳдории кормандон маблаѓи 9526,9 ҳазор сомони равона карда шудааст.
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои маҳаллии вилоят маблаѓи 2658,3 ҳазор сомони нақшабанди шуда, иҷроиши корҳои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо ба маблаѓи 2658,3 ҳазор сомони иҷро гардид.
9.2. Чораҷуии МИМҲД ҷиҳати кашонидани борҳо тариқи нақлиёти роҳи оҳан аз руи хатсайри муайян ва нуқтаи таъминоти борҳо (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 7) ва баланд бардоштани бахизматрасонии нақлиёти ҳавои ва роҳи оҳан (банди 14 паём);
Дар миқиёси вилоят роҳи оҳан мавҷуд набуда, фурудгоҳ дар ноҳияҳои Рушон, Ишкошим, Мурѓоб ва шаҳри Хоруѓ мавҷуд аст, ки аз инҳо ҳозирин вақт танҳо фурудгоҳи шаҳри Хоруѓ фаъолият мекунад, лекин дар ин низ парвози ҳавопаймои мусософирбар фаъолият намекунад. Бояд қайд намуд, ки бо ташабуси раиси вилоят ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ҳавопаймои “PACTEC International” аз шаҳри Душанбе самти Хоруѓ парвози худро оѓоз намуд, мутаасифона нархи чиптаи ҳавопаймо гарон мебашад. Умуман дастраси ба хизматрасонии нақлиёти ҳавои қаноатбахш набуда, беҳбуди металабад.
9.3. Дастрасии аҳоли ба хизмати нақлиёти ҷамъияти/хусуси дар ҳудуди шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот (Нақша – чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”);
Дар ҳудуди вилоят 62 хатсайри мусофиркашони фаъолият намуда, дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳр терминалҳо ва ҷамъиятҳо ташкил карда шуда, мусофиронро аз нақлиёт таъмин менамоянд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият” аз ҷониби Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 8 маротиба ҷаласаи комиссияи иҷозатномадиҳи гузаронида шуда, дар асоси қарор ба 64 нафар соҳибкорони инфироди иҷозатнома дода шудааст, ки аз ҳисоби иҷозатномаҳо маблаѓи 21,9 ҳазор сомони ба буҷет ворид карда шуд. Шумораи варақаҳои назорати дар ин давра 1067 ададро ташкил дод.
Баҳри иҷрои Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмури” нисбати 565 нафар шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди протоколҳои ҳуқуқвайронкуни тартиб дода шуда, маблаѓи 188,3 ҳазор сомони ба буҷаи давлат ворид гардид. Дар маҷмуъ аз ҳисоби иҷозатномадиҳи ва ҷаримаситони ба буҷа маблаѓи 210,2 ҳазор сомони ворид гардид.
9.4. Рафти бунёди терминалҳои наздисарҳади ва марказҳои логистики, аз навсозии заминаҳои моддиву техники (воридоти воситаҳои нақлиёт), таҷдиди паркҳои нақлиёти (банди 26 паём);
Дар ҳудуди вилоят ду адад гузаргоҳи сарҳади фаъолият мекунанд, ки инҳо гузаргоҳи наздисарҳадии Кулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қирѓизистон мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли ҷори тавассути дидбонгоҳи Кулма 78 адад воситаҳои нақлиёти хориҷи бо ҳаҷми бори 1763 тонна ва воситаҳои нақлиёти ватани 3101 адад бо ҳаҷми бори 74881 тонна ба вилоят ворид шудаанд.
9.5. Ҳаҷми мусофиркашони ва боркашони (банди 14 паём);
Ҳаҷми боркашони тавассути нақлиёти автомобили 414,4 ҳазор тонна ва мусофиркашони 5910,5 ҳазор мусофирро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашони 4,4 фоиз ва мусофиркашони 6,9 фоиз зиёд гардидааст.
9.6. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
1. Бо назардошти оне ки дар шаҳри Хоруѓ тамоми мошинаҳои мусофирбар ва боркаш аз кучаи маркази мегузаранд ва ҳамлу нақли нақлиётро вазнин мегардонад, сохтмони купруки мошинагузар дар мавзеи «Селхозтехника», ки бояд ҳануз соли 2015 оѓоз мегардид (банди 27 нақшаи чорабиниҳои соли 2013), ниҳоят зарур аст.
3. Бо назардошти он, ки солҳои охир тавассути роҳи мошинагарди Дарвоз-Хоруѓ-Мурѓоб мошинаҳои калонҳаҷми боркаш ҳаракат намуда, вазъи техникии роҳ ва купрукҳоро вазнин гардонидаанд, ҳоло купруки мошингузари мавзеи Боѓеви ноҳияи Шуѓнон дар ҳолати садамави қарор дошта, ба таъмири асоси ниёз доранд. Инчунин роҳу пулҳои мавзеъҳои Шикев, Курговад ва Вишхарви ноҳияи Дарвоз, Барчиди ноҳияи Шуѓнон ва Алисур, Кунакурѓани ноҳияи Мурѓоб таъмирталаб мебошанд.
4. Ҳалли масъалаи ба гузаргоҳи Кулма-Қарасу додани статуси байналмилали бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, барои интиқоли бемонеаи шаҳрвандон, бор ва нақлиёти давлатҳои сеюм.
10. Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони;
10.1. Корҳои анҷомдода барои баланд бардоштани дастрасии аҳоли ба истифодабарии алоқаи мобили ва Интернет, аз ҷумла шумораи истифодабарандагони алоқаи мобили ва Интернет
Дар миқёси вилоят 4 – то ширкатҳои хусуси ба монанди «Тсел», МЛТ, «Билайн», «Вавилон» ва «Телеком- Технолоҷи» фаъолияти кории худро вусъат дода, аксарияти хизматрасонии алоқаро дар вилоят расонида истодаанд. Шумораи умумии истифодабарандагони алоқаи мобили аз руи маълумоти намояндагии Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи алоқа 194920 муштариро ташкил дода, ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳоли 278,0 ҳазор сомони мебошад.
10.2. Шумора ва номгуи хизматрасониҳои давлатие, ки дар шакли электрони пешкаш карда мешаванд, аз ҷумла истифодаи шакли электронии дафтари хоҷагидори (Нақша – чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”);
10.3. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он
11. Маълумот оид ба вусъати шуѓли пурмаъсул:
11.1. Ҳолати бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнати.
Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ ва вазъи бозори меҳнати вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019 7616 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба шуғл ба шуъбаҳои Агентии шаҳру ноҳияҳо дар вилоят муроҷиат карданд. ( аз он 3098 нафар зан ). Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 4647 нафар ҳамчун корҷӯй (аҳолии қобили меҳнати бешуғл) ба қайд гирифта шудаанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ ва муваққатӣ 3912 нафар, таъмин шудаанд. Дар ин муддат дар қайди шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 4663 нафар буда ба 4657 нафар мақоми бекорӣ дода шуд, ки аз он 1489 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
11.2. Баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори барои коҳиш додани сатҳи бекори ва муҳоҷирати меҳнати, пешниҳоди ҷойҳои кории холи дар ярмаркаҳо аз ҷониби ташкилотҳо ва бо ҷойи кории доими таъмин гардидани бекорон.
Дар давраи ҳисоботӣ шуъбаҳо ва бахшҳои Агении меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 42 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 410 адад ҷойҳои кории холӣ гузаронида, дар онҳо 147 адад корхона ва 2168 нафар иштирок намуданд. Дар ярмаркаҳо 1242 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта,200 нафар бо кор таъмин шуданд, ки аз он 31 нафар ҷавонон ва 41 нафар занон буда, 723 нафар ба касбомӯзӣ ва 319 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар шудаанд. Ҷамъ дар ярмаркаҳо 1242 нафар ба шуғл ҷалб карда шуданд.
Дар ин муддат 28 адад ҷойҳои кории холӣ мавҷуд буда, ки аз он дар ноҳияи Ванҷ 16 адад ҷойи кори холӣ, ки аз он 6 адад ҷой дар соҳаи маориф ва фарҳанг, 8 адад ҷой дар соҳаи тандурустӣ ва 2 адад дар дигар соҳаҳо, ноҳияи Роштқалъа 12 адад ҷойи кори холӣ, ки аз он 11 адад ҷой дар соҳаи тандурусти ва1 адад ҷойдар дигар соҳаҳо ҷойҳои кории холӣ ба Агентиҳои мазкур пешниҳод гардиданд.
Бо мақсади расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд ва бо ҷойҳои нави корӣ таъмин кардани шаҳрвандони бекор аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди соҳибкории шахсони бекор дар ин давра ба 427 нафар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 1287962 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Аз он ҷумла дар шаҳри Хоруғ ба 87 нафар, маблағи 266000 сомонӣ , ноҳияи Ванҷ ба 59 нафар, маблағи 244050 сомонӣ, ноҳияи Рушон ба 94 нафар, маблағи 242100 сомонӣ, ноҳияи Шуғнон ба 67 нафар, маблағи 193700 сомонӣ, ноҳияи Роштқалъа ба 63 нафар, маблағи 122400 сомонӣ, ноҳияи Ишкошим ба 57 нафар, маблағи 219712 сомонӣ дода шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 435 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб шуданд. Аз ин дар шаҳри Хоруғ 60 нафар, ноҳияи Дарвоз 57 нафар, ноҳияҳои Ванҷ 54 нафар, ноҳияи Рушон 57 нафар , ноҳияи Шуғнон 57 нафар, ноҳияи Роштқалъа 60 нафар, ноҳияи Ишкошим 60 нафар ва ноҳияи Мурғоб 30 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Асосан корҳои муздноки ҷамъиятӣ дар ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал , минтакахои истирохат, кофтану тоза намудани ҷӯю каналҳо, сохтмон, таъмири роххо ва купрукҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебошанд.
Дар асоси ҷамъбасти натиҷаи кор дар нуҳ моҳи соли 2019 шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълум гардид, ки 269 нафар ба воситаи квота бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз ин миқдор 38 нафар маъюбон,32 нафар ятимон, 5 нафар шахсоне, ки аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ озод шуданд, 3 нафар шахсоне, ки аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобатӣ маҷбурӣ озод шуданд, 20 нафар волидони яккаву танҳо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кудакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд, 58 нафар волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд, 8 нафар барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромаданаш ду сол боқӣ мондаст ва 105 нафар шаҳрвандони то синни 18 сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи роҳхати мақомотҳои шуғл ба кор фиристонда шуданд. Аз теъдоди умумӣ 77 нафар занон ташкил медиҳанд.
11.3. Фаъолияти марказҳои таълимии калонсолон ба касбомузи фаро гирифтани калонсолон, гуруҳҳои осебпазир, аз ҷумла занону ҷавонон ва таъмини шуѓлнокии онҳо;
Дар вилоят 5 филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва 2 намояндагии филиали номбурдаи шаҳри Хоруғ дар ноҳияи Ишкошим ва ноҳияи Мурғоб фаъолият намуда, шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, ки ихтисос надоранд ё ихтисоси навро хоҳиши гирифтан доранд тибқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2018-2019” ва тариқи худмаблағгузор ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ барои таъсис додани филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб чораҷӯи карда хоҳад шуд.
Дар ин муддат аз тарафи филиалҳои МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон Роштқалъа, Рушон, шаҳри Хоруғ ва намояндагии он дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб аз ҳисоби барнома 1237 нафар ва 550 нафар тариқи худмаблағгузор ба омӯзиш фиристонда шуда, ҳамагӣ теъдоди он 1787 нафарро ташкил доданд.
11.4. Рафти таъсиси ҷойҳои кори, таъсиси марказҳои рушди ҳунарҳои мардум ва равнақи таъмини “усто – шогирд” ба омузиши касбу ҳунарҳои мардуми ҷалб намудани занону духтарон ва шаҳрвандони бешуѓл дар деҳоти кишвар (Нусха аз Протколи маҷлиси ҲҶТ аз 21.01.2019 с., №1 банди 27);
Аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ вобаста ба иҷрои ин дастур дар ин давра дар самти ҳунарҳои мардумӣ тибқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ” ва тариқи худмаблағгузорӣ 1182 нафар шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба касбомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Ба ғайр аз ин, ба бекорони дар қайдбуда, ки дар рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ хоҳиши фаъолият кардан доранд, дар ин муддат ба 135 нафар 342650 сомонӣ маблағ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, № АП 1140 Дар бораи ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 фестивалҳои ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”,”Оҳангарӣ ва заргарӣ” ташкил ва гузаронида шуданд.
Таклифу пешниҳодҳои раёсат барои беҳбудии кор:
- Дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ беҳтар ба роҳ мондани кор дар самти ҷалб намудани шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба ҳунарҳои мардумӣ
- Дар ҳамкорӣ бо МИҲД–и ноҳияҳои Ишкошим, ва Мурғоб ҳаллу фасл намудани масъалаи таъсиси Филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ин ноҳияҳо
12. Маълумот оид ба рушди сармояи инсони (маориф):
12.1. Бунёди мактабҳои нав, сохтмони синфхонаҳои иловаги, рафти таъсиси муассисаҳои томактаби ва барқарорсозии муассисаҳои таълимии садамави ва инфрасохтори муассисаҳои таълими хусусан дар деҳоти дурдаст(банди 38 паём), (Нақша – чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”);
Айни ҳол дар вилоят 312 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми мавҷуд аст, ки аз онҳо 65 муассисаи таълими ибтидои, 42 муассисаи таълими асоси, 205 муассисаи таълимии миёнаи умуми дар ВМКБ кору фаъолият намуда истодаанд.
Аз тарафи шуъбаи асосии сохтмонии мақомоти ВМКБ дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои иловаги дар назди кудакистони №1-и шаҳри Хоруғ бо арзиши харҷномави 3.418,0 сомони, ки ба ҳолати 01.10.2019 ичрои маблағ 99 фоиз таъмин шудааст. Тибқи нақша дар арафаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дар н. Шуғнон кудакстони №2-и ноҳия арзиши сметави 2260, 0 сомониро ташкил медиҳад, ки то 01.10. 2019 ба малағи 383.1 сомони корҳо иҷро шудааст.
Аз тарафи Раёсати сохтмони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон толори варзиш дар муассисаи таълимии №28-и ноҳияи Шуғнон арзиши сметави 1300,0 сомони ташкил намуда, иҷрои маблағ то 01.10.2019 миқдори 1120 сомони барои сохтмон сарф шудааст.
Аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Рушон бо 20 синфхона барои 480 нафар ҷой, сохтмонаш ба анҷом расид. Арзиши сметави 14000, 0 сомониро ташкил дода, дар арафаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Сохтмони муассисаи таълимии №9-и ноҳияи Рушон бо 25 синфхона барои 640 ҷой, арзиши сметави 15000,0 сомони идома дошта, то 01.10.2019 ба маблағи 2500,0 корҳо анҷом дода шудаанд.
Муассисаи таҳсилоти умуми ибтидоии рақами 29-и ноҳияи Ванҷ дорои 4 синфхонаи иловаги барои 96 ҷой бо маблаѓ 32,0 сомони ва кудакистони №1-и ноҳияи Роштқалъа барои 30 ҷой бо маблаѓи 856,0 сомони дар соли 2019 ба истифода дода шуданд.
Ба ифтихори ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 19 адад муассисаҳои таълими сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд. Инчунин дар асоси супориши протоколии Президенти мамлакат, Пешвои миллат дар 4 соли охир дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 54 адад муассисаҳои таҳсилоти умуми сохтмон, азнавсози ва аз таъмири асоси бароварда мешаванд.
Дар мавриди ҳозира дар марказ 50 маҳфил бо таѓйиротҳо амал карда истодаанд ва барномаҳои таълими дар асоси мундариҷаи Пешниҳоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли муҳтарам Эмомали Рахмон оид ба эълон намудани соли 2019 соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми, мувофиқ гардонда шуданд. 6 маҳфил ҳамчун маркази омузиши ва хизматрасони, ки ба таълими хизматрасонии сайёҳон машѓуланд ташкил карда шуданд. Маҳфилҳои эҳёи ҳунарҳои мардуми ба монанди муҳрабофи, дузандаги, ҷуроббофи дар худи бинои асосии Марказ ташкил дода шуда, ба маҳфилҳои пазандаги рубобсози ва рубобнавози замина гузошта шуд. Дар марказ маҳфили рассоми бо иштироки 30 нафар таълимгиранда ва маҳфили шоҳмот бо иштироки 32 таълимгиранда ташкил карда шуд.
Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардуми ва эҳтиром гузоштан ба урфу одатҳои ниёгон, дарки зебоиву эстетикии кудакону наврасон ҳавасманд намудани ҳунармандони навраси боистеъдод рузҳои 5-6 мартисоли 2019 озмуни вилоятии «Дастони моҳир» дар бахшҳои дузандаги, бофандаги ва қолинбофи баргузор гардида, ѓолибон муайян ва қадрдони карда шуданд.
Моҳи феврали соли ҷори мусобиқаи вилоятии ҳарби – варзишии “Ватанпарвар” бо максади баланд бардоштани сифатҳои ахлоқи, такмил додани ҳисси ватандусти, такмили маҳорати варзиши ва ҷисмонии таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагиии вилоят, тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан гузаронда шуда, дастаи ноҳияи Роштқалъа ѓолиб омад ва ба озмуни ҷумҳурияви роҳхат гирифт.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Ватанпарвар” низ ноҳияи Роштқалъа сазовори ҷойи дуюм гардида, шарафи вилоятро дар ҷумҳури баланд бардошт.
Инчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Дастони моҳир”, “Ихтирокорони ҷавон” ва як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруѓ дар озмуни байналмилалии Ихтирокорони ҷавон дар ҷумҳурии Қирѓизистон иштирок намуда, сазовори Диплом ва Ифтихорномаҳо гардиданд.
Дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят конференсияи шаҳрию ноҳияви ва баъдан вилоятии Академияи хурди илмии ВМКБ баргузор гардиданд, ки дар он 179 нафар хонандагони синфҳои 7-11 аз руи 14 бахш баромад намуда, 77 нафар барои иштирок дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илми роҳхат гирифта, аксарияташон сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд.
Дар вилоят озмоишгоҳи иноватсиони бо кумаки ЮНИСЕФ ташкил карда шуда, айни замон 17 таълимгиранда ба маҳфили ихтироъкори ва инноватсия ҷалб карда шудаанд ва дорои 17 компютер мебошад. Дар ҳамкори бо ширкати “Помир – энерҷи” утоқи кории маҳфили дузандаги бо 7 мошини дузандаги ва утоқи кории маҳфили муҳрабофи бо 1 мошинаи дузандаги таҷҳизонида шудааст.
12.2. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабии кудакон ва васеъ намудани фоизи фарогирии онҳо, ба роҳ мондани таҳсилоти ѓайрианъанави ва алтернативии омода намудани кудакон(банди 50 паём), (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 10);
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо талабот нисбати муассисаҳои томактаби ва Маркази инкишофи кудакони синни томактаби зиёд шуда истодааст. Дар вилоят 29404 кудаки синни то 5-сола мавҷуд мебошанд, аз ин теъдод 2079-нафар кудак ба кудакистон ва 6190-нафар кудак ба Маркази рушди барвақтии кудак фаро гирифта шудаанд ва барои 21135 – кудаки синни томактаби то ҳол кудакистон таъсис дода нашудааст.
Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкори бо ФДҶТБКСМ дар ВМКБ ва Фонди Хазинаи Оѓохон 267-адад Марказҳои инкишофи кудакони синни томактаби, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ташкил намуданд. Дар ин Марказҳо 6191 нафар кудак таълиму тарбия гирифта истодаанд ва ба таълиму тарбияи онҳо 483-нафар омузгор машѓуланд, ки 90% онҳо аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.09.2019, № 06/1 – 1451 вобаста ба иҷрои дастури Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.08.2019, № 26/10 – 241 “Оид ба фаъолияти мактаб – интернатҳо дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2019, № 411”, дар вилоят 12 – адад интернати давлатии наздимактаби ва 1 – адад муассисаи давлатии «Мактаб-интернати xумҳурияви» дар ноҳияи Рушон фаъолият карда истодаанд.
Дар маҷмуъ дар интернатҳои вилоят 6 нафар ятими кул ва 94 нафар ятими яктарафа ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
12.3. Фароҳам овардани шарити мусоид барои устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ (компютер, тахтаи ,электронӣ) ва ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, сатҳи фаъолияти дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияҳо иттилоотӣ, комуникатсионӣ (Банди 38-и Паём)
Маводҳои электрони аз тарафи Маркази ҷумҳурияви моҳи январи соли ҷори бо теъдоди 1476-адад аз фанҳои забони модари барои синфи якум, худомузии забони англиси, дастурамали либосҳои тавсияви барои хонандагон, истифодаи тахтаи электрони дастраси тамоми шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонида шудаанд.
Ба ҳолати имруза дар муассисаҳои таълимии вилоят 2933 компютер ва 741 принтер мавҷуд буда, омодаи кор мебошанд.
Дар маҷмуъ шумораи умумии компютерҳо дар шуъбаҳои маориф бо зерсохторҳо ва муассисаҳои таълимии вилоят 3094 адад ва 831 принтерро ташкил медиҳад(ҷадвал замима мегардад 3,4,5,6).
Дар миқёси вилоят айни замон 20536 нафар хонандагони синфҳои 5-11 аз компютерҳои мавҷуда истифода мебаранд, ки ин ба ҳар 7-хонанда 1-адад компютер рост меояд.
Дар 246-адад муассисаҳои таълимии асоси ва миёнаи умуми кабинетҳои информатика ташкил шуда, мувофиқи шароит бо аёниятҳои зарури ҷиҳозонида шудаанд.
Ҳамаги 69-адад муассисаҳои таълими ва 6 шуъбаҳои маориф ба шабакаи Интернет (бо модем), ду адад мактабҳои шаҳри Хоруѓ ба тариқи Wi MAX, Wi-Fi пайваст мебошанд. Аз сабаби набудани алоқаи доими бо шабакаи Интернет бо шуъбаҳои маориф алоқаи мунтазам бурда намешавад.
Дар муддати нуҳ моҳ ба муассисаҳои таълимии вилоят аз ҳисоби маблаѓҳои муассисаҳои таълими 115 адад компютер, 17 принтер, 57 тахтаи электрони ва 37 –адад видеопроэкторҳо дохил шуданд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 Маркази рушди истеъдодҳои вилоят олимпиада аз фанни забони англиси «Spelling Bee» байни хонандагони синфҳои 5,6,7 гузаронида шуда, дар таърихи 13-уми март дар маркази вилоят оиди ин фанни таълими олимпиадаи вилояти баргузор гардида, дар ин олимпиада 39- нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят иштирок доштанд ва аз ин шумора 6 – нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии рақами 9 , Литсейи оѓохони шаҳри Хоруѓ ва муассисаҳои таълимии рақами 13 ва 25 –и ноҳияи Шуѓнон ҷойҳои 1,2 ва 3-ро ишѓол намуданд.
Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз 01.06 соли 2019 таҳти № 02у1-120 Олимпиадаи фанни барои хонандагони синфҳои 6-8 дар рузҳои 08-09 моҳи июн, фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05 соли 2019, № 2306, дар таърихи 09. 06 соли 2019 олимпиадаи фанни забони англиси, фармоиши Вазири маориф аз 31.05 соли 2019, №2905 олимпиадаи ҷумҳурияви аз намуди «Шоҳмот» дар Муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар олимпиадаи наврасон аз муассисаҳои таълимии ВМКБ 48- нафар хонанда, дар олимпиадаи фанни забони англиси «Spelling Bee» 6- нафар хонанда, дар олимпиадаи «Шоҳмот» 6- нафар хонанда иштирок карданд. Аз инҳо дар олимпиадаи наврасон 1 нафар сазовори ҷойи якум, 4 нафар сазовори ҷойи дуюм, 8 нафар сазовори ҷойи сеюм ва як нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф қадр гардиданд. Дастаи шоҳмотбозони вилоят дар ҷумҳури сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар олимпиадаи ҷумҳурияви аз фанни забони англиси «Spelling Bee» 1 нафар сазовор ҷойи дуюм ва 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
12.4. Корҳои анҷомдода барои баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ( кабинетҳои фаннӣ) ва бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, гузаронидани такмили ихтисоси омӯзгорон, ҳавасмангардонии омӯзгорони ҷавон ( банди 38 Паём, ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39 банди 10)
Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълими чораҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои зерин ба сомон расонида шуданд:
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияхои вилоят синфҳои мутавозӣ, ки дорои заминаи моддиву техникии муосиранд аз ҷиҳати технологияи навин таъминанд. Дар чунин муассисаҳои таълимии вилоят 50 адад синф бо равияви тафриқавӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитари, табии- риёзи мутобиқ ба талаботи замон ташкил карда шудаанд.
Дар шуъбаҳои маорифи шаҳр ва ноҳияҳои вилоят даври дуюми озмуни “Муаллими соли 2019” ва “Мураббии соли 2019” ҷамъбаст гардид. Даври сеюми вилоятии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистони – 2019” таърихи 26.09.2019 ҷамъбаст шуда, мураббии Маркази инкишофи барвақтии кудакони Хадамоти маорифи Оѓохони шаҳри Хоруѓ Атомамадова Ангома ѓолиби озмуни вилояти гардид. Озмуни “Омузгори соли Тоҷикистон – 2019” моҳи октябри соли ҷори гузаронида мешавад.
Инчунин даври вилоятии озмуни “Хонандаи соли 2019” 29 июни соли равон бо иштироки 16 нафар хонанда аз тамоми шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст намуда, дар он хонандаи синфи 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 -и ноҳияи Шуѓнон Лутфишоева Манижа ва хонандаи синфи 10 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 –и ноҳияи Дарвоз Анисаи Бахти сазовори ҷойи 1 –ум гардида бо Ифтихорномаи раёсати маорифи вилоят ва мукофоти пули қадрдони карда шуданд.
Дар аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят озмуни ҷумҳуриявии “Фуруѓи субҳи донои…”ҷамъбаст гардида, ѓолибони ин чорабини барои иштирок дар озмуни вилояти роҳхат гирифтанд. Дар даври ноҳиявии озмун 224-нафар, ки аз онҳо 221-нафар хонанда, 2-нафар омузгор ва 1-нафар корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Мурѓоб иштирок намуданд. Аз байни иштироккунандагон 38-нафар, ки аз инҳо 35-нафар хонанда, 2-омузгор ва 1 корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Мурѓоб ба даври вилояти роҳхат гирифтанд.
Тибқи ҳисоботи ММТ-ии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки аз 2745 нафар хатмкунандагони соли ҷори 2691 нафар, ки аз ин теъдод 1571 нафар духтар ва 565-нафар хатмкардагони солҳои пешин ба қайд гирифта шудаанд. Теъдоди 1711 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят тариқи Маркази миллии тести ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касби дохил шуданд.
Дохилшавии хатмкунандагони муассиссаҳои таълимии вилоят ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои миёна ва олии касбии хориҷи кишвар низ назаррас мебошад, ки ин теъдод 267 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи 244 нафар тариқи квотаи Президенти дохил гардиданд, ки дар маҷмуъ зиёда аз 81 фоизи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар дохил гардиданд.
Барои соли таҳсили 2019 – 2020 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълимии вилоят 244 адад квотаи Президенти ҷудо гардидааст, ки ин теъдод нисбати ноҳияҳо чунин аст: Дарвоз 41 адад, Ванҷ 35 адад, Рушон 30 адад, Шуѓнон 26 адад, Роштқалъа 40 адад, Ишкошим 37 адад, 4-адад шаҳри Хоруѓ ва Мурѓоб 31 ададро ташкил медиҳад. Аз 6-ум то 16 июни соли ҷори суҳбат бо довталабони квотаи Президенти дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, 244-нафар соҳиби квотаи Президенти гардиданд.
Мутобиқи банди 82 “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кори ба ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурѓоб ва Хоруѓи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 11 то 15 сентябри соли 2018 баён доштанд” 70 квотаи иловаги ба хонандагони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани онҳо аз руи ихтисоси “Кори табобати” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино пешбини карда шуда буд, пурра таъмин карда шуд. Дар маҷмуъ дар вилоят тибқи квотаи Президенти барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон 94 квота ҷудо карда шуда, ҳамаи квотаҳо таъмин ва азхуд карда шуданд.
Ба мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омузгорон аз 5689 нафар омузгор дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 теъдоди 973-нафар омузгори фанҳои мухталиф аз курсу семинарҳо гузаронида шудаанд.
12.5. Сатҳи таъминоти хонандагон бо либосҳои мактабӣ истеҳсоли ватанӣ.
Шуъбаи маорифи шахри Хоруѓ бо корхонаи Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар шахри Хоруѓ, шуъбахои маорифи нохияхои Дарвоз ва Ишкошим бо корхонаи «Кохи Бонувон»-и нохияи Дарвоз, шуъбаи маорифи нохияи Ванҷ бо сехи дузандагии “Ҳангома” ва сехи дузандагии “Нури Бахт” –и ноҳияи Ванҷ, шуъбаи маорифи нохияи Шуѓнон бо корхонаи «Ҳаёти нав»-и нохияи номбурда, шуъбаи маорифи нохияи Роштrалъа бо ҶДММ «Орзу» шартнома ба имзо расонида шуданд.
Аксарияти хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят аз сехи дузандагии “Кохи бонувон” ноҳияи Дарвоз бо либоси мактаби таъмин карда шуданд.
№ | Шаҳру ноҳия | Аз кадом ширкати истеҳсолкунанда | Теъдоди хонанда | Теъдоди харидории сару либос | Иҷроиш % |
1 | Дарвоз | “Кохи бонувон”, “Ахтари меҳр” | 4089 | 1269 | 31,3 |
2 | Ванҷ | “Ҳангома” “Кохи бонувон” | 5714 | 1641 | 29 |
3 | Рушон | “Меҳри модар”, соҳибкори инфироди Мамадѓозиев | 4249 | 1148 | |
4 | Шуѓнон | “Кохи бонувон” | 6053 | 536 | |
5 | Роштқалъа | “Орзу 1” | 4512 | 249 | |
6 | Ишкошим | “Кохи бонувон” | 5227 | 505 | |
7 | Мурѓоб | “Кохи бонувон” | 2508 | 269 | |
8 | Хоруѓ | “Кохи бонувон” | 3623 | 571 | 100 |
Ҳамаги | 35975 | 6188 |
Вазъи таъминоти моддӣ – техникии истироҳатгоҳҳои «Насими Fунд» – ноҳияи Шуғнон , «Зинги»- Ванҷ ва «Сағирдашт» – ноҳияи Дарвоз қадри имкон ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Ҳавзи шиноварии лагери истироҳатии Зинг таъмир талаб буда, ба таъмир ва тармим ниёз дорад. Лагерҳои истироҳатии «Насими Fунд» ва «Сағирдашт» ҳавзи шиноварӣ надоранд.
Истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар вилоят ба тариқи зайл ташкил карда шуданд :
1. Лагерҳои истироҳатии тобистонаи кудакон ва наврасон ноҳияи Дарвози деҳаи Саѓирдашт ва Зинги ноҳияи Ванҷ аз тарафи МИМХД-и ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва МИҲД вилоят ташкил карда шудаанд. Лагерҳои истирохатии тобистонаи кудакон ва наврасони номбурда дар ду баст, басти якум аз 18.07.2019 то 29.07.2019 ва басти дуюм аз 29.07.2019 то 09.08.2019 фаъолият намуданд. Дар басти якуми лагери истирохатии тобистонаи кудакон ва наврасони Саѓирдашт 60-нафар ва дар басти дуюми лагери номбурда 40-нафар кудак фаро гирифта шудаанд. Ба лагери истирохатии тобистонаи кудакон ва наврасони Зинги ноҳияи Ванҷ дар хар ду баст 60-нафари кудак ҷамъ 120 нафар фаро гирифта шудаанд. Инчунини дигар аз тарафи МИХД-ии ВМКБ лагери истирохатии кудакон ва наврасони “Насими Гунд”-и нохияи Шугнон дар як баст бо фарогирии 80-нафар кудак ташкил карда шуда, аз 25.07.2019 то 05.08.2019 фаъолият намуд. Хамзамон, аз тарафи МИХД-ии нохияи Мургоб бо фарогирии 14-нафар кудак истирохатгохи кудакону наврасони “Чичикдех” ташкил карда шуд. Дар мачмуъ 314-нафар кудак ба лагерхои истирохатии тобистонаи кудакон ва наврасон чалб карда шудаанд.
2. Ба воситаи Кумитаи рушди Ҷамоатхонаи Имомии Исмоилияи шаҳри Хоруғ 4 адад лагери истироҳати дар ноҳияҳои Рушон, Шуѓнон, Роштқалъа ва Ишкошим ташкил карда шуда, дар ду баст 580 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, дар назди муассисаи таълимии № 9-и шахри Хоруғ лагери истироҳатии “Умед” барои истироҳаткунандагони синни 11-13 сола барои 300 нафар дар се баст ташкил карда шуд. Дар басти якум аз 24 июн то 7 июл, дар басти дуюм аз 9 июл то 22 июл ва дар басти сеюм аз 25 июл то 7 августи соли 2019 хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
4.Аз тарафи Литсейи Оғохон барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ дар деҳаи Емси ноҳияи Рушон барои 100 нафар дар ду баст аз 1 то 15 июл ва аз 18 июл то 12 август истироҳат ташкил карда шуд.
Дар маҷмӯъ аз тарафи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба 265 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти вилоят бо сарфи 150000 сомонӣ истироҳати тобистона ташкил карда шуд.
Умуман дар мавсими тобистони соли 2019 ҳамагӣ 1649- нафар кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳои тобистона фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 45- нафарашон берун аз ҳудуди вилоят дар истироҳатгоҳҳои шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб истироҳат намуданд.
Дар баробари муваффақияти кор дар истироҳати хонандагон чунин мушкилот мушоҳида карда шудаанд:
1.Дар истироҳатгоҳои “Саѓирдашти”-и ноҳияи Дарвоз ва “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ мушкилоти асоси ин сари вақт ворид нашудани маблаѓ барои истироҳат мебошад.
2. Бо таҷҳизоти зарури таъмин набудани ошхона ҳаммом ва ҷойи хоб дар истироҳатгоҳи “Саѓирдашти”-и ноҳияи Дарвоз ва “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ.
3. Ба талабот ҷавобгу набудани толорҳо ва майдончаҳои варзиши ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои тарбияви, варзиши ва фарҳанги дар истироҳатгоҳои “Саѓирдашти”-и ноҳияи Дарвоз ва “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ.
4. Ба талабот ҷавобгу набудани ҳавзҳои оббози дар истироҳатгоҳои “Саѓирдашти”-и ноҳияи Дарвоз ва “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ.
Зимистонгузарони:
Дар синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят аз руи шароит барои гармкуни печҳои чуяни алови ба миқдори 3316 адад ва 1021-адад гармкунакҳои барқи таъмин ҳастанд.
Инчунин, калонтарин мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят бо сипарҳои сухторнишони таъмир буда, аз ҷониби идораи сухторнишони мавриди санҷиш қарор гирифта, иҷозати кор кардан дода шудааст.
Тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруѓ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳияи ноҳияи Дарвоз ва 4 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳияи ноҳияи Шуѓнон бо хати барқи озод пайваст мебошанд.
Тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят тибқи маблаѓҳои пешбинишуда барои соли 2019 нақшаи маводҳои асосии сухт аз ҷумла ангишт ва ҳезум ва маводҳои хурока барои зимистони соли 2019-2020 муайян намуда, тибқи ҷадвали замимагардида ба Раёсати иқтисод ва савдои вилоят пешниҳод гардид.
Мушкилоти ҷойдошта вобаста ба таъмини ангишт дар ноҳияи Мурѓоб (мактабҳои рақами 6 ва 9) ва ноҳияи Ванҷ (мактаби рақами 4) мавҷуд мебошад, ки маблаѓи умумии он 447 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раёсати маорифи вилоят минбаъд баҳри иҷрои пурраи бандҳои қарори мазкур чораҳои таъхирнопазир меандешад
12.6 Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати омузиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷи: руси, англиси ва ѓайра
Оиди рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 июли соли 2014, № 427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омузиши забонҳои руси ва англиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020»
Ба мақсади иҷрои банди 24-и Барнома оиди чуқур аз худ намудани забонҳои руси ва англиси дар шаҳри Хоруѓ кудакони синни томактаби, хонандагони МТМУ дар курсҳои пулакии Марказҳои таълимии «Ирфон», «Логос», «Умники и умниѓҳ» ва дар Маркази ҷавонон маҳорати забондонии худро такмил дода истодаанд. Айни ҳол дар ин марказҳо 12 гуруҳи омузиши забони англиси ва 6 гуруҳи забони руси бо фарогирии зиёда аз 300 нафар хонанда фаъолият карда истодааст.
Ба таълими фанни забони руси 504 нафар омузгорон машѓуланд, ки 466 нафарашон дорои маълумоти оли, 13 – олии нопурра, 25 – миёнаи махсуси педагоги, 26- нафар ѓайриихтисос мебошанд. Таълими забони англисиро 383 нафар омузгор ба уҳда доранд, ки аз онҳо 306- нафар бо маълумоти оли, 8- нафар маълумоти олии нопурра, 54- нафар миёнаи махсуси педагоги,14 нафар маълумоти миёна, 11 нафар ѓайриихтисос кору фаъолият менамоянд
Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тести ва Донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар 5-соли охир аз соли 2015 то 2019 миқдори 320- нафар хонанда ба факултаи забони руси, 470- нафар ба факултаи забони англисии Донишгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар қабул гардида, таҳсил карда истодаанд.
Дар 5-соли охир ба Донишгоҳи давлатии Хоруѓ тариқи таҳсили буҷҷави ба факултаи забони руси 195, забони англиси 185 нафар ва шартномави (пулаки) забони руси 19 нафар ва бо ихтисоси забони англиси 195 нафар дохил гардида, таҳсил намуда истодаанд.
Филиали Донишкадаи Давлатии Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ барои расонидани ёрии амали методи ба омузгорон диққати махсус дода истодааст. Аз ҷумла, дар солҳои 2015, 2017, 2018, 2019 барои омузгорони забони руси ду намуди номгуи курсҳои такмили ихтисос бо фарогирии зиёда аз 100 нафар ва барои омузгорони забони англиси се намуд курсҳои 12 – руза бо фарогирии 115 нафар омузгорон таъмин карда шуд.
Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 44 иттиҳодияи методии омузгорони фанни забони англиси ва 51 иттиҳодияи фанни забони руси амал карда истодаанд, ки ҳар кадомашон аз 3 то 5 муассисаи ҷамоаташонро фаро гирифта, бо онҳо моҳе як маротиба машѓулиятҳо гузаронида мешаванд. Дар зиёда аз 107 муассисаи таълимии вилоят маркази маводҳои таълими ташкил шудаанд, ки ҳамаи омузгорони ин фанҳо аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Новобаста аз пешравиҳо дар омузиш ва таълиму такмили ин фанҳо норасогиҳо низ вуҷуд доранд.
Дар солҳои охир соатҳои дар нақшаи таълими барои омузиши ин фанҳо ҷудошуда ихтисор гардиданд. Нашри китобҳои кудакона, бадеи ба забони русиву англиси барои хонандагон ниҳоят кам дастрасанд.
Навобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта Раёсати маорифи вилоят бо зерсохторҳояш кушиш ба харҷ дода истодааст, ки баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои навинро дар доираи имкониятҳои мавҷуда андешида, ба пешрафти омузишу таълими забонҳои русиву англиси ҳамаҷониба мусоидат менамояд
12.7. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф.
1. Талаботи сокинон нисбати сохтмони муассисаи таълимии шакли нав дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуѓнон, Роштқалъа , Рушон, Ишкошим ва шаҳри Хоруѓ бо назардошти талаботҳои замони муосир, бо ташкили хобгоҳ барои кудакон аз деҳотҳои дурдаст зиёд шуда истодааст.
2. Дастгирии ММҲД-и вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар амали намудани Барномаҳои давлатии соҳави ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ва шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим ва Мурѓоб ба шабакаи ягонаи Интернет то ҳол ҳалли худро наёфта истодааст.
4.Таҷдиди маблаѓгузории меъёрии сарикаси дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дида баромада шавад.
5. Сохтмон, азнавсози ва аз таъмири асоси- капитали баровардани муассисаҳои таълимии садамави ва фарсуда дар вилоят (теъдоди муассисаҳои таълими 59 ададро ташкил медиҳад).
13. Маълумот оид ба рушди сармояи инсони (тандурусти ва ҳифзи иҷтимои):
13.1. Бунёди беморхонаву марказҳои саломати ва дигар иншооти тандурусти дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот ва ҳалли масъалаҳои норасои кадрҳои тибби дар маҳалҳо ва деҳоти дурдаст (банди 46 паём);
Сохтмони Беморхонаи замонави дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон барои 70-кат, бо маблағгузории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 22 млн 778 ҳазор сомони идома ёфта ба ҳолати ҳозира корҳои сохтмони ба андозаи 2млн 941ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли ҷорӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Сохтмони бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии МИМҲД – и вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 млн 779 ҳазор сомони ба анҷом расонида шуда , бо таъҷизотҳои муосири тиббӣ ва асбобу анҷоми корӣ таъҷизонида шуд ва бо 2-адад мошинаи ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER таъмин гардонида шуд ва бо иштироки Раиси вилоят тантанавор мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони коллеҷи тиббии замонави бо толори варзишӣ барои 240 донишҷӯй ва хобгоҳ барои 70-ҷой дар маҳаллаи Бар –Хоруғ бо маблағгузории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15 млн. 304 ҳ. сомони ҷудо гардида, дар соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идома додани корҳои 5млн 500 000 сомонӣ ҷудо гардидааст ва дар 9-моҳи соли ҷорӣ 11млн 649ҳ 100сомонӣ аз ин маблағҳо аз худ гардонида шуданд.
Сохтмони беморхонаи минтақавии Куна-Қурған бо маблағгузории Сафорати Ҷопон ба маблағи 838ҳ 500 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии Вранг бо дастгирии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 млн 300-ҳазор сомонӣ оғоз гардида,дар соли ҷорӣ барои идома додани корҳои сохтмони 600 000 сомонӣ ҷудо гардидааст ва то ба имрӯз аз ин маблағҳо 675ҳазор сомони иҷро гардидааст. Таъмири асоси ва азнавсозии марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Вранг ба маблағи 1млн 360ҳазор, ки аз ин маблағҳо 1млн332ҳ800 сомонӣ аз худ шуда, Маркази саломатии Зонги ноҳияи Ишкошим бо маблағи 1млн 415ҳазор сомони ва то имруз аз ин маблағҳо 1млн 386ҳ700 сомонӣ иҷро шуда, бо дастгирии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳони идома ёфта истодааст. Дар доираи дастгирии лоиҳаи “Бехатаркунии хизматрасонии тиббӣ”- барои марказҳои номбурда 2-адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардонида шуд. Барои беморхонаи минтақавии Вранг мошинаи ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER бо дастгирии Сафорати Америко ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят таъмин гардонида шуд.
Дар нақшаи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таъмири муассисаҳои эҳтиёч доштаи дигар ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла, ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ дар назар аст ва то охири сол амалӣ хоҳанд гашт.
Ҳамзамон моҳи феврали соли ҷорӣ 7 -адад нақлиёти НИВА ВАЗ 2014 ва як адад нақлиёти боркашонии махсусгардонидашуда аз ҳисоби ГАВИ дастрас гардиданд. Дар нақшаи вазорат иловагӣ харидории 7- адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ (амбуланс) аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иҷрои супоришҳои Нақшаи чорабинӣ оиди ҷиҳозонидани муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят бо таъҷизоти муосири тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва инвеститисонӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустии вилоят маҷмуи муайяни автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултарасадо, лавозимоти луобикаш, яхдонҳо, катҳои беморӣ, рахтҳои хоб ва ғайра таъмин карда шуданд. Айни замон барои муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистсон таъҷизотҳои муосири тиббӣ бо маблаҳои 4 млн 459 ҳазору 717 сомони дастрас гардонида шуданд.
13.2. Ҷараёни пешгирии ҳолатҳои сироятии ВНМО/ВНМБ ва сил, аз ҷумла дигар касалиҳои сирояти (дар асоси ҚКҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати» моддаи 10);
Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният (ВНМО/БПНМ) яке аз масъалаи ҷиддии тандурустии ҷамъиятии ҷаҳон мебошад. Аз руи таснифоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти, Тоҷикистон дар марҳилаи ҷамъшавандаи эпидемияи ВНМО/БПНМ (0,1% аҳоли дар ҳолати нишондоди миёнаи умумиҷаҳони – 1,1%) қарор дорад.
Дар ин давра аз тарафи марказҳои пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО–и шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри иҷроиши Барномаи номбурда чорабиниҳои гуногун ба анҷом расонида шудааст.
Тибқи маълумотҳои омории расми аз соли 2003 то ба ҳолати нуҳ моҳи соли 2019 шумораи умумии сироятёфтагон бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар вилоят 673 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 510 (76% ) –ро дар байни мардон ва 163 (24%) –ро дар байни занон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра 298 нафар фавтида, шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба ҳолати нӯҳ моҳи соли 2019 дар вилоят 375 нафарро ташкил менамоянд.
Аз шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО дар вилоят (673) нафар аз он ҷумла:
Хоруѓ – 356 нафар (510-мард, 163-зан) (151 фавтидаги)
ноҳияи Ванҷ – 22 нафар (12-мард, 10-зан) (5 фавтидаги)
ноҳияи Дарвоз – 10 нафар (6-мард, 4-зан) (1 фавтидаги)
ноҳияи Ишкошим – 47 (33-мард, 14-зан) (18 фавтидаги)
ноҳияи Мурғоб – 5 ( 4-мард, 1-зан) (1 фавтидаги)
ноҳияи Роштқалъа – 31 (19- мард, 12 -зан) (11 фавтидаги)
ноҳияи Рушон – 78 (59- мард, 19- зан) (30 фавтидаги)
ноҳияҳои Шуѓнон – 124 (91-мард 33-зан) (43 фавтидаги)
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 673 нафари сироятёфтагон 381-нафар (99,7%) шахсони нашъаманд ба ҳисоб мераванд.
Аз шумораи умумии сироятшудагон 298 нафар фавтиданд.
Зиёдшавии ташхиси шаҳрвандон дар солҳои 2011-2019 имконият дод, ки ҳолатҳои сирояти ВНМО-ро саривақт дарёфт карда шаванд. Ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 64, 2012 ба 53, 2013 ба 65, дар соли 2014 56, 2015 ба 56 , 2016- 65, 2018-58 ҳодиса баробар аст.
Ба ҳолати нӯҳ мохи соли 2019 дар вилоят 4 зани ҳомиладор дар назорати диспансери бо ВНМО қарор доранд, ҳамаи занони ҳомиладор дар маркази ВНМО табобати зидди ретровирусиро гирифта истодаанд. Инчунини дигар ба ҳолати нӯҳ мохи соли 2019, 10-нафар кӯдак дар қайди диспансерӣ бо ВНМО, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар назорати диспансерӣ қарор доранд. Ба занони ҳомиладор бо мақсади гузаронидани ташхиси ВНМО дар вилоят, 7-марказҳои саломатии ноҳиявӣ, 7-маркзҳои солимии репродуктивии, 7 -марказҳои мубориза бо ВНМО ва марказҳои вилоятӣ, хизматрасони менамоянд. Бояд қайд намуд, ки 60%-и занони ҳомиладор дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ташхиси ВНМО дар марказҳои мубориза бо ВНМО мегузаранд. Занони ҳомиладор дар мӯҳлати ҳомиладориашон 2-маротиба аз ташхис мегузаранд. Қайд кардан зарур аст, ки дар нӯҳ мохи соли 2019, 3754 нафар зани ҳомиладор аз ташхис гузаронида шуданд, ки байни онҳо 4 нафар зани ҳомиладор сироят ёфта ба қайд гирифта шуданд. Дар соли 2018 тадқиқот дар байни муҳоҷирони меҳнати ва занони ҳомила гузаронида шудааст, ки дар натиҷа фарогирии онҳо бо барномаҳои пешгирикунанда: муҳоҷирони меҳнати – 65,3% бо маводҳои иттилооти ва 37% бо рифолаҳо ва занони ҳомила – 63,2% арзёби карда шудааст.
Бо мақсади дастрас будани хизматрасониҳо дар самти пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар вилоят 3 ташхисгоҳи ИФА ва 1 ташхисгоҳи муайянкунии хуҷайраҳои CD4 муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар соли 2018 зиёда аз 7 ҳазор тестҳои оҷилӣ барои гурӯҳҳои калиди, ҳомиладорон, нав никоҳшавандагон, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бо ВИЧ алоқаманди дошта, аз муоина ройгон гузаштанд. Аз ҳамин гурӯҳ 17927 нафар аз муоина тести гузаштанд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2008, №600, тартиби хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, маркази ВНМО 12162 тестҳои оҷилӣ дастрас гардониданд. Аз тарафи МИМҲД- шаҳр ва ноҳияҳои вилоят барои дарёфт намудани тестҳои оҷилӣ:н Шуғнон 10ҳазор сомонӣ, шаҳри Хоруғ 6ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ванҷ 2ҳазор сомонӣ, ноҳияи Дарвоз 3ҳазор сомонӣ ҷудо гардонида шуд. Хизматрасонии иммунопрофилактика дар ВМКБ, 7- маркази ноҳияви, 1- бахши ноҳияви ва 1- маркази саломатии шаҳри бо тамоми сохторҳои тандурусти ба душ доранд.
Аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии-иммунопрофилактики бо дастгирии Хазинаи Алианси глобалии Ваксинасия ва Имуннопрофилактика барои филиали «Маркази ҷумҳуриявии имуннопрофилактика» дар вилоят барои шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 7-нақлиёти хизматӣ тамғаи НИВА ва 1-адад мошинаи яхдон барои дастрас намудани ваксина аз Маркази ҷумҳурӣ ва барои ноҳияҳои дурдаст дастрас гардонида шуданд.
Фаъолияти тамоми марказҳои пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО- БПНМ дар вилоят, мувофиқи “Барномаи милли оид ба муқовимат бо вируси норасоии масъунияти одам барои солҳои 2017-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017, №89 ва Қарори Раиси вилоят аз 24.04.2017 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
13.3.Рафти иҷрои Барномаҳои кафолатҳои давлати оид ба таъмини аҳоли бо кумаки тиббию санитари дар ноҳияҳои таҷрибавии ҶТ барои солҳои 2017-2019 (банди 46 паём);
Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба иттилооти Шумо мерасонад, ки барномаи мазкур принсипҳои асосии ҳампардохти хароҷоти кумаки тиббию санитари аз ҷониби аҳолиро дар муассисаҳои давлатии тандурусти дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Данѓара, Спитамен, Рашт, Варзоб ва ноҳияҳои Норак, Сарбанд ва Турсунзода) дар бар гирифта, қисман аз 1 августи соли 2008 ва 1 январи соли 2009 ҷори кунонда мешавад.
Барнома намуд, ҳаҷм, ва шартҳои фароҳам овардани кумаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои зикргардида, ройгон ва тибқи шартҳои ҳампардохт (ҳамиштироки аҳоли), мутобиқи ҳаҷми маблаѓгузории соҳаи тандурустии ноҳияҳо барои солҳои 2008-2009 аз буҷети давлати, инчунин мавҷудияти захираҳои донори барои татбиқи барномаҳои дахлдорро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли муайян менамояд.
Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оиди ба барномаи мазкур ворид намудани яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сифати ноҳияи таҷрибави таҳлилҳои мушаххас гузаронида, дар рузҳои наздик пешниҳоди аниқ барраси хоҳад намуд.
13.4 Камбудиҳо ва норасоиҳои соҳа
- Нарасидани мутахассисони дорои маълумоти олии тибби дар муассисаҳои табобатию – профилактикии вилоят, хусусан дар ноҳияҳои Дарвоз – табиби тибби оилави, эҳёгар, асабшинос, нарколог Роштқалъа- табиби тибби оилави, сироятшинос, асабшинос, силшинос, рентгенолог, табиби дандонпизишк, наврасон, ноҳияи Шуғнон-табиби тибби оилави, эҳёгар, кардиолог, сироятшинос, рентгенолог, табиби пуст, неонотолог, нарколог, Ишкошим-табиби тибби оилави, эҳёгар, сироятшинос, рентгенолог, неонотолог, Мурғоб– табиби тибби оилави, эҳёгар, осебшинос, рентгенолог ва мутахассисони соҳаи санитарию – эпидемологи дар Марказҳои назорати давлатии санитари-эпидемиологии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят.
- Дар сатҳи зарури амали нагаштани аксарияти Барномаҳои соҳавие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд ва мувофиқи қарорҳои Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои иҷро дар муассисаҳои шифоиву пешгирии вилоят зери назорат гирифта шудаанд. Барномаҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмиллали маблағгузори карда мешаванд, (Барномаҳои мубориза зидди бемориҳои тропики, сил, ВНМО ва БПНМ нисбатан дар сатҳи баландтар ба иҷро расонида мешаванд.
- Шӯъбаҳои беморхонаи вилояти ба таъҷизотҳои муосири замонавии тибби ниёз доранд.
- Таъмин набудани шӯъбаҳои беморхонаи вилояти аз кислороди мутамарказ.
13.5. Корҳои анҷомдода ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимои гуруҳҳои осебпазири аҳоли, дар навбати аввал ятимону маъюбон шахсони бесарубонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахурону собиқадорон (банди 48 паём, Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018 с., №12 банди 19);
. Дастгирии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла таъмини онҳо бо воситаҳои техники дар мадди аввал меистад. Ҳар сол таъмини маъюбон бо узвҳои орияти зиёд мегардад.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 725 – адад воситаҳои техники
тавонбахши ба маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд,
ки аз ин :
– 8- адад аробачаи маъюби
– 114- адад асо
– 29- адад асои нобино
– 47- адад асобаѓал
– 8- адад асои то оринҷ
– 9- адад роҳрав (хадунок)
– 49- адад аппарати шунавои
-ба 359 нафар маъюб пойафзол дода шуд
–8– нафар маъюбон барои гирифтани протези пой ва ортез ба шаҳри Душанбе фиристонда шуданд.
Дар вилоят Маркази будубоши кудакони имконияташон маҳдуд дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази Нур” фаъолият менамояд, ки аз соли 2009-ум дар асоси созишномаи тарафайн аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузори мегардад ва кудакони имконияташон маҳдуди шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба табобат фаро мегирад.
Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони “Маркази Нур” ба 166 – нафар кудакони имконияташон маҳдуд (КИМ) хизмати иҷтимои, аз ин ба 146 – нафар КИМ хизматрасонии тибби – равони, ба 20- нафар КИМ хизматрасонии машварати-ҳуқуқи ва ба 20- нафар КИМ хизматрасонии иҷтимои дар хона расонида шуд.
Бо дастгирии Касалхонаи вилояти 14 -нафар КИМ ба ташхиси тиббии ройгон фаро гирифта шудаанд, ки ин аз амали шудани ҳуқуқи онҳо шабоҳат медиҳад.
Бо мақсади саривақт ва босамар амали гаштани ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбону пиронсолон дар айни ҳол дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят 8 шуъбаи хизматрасонии иҷтимои дар хона амал мекунанд, ки 59 нафар кормандони ин шуъбаҳо ба 624 – нафар (Дарвоз-60, Ванҷ-69, Рушон-54, Шуѓнон-64, Роштқала-86, Ишкошим-70, Мурѓоб-156, ш.Хоруѓ-65) шахсони яккаву танҳо, пиронсолону маъюбон ва эҳтиёҷмандон 10 намуди хизматрасониҳои иҷтимои аз ҷумла: иҷтимоию- равони, иҷтимои- тибби, иҷтимои – ҳуқуқи, санитарию-гигиени ва хизматрасонии маслиҳати дар хонаҳояшон ба ҷо меоранд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимои дар шаҳру ноҳияҳо ба 624–нафар шахсони яккаву танҳо, пиронсолону маъюбон 6179- адад хизматҳои- маиши, 3398-адад хизматҳои тибби-равони, 574-адад хизматҳои ҳуқуқи, 1061- адад хизматҳои педогоги ва 2140 адад дигар хизматҳо дар маҷмуъ 13352 – адад хизматҳои иҷтимои расонида шуд. Инчунин ба 640-нафар шахсони яккаву танҳои шаҳру ноҳияҳо 129698 сомони кумакҳои хайрияви расонида шуд (Ҷадвал замима мегардад).
Аз тарафи мақомотҳо ва идораю муассисаҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ба 1828 – нафар ниёзманд ба маблаѓи 369476 сомони ва аз ҷониби шахсони саховатпеша ба 2712- нафар ниёзманд ба маблаѓи 315595 сомони, ҳамаги дар вилоят дар нимсолаи аввали соли 2019 ба 4540 – нафар ниёзмандон (маъюбон, пиронсолон, ятимони кулл, иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои камбизоат ва дигар табақоҳои осебпазири вилоят) ба маблаѓ 685071 сомони кумакҳои хайрияви расонида шудаанд (Ҷадвал замима мегардад).
Ҷиҳати амали намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2010 №232 “Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти кумакпулии давлати ба кудакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд” чораҳои амали андешида мешавад. Дар ноҳияи Ишкошим 1-нафар, шаҳри Хоруѓ 2-нафар кудакони хурдсоле, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд дар қайди бахшҳо буда, дархост барои гирифтани кумакпулии давлати ба Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Кумакпулии давлати барои ҳар семоҳа ба ҳаряки онҳо 1155 сомони муқаррар шудааст.
