Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Табрикномаи

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллии Ҷумхурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз ! Бисту чоруми ноябр мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солгарди қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад.Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рўзи фархунда муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рўзгори осуда орзумандам. Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанўз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд ва он парчам рамзи як давлати нерўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо дар роыи ыифзи Ватану халщи худ мебошад.Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардўстии миллати мо таҷассум гардидааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: “Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирўзу имрўз ва фардои миллат аст.” Бинобар ин ҳам ҳар фарди банангу номуси ин сарзамини куҳанбунёд, ки ба аҷдоду ватани аҷдодиаш эҳтиром дорад, ба парчами давлати худ, ки баёнгари ному насаб, шуҳрату номуси ҳар фарди ин сарзамин аст, ифтихору эҳтиром дорад. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рўзафзун ноил хоҳем гашт.Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҷашни Парчами давлатиро ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони ин диёри осмонбўс шодиву сурури идона таманно дорам.Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари мо то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сўи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад!Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

Бисту чоруми ноябр мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солгарди қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад.Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рўзи фархунда муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рўзгори осуда орзумандам. Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанўз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд ва он парчам рамзи як давлати нерўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо дар роыи ыифзи Ватану халщи худ мебошад.Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардўстии миллати мо таҷассум гардидааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: “Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирўзу имрўз ва фардои миллат аст.” Бинобар ин ҳам ҳар фарди банангу номуси ин сарзамини куҳанбунёд, ки ба аҷдоду ватани аҷдодиаш эҳтиром дорад, ба парчами давлати худ, ки баёнгари ному насаб, шуҳрату номуси ҳар фарди ин сарзамин аст, ифтихору эҳтиром дорад. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рўзафзун ноил хоҳем гашт.Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҷашни Парчами давлатиро ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони ин диёри осмонбўс шодиву сурури идона таманно дорам.Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари мо то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сўи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад!Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик

Кулли кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ ва дар ҷодаи иҷрои вазифаи пурмаъсул ва хеле пурифтихор барору комёбиҳо таманно дорам. Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Ибтидои солҳои 90-ум ҳодисаҳои маълуми дар кишвар рухдода, аз як ҷиҳат агар мушкилоти сангинро пешорӯи мақомоти милитсия оварда бошанд, аз ҷониби дигар нишон доданд, ки кормандони қавирода ва ватандӯсти милитсия ба савганд ва рисолати худ содиқ монда, баҳри барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ ва истиқрори сулҳу суботи иҷтимоӣ аз худ мардонагию диловарӣ нишон доданд. Дар ин ҷода ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва Давлату халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ному қаҳрамониҳои фарзандони содиқи худро фаромӯш нахоҳад кард ва корнамоии онҳо намунаи ибрат барои насли имрӯза ва ворисони оянда мебошад.Бояд тазаккур дод, ки ба ӯҳдаи ин ниҳоди қудратӣ вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб менамояд. Ба зиммаи он аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. Аз он ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дар ин марҳила барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя расиданд.Бо тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳону минтақа дар назди милитсия вазифаҳои нави муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳои муҳимро Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худашон таъкид менамоянд. Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум,таҳкими сулҳу субот ва волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.Бо ҳамин умедҳо, бори дигар ҳамаи Шумо кормандони бонангу номуси милитсия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорам.Ид муборак ҳомиёни Ватан!

Табрикномаи

муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон ба муносибати фарорасии соли нави мелоди

Ҳамдиёрони иззатманд!

Соли нави мелоди бо ҳазору як навиду армуғон ва умеду орзуҳо аз омад – омади худ моро муждарасон аст. Бароямон ниҳоят муҳим аст, ки соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки як муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудаги ҳукм меронад. Армуғони беҳтарину бебаҳотарин ба мардуми мо дар соли нав осудаҳоливу тинҷист, ки аз он неъмате бузургтар наметавон ёфт. Дар айёме, ки мардуми кишвар осудаву зиндаги обод аст, даромади соли нав ба хушиву сурури мардум хушҳолии зиёде зам мекунад.  Ба шарофату баракати осудагиву амният миллати тоҷик ба созандагиву ободкориҳо вусъати тоза бахшида, дар остонаи соли нав ба дастовардҳои беше ноил гашт. Аз ҷониби асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон эълон шудани солҳои 2018 – 2021 чун солҳои рушди ҳунарҳои мардуми ва сайёҳи раванди созандагию ободкориҳоро боз ҳам густариши бесобища ато менамояд. Соли сипаришуда барои мардуми Тоҷикистон соли пурфайзу баракат буд. Дар ин сол агрегати якуми НОБ – и Роғун – сохтмони бузургтарини аср бо ищтидори пуррааш ба кор даромад, ба маблағи миллионҳо сомони чандин иншооти хурду бузург сохта шуда, мавриди истифода щарор гирифт. Дар ин росто Бадахшони мо ҳам ба тозаги рушд намуд ва ба комёбиҳои назаррас даст ёфт.

