Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

www.darvoz.tj

Ноҳияи Дарвоз
Ноҳияи Дарвоз
38°27′00″ а. шим. 70°47′00″ т. ш.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 1 шаҳрак, 4 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Қалъаи Хумб
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 14 декабри 1930
Масоҳат 2824,5 км²
Баландӣ· Миёна 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 22 000 [1] нафар нафар (2015)
Баҳодиҳии аҳолӣ  (2015)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа DA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.DA
Коди телефон +992 3552
Нишонаи почта 736400
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
 Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

Пули дусти миёни

Tajikistan-coat-of-arms.jpg

Тоҷикистон ва

Emblem of Afghanistan.svg

Афғонистон дар мантиқаи Дарвоз. Ноҳияи Дарвоз, Ноҳияи Нусаи!

Ноҳияи Дарвоз (форсӣ: ناحیه درواز‎) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 14 декабри соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб таъсис ёфта аст. Бар асоси Қарори № 318 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни 1991 номи бостонии он баргардонда ва ноҳияи Дарвоз номида шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қалъаи Хумб (форсӣ: قلعۀ خمب‎) аст, ки 241 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Хумбоб ба рӯди Панҷ ҷой дорад.

Мундариҷа

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Дарвоз дар дараи рӯди Панҷ ва кӯҳсори Дарвоз ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ғарб ва ҷанубу ғарб — бо ноҳияҳои ХовалингМуъминобод ва Шамсиддин Шоҳин аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ — бо ноҳияи Ванҷ аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ҷануб — бо ноҳияҳои НусайШикайХоҳон ва Кӯфоби вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Ноҳияи Дарвоз 2824,5 км кв масоҳат дорад.

Таърих

Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,Варна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.

Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Карон (форсӣ: کران‎) овардаанд ва маркази онро дар наздикии деҳаи кунунии Кеврон (форсӣ: کـِوران‎) ҷой додаанд[2]. Ба гуфти мардуми Дарвоз, номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (форсӣ: مهستان‎) будааст.

Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии ТавилдараДарвоз ва Ванҷ ва ноҳияҳои афғонистонии Хоҳон ва (Дарвоз (форсӣ: درواز‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳу шоҳзодагони Дарвоз, ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд, ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати Бухоро Дарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рўди Панҷ ҷой дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Дарвоз дар солҳои 1878 — 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид, ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 — 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт, ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуданд[3]. Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Дарвоз номида шуд.

Мардум

Мардуми Дарвоз ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони форсии садаҳои IX – XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои помирӣ будааст, аммо дар садаҳои IX — XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.

Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Дарвоз 22 000 тан ҷамъият дошт.[1]

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Дарвоз 4 ҷамоат[4]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Дарвоз
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Вишхарв 2 973 Вишхарв, Бровг, Ҷорф, Кеврон, Курговад, Пошхарв, Тоғмай, Хурк, Шодаг, Убагн, Висхарв
Қалъаи Хумб (ҷамоат) Қалъаи Хумб (шаҳрак), Анҷирак, Дашти Луч, Дуробак, Зев, Зинг, Паткуноб, Рузвай, Сангевни Дароз, Хек, Хумбиварӣ, Хушарвак, Ширг, Даштак, Пешун, Умарак
Нулванд 3 577 Сангевн, Жагу Марғ, Зиғар, Пунишор, Ушхарв,Хостав, Шикев, Ёгед, Ширговад, Яхчисор
Сағирдашт 8 864 Сағирдашт, Инкӯҳ, Камчак, Кулумбаи Боло, Лухч, Оҳангарон (н. Дарвоз), Рубот, Садика, Сайдон, Сайёд (н. Дарвоз), Сафедорон, Чухкок, Шохорон, Қалъаи Ҳусайн, Хур

 

Калонтарин деҳаҳои Дарвоз
Деҳаҳо Аҳолӣ
Кеврон 1 129 тан
Қалъаи Хумб 1 909 тан
Ёгед 854 тан
Зинг 839 тан
Даштак 669 тан
Рузвай 636 тан
Хумби Варӣ 553 тан

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Дарвоз Раиси Ҳукумати он аст, ки ӯро Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Дарвоз — Маҷлиси намояндагони халқӣ аст, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Дарвоз ба муддати 5 сол интихоб мешавад.