13.6 Ҷараёни пардохти кумакпулиҳои иҷтимоию унвони ва васеъ намудани хизматрасониҳои иҷтимои ба шаҳрвандони дар ҳолати душвор қарор дошта;
Дар доираи Барномаи кумаки унвонии иҷтимои, дар нуҳ моҳи соли 2019 дар вилоят ба 4066 – оилаҳои ниёзманд мақоми камбизоати ( аз ҷумла:дар ноҳияҳои Дарвоз -275, Ванҷ-470, Рушон- 633, Ишкошим-607, Роштқалъа- 424, Шуѓнон-622, Мурѓоб- 364 оила ва шаҳри Хоруѓ -671 оила) дода шуд. Дар давраи ҳисоботи ба бонкҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маблаѓи 1289800 сомони ворид гардида, аз ин маблаѓ аз тарафи филиалҳои бонки БДА “Амонатбонк” 1260700 сомони ба оилаҳои камбизоат кумакпули пардохт гардид. Аз маблаѓҳои мазкур, ба ҳолати 1 октябри соли 2019 маблаѓи 41700 сомони бақия мондааст. Маблаѓи мазкур рузҳои назик пурра пардохт мегардад. (Ҷадвал замима мегардад).
Қобили зикр аст, ки ҳамаги дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (аз давраи 1 октябри соли 2018 то 1 октябри соли 2019) 5543 оила ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардида, аз пардохти кумакпулии унвонии иҷтимои бархурдор мебошанд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013 №293 “Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кумакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат” аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба 26-нафар шаҳрвандон аз оилаҳои камбизоат маълумотномаи камбизоати барои пардохти маблаѓи маросими дафн дода шуд.
13.7. Иҷроиши барномаҳои соҳавии қабулшуда дар самти ҳифзи иҷтимои аҳоли
Қобили қайд аст, ки ҷиҳати амали намудани “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020” бо дастуру супоришҳои Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар ноҳияҳои Шуѓнон ва Роштқалъа Марказҳои хизматрасонии иҷтимои барои кудакони имконияташон маҳдуд ” бо 24- адад воҳиди кори дар ҳар яки онҳо 12 ҷойи кори таъсис дода шуда, марказҳо мунтазам фаъолият менамоянд.
Маркази хизматрасонии иҷтимои барои кудакони имконияташон маҳдуди Ташкилоти ҷамиятии “Митро”–и ноҳияи Роштқалъа дар нуҳ моҳи соли 2019 10-нафар КИМ дар марказ ва 15-нафар КИМ дар хона ба тавонбахши фаро гирифтанд. Дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқала барои 4-нафар КИМ таълим дар хона ташкил карда шуд. Инчунин ба 236 нафар хонандагони синфҳои ибтидои ва коркунони хурди мактабҳои ноҳияи Роштқалъаи ҷамоатҳои дурдасттарини Барвоз ва Сежд тавассути шарикони рушди Барномаи озуқавории ҷаҳони аз ҳисоби СММ дар як руз як маротиба хуроки гарм ташкил карда шудааст.
Дар Маркази хизматрасонии иҷтимои барои кудакони имконияташон маҳдуди “Шамс”-и ноҳияи Шуѓнон 142-нафар кудакони имконияташон маҳдуд ба хизматрасонии иҷтимои фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади тавонбахшии кудакон Маркази будубоши рузона барои КИМ дар деҳаи Қалъаихум ва гушаи бози дар деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Нулванд ба фаъолият аз моҳи декабри соли гузашта шуруъ намуд. Дар Маркази тавонбахшии будубоши рузонаи деҳаи Қалъаихум ҳамаруза аз 9 то 12 нафар кудакони имконияташон маҳдуд ба тавонбахши фаро гирифта мешаванд.
Бо мақсади тавонбахшии кудакон Маркази будубоши рузона барои КИМ дар деҳаи Қалъаихум ва ва гушаи бози дар деҳаи Сангеви ҷамоати деҳоти Нулванд ба фаъолият аз моҳи декабри соли гузашта шуруъ намуд.
Дар маркази тавонбахшии бодубоши рузномаи деҳаи Қалъаихум ҳамаруза аз 9 то 12 нафар кудакони имконияташон маҳдуд ва тавонбахши фаро гирифта мешаванд.
13.8. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод оид ба роҳи ҳалли онҳо.
Шуъбаи хизматрасонии иҷтимои дар хона ва мутахассис – коргузори Барномаи кумаки унвонии иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа бинои кории худи надошта, ҳамчун иҷоранишин аз биноҳои садамавии идораҳои дигари ноҳия истифода мебаранд.
Дар харҷномаи шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимои дар хонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дастгири намудани оилаҳои ниёзманд маблаѓ пешбини нашудааст.
– Ҷиҳати дур ва хатарнок будани роҳ ва маҳдуд будани қабули табобатгирандагони кудакони маъюб дар бастҳои Маркази миллии тавонбахши барои кудакону наврасони “Чорбоѓ”-и н. Варзоб 80 фисади кудакон ва наврасони маъюби вилоят аз чунин табобат бархурдор нестанд.
-Бо мақсади дастгирии шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои ниёзманд, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хоҳиш карда мешавад, ки барои ҷудо намудани маблаѓ дар сметаи шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимои дар хонаи шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд.
-Ҷудо намудани раҳпули барои маъюбоне, ки ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурияви ва маҳалли “ барои табобат ва истироҳат сафарбар карда мешаванд;
-Масъалаи бо бинои кори таъмин намудани кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимои дар хонаи ноҳияи Роштқалъа ва мутахассис – коргузори барномаи кумаки унвонии иҷтимои дида баромада шавад.
–Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурѓоб Маркази будубоши кудакони маъюб умуман вуҷуд надорад.
– Барномаи кумаки унвонии иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа бинои кории худи надошта, ҳамчун иҷоранишин аз биноҳои садамавии идораҳои дигари ноҳия истифода мебаранд.
-Дар харҷномаи шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимои дар хонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дастгири намудани оилаҳои ниёзманд маблаѓ пешбини нашудааст.
-Бо мақсади дастгирии ҳама ҷонибаи шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои ниёзманд, хоҳиш карда мешавад, ки барои ҷудо намудани маблаѓ дар сметаи шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимои дар хонаи шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд.
-Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тибби-равони ба кудакони маъюб дар заминаи Ташкилоти ҷамиятии “Маркази Нур” филиали ташкилоти мазкур дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурѓоб бо дастгирии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
-Ҷудо намудани раҳпули барои маъюбоне, ки ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурияви ва маҳалли “ барои табобат ва истироҳат сафарбар карда мешаванд;
14. Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг:
14.1. Бунёд, таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои соҳаи фарҳанг, инчунин мактабҳои мусиқии бачагон ва таъмини онҳо бо таҷҳизотҳо;
Моҳи сентябри соли 2018, дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон Қасри фарҳанг ва дар маркази ноҳияи Шуѓнон Қасри фарҳанг бо иштироки муовини Сарвазири мамалакат Азим Иброҳим ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба истифода дода шуда, бо асбобҳои мусиқии милли таъмин гардиданд. Дар се моҳи соли равон ягон муассисаи фарҳанги азнавсози карда нашуда, аз таъмири асоси бароварда нашудааст. Сохтмони театри замонави дар маркази вилоят шаҳри Хоруѓ идома дорад.
Дар вилоят 10 адад муассисаҳои таълими, ки аз онҳо 7 мактаби санъат ва 3 мактаби мусиқи мебошанд бо теъдоди 1655 нафар хонандагон ва 204 нафар омузгорон фаъолият намуда истодаанд.
14.2. Таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихиву фарҳанги дар шаҳру ноҳияҳо, бо ҷалби соҳибкорону сармогузорон бунёд намудани инфрасохтори сайёҳи дар гирду атрофи онҳо (банди 36 паём);
Дар нимсолаи дуюми соли 2018 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилоят аз нав бақайд гирифта шуда, барои ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои маълумот ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ пешниҳод карда шуданд. Аз соли 2018 то шашмоҳаи аввали соли 2019 ёдгориҳои таърихиву фарҳанги аз тарафи соҳибкорон ва сармоягузорон таъмиру таҷдид карда нашудаанд.
Танҳо соли 2008 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баро таъмиру таҷдиди қалъаи Вомар 70 ҳазор сомони ҷудо гардидааст.
14.3. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
Ноҳияи Ишкошим
- Таъминоти муассисаҳои фарҳанг бо асбобҳои мусиқи ва асбобҳои тақвияти овоз
- Аз таъмири асоси баровардани мактаби санъати ноҳия.
Ноҳияи Роштқалъа
- Азнавсозии хонаи фарҳанги маркази ноҳия.
- Азнавсозии китобхонаи маркази ноҳия.
- Таъмини клуби қишлоқи Сежд бо курси.
Ноҳияи Рушон
- Ба интернет пайваст намудани китобхонаи маркази ноҳия.
- Таъмини боѓи фарҳанги маркази ноҳия бо таҷҳизот аз қабили чархофалак, майдончаи варзиши ва бозиҳои кудакона.
Ноҳияи Ванҷ
- Азнавсозии китобхонаи маркази ноҳия.
- Таъмин намудани мактаби санъати ноҳия бо бино.
- Азнавсозии хонаи фарҳанги деҳаи Ѓумасти ҷамоати деҳоти Рованд.
Ноҳияи Шуѓнон
1.Таъмин намудани муассисаҳои клуби бо асбобҳои мусиқи.
2. Нокифоя будани маблаѓҳо барои таъмири муассисаҳои фарҳанги.
3. Дар ҳолати садамави қарор доштани мактаби санъати № 2 ноҳия.
4.Таъсис додани театри халқи дар назди қасри фарҳанги маркази ноҳия.
Шаҳри Хоруѓ
- Нарасидани маблаѓ барои таъмири асосии китобхонаҳои шаҳр ва воситаҳои сухторхомушкуни.
- Сохтмони бино барои китобхонаи № 4 дар Хоруѓи – Боло.
- Ҷудо намудани маблаѓ барои таъмири ҳифзи ёдгориҳои таърихи
Ноҳияи Дарвоз
- Таъмин намудани хонаи фарҳанги Вишхарв бо курсиҳо
- Аз таъмир баровардани 3 хонаи фарҳанги, 2 адад клубҳои деҳоти, 1 адад китобхона.
- Таъмин намудани муассисаҳои фарҳангии ноҳия бо асбобҳои тақвияти овоз ва асбобҳои мусиқи
Ноҳияи Мурѓоб
- Нарасидани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия.
- Таъмин намудани клуби ҷамоати Мурѓоб бо курсиҳо.
- Таъмин намудани бахши фарҳанг бо нақлиёти хизмати.
- Мутамарказ гардондани маблаѓҳои бахши фарҳанги ноҳия.
Шуъбаи фарҳанги вилоят
- Ба раёсат табдил додани шуъбаи фарханги вилоят.
- Хариди асбобхои таквияти овоз барои шуъбаи фарханги вилоят.
- Квотахои Президенти барои донишкада, консерватория дар мувофиқа бо шуъбаи фарханги вилоят дода шаванд.
- Дар вилоят таъсис додани коллечи санъат
- Бо нақлиёт таъмин намудани шуъбаи фарҳанги вилоят ва театри вилояти
- Чудо намудани маблаг барои барномахои соҳави дар соли 2019
- Ба шабакаи интернет пайваст намудани китобхонаҳои шахру нохияхои вилоят
- Таъмини театри вилояти ва дастаи хунарии «Навои Бадахшон» ва «Эҳё» бо асбобхои мусиқи.
15. Маълумот оид ба таъмини аҳоли бо оби тоза, беҳдошт ва дастраси ба хизматрасониҳои коммунали:
15.1. Нишондиҳандаҳои таъмини аҳоли бо оби тоза (ҳиссаи дастрасии аҳоли ба оби ошомидани дар сатҳи ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишиндар муқоиса ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ва бо фоиз нисбат ба шумораи умумии аҳоли рафти пардохти ҳаққи истифодаи оби ошомидани ва бақияи карзи он);
Дар ВМКБ шумораи аҳоли 226,1 ҳазор нафар аҳоли мавҷуд буда, аз он 188,1 ҳазор нафар аҳоли бо оби ошомидани таъмин мебошад, ки ин 83,1 фоизи аҳолии вилоятро ташкил медиҳад. Дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳо ба хизматрасонии коммунали ҳамаги 6,9 фоизро ташкил медиҳад аз ҷумла, ноҳияи Дарвоз 1,7 фоиз, ноҳияи Ванҷ 1,5 фоиз, ноҳияи Рушон 3,4 фоиз, ноҳияи Шуѓнон 1,4 фоиз, ноҳияи Ишкошим 2,4 фоиз,ноҳияи Роштқалъа 5,1 фоиз, ноҳияи Мурѓоб 6,8 фоиз ва шаҳри Хоруѓ 33,8 фоизро ташкил медиҳад.
Намояндагии корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммунали дар вилоят ба маблаѓи 7478,4 ҳазор сомони хизмат расонид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2533,0 ҳазор сомони зиёд буда, 96,2 фоизи нақшаи истеҳсолиро ташкил дод. Ҳаҷми маблаѓгузори аз буҷа 112,8 фоиз иҷро гардида, маблаѓи 4470,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1112,5 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Дар вилоят ба ҳолати 1 октябри соли 2019 890 км хати обгузари оби нушоки мавҷуд буда, 188125 нафар аҳоли бо оби нушоки таъмин мебошанд, ки 83,2 фоизи аҳолии вилоятро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати кунуни 84,1 фоизи аҳолии шаҳри Хоруѓ, 82,5 фоизи аҳолии ноҳияи Дарвоз, 84,9 фоизи аҳолии ноҳияи Ванҷ, 85,3 фоизи аҳолии ноҳияи Рушон, 85,2 фоизи аҳолии ноҳияи Шуѓнон, 83,9 фоизи аҳолии ноҳияи Роштқалъа, 81,0 фоизи аҳолии ноҳияи Ишкошим ва 78,1 фоизи аҳолии ноҳияи Мурѓоб бо оби ошомидани таъмин мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар вилоятдар 64 деҳа(26787 нафар) ба оби нушоки дастраси надошта дар 97 деҳа (33487 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси доранд, аз ҷумла, дар ноҳияи Дарвоз дар 17 деҳа (6598 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси надоранд, ноҳияи Ванҷ дар шаш деҳа (2840 нафар) ба оби нушоки дастраси надоранд ва дар 12 деҳа (6230 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси надоранд, ноҳияи Рушон дар 16 деҳа (5489 нафар) ба оби нушоки дастраси надоранд ва дар 7 деҳа (3198 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси надоранд, ноҳияи Шуѓнон дар 2 деҳа (534 нафар) ба оби нушоки дастраси надоранд ва дар 29 деҳа (12590 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси надоранд,ноҳияи Роштқалъа дар 9 деҳа (1298 нафар) ба оби нушоки дастраси надоранд ва дар 28 деҳа (6755 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси надоранд, ноҳияи Ишкошим дар 22 деҳа (13553 нафар) ба оби нушоки дастраси надоранд ва дар 3 деҳа (1412 нафар) қисман ба оби нушоки дастраси надоранд, ноҳияи Мурѓоб 5 деҳа (395 нафар) ба оби нушоки дастраси надоранд ва дар шаҳри Хоруѓ 4 маҳаллаи аҳолинишин (2678 нафар) ба оби нушоки дастраси надошта, дар 4 маҳаллаи аҳолинишин (2533 нафар) қисмашон ба оби нушоки дастраси надоранд.
Дар 9 моҳисоли 2019 қарзи истифодаи оби нушоки дар вилоят маблаѓи 337,4сомониро ташкил медиҳад, ки ин асосан ба шаҳри Хоруѓ рост меояд.
Дар шаҳри Хоруѓ ҳолати вазнини молиявии корхонаи фаръии об ва канализатсияи шаҳр ба назар мерасад, ки қарзи кредитории корхона 4,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар назди Ширкати “Помир Энерҷи” 1 млн 950 ҳазор сомони, дар назди Бонги Аврупоии таҷдид ва рушд 1 млн 925 ҳазор сомони, андозҳо 506895 сомони, аз ҳисоби 8 фоизи шартнома бо КВД “ХМК”-и ҷумҳурияви 56707 сомони қарздор мебошад.
Қарзҳои дебитории КФОТ-и шаҳри Хоруѓ бошад, маблаѓи 886846 сомониро ташкил медиҳад, аз он ҷумла корхонаҳои буҷави 355433 сомони, корхонаҳои тиҷорати 81767, аҳоли 30152 ва имтиёздорон419494 сомониро ташкил медиҳад.
15.2. Корҳои анҷомдодашуда, ҷиҳати баланд бардоштани дастрасии аҳоли бо оби ошомидани, хусусан дар деҳоти дурдаст ва ҷалби сармояи ватани ва хориҷи, сохибкорони маҳалли;
Дар ноҳияи Ванҷ соли 2018 барои сохтмони хати обгузари маҳаллаи навбунёди Ваҳдат маблаѓи 216,0 ҳазор сомони ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии маркази ноҳия маблаѓи 294,2 ҳазор сомони аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, аз худ карда шуданд. Хати оби нушокии деҳаи Бовид ба маблаѓи 1000,0 ҳазор сомони бо маблаѓгузории хусуси ба истифода дода шуд.
Дар соли 2019 барои сохтмони хати обгузари маҳаллаи навбунёди Ваҳдат, маблаѓи 176,8 ҳазор сомони ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии маркази ноҳия ба маблаѓи 201,3 ҳазор сомони аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, аз худ карда шуданд.
Дар ноҳияи Рушон соли 2018 барои корҳои лоиҳакашии шабакаҳои обу канализатсия маблаѓи 65,4 ҳазор сомони аз тарафи КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Сохтмони хати оби нушокии деҳаи Ҷадуд (4253м) бо маблаѓгузории БҶИИМК-и Хазинаи Оѓохон ба маблаѓи 116,7 ҳазор сомони, сохтмони хати оби нушоки дар деҳаи Хуфи ҷамоати деҳоти Пастхуф (2815 м) бо маблаѓгузории ширкати Глобал Партнерс ба маблаѓи 190,8 ҳазор сомони корҳои сохтмони ба анҷом расида, хати обгузари мавзеи Ҷангали деҳаи Пастхуф ба маблаѓи 65,0 ҳазор сомони бо маблаѓгузории Сафорати Амрико сохта ба истифода дода шуд. Барои корҳои лоиҳакашии шабакаҳои обу канализатсияи маркази ноҳия маблаѓи 143,8 ҳазор сомони аз ҷониби КВД “ХМК” Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид.
Дар ноҳияи Роштқалъа дар соли 2018 сохтмони хати оби нушоки дар деаи Сорж (5075 м, барои 28 хоҷаги) ба маблаѓи 179,2 ҳазор сомони, хати оби нушоки дар деҳаи Шод-Кулев (4881 м) ба маблаѓи 69,5 ҳазор сомони, хати оби нушоки дар деҳаи Чандин (4820 м) ба маблаѓи 22,7 ҳазор сомони, гузаронидани хати оби нушоки барои кашари мазеи Диринаки деҳаи Зануҷ (4000 м) ба маблаѓи 29,5 ҳазор сомони бо маблаѓгузории БҶИИМК-и Хазинаи Оѓохон корҳои сохтмони ба анҷом расида, сохтмони оби нушоки дар деҳаи Шохиризми ҷамоати деҳоти Барвоз (3360м) ба маблаѓи 36,3 ҳазор сомони ба анҷом расид.