Соли нав мутобищи ҳисоби Мучал соли муш шумурда мешавад. Соли 2020 барои аҳли башар давраи нави таърихи ба ҳисоб меравад, чунки мутобищи тащвими шарщи як даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад, ба охир расида, давраи нави мучал, ки аз муш оғоз мепазирад, шуруъ мегардад. Дар асоси ҷадвали Мучал сол – соли муши сафед мебошад. Мардуми дунё бар ин ащида аст, ки рушду тамаддуни дунё аз ибтидои Мучал, ки соли муш аст, сахт вобастаги дорад. Ҳамчунин мардум сахт интизор аст, ки дар соли нав муши сафед бо худ чи меорад. Тавре омадааст, муши сафед дорои заковату эҳсоси баланд мебошад. Мушҳо соҳиби ҳофизаи щави буда, дар як маврид чанд корро анҷом мебахшанд. Муш табиатан зираку ҳушёр буда, ба ҳар гуна пешомаду хатар ҳамеша омода аст. Рамзи хоси соли нав бошад, оҳан ва ранги сафед дар симои муш мущаррар гардидааст. Ранги сафед тимсоли покию наҷобат, ҳащищату адолат ва накукори ба шумор меравад. Мардум ҳадс мезананд, ки ранги сафед ба одамоне, ки меҳнат карданро дуст медоранд ва пуркоранд, барору хушбахтиҳо меорад.

Соли нав барои мо, барои миллати тоҷик, барои Тоҷикистон соли барору комёбиҳо, соли густариши ободкориву созандагиҳо, соли равнащи ищтисоду маориф, фарҳангу иҷтимоъ, соли рушди ҳунарҳои мардуми, соли пешрафти варзиш, соли инкишофи санъат буд. Аз соли нави 2020, ки рамзи он ранги сафед аст, интизориҳо дорем, ки барои мо, барои миллати тоҷик, барои Тоҷикистон, барои ҳамдиёрон рузҳои сафед, бахту ищболи сафед, умеду орзуҳои сафед армуғон биоварад. Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!

     

                                               Табрикномаи

муовини Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

                  Ҳамдиёрони гироми!

        Инак, мо боз ба ин рузи шодиофарин ва сурурбахш – Рузи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расид. Итиқлолият ҷашнест, ки онро тамоми тоҷикони дунё бо як олам шодию фараҳ ва шукуҳманди истиқбол мегиранд. Шак нест, ки ҳамаи ҷашнҳои милли бароямон азизан ва мо онҳоро гироми медорем, вале дар миёни онҳо – Рузи истиқлолияти давлатию миллии Тоҷикистон ва Ваҳдати милли мавқеияти ҷудогонаро соҳибанд. Ҳар ду мафҳум – Истиқлолият ва Ваҳдат бо ҳам пайванди қави доранд ва ин ҷашнҳо барои миллати тоҷик басе азизу муқаддасанд.Муҳимтарин неъмат ва беҳтарин дастоварди ҳар халқу миллат соҳибихтиёри ё худ истиқлолияти давлативу милли ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, миллати сарафрози тоҷик ба ин неъмати бебаҳо 28 – сол муқаддам даст ёфт ва имруз бо шукуҳу ҷалоли том аз ин ҷашни муборак истиқбол менамояд. Таърихи истиқлолият барои мо ибратомуз буда, водор месозад, ки аз таърихи он огоҳи дошта бошем. 4- августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолият эъломия қабул намуд. Дар моддаи аввали эъломия дарҷ шуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Ба ин тартиб, рузи 9 – уми сентябри соли 1991 нахустин бор дар ҷумҳури рузи Истиқлолият ҷашн гирифта шуд.