Дар ноҳияи Ишкошим соли 2018 барои барқароркунии системаи обтаъминкунии маркази ноҳия маблаѓи 66 ҳазор сомони аз ҷониби КВД “ХМК” Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардиданд, сохтмони хати оби нушоки дар деҳаи Удит барои 34 хоҷаги ба маблаѓи 110,9 ҳазор сомони бо маблаѓгузории БҶИИМК-и Хазинаи Оѓохон корҳои сохтмони анҷом ёфта, сохтмони хати оби нушокии деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг (1990 м) ба маблаѓи 25,7 ҳазор сомони бо маблаѓгузории Глобал Партнес сохта ба истифода дода шуданд. Соли 2019 барои барқароркунии системаи обтаъминкунии маркази ноҳия маблаѓи 153,2 аз ҷониби КВД “ХМК” Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардиданд,
Дар ноҳияи Мурѓоб соли 2018 сохтмони чоҳи амуди дар маркази ноҳия (чуқури 28 м. барои 32 хоҷаги) ба маблаѓи 7,4 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Аличур (чуқури 13 м. барои 60 хоҷаги) ба маблаѓи 2,2 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Мурѓоб (чуқури 9 м) ба маблаѓи 22,5 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Мурѓоб (чуқури 10м) ба маблаѓи 22,8 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Тохтамиш (чуқури 20 м.) ба маблаѓи 26,7 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Булункул (чуқури 7 м) ба маблаѓи 34,6 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Рангкул (чуқури 8 м) ба маблаѓи 23,2 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Куна-Курган (чуқури 14 м) ба маблаѓи 26,5 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Мурѓоб (чуқури 9 м) ба маблаѓи 23,8 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Булункул (чуѓури 5 м) ба маблаѓи 34,6 ҳазор сомони, сохтмони чоҳи амуди дар деҳаи Мурѓоб (чуқури 15 м) ба маблаѓи 26,6 ҳазор сомони бо маблаѓгузории БҶИИМК-и Хазинаи Оѓохон корҳои сохтмони ба итмом расонида шуда, сохтмони чоҳҳои амуди дар дигар деҳаҳои ноҳия то ҳол идома доранд.
Дар ноҳияи Шуѓнон соли 2018 сохтмони хати оби нушоки дар деҳаи Кушк барои 50 хоҷаги ба маблаѓи 69,0 ҳазор сомони, хати оби нушокии деҳаи Горҷвин (барои 166 хоҷаги 9500 м) ба маблаѓи 153,6 ҳазор сомони, хати оби нушокии деҳаи Нишусп, мавзеи Даштак (барои 38 хоҷаги, 8307 м) ба маблаѓи 189,6 ҳазор сомони бо маблаѓгузории БҶИИМК-и Хазинаи Оѓохон корҳои сохтмони ба итмом расида, сохтмони хати оби нушокии деҳаи Вер (1515 м) ба маблаѓи 28,8 ҳазор сомони бо маблаѓгузории Глобал Партнес сохта ба истифода дода шуд.
Дар шаҳри Хоруѓ соли 2018 барқароркунии ҳавзҳои обтаъминкуни ва ҳудуди онҳо ба маблаѓи 743,7 ҳазор сомони бо маблаѓгузории Бонки рушди Аврупо корҳои сохтмони ба анҷом расонида шуд. Соли ҷори барои беҳтар намудани таъминоти аҳоли ва идораю муассисаҳои марказии шаҳр бо маблаѓгузории ташкилоти байналмилалии Хазинаи Оѓохон оид ба макони зист дар ҳамкори бо ҳукумати Швейтсария сохтмони хати обгузар аз маҳаллаи Дашти болои шаҳри Хоруѓ то маркази шаҳр ба роҳ монда шуда, вазъи таъминоти аҳоли, идораю муассисаҳо ва кучаҳои маркази беҳтар гардид.
Инчунин дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои вилоят бо маблаѓгузории Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистони Хазинаи Оѓохон дар ҳамкори бо сокинон як қатор деҳаҳо бо оби ошомидани таъмин кара шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
15.3. Таъмини иҷрои Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (банди 32 паём);
Тибқи “Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нушоки барои солҳои 2008-2020” бо ҷалби ташкилотҳои мададрасон минбаъд низ идома дода шуда, дар соли ҷори корҳои сохтмони вобаста ба бунёди хати оби нушоки идома меёбанд.
15.4. Гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар маҳал ҷиҳати ҷалби сармоягузорон (банди 2 паём).
Гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор 2018-2028» дар маҳал ҷиҳати ҷалби сармоягузорон Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ иҷрои нақша чорабиниҳо оиди Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» , дар нимсолаи соли 2019 корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят оиди Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» шиору овезаҳо насб гардиданд. Оид ба масъала тариқи телевизиони Бадахшон 18 маротиба, 3 маротиба тавасути телевизиони шабакаи якуми Тоҷикистон, 4-маротиба бо воситаи телевизиони Сафина баромадҳо ва намоишҳо пешкаши тамошобинон гардидаанд. Тавасути радиои вилояти 14 маротиба ва радиои тоҷик 6 маротиба баромадҳо ба шунавандагон пешкаш карда шуд.(Оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Об барои рушди устувор, аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳру ноҳияҳо, оид захираҳои оби Бадахшон, оиди пирҷяхҳои Бадахшон ва ахмияти онхо, оиди Сарез-нозанини хуфта ва ѓр).
Дар ноҳияи Шуѓнон аз тарафи асссотсиатсияи оби «Умед» конфронс-озмун доир ба рузи умумиҷаҳонии об гузаронида шуд, ки дар он кормандони идораю муассисаҳо , раисони ҷамоатҳо ва хонандагони мактабхои ноҳия ширкат варзиданд. Озмун байни хонандагон дар се номинасия (шеъри беҳтарин, ҳикояи беҳтарин маводи беҳтарин) гузаронида шуд. Ѓолибони озмун аз тарафи ассотсиатсияи оби «Умед» қадридони карда шуданд. Инчунин доир ба рузи умумиҷаҳонии об дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и шаҳри Хоруѓ байни хонандагони синфҳои болои конфренсия доир гардид. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 низ конфренсия доир ба ин мавзуъ гузаронида шуд. Дар таърихи 11- марти соли 2019 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим дар муассисаи таҳсилоти умумии №21-и ноҳия бахшида ба рузи байналмилалии иди Навруз семинар машварат дар мавзуъи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида шуд.
Дар санаи 25-апрели соли 2019 аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурѓоб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 семинар дар мавзуи «Мурѓоб макони обҳои беназир» доир гардид.
Дар санаи 2-июли соли 2019 дар мавзуи «Ҳалли масъалаҳои проблемавии об дар Бадахшон» семинар баргузор гардид.
Дар байни толибилмони таҳсилоти умуми озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Об ҳастии ҳаёт» доир гардид. Ѓолибони озмун бо мукофотҳои пули қадрдони карда шудаанд.
15.5. Ҷори намудани низоми ҷамъоварии партовҳои сахти маиши дар шаҳру ноҳия, деҳот, ҳавасмандгардонии “Шуѓли сабз”, вусъатдиҳи ва дастгирии давлатии низоми соҳибкорони экологи ва бозори хизматрасониҳои экологи (Нақша – чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”);
Дар шаҳри Хоруѓ ва маркази ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои партовҳои маиши (полигон, свалка) мавҷуд буда, дар назорати доимии КВД “ХМК”-и шаҳру ноҳияҳо қарор доранд.
Ҳаҷми баровардани партовҳо 20,3 ҳазор метри куби ташкил дода, даромадноки бошад, маблаѓи 1262,5 ҳазор сомони ташкил медиҳад, ки ин 83,5 фоизи нақшаро дар бар мегирад, аз он ҷумла, дар шаҳри Хоруѓ 10,0 ҳазор метри куби, ноҳияи Дарвоз 1,6 ҳазор метри куби, ноҳияи Ванҷ 1,8 ҳазор метри куби, ноҳияи Рушон 2,6 ҳазор метри куби, ноҳияи Шуѓнон 0,2 ҳазор метри куби, ноҳияи Роштқалъа 0,8 ҳазор метри куби, ноҳияи Мурѓоб 2,1 ҳазор метри куби ва ноҳияи Ишкошим 1,5 ҳазор метри кубро ташкил медиҳад.
Ҳамаги дар ВМКБ дар нуҳ моҳи соли ҷори ба миқдори 11352 адад лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада ҷамъовари гардидаанд. Аз ин миқдор ба ҳолати ҳозира 10096 адад лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, аз ҷумла дар шаҳри Хоруѓ 7900 адад, ноҳияи Дарвоз 700 адад, ноҳияи Рушон 600 адад, ноҳияи Шуѓнон 646 адад, ноҳияи Роштқалъа 250 адад бо маблаѓгузории раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ (7557 сомони) барои безараргардони ба вилояти Суѓд интиқол дода шуданд. Боқимонда 1256 адад лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз 325 адад, ноҳияи Ванҷ 412 адад, ноҳияи Рушон 200 адад, ноҳияи Шуѓнон 39 адад, ноҳияи Роштқалъа 170 адад ноҳияи Ишкошим 60 ва ноҳияи Мурѓоб 50 адад дар нуқтаҳои қабул боқи мондаанд.
Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят айни ҳол ягон корхонаи безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада мавҷуд набуда, вобаста ба иҷрои супориши Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 17 феврали соли 2018 таҳти № 18128(22.4) ҷиҳати дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо ҷалби маблаѓҳои буҷети ва маблаѓҳои мақсадноки гранти ба истифода додани корхонаҳои хурди безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада, мактуби Раиси ВМКБ №1/118 аз 16 марти соли 2018 ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкори”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, аммо то ҳозирин вақт дастгири ва маблаѓгузори нагардидааст.
15.6. Корҳои анҷомдодашуда дар доираи барномаҳои соҳавии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлати (дар ҳамкори бо вазорату идораҳо) дар шаҳру ноҳия (дар асоси иҷрои ваколатҳои ММҲД ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист” моддаи 10).
Рафти иҷрои Қарори Раиси ВМКБ аз 21 майи соли 2012, №108 оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010 №321 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммунали дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2010 – 2025” дар назорати доими қарор дошта, бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати таъмин намудани аҳоли ва идораву муссисаҳо ислоҳоти хоҷагии манзилию коммунали дар вилоят таҳия шуда, ҳамчун ҳуҷҷати асоси афзалият ва самтҳои умумии соҳаро муайян намудааст. Барнома дар моҳи июни соли 2019 дар ҷаласаи васеи назди раиси ВМКБ мавриди барраси қарор дода шуд. Амалисозии Барномаи мазкур идома дорад.
15.7. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
-Нарасидани техникаҳои коммунали, фарсуда гардидани қубурҳои обгузар, таъмирталаб будани роҳҳои автомобилгард ва пиёдагард, вуҷуд надоштани хати ташноб дар марказҳои ноҳияҳо ва дар баъзе ҷойҳои шаҳр набудани қуттиҳои ахлотпарто.
-Ду купруки мошингард дар шаҳри Хоруѓ аз сабаби гузаштани мошинҳои боркаши ҳаҷман калони ѓайристандарти аз истифода баромада истодаанд.
-Дар ноҳияи Роштқалъа хати муттамаркази обтаъминкуни вуҷуд надошта, дар ноҳияи Мурѓоб бошад иншооти обтаъминкунии маркази ноҳия аз соли 1993 то ҳол аз сабаби набудани қувваи барқ кор накарда истодааст. Иншооти обтаъминкунии ноҳияи Ванҷ ба азнавсози ва таъмир ниёз дорад.
Пешниҳодҳо:
- Таҳияи лоиҳа оиди азнавсози ва сохтмони хати коррезии шаҳр ва марказҳои ноҳияҳо,
- Идоракунии партовҳои сахти маиши дар шаҳру ноҳияҳо,
– Азнавсози ва таъмири роҳҳои мошинагард, пиёдагард ва купрукҳои дар мувозинаи корхонаҳои соҳа мавҷудбуда,
– Сохтмони иншооти обтаъминкуни дар марказҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Мурѓоб.
16. Маълумот оид ба таъмини устувори экологи ва рушди устувор;
16.1.Корҳои анҷомдодашуда оид ба рафти корҳои соҳилмустаҳкамкуни, пешгирии фарсоиши (эрозияи) заминҳои кишоварзи ва ҷангалҳо (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 34);
Дар нуҳ моҳи сол корҳои соҳилмустаҳкамкуни бо истифода аз симтур дар маввзеъҳои хавфноки Пунишер ва Жаки ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз ба анҷом расонида шуд. Бо баланд шудани сатҳи оби дарё корҳои пешгири аз офати табии дар ноҳияи Рушон дар масофаи 1200 метр оѓоз ёфтанд.
Дар ноҳияи Шуѓнон бо иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкуни қувваи қобили меҳнат сафарбар шуда, то кунун дар мавзеъҳои ҷудогонаи он дар масоҳати 1755 м³ корҳои соҳилбанди ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияи Ишкошим, замини соҳили рудхонаҳои Гарчашма, Андароб дар масофаи 344 м² (22м), Шитхарв 122м² (22м), Ямчун 224м² (14м), Дриж Низгор 280м² (13м), Зугванд 306 м² (20м) аз шусташави эмин нигоҳ дошта шуданд.
Бо истифода аз техника дар масофаи 1 км 700 метр, бо маблаѓи 400 ҳазор сомони корҳо анҷом дода шуда, дар деҳаи Савири ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 260 метр дар арафаи анҷомёбист.
16.2. Корҳои анҷомдода барои пешгирии зарари офати табии ба оилаҳои дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда (ҚКҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати” Моддаи 8)
Вобаста ба масъала маълум менамоем, ки барои пешгири намудани зарари офати табии ба оилаҳои дар зери хатари экологи истиқоматкунанда аз тарафи масъулин корҳои фаҳмондадиҳи дар маҳалҳои ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, бо 59 хоҷагиҳое, ки дар соли 2018 тибқи нақша бояд ба ҷои бехатар кучонида мешуданд суҳбатҳо гузаронида, ба ҳар як хоҷаги маблаѓи муайян дода шуд. Инчунин дар ин муддат бо 53 хоҷаги, ки имсол бояд ба ҷои бехатар кучонида мешаванд, суҳбатҳо гузаронида шуданд. Бояд қайд намуд, ки ба 59 хоҷаги бо қарорҳои раисони ноҳияҳои вилоят барои сохтмони хонаи истиқомати қитъаи замин ҷудо гардиданд. Айни ҳол корҳо вобаста ба гирифтани хулосаи геологии мавзеи зери хатар қарордошта идома дорад.
16.3. Мавҷудият ва ба талаботи муқарраргардида ҷавобгу будани нуқтаҳои партовҳои маиши (полигон, свалка), ташкили супоридани лампаҳои симобдор ба нуқтаҳои коркард (Нақша – чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”);
Бо қарори раиси ноҳияи Дарвоз ба корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комунали» барои ҷамъовари, истифода, безараргардони, интиқол, нигоҳдошт ва гуронидани партовҳои истеҳсоли ва маиши 2.84 га замин ҷудо гардид. Аммо новобаста аз фароҳам оварда шудани шароити кор гирду атрофи партовҷой деворбанди карда нашудааст.
Ҷиҳати минбаъд ба низом даровардани ин ҳолат дар маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз нуқтаҳои партовҷамъкуни, алалхусус қад-қади пайроҳаҳо, даромадгоҳи маѓозаҳои тиҷорати қуттиҳо ҷойгир карда шуданд. Ҳар руз партовҳо аз дохили қуттиҳо тоза гардида дар ҷойҳои махсус безарар гардонида мешаванд. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комунали», барои ҷамъовари ва нигоҳдошти партовҳо бо корхонаю муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон шартномаҳои тарафайн баста, тибқи қонунҳои амалкунанда маблаѓи ҳаққи пардохт ҷамъовари карда мешавад.
Ноҳияи Ванҷ барои ба расмият даровардани партовҷойи махсус аз хулосаи экспертизаи давлатии экологи ва иҷозатнома, (литсензия) оиди фаъолият ба ҳуқуқи ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шудааст. Масоҳати партовҷой 2- га ташкил медиҳад. Аммо гирду атрофи он то ҳол мустаҳкам карда нашудаст. Дар маркази ноҳия 7-нуқтаи партовҷамъкуни мавҷуд аст, ки аз тарафи корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комунали» дар муҳлати муайян партовҳо ба партовгоҳ интиқол дода мешавад.. Барои беҳтар намудани вазъи экологии маркази ноҳия мебоист дар назди идораву муассисаҳо қуттиҳои партовҷамъкуни гузошта мешуданд.
Дар ноҳияи Рушон барои ба расмият даровардани партовҷойи махсус аз хулосаи экспертизаи давлатии экологи ва иҷозатнома, (литсензия) оиди фаъолият ба ҳуқуқи ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шудааст. Дар аксар кучаҳо то ҳол қуттиҳои махсус барои партов гузошта нашудаанд.
Бо қарори раиси ноҳияи Ишкошим ба корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммунали» дар майдони 1 га замин барои ҷамъовари, истифода, безараргардони, интиқол, нигоҳдошт ва гуронидани партовҳои истеҳсоли ва маиши замин ҷудо карда шудаст, ки дорои Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад. Хулосаи экспертизаи давлатии экологи ва иҷозатнома (литсензия) оиди фаъолият ба ҳуқуқи ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст. Дар кучаву хиёбонҳо 4-адад қуттиҳои ахлотҷамъкуни ҷойгир шуда, бештари партовҳои бозори маркази ҳолати кучаву роҳҳои пиёдагардро халалдор менамоянд.
Корхонаи фаръии «Хоҷагии манзилию комунали»-и ноҳияи Шуѓнон хулосаи экспертизаи давлатии экологи ва иҷозатнома (литсензия) оиди фаъолият ба ҳуқуқи ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намудаст. Аммо гирду атрофи он то ҳол мустаҳкам карда нашудаст.
Дар ноҳияи Роштқаъла бо қарори раиси ноҳия барои хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия дар мавзеи Анҷин қитъаи замин барои ҷобаҷокунии партовҷой ҷудо гардид. Қитаъи замин, ки майдони 1 га дар бар мегирад, тахту ҳамвор карда шуд. Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи экспертизаи давлатии экологи ва иҷозатнома оиди фаъолият ба ҳуқуқи ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳо гирифта шудааст. Барои ҷамъоварии партовҳо дар маркази ноҳия 8-қуттии махсус ҷойгир шуда, назди мактабҳо, касалхонаи минтиқави қуттиҳои махсуси партовҷамъкуни ташкил карда шуда, бобати сари вақт ҷамъовари намудани партовҳо назорат бурда мешавад.
Дар ноҳияи Мурѓоб бо қарори раиси ноҳия ба корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммунали» барои ҷамъовари, истифода, безараргардони, интиқол, нигоҳдошт ва гуронидани партовҳои истеҳсоли ва маиши 1.0 га замин дар Қизил-Арт, аз ҳисоби замини ѓайрикорами деҳаи Мурѓоби ноҳияи Мурѓоб ҷудо гардид. Аммо гирду атрофи партовҷой деворбанди карда нашудааст. Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия дар як ҳафта се маротиба партовҳои хонаҳои истиқомати тавассути нақлиёт ҷамъовари намуда, ба партовгоҳ бурда мерасонанд.
Тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъовари истифода, безараргардони, интиқол, нигоҳдошт ва гуронидани партовҳои маиши дар шаҳри Хоруѓ ба зиммаи корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммунали вогузор шудааст. Қад-қади роҳҳои пиёдагард қуттиҳои партовҷамъкуни васл шудаанд. Тозакунии шаҳр аз партовҳо нисбати солҳои пеш хубтар ба роҳ монда шудааст. Аммо набояд аз он сарфи назар намуд, агарчи дар аксар кучаву хиёбонҳо қуттиҳои махсус васл шуда бошанд ҳам, ѓарами партовҳо дар шаҳр хеле зиёд мебошад.
Дар ҳудуди вилоят 25-адад нуқтаҳои ҷамъоварии лампаҳои симобдор ташкил карда шудааст. Аз ин ҷумла дар ноҳияи Дарвоз 1-адад, ноҳияи Ванҷ 7- адад, ноҳияи Рушон 5-адад, ноҳияи Шуѓнон 1-адад, ноҳияи Роштқаъла 6-адад, ноҳияи Ишкошим 1-адад, ноҳияи Мурѓоб 1-адад, шаҳри Хоруѓ 3-адад нуқтаи ҷамъовари мавҷуд ҳастанд. Дар ин давра 8284 -адад лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада ҷамъовари ва дар нуқтаҳои қабули муассисаҳои хоҷагии коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин лампаҳои симобдори аз истифода баромада дар қуттиҳои коѓазин ҷамъ намуда, дар ҳуҷраҳои махсус барои ҷамъовари нигоҳ дошта мешаванд ва онро ба корхонаи Хоҷагии манзилию коммунали шаҳру ноҳияви месупоранд. Дар моҳи майи соли 2019 аз тарафи соҳибкори инфироди Раҳимов Аҳрор, ки дорандаи иҷозатномаи МПХ №0000119у14, аз 09.11.2017 ба миқдори 8284 адад лампаҳои симобдори корношоям ба шаҳри Душанбе барои безараргардони интиқол дода шудаанд.
16.4. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
1. Айни замон дар вилоят як иншооти обтозакунии канализатсионии шаҳри Хоруѓ мавҷуд аст. Иншоот дар солҳои 60-70 уми асри гузашта сохта шуда, то 70% фарсудаву корношоям гаштааст. Тавоноии он дар як шабонаруз 800м3 буда дар асли бошад дар як шабонаруз 5500-60000 оби ташноб дохил мешавад Бинобар ин иншоот ба таъмир ва аз навсози ниёз дорад, дар дигар ноҳияҳо иншооти обтозакунии канализатсиони вуҷуд надорад. Ҳоло он, ки ҳамаи ноҳияхо ба он ниёз дорад.
2. Гирду атрофи партовҷой бояд деворбанди карда шавад. Сузонидани партовҳо дар қуттиҳо манъ карда шудааст.
17. Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш:
17.1. Нишондиҳандаҳои соҳаи кор бо ҷавонон (шумораи умумии ҷавонон) ва дастгирии ҷавонони лаёқадманд ва баланд бардоштани неруи эҷодии онҳо;
Шумораи умумии ҷавонон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 19 ҳазору 849 наффар мебошад.
Бо ташабуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят 15 январи соли 2019 маросими ҷоизасупори барои варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурияви ва байналмилали иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, мулоқоти расмии Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов баргузор карда шуд. Дар чорарабини мазкур 154 нафар варзишгарону мураббиён қадрдони карда шуданд.
Дар давоми нуҳмоҳи соли равон барои сафарбар намудани варзишгарони вилоят ҷиҳати ширкат варзидан дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви 329342 сомони ҷудо гардидааст.
Дар ин мусобиқаҳои варзиши 763 нафар варзишгар, ки аз онҳо 185 нафарашон бонувон мебошанд, фаъолона иштирок намуданд.
Варзишгарони вилоят дар 37 адад мусобиқаҳо ҷумҳурияви ва 13 чемпионат иштирок намуда сазовори 187 медал гардиданд, аз инҳо 49 медали тилло, 55 медали нуқра ва 38 медали биринҷи ва дар 11 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда сазовори 128 медали нуқра гардиданд. 4 тилло, 10 нуқра, 14 биринҷи гардиданд.
Дар таътили зимистона дар толорҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзиши аз руи 15 намуди варзиш гузаронида шуда, ѓолибони мусобиқаҳои варзиши аз тарафи Раёсат ва камисарияти ҳарбии вилоят бо мукофоти пули ва ифтихорномаҳо қадридони карда шуданд.
Аз 23 то 24 феврал мусобиқаи варзиши аз намуди таэквондо (ВТФ) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 24 варзишгар иштирок карданд ва аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаи вилояти аз намуди баскетбол байни дастаҳои занона ба хотири рузи модарон аз 4 то 8 марти соли ҷори дар маҷмааи варзиши гузаронида шудаанд. Дар ин мусобиқа 4 даста иштирок намуданд ва аз тарафи Раёсат бо туҳфа, ифтихорнома ва медалҳо қадрдони карда шуданд.
Аз 9-10 марти соли ҷори мусобиқаҳои вилояти аз намудҳои гуштини самбо байни наврасони солҳои таваллуди 2003-2005 дар толори варзишии маҳалаи Тем ва таэквондо ВТФ байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 дар толори варзишии МТМУ №7 шаҳри Хоруѓ гузаронида шуданд, дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 78 нафар варзишгар иштирок намуданд, аз инҳо 15 бону мебошад. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Инчунин аз 15-17 март мусобиқаҳои вилояти аз намудҳои гуштини тарзи озод байни калонсолон дар толори мактаби Президенти, бокс дар толори бокси шаҳри Хоруѓ ва гуштини милли байни калонсолон дар толори варзишии маҳалаи Тем гузаронида шуданд. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Санаи 30-31 марти соли ҷори мусобиқаҳои вилояти аз намудҳои гуштини дзюдо байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 дар маҷмааи варзишии шаҳри хоруѓ ва варзиши сабук байни ҷавонони солҳои таваллуди 2000-2003 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруѓ гузаронида шуданд, дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 134 нафар варзишгар иштирок намуданд, аз инҳо 20 бону мебошад. Ѓолибони мусобиқаҳо аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва медалҳо қадридони шуданд.
Бо мақсади иҷрои мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои интихоби вилояти, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳилаи дуюм аз моҳи марти соли 2019 бо теъдоди 8 чорабинии варзиши аз он ҷумла чемпионат ва мусобиҳақои вилояти аз намудҳои Теквандо ВТФ, Самбо, Теквандо ВТФ (2003-2005), гуштини тарзи озод, гуштини милли, бокс, дзюдо 2005-2007 ва варзиши сабук байни синну соли 2000-2003 баргузор гардида дар ин чорабиниҳо 396 нафар варзишгар иштирок намуданд аз ин теъдод 47 нафарро бонувон ташкил медиҳад.
17.2. Рафти иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарби ва чораҳои андешида шуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон (махфи) (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 19)
Даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарби яке аз маракаҳои муҳими сиёси буда хушбахтона ҷавонони бо нангу номуси вилоят аввалин шуда худихтиёри ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд ва даъвати чавонписарон ба мухлати 7 руз пурра 108 фоиз иҷро гардид
17.3. Рафти бунёди иншоотҳои варзиши аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон (банди 51 паём);
Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша –чорабиниҳо таҳия гардида ба соҳибкорон аз тарафи раиси вилоят супориш дода шуд, ки то ин ҷашни бузурги сиёси бо ҳамкори бо ин табақаи ҷомеа ин масъала пурзур карда мешавад.
17.4. Нишондиҳандаҳои иншоотҳои соҳаи варзиш ва машқҳои пагоҳирузи.
Дар вилоят ҷамъи умумии иншоотҳои варзиши 380, як маҷмааи варзиши аз ҷумла 64 толори варзиши, 281 майдончаҳои одди варзиши 12 варзишгоҳ, 3-то қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон вуҷуд дорад. Дар вилоят 10 мактаби варзиши бо фарогирии 3641 нафар варзишгар, аз ҷумла 652 духтар дар 312 гуруҳ бо 214 мурабби фаъолият карда истодааст.
Дар давоми нуҳ моҳаи соли 2019 машқҳои пагоҳирузи 151 маротиба гузаронида шуда теъдоди фарогирифта 16819 нафар, 5063 нафар занон ва 6511 нафар мард ташкил медиханд.
17.5. Оммавигардонии варзиш, таблиѓи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касби (банди 51 паём);
Таъмини тарзи ҳаёти солими ҷавонон: Бо мақсади тарѓиби ташакулли тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва иҷрои нақшаҳои муштарак дар ин муддат 30 семинар тренингҳои омузиши бо ҷалби 148 вохурию мулоқотҳо бо фарогирии 21396 нафар, 7 семинар машваратҳои иттилооти бо ҷалби 725, 23 аксияю ҳамоишҳо бо ҷалби 4790, 9 конференсия, миззи мудаввар, 30 озмунҳо бо фарогирии 708 нафар гузаронида шуда, шумораи маводҳои иттилоотӣ дар ин давом 2907 ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масъунияти одам 357 нафар буда аз ин шумора 40 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад.
4. Таҳсилоти муносиб барои ҷавонон: Вобаста ба масъалаи мазкур 13 чорабиниҳо бо фарогирии 1520 нафар, 4 курс бо ҷалби 80 нафар, 5 озмун бо фарогирии 200 нафар гузаронида шуд
17.6. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
1.Мушкилоти дигар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ин маблаѓгузори нагардидани барномаҳои маҳаллии ҷавонон аз ҳисоби буҷетҳои маҳалли мебошад, ки ин мушкилот дар амалигардонии ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон ва фарогирии ҷавонон ба машѓулиятҳо таъсири манфи расонида истодааст.
2.Мушкилоти дигар имруз миёни ҷавонон ин бекори мебошад, ки ин теъдоди зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонони бекор ба амал омадаанд, ки боиси нигарони мебошад.
3.Маблаѓгузори нагардидани барномаҳои соҳави дар сатҳи маҳал
4. Кормандон аз баски бештарашон кадрҳои ҷавон ҳастанд ба курси такмили ихтисос ниёз доранд
5.Утоқҳои Раёсат гарчанде таъмир гардидаанд ҳам айни замон ба мизу курси ва принтер ниёз доранд.
6. Ҷиҳати инкишофи базаи модди техники бунёди варзишгоҳҳо майдончаҳои варзиши,толорҳои варзиши, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби соҳибкорон ва дигар манбаҳо
7. Ташкил ва баргузории лагерҳои варзиши ва солимгардони дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо вилоят
8.Вобаст намудани варзишгарони беҳтарини вилоят тибқи Қарори Раиси вилоят ба идораву муассисаҳои давлативу ѓайридавлати
9.Барои сарфа кардани буҷети вилоят ҷиҳати сафарбарнамудани варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви мошини хизмати агар харидори шавад як маротиба нисбати нархи тременалҳо арзон карда шуда варзишгарон дар дигар мусобиқаҳо низ ширкат хоҳанд варзид.
18. Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳи:
18.1. Рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (банди 34 паём);
Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар заминаи қарори Раиси вилоят аз 8 апрели соли ҷори нақшаи кории шуъбаи рушди сайёҳи ба тасвиб расид. Тибқи нақшаи кории шуъбаи рушди сайёҳи дар 6 моҳи соли 2019 як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Дар доираи чорабиниҳои “Соли рушди деҳот сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” эълон гардидани солҳои 2019 -2021 якҷо бо сохторҳои дахлдори самти сайёҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва бо иштироки бахшҳои рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд муаррифи намудани имкониятҳои риштаи сайёҳи дар минтақаи Бадахшон ҳамоиши расми таҳти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон : 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” дар моҳи январи соли 2019 баргузор гардид.
Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ВМКБ ва ҳамзамон муаррифи намудани минтақаҳои сайёҳии вилоят насби рекламаи минтақаҳои сайёҳи ва ишораҳои сарироҳи, аз ҷумла насби харитаи нави сайёҳи ва таъмини маводи иттилоотии сайёҳи бо се забон, дар ҳамкори бо АСЭФП ва дигар субеъктони хизматрасони сайёҳи дар истгоҳҳои нақлиёти ва даромадгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо рафта истодаанд. Аз тарафи кормандони шуъбаи рушди сайёҳи вилоят бо дастуру супориши сарпарасти соҳаи сайёҳи муовини раиси вилоят сарпарасти соҳа харитаи нави сайёҳи таҳия карда мешавад. Дар баробари ин дар қад-қади роҳҳои маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят шиору овезаҳо вобаста ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” насб карда шуда, тавассути васоити ахбори омма, сомонаҳои расми ва шабакаҳои иҷтимои муҳимияти рушди соҳаи сайёҳи тарѓибу ташвиқ карда мешаванд.
18.2. Корҳои анҷомдода ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳи, зиёд намудани таъдоди ширкатҳои сайёҳи ва шумораи сайёҳон (ҚҲҶТ “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019 с., №39, банди 18);
Ба ҳолати имруза дар ҳудуди вилоят 34 нафар субъектони хизматрасонии сайёҳи (ширкатҳои сайёҳи) бо иҷозатномаи махсуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт фаъолият карда истодаанд. Ҳамзамон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баҳри беҳтар намудани инфросохтори соҳаи туризм аз сектори хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, айни замон дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 10 адад, ноҳияи Дарвоз 2 адад, ноҳияи Ванҷ 1 адад, ноҳияи Рушон 3 адад, ноҳияи Шуғнон 3 адад, ноҳияи Ишкошим 1 адад, ноҳияи Мурғоб 111 адад меҳмонхона барои қабули сайёҳони дохилию хориҷи омода мебошанд, ки аксарияти аз ин меҳмонхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд.
Дар ҳудуди вилоят 4-осоишгоҳ Гарм-Чашма, Авҷ, Биби Фотимаи Зуҳро ва Ҷелондеҳ арзи вуҷуд доранд, ки ба ҳолати ҳозира ба 3 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Ҳамзамон дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияхои вилоят баҳри беҳтар намудани инфросохторисоҳаи туризм ва сектори хусуси чораҳои амали андешида шуда, айни замон дар шаҳри Хоруѓ зиёда аз 10 адад,ноҳияи Ванҷ 2 адад,ноҳияи Рушон 3 адад,ноҳияи Шуѓнон 14 адад меҳмонхона барои абули сайёҳони дохилию хориҷи омода мебошанд, ки аксарияти аз ин меҳмонхонаҳо фаъолияти мавсими доранд.
Вобаста ба эълон гардидани соли 2019 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шумораи сайёҳони хориҷӣ афзоиш ёфта, мутобиқи ҳисоботи омори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар ВМКБ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 7813 нафар сайёҳони хориҷи ба қайд гирифта шуда, ворид гардиданд.
18.3. Ташкили ба роҳ мондани муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳи, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳанги, фароҳам овардани шароит барои рушди сайёҳии экологи, табобати, варзишию шикор.
Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ҳамзамон муаррифи намудани минтақаҳои сайёҳии вилоят насби рекламаи минтақаҳои сайёҳи ва ишораҳои сарироҳи, аз ҷумла насби харитаҳои сайёҳи ва таъмини маводи иттилоотии сайёҳи бо се забон дар ҳамкори бо Ассотсиатсияи сайёҳии экологии фарҳангии Помир ва дигар субъектони хизматрасонии сайёҳи дар даромадгоҳҳои шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳо корҳо рафта истода аз тарафи шуъбаи рушди сайёҳии вилоят харитаи сайёҳии вилоят таҳия карда мешавад. Дар баробари ин қад-қади роҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят шиору овезаҳо вобаста ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” насб карда шуда, тавассути васоити ахбори омма, сомонаҳои расми ва шабакаҳои иҷтимои муҳимияти рушди сайёҳи, тарѓибу ташвиқ карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар партави сиёсати созанда ва “дарҳои кушод”-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон гушаи сайёҳии ВМКБ-ро намояндаи соҳаи сайёҳии вилоят Ассотсиатсияи Эко – Фарҳангии Помир дар намоишгоҳи бузурги байналмилалии сайёҳи, ки аз 6 то 10 марти соли 2019 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон (ITB Berlin-2019) баргузор гардид муаррифи намуданд. Куҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба руйхати “100 самти беҳтарин пешоҳангони глобали дар ҳифзи фарҳанги милли, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳи дар соли 2019” шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардид.
Ҳамчунин дар таърихи 15 марти соли 2019 Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони “ИДМ иқтисоди рақами платформаи ҳамгирои” баргузор гардид, ки дар он мавзуи “Иқтисоди рақами дар сайёҳи: ИДМ +Ҷаҳон” мавриди барраси қарор дода шуд. Роҳбари АСЭФП дар ин чорабинии муҳими сайёҳи иштирок намуд.
Бахшида ба солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ш. Брусел чорабини баргузор гардид. Бо даъвати расмии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брусел намояндагони АСЭФП даъват шуданд ва имкониятҳои сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро муаррифи намудан. Ахборот оиди ин имкониятҳо дар “Travelling News from and to tourism lovers” #119 June” чоп гардид, ки ин маҷала зиёда аз 7 млн хонанда дорад.
Иштироки намояндагонм АСЭФП дар форуми намояндагони соҳаи сайёҳӣ дар ш. Тошкент. Ин чорабини дар таърихи 11 апрели соли 2019 баргузор гардид, дар ин чорабинии муҳим намояндагони АСЭФП имкониятҳои шоистаи сайёҳии вилоятро муаррифи намуданд.
Дар ин чорабини бо 42 ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон, Кирғизистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Омузиши соҳави барои мутахасисони соҳаи сайёҳӣ дар робита бо дигар сохторҳои дахлидори соҳаи сайёҳӣ дар мавзӯъи Менеҷмент, Маркетиг ва Иртиботот барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ. Ин омузиш аз тарафи Донигоҳи Осиё Маркази (ДОМ) аз саънаи 14 то 23 апрели соли 2019 гузаронида шуд. Дар ин омузиши мазкур 20 нафар кормандони соҳаи сайёҳи дар ҳамкори бо дигар намояндагони ин соҳа иштирок карданд. Кормандони шуъбаи рушди сайёҳӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи Шаҳри Хоруғ дорои шаҳодатномаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гардиданд.
Вобаста ба муаррифӣ ва таблиғ намудани имкониятҳои шоистаи сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намояндагони портали иттилоотии маҷалаи таърихиву фарҳангии “Наша история”и – Ҷумҳурии Белорус барои таҳияи маҷалла ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Тибқи барномаи таҳиягардида ташрифи хабарнигорони портали “Нақша история” рӯзҳои 7-8 июни соли 2019 амали гардид. Намояндагони портали иттилооти маҷалаи таърихиву фарҳангии “Наша история”-и Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати нашри мақолаҳо оиди имкониятҳои соҳаи сайёҳии вилоят аз мавзеъҳои таърихӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, этнографӣ, табобатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои милли аз наздик шинос шуданд.
Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии вилоят санаи 29.05.19 вохӯрии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ бо муаллимон ва донишҷӯёни кафедраи биоэкология ва туризм бо мақсади ҳамкории мутақобиланд судманд дар самти соҳаи сайёҳӣ баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи сайёҳӣ доир гардид.