Соҳибихтиёри ба айёме рост омад, ки ҷаҳон бо дигаргуниҳои азим рубару буд. Дар ин талотум ва гирудори таърих миллати  сарбаланди тоҷик бо хиради азали ва неруи зеҳнии созандааш тавонист мавқеияташро муайян созад ва соҳибихтиёрию истиқлолтияташро ба тамоми ҷаҳониён эълом дорад. Ин дастоварди бузурги милли, ғалабаи мардуми тоҷик бар тамоми душманони дохилию хориҷи дониста мешавад.

Тайи ҳазорсолаҳо расидан ба истиқлолият орзуву армони миллати тоҷик буд ва дар ин масири истиқлолиятхоҳи тули асрҳо беҳтарин фарзандони миллати тоҷик ҷонбозиҳо намуданд ва бештарини онҳо – ғаюртарину асилтарин фарзандони миллат баҳри даст ёфтан ба ин неъмат дар арсаҳо ҷон бохтанд.

Бинобар ин миллати мо дар ин муддати мадид ба сахтиҳо ва маҳрумиятҳои зиёде рубару шуд, аммо ирода, руҳи шикастнопазир, боварию эътимод ба фардо миилати тоҷикро аз нопадид гаштан дар гирдоби таърих нигоҳ дошт ва то ба имрузи фируз расонид. Аз ин ҷост, ки истиқлолият барои мо ҳам муқаддас аст ва ҳам ҷойи ифтихор мебошад.

Истиқлолият сарвати ноёбест ва руйи ҷаҳон миллатҳои бисёре барои ба даст овардани он садсолаҳо ранҷу азоби зиёде паси сар кардаанд. Аммо ранҷу заҳмати миллати тоҷик дар ин ҷода беқиёсу бемасал аст, зеро ин ба неъмат халқи тоҷик баъди ду ҳазор сол расид, аз ин ру, Истиқлолиятро тоҷикон нодиртарин, волотарин ва пурарзиштарин сарвати миллии худ мешуморанд.

Зуҳури истиқлол ба мардуми тоҷик ободию озоди, ҳамдилию бародари, осудагиву амниятро эҳдо намуд ва кишварро ба роҳи навини рушду шукуфои раҳнамун сохт. Соҳибихтиёри тимсоли соҳибдавлати ва ватандории миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ки номаи қисматашро ба дасти худ нигошт ва сарнавишти хешро дар арсаи таърих муайян сохт. Ҳамзамон мардуми шарифи тоҷик дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии худ нақши бузург гузошт. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон махсус дар Паёми табрикии худ ба муносибати 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлати махсус таъкид намудаанд: «Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Мо ифтихор дорем, ки дар бисту ҳафт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем».

Боиси хушбахтию сарафрозии мост, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлоли таҳти роҳбарии хирадмандона ва ҳидояту раҳнамоии оқилонаи Сарвари муаззами давлат, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон мамлакати мо дар миқёси байналхалқи мақому мавқеи шоистаеро касб намуд ва бо иқдомҳои наҷибонаи худ дар ҷода сулҳгарои ва ташаббусҳои созандаи худ ном баровард. Бахусус, пешниҳодоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба обу мушкилоти он кишварро дар саросари дунё машҳур гардонид ва дар ин самт соли 2018 бароямон бисёр хотирмон аст. Бо шарори Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор солҳои 2018 – 2028» расман роҳандози гардид, ки ин саҳми шоистаи мамалакати моро дар ҳалли яке аз мушкилаҳои доғи ҷаҳон – таъмин бо об нишон медиҳад.

Бо зуҳури истиқлол мардуми сарбаланд ва ориёинажоди тоҷик мавқеи шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳони пайдо ва тамаддуни пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифи намуд.

Истиқлолият ба мардуми мо ба осони ва бе қурбониҳои зиёд муяссар нашудааст, барои он обову аҷдоди мо ҷон бохтаанд. Аз ин ру, ба қадри он расидану онро чун гавҳараки чашм ҳифз намудан вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат аст.

Бо табъи хуш ва бо самимияти том ҳар яки шумо- дустони азиз ва дар симои шумо тамоми ҳамдиёронро бо иди саиду фаррух – 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлативу милли табрику таҳният мегуям, ба ҳар каломи шумо бардамию сиҳати, хонаводаи ободу осуда, рузгори пурфайзу баракат, дили шоду мамнуният таманно мекунам! Ҳамеша хушҳолу фируз бошед, ҳамдиёрони арҷманд!

                                                 Табрикномаи

иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 26 – умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлил намудани ҷашни шукуҳманд ва пурифтихор – Рузи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо ҳукми анъанаи нек гирифтааст.  Бахусус, дар фазои сулҳу ваҳдат, созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтани ин ҷашни муборак шукуҳу ҷалоли онро боз меафзояд.

Барои мо ин ҷашн аҳамияти хосе дорост, чунки барои давлати навбунёди тоҷикон кафолати оромию осудаги ва сулҳу салоҳ дар мадди аввал меистад, аз ин ҷост, ки ин кафолати сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаҳолонаро, қабл аз дигар сохторҳои қудрати маҳз Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин мекунанд.  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлати буда, аз рузи таъсис ёфтанаш вазифаи душвору пуршараф – ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳимояи марзу буми Ватанро ба зимма дорад, яъне тақдири миллату сарнавишти миллат дар дасти тавонои Артиши миллист.

Дар он солҳои душвор, ки ҷанги шаҳрванди аланга гирифта буд, артиши навтаъсис баҳри ҳифзи истиқлолияти давлати, ҳимоя аз давлати қонуни, нобуд намудани гуруҳҳои террористиву экстремисти, дастаҳои ҷинояткори дохили, саркуб кардани ошубҳои зиддидавлати дар ҳамбастаги бо дигар сохторҳои интизомию қудрати нақши муҳим гузошт ва дар ин даргириҳо обутоб ёфта, таҷрибаи ҷанги ҳосил намуд.

Таъсиси Артиши милли як дастоварди бузурги Ҳукумати кишвар буд, чунки миллати тоҷик дар муддати беш аз 10 аср баҳри ташкили давлати милли, эҳёи суннатҳои қадимаи давлатдори ҷонбозиҳои зиёде намуд. Ин аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисоб меёфт. Дар он солҳои душвор ҷузъу томҳои навтаъсисёфта бар зидди неруҳои мухолиф ва душманони миллат мардонавор ҷангиданд. Дар ҷараёни задухурду муҳорибаҳои шадид садҳо нафар афсару аскарони Қувваҳои Мусаллаҳ аз худ намунаи беназири шуҷоату қаҳрамони зоҳир намуда, бисёре аз онҳо дар роҳи истиқлолу осудагии Ватан ҷони азизи худро қурбон карданд, ному корномаи ин фарзандони содиқи худро халқу Ватан фаромуш намекунад. Роҳи расидан ба соҳибихтиёри ва истиқолият, ташкили давлати милли осону ҳамвор набуд. Дар он давраи басе душвор таъсиси Артиши милли кори ниҳоят душвор, аммо басе зарур буд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ин нуктаро хотиррасон кардааст: «Ҳаждаҳуми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳиммот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманди худро гузошт.

Ҷангу нооромӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, набудани техника ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, озуқаворӣ, сару либос ва муҳимтар аз ҳама, нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки дар он айёми басо ҳассосу тақдирсоз ҳар лаҳза эҳсос мешуданд.

Дар чунин шароити бисёр душвор мо бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намудем ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид».

Дар шароити шиддат ёфтани буҳрони сиёсию иқтисодии ҷаҳон, доман паҳн кардани даргириҳо дар нуқтаҳои доци дунё, афзудани таҳдидҳо ба аминияти миллии кишвар дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баҳри ҳимояи тамомияти арзии кишвар, мубориза бо гуруҳҳои террористиву экстремисти  вазифаҳои басо ҷиддию мураккаб меистанд, ки иҷрои онҳо аз ҳар афсару аскар матонату мардонаги, қавииродаги, қобилияту лаёқати зиёдро тақозо менамояд.

Дар ин мавриди мусоиду сурурбахш ҳамаи Шумо – хизматчиёни ҳарбиро бо рузи барои ҳамаамон азизу гироми – Рузи таъсисёбии Қувваҳои Мумсаллаҳ самимият ва ихлоси том табрик мегуям, ба Шумо дар иҷрои вазифаи душвор, вале муқаддасу боифтихор – ҳифзи Ватан комёбиҳо, дар ҳаёти ҳаррузаатон тавфиқу нишот, бахти нек, дастовардҳои тоза таманно менамоям!

Табрикномаи

муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори  Куҳистони  Бадахшон Файзов Ёдгор бахшида ба   Рузи Парчами  давлатию миллии Љумњурии Тоҷикистон 24 – ноябри соли 2019

Ҳамдиёрони иззатманд!