Муаллимаи кафедраи биоэкология ва туризм Назарбекова Рамзия барои донишҷӯён презинтасияро дар мавзӯъи сайёҳии кӯҳгарди дар шароити кӯҳӣ ба тарзи электрони гузаронд. Аз тарафи намояндаи шуъбаи рушди сайёҳӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳӣ оиди имкониятҳои шоистаи соҳаи сайёҳии вилоят ва моҳияти эълон намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” суханрони намуд.
Инчунини дигар бо мақсади фароҳам овардани ҳамаи имкониятҳо дар соҳаи сайёҳи ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдоша дар ин самт, ки рушди минбаъдаи соҳа аз онҳо вобастаги дорад санаи 07.06.19 конфронси илмӣ амалӣ бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Мушкилотҳо ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” дар меҳмонхонаи Серена баргузор гардид.
Барои ҷалби диққати бештари сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 24 июни соли 2019 гурӯҳи хабарнигорони идораи радио ва телевизиони “Мир” бо барномаи “Риштаи ҷаҳон” ба вилоят ташриф оварданд ва бо маъсулини шуъбаи рушди сайёҳии вилоят ҷойҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳии вилоятро ба навор гирифтанд.
Барои рушди босуботи ин соҳа аз ҳама муҳим волоияти қонун ва таъмини амнияти бехатарии сайёҳон ба ҳисоб рафта вобаста ба ин санаи 28 июни соли 2019 дар Ассотсиатсияи Сайёҳӣ Экологии Фарҳангии Помир семинар омузиш дар мавзӯъи “Бехатарии сайёҳон аз офатҳои табии” бо иштироки намояндаи барномаи инкишофи Созмони Милали Муттахид баргузор гардид.
Таълилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷи ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст.
Таъсиси сомонаҳои интернети ва маъмури хизматрасонии сайёҳи дар вилояту шаҳру ноҳияҳо.
Шуъбаи рушди сайёҳии МИМҲД -и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо бахшҳои рушди сайёҳии ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб корҳоро ҷоннок намуд. Айни ҳол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати кушодани сомонаи интернетӣ тадбирҳо андешида шуда, бо қарори раиси ноҳия аз 13 марти соли 2018, №138 сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (darvoz.tj) фаъолият мекунад, ки дар он мавзеъҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву истироҳатгоҳои соҳибкорон ва ҷойҳои таърихӣ ноҳия нишон дода шудааст, дар он мавзеъҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву истироҳатгоҳои соҳибкорон ва ҷойҳои таърихӣ ноҳия нишон дода шудааст.
Дар ноҳияи Ванҷ вобаста ба иҷрои бандҳои мазкури Нақша чорабиниҳо оид ба таъсиси сомонаҳои интернетии сайёҳии ноҳия ва омода намудани роликҳои таблиғотӣ аз мавзеҳои сайёҳӣ сомонаи (www.Vanj.ok) кушода шуда, дар ҳамкорӣ бо Парки миллӣ манзараҳои пиряхҳои Федченко, Хирсон, Кашолаях, чашмаи Шоҳмастон, дараи Дуобгӣ ва дараи Зинг ба навор гирифта шуда, дар шабакаи иҷтимоӣ ҷой дода шуданд.
Таҳияи маводи итилоотӣ сайёҳӣ ноҳияи Мурғоб вобаста ба минтақаҳои сайёҳӣ рукъа, харита, наворҳои видеои, диск ёддошт, буклет, ва раҳнамо барои сайёҳон ва дигар маводи тарғиботи бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ ва дар даромадгоҳи ноҳия харитаи сайёҳӣ насб гардид. Харитаи сайёҳи ҳамаи ҷойҳои таърихию фарҳангии ноҳия нишон дода шудааст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавассути телевизиони Бадахшон барномаҳои гуногунмазмун таҳти унвони “Волотар аз кӯҳ фақат кӯҳ метавонад”, “Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ишкошим”, “Сайри таърих”, “Дарвоз розҳояшро мекушояд”, “Муҳофизони роҳи абрешим”, “Сайру гашт аз Яшикул то Бачор”, “Вахон интизори сайёҳон”, “Обҳои шифобахши Помир” ва дигарон намоиш ва ба нашр расиданд.
Бинобар сабаби то кунун пайваст набудани шуъбаи рушди сайёҳии вилоят ва бахшҳои ноҳияҳои зикргардида ба шабакаи ягонаи Интернет, таъсиси маҳзани маркази ягонаи иттилоотии сайёҳӣ бо мақсади ҷамоварии ҳама гуна маълумотҳои зарурӣ вобаста ба соҳаи мазкур ва дар ин замина корҳо рафта истодаанд.
19. Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендери:
19.1. Корҳои анҷомдода ҷиҳати таъин кардани занон ба мансабҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи сохторҳоиМИМҲД, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла дар бонкҳо(банди 49 паём);
Теъдоди ҳайати хизматчиёни давлати дар вилоят 749 нафар мебошанд, ки аз онҳо 53 ҷойи холи 696 нафар фаъолият мекунанд,213 нафарашон ё 31 % занон ташкил медиҳанд.Дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизматчиёни давлати 270 нафар кор мекунанд,ки аз онҳо 62(25%) нафаро занон ташкил медиҳандАйни ҳол дар вилоят аз ҳисоби занон як нафар муовинони раиси вилоят, 7 нафар муовинони шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳо,6 нафар мудирони шуъбаҳо ва 5 нафар занон мудирони бахшҳо,4 мудири шуъбаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати 15 нафар мудири бахши мақомот буда 11 нафар зан ё худ 18%вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 53 нафар занон вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия 207 нафар занон вакилони маҷлисҳои ҷамоат мебошанд
Ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз 4 нафар, Ванҷ 9 нафар, Роштқалъа 8 нафар Ишкошим 7 нафар, Мурѓоб 8 нафар, Рушон 8 нафар, Шуѓнон 9 нафар ва шаҳри Хоруѓ 7 нафар шомиланд. Дар бахши “Зан ва Иқтисод” иштироки бевоситаи занон дар баланд бардоштани соҳои иқтисодиёти вилоят афзуда истода, занону ҷавондухтарон баҳри пешбурди рузгори хеш корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Шумораи заноне,ки дар соҳаи иқтисоду молия кору фаъолият доранд, 297 нафарро ташкил медиҳанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки имруз дар ҳамаи бонкҳои вилоят занон дар баробари мардон кору фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои бонкии вилоят ба ҳолати имруза 595 нафар корманд кору фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 173 нафар ё ин 29,7% -ро бонувон ташкил медиҳанд.
Инчунини дигар дар соли 2019 9 нафар занон ва бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби гранти Президенти гардида, корхонаҳои хурду миёнаро ба кор даровард, ва теъдоди зиёди ҷавондухтарон ва занон ба ҷои кори доими таъмин шуданд.
19.2. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
-Маблаѓгузори нашудани Барномаҳои соҳави аз ҷониби мақомотҳои маҳалли
-дастгирии занони соҳибкор
20. Маълумот оид ба ҳолати кор дар самти иттиҳодияҳои дини:
20.1. Маълумот оид ба ташкилотҳои динии дар шаҳраку деҳот фаъолиятдошта;
20.2. Фаъолияти иттиҳодияҳои дини дар самти дастгирии қишрҳои осебпазири аҳоли (Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018 с., №12 банди 19);
Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба мақсади иҷрои банди 19 нусха аз Протоколи маҷлиси Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2018, №12 то ахбороти ҳозира корҳои муайанеро ба сомон расонид. Дар ин самт қаблан руихати шахсони яккаву танҳо, маъюбон, барҷомонда, ятимон,оилаҳои камбизоат дар шаҳри Хоруг ва ноҳияҳои вилоят тартиб дода шуда, дар арафаи идҳои милли ва суннати ба онҳо кумакҳои хайрияви расонида мешуд. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли 2019 дар арафаи иди байналмиллалии Навруз ба маблаѓи 228783 сомони, Иди Фитр ба маблаѓи 548285 сомони ва ҷамъ 777068 сомони кумакҳои хайрияви расонида шудааст, ки аз он ба маблағи 54470 сомони аз тарафи иттиҳодияҳои дини кумак расонида шуд.
Тибқи супориши протоколии мазкур дар ин самт лозим аст чораҳои иловаги андешида шуда, ҷиҳати ба таври мутамарказ ва муташаккилона ҷамъовари намудани маблағхои хайрия ва тибқи руихат мақсаднок барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти табақаи эҳтиёҷманду осебпазир истифода намудани маблағҳои ҷамоваришуда тадбирҳои зарури роҳандози карда шаванд. Ба ин мақсад ба масъулини соҳа ва мутасадиён тавсия дода шуд, ки руихати амиқ ва шаффофи ин табақаи аҳоли бори дигар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тартиб дода шуда, барои мақсаднок муташаккилона ҷамъоварии маблағҳои хайрия чораҳои зарури андешида шавад.
Ҷиҳати иҷрои сархати 7-и банди 19 протоколи мазкур чихати ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкори дар байни аҳоли, аз ҷумла ходимони дини мулоқоту суҳбатҳо доир карда шуда натиҷаҳои нахустинро дода истодаанд. Аз ҷумла, ба ин мақсад доир ба муташаккилона амали намудани ташаббусҳои бунёдкорона бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иттиҳодияҳои динии ноҳияи Ванҷ ба маблағи 35 ҳазор сомони маҷмааи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Бо ташаббуси халифаи маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Қосимшоев Х.М. дар маҳаллаи мазкур хонаи фарҳанги- маърифати ва дар назди он майдончаи варзиши бо таҷҳизоти лозими сохта ба истифода дода шуд.
20.3. Мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод барои ҳалли он.
– Шароити кории аксарияти кормандони бахши дин ва сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҷиҳати мавҷуд набудани утоқи алоҳидаи кори, нақлиёт, дастгоҳи суратгири ва банаворгири номусоид аст.
– Дар хостагири ва ҷобаҷокунии кадрҳои соҳа ҷиҳати нарасидани кадрҳои соҳибихтисос мушкилот вуҷуд дорад. Кадрҳо тез тез иваз шуда ба самаранокии кор монеъа эҷод мешавад.
–Ҷиҳати иттиҳод ва таҳкими ваҳдати милли, шароити хуб муҳайё кардан барои меҳмонон, тоҷирон, сохтмончиён ва дигар шаҳрвандон хуб мешуд агар дар шаҳри Хоруғ барои пайравони мазҳаби ҳанафии суннат ва ҷамоат ибодатгоҳ ё масҷиди панҷвақта муваққатан иҷозат дода мешуд.
21. Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулаки:
21.1. Ҳолати маблаѓузори ба бахшҳои хусусии соҳаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳо (банди 8 паём).
Ҳаҷми хизматрасонии пулаки дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 маблаѓи 70776,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2018 7,1 фоиз, ё ин ки 4689,5 ҳазор сомони зиёд гардидааст. Дар ин муддат дар шаҳри Хоруѓ ҳаҷми хизматрасонии пулаки нисбати соли 2018 ба андозаи 107,9 фоиз, ноҳияи Дарвоз 147,6 фоиз, ноҳияи Рушон 116,7 ва ноҳияи Мурѓоб 104,1 фоиз таъмин гардид. Дигар ноҳияҳо бошанд хизматрасониро нисбати ҳамин давраи соли 2018 кам намудаанд. Аз ҷумла ноҳияи Ванҷ 95,7 фоиз, ноҳияи Шуѓнон 97,6 фоиз, ноҳияи Роштқалъа 95,1 фоиз ва ноҳияи Ишкошим 98,2 фоиз иҷро намудаанд.
21.2. Корҳои анҷомдода барои баланд бардоштани дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба хизматрасонии пулаки, хусусан дар маҳалҳои дурдаст (банди 3 паём);
Ҷиҳати амали намудани банди мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилоят аз 8 июни соли 2018, №173 ба тавсиб расида, дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳои вилоят бунёд ва барқарор намудани майдончаҳои варзиши, меҳмонхона, ҳаммом, сартарошхона, ҳоҷатхона, кошонаи ҳусн, китобхона, марказҳои савдо, муассисаҳои томактаби ва таҳсилоти умуми, сохтмони роҳу пулҳои мошингузар ва дигар иншоотҳои аҳамияти иҷтимоию иқтисодидошта идома ёфта, марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешаванд.
21.3. Мушкилиҳои ҷойдошта вобаста ба соҳа ва пешниҳод барои ҳалли онҳо (банди 8 паём).
Таҷриба нишон медиҳад, ки новобаста аз рушди босуръати солҳои охир, дар соҳаи хизматрасонии пулаки дар вилоят мушкилиҳо ҷой дошта ба беҳтар намудани сифат ва фарогирии хизматрасонии пулаки монеа шудаанд:
– ба талаботҳои замони муосир ҷавобгуй набудани инфрасохтори мавҷуда ;
– сари вақт нагузаштани ҳайати хизматрасон аз курсҳои бозомузи ва тайёри;
-сифати пасти хизматрасониҳо дар намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳо;
– Заминаи сусти моддию техникии корхонаҳо ва муассисаҳои хизматрасонии пулаки ба аҳоли;
– Надоштани фаъолияти инноватсиони ва маркетинги бозор дар соҳаи хизматрасонии пулаки.
22. Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткори ва коррупсия:
22.1. Ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар алоҳидагӣ бо намуди онҳо, аз ҷумла ошкоршавии онҳо.
Таҳлили маълумотҳои умуми оид ба вазъи ҷинояткории Маркази иттилоотӣ – таҳлилии Раёсати Вазорати корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳмоҳи соли 2019 нишон медиҳад, ки дар ин давомият аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар вилоят мустақарбуда дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 528 (2018- 504) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4,7% фоиз зиёд шудааст, ё худ 24 адад ҷиноят зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин ҷумла, аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 45 (2018-43) ҷиноят, прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ 28 (2018-39), Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ 154 (2018-161), Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 4 (2018-12) ба қайд гирифта шудааст.
Ҷиноятҳои аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти прокуратураи вилоят ба қайд гирифташуда 297 адад ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2018-249) 19,2 фоиз афзоиш ёфтааст, ё худ 48 адад ҷиноят зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо дар ҳамаи самтҳо 85,79 %-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,57 % (2018-81,22 %) зиёд мебошад.
Аз 528 (2018-504) ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда ба шаҳри Хоруғ 177 адад (2018-150), ноҳияи Ванҷ 60 адад (2018-57), ноҳияи Ишкошим 63 адад (2018-54), ноҳияи Дарвоз 43 адад (2018-58), ноҳияи Мурғоб 50 адад (2018-47), ноҳияи Рушон 46 адад (2018-50), ноҳияи Шуғнон 52 адад (2018-42) ва ноҳияи Роштқалъа 37 адад (2018-46) рост меояд.
Нишондодҳои боло зикргардида нишон медиҳанд, ки содиршавии ҷиноятҳо дар ноҳияҳои Рушон- 4, Роштқалъа- 9 ва ноҳияҳои Дарвоз – 15 адади кам гардида, дар шаҳри Хоруғ -27, дар Ишкошим- 9, Ванҷ-3, Шуѓнон – 10 ва Муроб-3 адади зиёд гардидааст.
Аз ҷиноятҳои вазнини бақайдгирифташуда 17 (2018-7) адад ба шаҳри Хоруғ, 2 (2018-2) адад ба ноҳияи Ванҷ, 5 (2018-7) адад ба ноҳияи Ишкошим, 6 (2018-5) адад ба ноҳияи Дарвоз, 9 (2018-1) адад ба ноҳияи Мурѓоб, 2 (2018-1) адад ба ноҳияи Рушон ва 7 (2018-6) адад ба ноҳияи Шуғнон, 5 (2018-4) адад ба Роштқалъа рост омада, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуѓнону Мурѓоб вилоят тамоюли зиёдшави дорад.
Дар ин давомият аз ҷониби ноболиғон 2 (2018-3) ҷиноят бо иштироки 6 нафар ба қайд гирифта шуд. Аз ҷиноятҳои содиргардида 1 адади ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим рост меоянд.
Инчунин дар ин давра аз ҷониби шахсони пеш судшуда ё худ ҷиноят содиркарда 34 адад (2018-10), гурӯҳи шахсон-33 (2018-30) адад, дар ҳолати масти 6 (2018-5) адад, дар ҷойҳои ҷамъияти 23 (2018-19) адад ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ҳудуди вилоят аз 132 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷу қарордошта 30 нафар дастгир гардида, 102 нафари дигар дар ҷустуҷу боқи мондааст.Ҷустуҷуи ҷинояткорон дар вилоят бо муомилот 22,7 фоиз ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 (2018-21,8 %) фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботи 22 нафар шахсони беному нишон гумшуда дар кофтуков қарор дошта, нисбати10 нафар кофтуков қатъ карда шуда, 12 нафари дигар дар кофтуков боқи мондааст.
22.2. Шумораи холатҳои худкушӣ (суитсид), аз ҷумла аз ҳисоби занон ва ҷавонон ва корҳои анҷомдодашуда бо мақсади пешгирии ин намуди ҷинояҳо.
Дар нуҳмоҳаи соли 2019 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят 16 (2018 – 9) ҳодисаи худкушӣ ва 5 ҳодисаи суикасд ба чони худ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 4 (2) ҳодиса дар шаҳри Хоруғ, 0 (5) ҳодиса дар ноҳияи Шуғнон, 2(1) ҳодиса дар ноҳияи Роштқалъа, 5(0)ҳодиса дар ноҳияи Ишкошим, 3 (1) ҳодиса дар ноҳияи Рушон, 1 (0) ҳодиса дар ноҳияи Дарвоз ва 1 (0) ҳодиса дар ноҳияи Ванҷ руй додааст. Холатҳои худкушӣ аз аз руи сину сол -2 нафар ноболиѓ, 4 нафар синни 18-25, 7 нафар синни 25-40, 7 нафар синни 40-60 мебошанд. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст,ки чунин ҳодисаҳои худкуши аз ҷониби ҷинси мард 12 нафар ва ҷинси зан 4 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
22.3. Шумораи ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир карда шудааст.
Аз тарафи ҷавонони аз синни 18 то 30 сола 41 (2018-46) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
22.5. Корҳои анҷомдодашуда вобаста ба пешгирии сар задани ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳо.