Мавҷудияти рамзҳои давлати аз истиқлолияти давлати ва ҳуввияти милли шаҳодат медиҳад, аз ҷумла, Парчам чун як рамзи истиқлолияти давлати ва ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсози ва инсоният мавқеи муҳим дорад. Парчам ба сифати як рамзи ҳастии кишвар ва давлатдори  миёни дигар рамзҳои давлати ҷойгоҳи хосе дошта, дар шинохту ҳуввияти ҳар як миллат аз худ нақши   носутурдание гузоштааст. Ба ин маъни Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон  мавқеи муносиб ва таърихи омузандаеро дорост.

Нахуст зикр кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатию миллии мо, пеш аз ҳама,   тимсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, иттиҳоду якдилии миллатҳои дар ин кишвар зиндагидоштаро ифода менамояд.

Ҳамчунин Парчам дар баргузории чорабиниҳои расмию ғайрирасми, фарҳангию варзиши, дар маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат нақши хос дорад. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мақоми олии давлати – Президенти кишвар шахси интихобшуда баъд аз расми савгандёдкуни дар назди Парчам зону зада, онро мебусад ва бо ин садоқати худро ба Ватану миллат ва муқаддасоти миллии он ифода менамояд. Расми савгандёдкуни дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳури низ роиҷ буда, ҳар як сарбоз пас аз қабул шудан ба сафи ин ниҳод қасам ёд мекунад. Ба ин хотир ба Парчам чун яке аз муқаддасоти милли ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мавқеи иҷтимои, эҳтиром мегузорад.

Рузи Парчам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” 24 – уми ноябр эълон гардидааст ва ин сана ҳамчун рузи ид дар тамоми гушаю канори Тоҷикистон бошукуҳ ва тантана истиқбол гирифта мешавад.

Суннати парчамдори дар таърихи кишвар ва миллати мо аз даврони хеле қадим вуҷуд доштааст ва то имруз низ мавқеияти хосеро дар ҷомеаи навин дорост. Ойини парчамдори аз насл ба насл то замони муосир омда расидааст ва ин як далели равшани хештаншиноси ва ору номуси ватандории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлоли Парчами давлатию миллии мо тавонист миллати тоҷикро дар атрофи худ муттаҳид созад ва дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати милли нақши муҳим бозад. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди баномуси Ватан эҳсоси ватанпарастию худшиноси ва ифтихори миллиро бедор менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ин нуктаро махсус гушзад кардаанд: “Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд.

Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.

Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.

Тавре Ҷаноби Оли ишора намудаанд, Парчам чун рамзи ҳастии миллату мавҷудияти давлат ҳануз аз даврони бостон мақому манзалати арзанда дошт. Парчам ба сифати рамзи асосии ватану ватандори дар майдонҳои ҳарб ҷавлон мезад. Ҳануз дар он замонҳо парчамдорон ё худ онҳоро аламбардор мегуфтанд, пешопеши лашкар ҳаракат менамуданд ва бо ҷавлон додану парафшон намудани Парчам ҷанговаронро дар майдони набард зидди душман руҳбаланд мекарданд.

Баъди қабул гардидан ҳамчун яке аз рамзҳо ва муқаддасоти милли Парчам дар баробари Нишони давлати ва Суруди милли ба сифати сарвати маънавии ҷомеаи мо дониста мешавад ва ҳар як хурду бузурги Тоҷикистон онро қадрдони менамояд. Арҷ гузоштан ба рамзҳои давлати, ки яке аз онҳо Парчам мебошад, муҳаббату садоқати ҳар ватандорро ба давлати миллиаш ифода сохта, таҳти парафшонии ин ливо мардуми сарбаланди мамлакат ба меҳнати созанда машғул мебошад ва ояндаи фирузи худро бунёд мекунад. Суннату таърихи парчамдории мардуми тоҷик наслҳоро бо ҳам пайванд месозад, ба ин маъни омили муҳимест, ки иттифоқу ҳамбастагии миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Бо изҳори қаноатманди аз ин рузи фирузу хуҷаста ҳамаи Шуморо бо Рузи Парчами давлатию милли табрику таҳният мегуям ва таманнои он дорам, ки ҳамеша сиҳату саломат, осудаю хушрузгор, болидатабъу хотирҷамъ бошед!

Бигзор, Парчами давлатию миллии Тоҷикистон ҷовидона парафшон бошад!