Омузиши вазъи ҷинояткори нишон медиҳад, ки бинобар беҳтар гардидани кори пешгири, ошкор ва тафтишу таҳқиқи ҷиноятҳо, баъзе намуди ҷиноятҳо, аз ҷумла терроризм, бандитизм, роҳзани, ғоратгари, одамрабои, таҷовуз ба номус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо дар давраи таҳлилӣ пурзӯр намуда, 428 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шудаанд, ки аз ин дар воситаҳои ахбори омма 40 маротибаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 153 маротиба дар байни коллективҳои меҳнатӣ, хонандагону донишҷӯён ва бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва тавассути воситаҳои ахбори омма суҳбату вохӯриҳои гузаронида шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқи ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 № 383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқи дар Ҷумҳ ури» ва аз 29 апрели соли 2009 № 253 «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳ уқуқии шаҳ рвандон Ҷумҳ урии Тоҷикистон барои солҳ ои 2009-2019» кормандони Раёсати адлияи вилоят ва сохторхои он дар ҳамоҳангсози бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратураи вилоят корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Дар ин давомият3-маротиба ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони дар назди раиси ВМКБ гузаронида, баргузории онҳо телевизиони ҷумҳурияви ва маҳалли пахш гардидаанд. Дар Ҷалассаи баргузоршуда, қарорҳ ои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби аъзоёни Шуъро ва дигар мақомотҳ ои марбута ба иҷро расонида шудаанд
Ба мақсади иҷрои қарорҳои дар боло зикргардидаи Ҳукумати Ҷумҳ урии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Бадахшон» рубрикаи «Маслиҳати ҳуқуқӣ» ташкил шуда, вобаста ба шарҳи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо ба қонунҳ ои амалкунанда, пурсишу саволҳои шаҳрвандон аз рӯи масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои саҳеҳи кормандони адлия дода шуд. Дар ин давомият дар ин рӯзнома –12 маротиба чунин фаҳмондадиҳии қонунҳо ва посухҳо дода, ба чоп расонида шудаанд. Инчунин, дар ҳамбастаги бо идораҳои дахлдори давлати ба таври доими барномаҳои телевизиони дар мавзуҳои гуногуни ҳуқуқи гузаронида мешавад.
Реҷаи гузаронидани “Рузи ягонаи ҳ уқуқи” дар қаламрави вилоят барои нимсолаи якум ва дуюми соли 2019 аз ҷониби Раиси Шуро тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба аъзоёни Шуро ва дигар мақомотҳои марбута ирсол карда шудааст ва зери назорати доими қарор дорад.
23. Маълумот оид ба иҷрои вазифаҳои нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон:
23.1. Маълумот оид ба натиҷаи сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури, рафти иҷрои дастуру супоришҳо ва нақша чорабиниҳое, ки ҳангоми сафари кори тасдиқ гардида, иҷроишашон дар соли 2019 муайян шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати татбиқи сифатнок ва саривақтии Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки аз 11 то 15 сентябри соли 2018 дар ҷараёни сафари кори ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баён доштанд, қарори раиси ВМКБ- ро аз 9 октябри соли 2018, №339 таҳия ва тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он дастраси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор гардонд.
Нақша чорабиниҳои мазкур аз 98 банди назорати иборат буда, 9 банди он дар асоси маълумотҳои пешниҳодшуда ҷиҳати иҷрои пурра аз назорат бароварда шуда, 2 банди он бандҳо 25 ва 43 тибқи мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муҳлатҳои муқарраргардида иҷро нагардида, муҳлати иҷрои онҳо тамдид карда шуданд. Айни замон 87 банд дар ҷараёни кор қарор доранд, ки муҳлати иҷрои онҳо солҳои 2019 – 2021 –ро дар бар мегирад. Аз ҷумла дар соли 2019 мутобиқи нақша иҷроиши 19 банд: (3, 13, 14, 15, 16, 18, 20, 22,31, 34, 38, 39, 45, 59, 62, 73, 77,81, 82, 86) муайян карда шудааст.
Аз бандҳои мазкур 2 банд 45 ва 86 пурра иҷро гардида, боқимондаи онҳо дар ҳолати кор қарор доранд.
23.2. Рафти иҷрои камбудиҳое, ки аз ҷониби гуруҳҳои кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ошкор карда шудаанд.
Азнавсозии НБО-и “Оқсу” аз руи Барномаи ҳамкории сетарафа (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Федералии Олмон ва ширкати “Помир-Энерҷи”) дар ҳаҷми 8,6 млн евро аз тарафи Бонки рушди Олмон амали гардида, санаи 12 сентябри соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон расман ифтитоҳ карда шуд.
- Оид ба лоиҳаи сохтмони НБО-и “Себзор” дар дарёи Шохдара қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон кор бо маблағгузорони мувофиқ, аз ҷумла бо Бонки Уммиҷаҳонӣ (10 млн. доллари ИМА), Иттиҳоди Аврупо (20 млн. Евро), Ҳукумати Олмон (10 млн. Евро), Барномаи ЮСАИД-и Амрико (5 млн. доллари ИМА) ва Ҳукумати Швейтсария (4.7 млн. доллари ИМА) идома дошта, то охири соли 2019 маблағи зарурӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Дар якҷоягӣ бо сохтмони НБО инчунин бунёди ХИБ-и 110кВ “Себзор-Хоруғ” дар масофаи 18 км ба нақша гирифта шуда, дар он корҳои лоиҳакашӣ ба охир расонда шуда, лоиҳа дар марҳилаи гузарондан аз экспертизаи давлатӣ қарор дорад. Дар айни замон корҳои иловагӣ аз тарафи ширкати олмонию швейтсариягӣ оид ба тарҳрезӣ ва санҷишҳои геологӣ идома дошта, дар назар аст, ки як қисмати ин кор то охири моҳи октябри соли 2019 ба анҷом расонда шавад ва қисматҳои боқимонда дар рафти амалисозии лоиҳа ба сомон расонда мешаванд. Мақсад аз ҷалби ин сармоягузорон дар он аст, ки дар баробари сохтмони НБО-и “Себзор”, инчунин сохтмони 63 км ХИБ-110кВ дар самти Ишкошим амалӣ карда мешавад. Яъне мақсад аз он иборат аст, ки қисми маблағи дар боло қайдшуда барои пурзӯр кардани таъминоти барқ дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим ва афзоиш додани содироти барқ ба тарафи Афғонистон, аз ҷумла ш. Файзобод истифода шавад. Инчунин дар нақша аст, ки то охири соли равон барои таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар ҷойҳои сохтмонӣ роҳҳои иловагӣ бароварда шаванд. Ҳамзамон то охири соли равон қисми аввал, ъне бинои аввали лагери сохтмонӣ сохта омода намоем. Ба ғайр аз ин аз рӯи талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ бояд тадқиқоти биоразнообразие флора фаунаи ин ҷой муайян кунем, ва аллакай онро мутахассисони соҳа аз Украина қисмати аввал аллакай анҷом ва соли оянда қисмати дуюм мегузаронанд.
Сохтмони НБО-и “Мотравн”-и ноҳияи Ванҷ дар деҳаи Мотравни ҷамоати деҳоти Язгулом ба анҷом расонда шуд, аммо бо баландшавии маҷрои дарё генераторҳои барқи зери об монда, ба кор даровардани он айни замон ѓайриимкон мебошад.
Дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ишкошим моҳи июни соли 2016 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон супориш дода шуд, ки дар лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 таѓйирот ворид карда шуда, сохтмони он аз 380 ҷой дар ду баст ба 1300 нафар расонда шавад. Ба ин мақсад корҳои лоиҳакаши ва сохтмони онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи чоруми Фонди Саудии рушди давлати Арабистони Сауди дохил намуда, корҳои лоиҳакаши ба анҷом расида, сохтмонҳо аз соли оянда оѓоз мегарданд.
Соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон санги асоси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ноҳияи Дарвоз барои 350 ҷойи нишаст гузошта шуд. Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва бо мақомоти дахлдор мувофиқа карда шуд. Сохтмони бинои таълими аз ҷониби Фонди Саудии Рушд бо арзиши 5941,0 ҳазор сомони ва сохтмони бинои толори варзиши аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 1980,0 ҳазор сомони оѓоз гардида, ба ҳолати 1 октябри соли 2019 корҳои сохтмони ба маблаѓи 1032,3 ҳазор сомони иҷро гардиданд.
Ҷиҳати бунёд намудани ду бинои нави хонаҳои истиқоматии 12 ошёна дар маркази шаҳри Хоруѓ мутобиқи нақшаи сохтмони 45 хонаводаи камбизоат ва осебпазир ба бинои хонаҳои истиқоматии 9 ошёна воқеъ дар кучаи М.Додихудоев кучонда шуданд.
Бо мақсади сохтмони ду бинои нави хонаҳои истиқоматии 12 ошёна мутобиқи қарори раиси шаҳри Хоруѓ аз 7 июни соли 2017, № 345 дар масоҳати 3830 м2 қитъаи замин ҷудо карда шуда, ҳудуди қитъаи замине, ки барои сохтмони бинои хонаҳои истиқоматии 12 ошёна ҷудо карда шудааст, панҷарабанди карда шуда, таҳкурсии бино бо техника пурра канда ва корҳои бетонрезии таҳкурсии бино пурра ба анҷом расонида шудааст. Арзиши харҷномавии иншоот 40000,0 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳолати ҳозира ба маблаѓи 8611,2 ҳазор сомони корҳои сохтмони ба иҷро расиданд.
Дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 3, 4, 5, 10 ва 11-и шаҳри Хоруѓ толорҳои варзиши вуҷуд надоранд. Бояд қайд кард, ки бо назардошти теъдоди умумии хонандагони ҷумҳури ҳамасола мувофиқи таносуби хонандагони ВМКБ барои сохтмони толори варзиши ва муассисаҳои таълими маблаѓҳо ҷудо гардида, сохтмонҳо идома доранд. Соли 2014 дар назди муассисаи таълимии № 8 толори варзишии замонави сохта ба истифода дода шуд. Вобаста ба сохтмони толорҳои варзиши дар назди муассисаҳои номбурдаи шаҳри Хоруѓ ба Дирексияи сохтмонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда шуд.
Мактаб-интернати ҷумҳурияви воқеъ дар ноҳияи Рушон ба 200 курси ниёз дошта, соли таҳсили 2017-2018 масъала ҳалли мусбии худро пайдо кард. Аз сабаби бесифат будани тунукаи боми мактаб дар вақти боридани барфу борон об ба дохили бино даромада, деворҳои синфхонаҳо намнок гардиданд. Мувофиқи имконият маъмурияти мактаб-интернат ҷойҳои вайроншудаи бом ва роҳравҳои дохили бинои мактаби мазкурро таъмир намуд. Барои кабинетҳои фанҳои физика, химия, математика, биология ва забони хориҷии муассисаи номбурда дар асоси гузаштан ба маблаѓгузории сарикаси маводҳои таълими харид карда шуда, кабинетҳо марҳила ба марҳила таҷҳизонда мешаванд. Ҷиҳати ба кабинетҳои замонави табдил додани онҳо ба роҳбарияти ноҳияи Рушон дастуру супориш дода шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Сехи коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишии “Анҷин”-и ноҳияи Роштқалъа ба коркарди санг бо иқтидори 1200 м3 машѓул буда, ҷиҳати нарасидани маблаѓ ва надоштани роҳи автомобилгард то кони санги мармари мавзеи Тирбар фаъолият накарда истодааст. Корхона бо таҷҳизоти замони собиқ Шурави муҷаҳҳаз гардидааст, ки қисми зиёди он ҳозир дар ҳолати корношоями қарор дорад. Қисми дигари он қувваи зиёди барқро сарф намуда, маблаѓи маҳсулоти истеҳсолгардида фақат барои пардохти қувваи барқ кифоя мебошаду халос. Корхона аз тарафи КВД “Ҷамаст”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 4 адад дастгоҳхои коркарди санг ба маблаѓи 25,0 ҳазор сомони ва маблаѓҳои худии соҳибкор Оқилшоев Матлуб (25,0 ҳазор сомони) таъмин гардида, барои таъмири трактори корхона аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа 1000 сомони ҷудо гардидааст. Инчунин, бо маблаѓҳои худии соҳибкор ба маблаѓи 72,0 ҳазор сомони роҳи мошинагард то кони мармари мавзеи Дашт сохта шуд. Дар 9 моҳи соли 2019 корхонаи мазкур ба маблаѓи 7,7 ҳазор сомони маҳсулот истеҳсол кардааст.
Аз 41 адад корхонаи ба таври расми ба қайд гирифташуда, дар 9 моҳи соли 2019 дар вилоят бо сабабҳои объективи 7 корхона ва коргоҳи саноати фаъолият надоштанд, инҳо дар шаҳри Хоруѓ- ҶДММ “Зари Помир” ва ҶДММ “Асал”, ноҳияи Дарвоз корхонаи коркарди ангишти “ВТИ -Помир”, корхонаи дузандагии “Ахтари меҳр”, ноҳияи Ванҷ-ҶДММ “Мрамор Стоун”( сехи коркарди санги мармар) ва заводи асфалтбарории ҶДММ “Истиқлол”, ноҳияи Рушон коргоҳи истеҳсоли обҳои минералии ҶДММ “Помир асри 21 ”. Сабаби асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва коргоҳҳои мазкур ин надошатни иҷозатнома, фарсуда гардидани таҷҳизот, надоштани маблаѓи гардон, дастрас нагардидани ашёи хом, муфлис гардидани соҳибкор ва набудани бозори фуруши маҳсулот арзёби мегардад.
Дар робита ба вазъи воқеии Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” бояд қайд кард, ки масъалаҳои гирифтани раводид, фаъолияти Хадамоти гумрук ва дар сатҳи зарури маблаѓгузори нагардидани иншоотҳои сохтмонии минтақа аз мушкилоте мебошанд, ки садди роҳи фаъолияти бомароми он гардидаанд. Ҷиҳати омода набудани инфрасохтори аввалиндараҷа ҷалби сармоягузориҳо имруз аз мушкилоти асосии минтақа мебошад. Бо сабаби камчинии маблаѓ бунёди инфрасохтори он қисм ба қисм амали шуда, дар марҳилаи аввал азхудкунии замин дар масоҳати 20 га ба нақша гирифта шуд ва аллакай бунёди иншоотҳои зарурии хизматрасони дар ин қисмат оѓоз гардид. Мушкилоти дигари маъмурияти минтақа ин мавҷуд набудани ҳамкориҳои тиҷорати бо давлатҳои ҳамсоя – Афѓонистон ва Покистон мебошад.
Ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” ширкати ҶДММ “Ѓаюрҷон” ба ҳайси субъекти минтақа расман ба қайд гирифта шуд. Самти асосии фаъолияти ширкати мазкур ин таъсиси маркази логистики буда, тавассути минтақа интиқол додани молу маҳсулот, ки аз давлатҳои ҳамсоя вориди минтақа мегарданд, мебошад. Айни замон ҶДММ “Ѓаюрҷон” ба истеҳсоли сементблок машѓул буда, дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба маблаѓи 28,0 ҳазор сомони маҳсулоти сохтмони истеҳсол намудааст. Бояд қайд кард, ширкати мазкур нақша дорад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон содирот намояд. Вале ҷиҳати надоштани рамзи гумруки ва воҳидҳои кории иловаги барои минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” аз тарафи хадамоти гумрукии вилоят иҷозат дода намешавад, ки маҳсулот ба содирот бароварда шавад. Оиди ин масъала ба унвони Раёсати хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ мактуби расми ирсол гардида буд, вале мутаасифона то ба имруз масъала ҳалли худро наёфтааст.
Инчунин лоиҳаи сармоягузории ҶДММ “Суман”, ки самти фаъолияти ин ширкат истеҳсоли сангҳои сохтмони ва ороиши мебошад, расман ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим ” ба қайд гирифта шуд. То ба имруз аз тарафи ин ширкат ба маблаѓи 2088,0 ҳазор сомони таҷҳизотҳои истеҳсоли харидори гардида, корҳои лоиҳакашии сохтмон идома доранд.
Моҳи июни соли 2019 Форуми соҳибкорони байнимарзии минтақаҳои Бадахшони Тоҷикистону Афѓонистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 60 нфар ширкат варзиданд. Мақсади баргузории форум ин ба ҳам овардани соҳибкорони минтақаҳо барои ташкил намудани соҳибкории муштарак ва истифодаи имкониятҳои ҳар ду тараф арзёби гардид. Инчунини дигар дар доираи баргузории Форуми сармоягузории “Помир инвест”, ки 6 августи соли равон дар маркази шаҳри Хоруѓ доир гардида буд, панел дар мавзуи “Минтақаҳои озоди иқтисоди ҳамчун омили суръатбахшии саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида, барои сармоягузорон имкониятҳои пеш бурдани соҳибкори дар шароити Минтақаи озоди иктисодии “Ишкошим” муаррифи карда шуданд.
Самти асосии маъмурияти минтақа ин ҷалби сармоягузориҳо ва бақайдгирии субъектҳои нав арзёби гардидааст. Соли ҷори таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳалли ба минтақа бо назардошти таъсисдиҳии қитъаи алоҳидаи (субзона) дар шаҳраки Теми шаҳри Хоруѓ афзудааст. Аллакай ба маъмурият се лоиҳаи мукаммали сармоягузори барои амалигардони дар ин субзона пешниҳод гардидаанд.
Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” тибқи банди 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.03.2011 №700 “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” ҷиҳати таъсис додани қитъаи алоҳидаи минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар шаҳри Хоруғ тамоми маводҳои зарурӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд. Вале масъала то ҳоло дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нашудааст.
Барои беҳбуди бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи минтақа зарур аст, ки ба масъалаи тақвият додани ҳамкориҳо бо соҳибкорону тоҷирони кишварҳои Афѓонистону Покистон ва ҳалли мушкилот вобаста ба гирифтани раводид таваҷҷуҳи сохторҳои марбута равона гардад.
Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017, №89 “Дар бораи Барномаи милли оид ба муқовимат бо вируси норасоии масъунияти одам барои солҳои 2017-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 24.04.2017, № 125 ва Нақшаи чорабиниҳо оиди амали гардонии Барномаи мазкур таҳия карда шуда, дастраси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруѓ, ноҳияҳои вилоят ва раёсату идораҳо гардонда шуд.
Тибқи нишондодҳои омори дар ин муддат дар қаламрави вилоят 673 нафар бо бемории ВНМО, аз ҷумла шаҳри Хоруѓ 356 нафар, ноҳияҳои Ванҷ 22 нафар, Рушон 78 нафар, Шуѓнон 124 нафар, Дарвоз 10 нафар, Мурѓоб 5 нафар, Роштқалъа 31 нафар ва Ишкошим 47 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади дастрас будани хизматрасониҳо дар самти пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар вилоят 3 ташхисгоҳи ИФА ва 1 ташхисгоҳи муайянкунии хуҷайраҳои CD4 муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳақиқатан, масъалаи кучидани сокинони ноҳияи Мурѓоб ба Ҷумҳурии Қирѓизистон ташвишовар буда, то соли 2016 ин амал тез-тез ба мушоҳида мерасид. Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ВМКБ гуруҳҳои кори аз ҳисоби мутахассисон ва коршиносони тамоми соҳаҳои хоҷагии вилоят таъсис дода шуда, бо сокинони тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пайваста суҳбату вохуриҳо баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳи вусъат дода мешаванд. Натиҷаи кор ин аст, ки ба раванди кучидани сокинони ноҳия бо тамоми аҳли оила ба Ҷумҳурии Қирѓизистон марҳила ба марҳила хотима дода шуда, теъдоди донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳури, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хоруѓ, Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруѓ ва Литсейи касбии техникии вилояти воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуѓнон сол ба сол ру ба зиёдшави дорад. Хатмкардагони муассисаҳои оли ва касбии ҷумҳури инчунин дар курсҳои омузишии баъди дипломи таҳсил карда истодаанд.
Дар маҷмуъ дар нуҳ моҳи соли 2019 мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми кушишро барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои афзалиятноки сол равона намуда, баҳри равнақ додани корҳои созандагию ободони ва вазифаҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали намудани ҳадафҳои стратегии давлат, барномаҳои соҳавию минтақави ва иҷрои вазифаҳои афзалиятноки соли 2019 баён намудаанд, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёси, ташкилию фарҳанги баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро роҳандози менамояд.