Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

www.khoruq.tj

Боиси ифтихори бузург аст, ки мардуми шарифи Бадахшон 80-умин солгарди таъсисёбии маркази вилоят шаҳри Хоруғро дар пешорўи ин  ду санаи таърихию тақдирсози халқи тоҷик, ки дар боло дар  хусуси онҳо сухан рафт таҷлил менамояд. 80-солагии таъсисёбии шахри Хоруғ на танҳо барои сокинони он, балки тамоми мардуми Кўҳистони Бадахшон санаи муборак аст.

Шаҳри Хоруғ, ки 80-сол қабл деҳае  буд дар домани кўҳҳои сарбафалаккашида, шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихи, падидаҳои сиёсиву фарҳанги, рўзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмонию ҷашнҳои таърихию суннатии хотирмон.

Шаҳри Хоруғ, ки ҳоло маркази маъмури, сиёси, Кўҳистони Бадахшон мебошад, аз як деҳаи кучак ба яке аз шаҳрҳои зебою хушманзараи Тоҷикистон табдил ёфт. Хоруғ махсусан дар солҳои истиқлолият боз ҳам инкишофу тараққи карда, чун маркази донишгоҳу донишкадаҳо, илму маориф машҳуру маълум гардид.

Пеш аз он, ки аз дируз, имруз ва фардои шаҳри Хоруғ сухан гуям мехоҳам ба таври фишурда дар бораи таърихи пайдоиши он ҳарф занам.

Соли 1909 дар деҳаи Хоруғ бо ташббуси генерал- губернатори Туркистон мактаби  маҳалли кушода шуд ва ин мактаб дар таълиму тарбияи ҷавонон роли муҳим бозид. Ин мактабро фарзандони деҳқонони Помир ба монанди Шириншо Шоҳтемур, Азизбек Наврўзбеков, Зиннатшо Абдулалишоев, Мирзобек Бодуров, Сайфулло Абдуллоев, Иброҳим Исмоилов, Карамхудо Элчибеков, Қурбонҳусейнов Муродҳусейн ва дигарон хатм карданд ва баъдҳо коркунони масъулу барўманди вилоят ва Ҷумҳури гардиданд.

Дар ин мактаб шогирдон баробари саводомўзи ва омўхтани забони тоҷики ва руси инчунин тарбияи худшиносии милли ва ватандўстиро омухта, бо адабиёти бои форси – тоҷики ва руси ошно гардиданд.

Бо мурури замон дар ҳаёти деҳаи Хоруғ дигаргуниҳо руи кор омада, соли 1913 дар ин ҷо неругоҳи кучаки  барщи, ки  аз оби чашмаи Хуфак сарчашма мегирифт  сохта шуд, ки аз он  танҳо  идораҳои алоҳида ва баъзе хонаҳои соҳили рости  дарёи Ғунд бархурдор буданд.  Зодаи шаҳри Хоруғ Таваккал Худобердиев дар ин ҷо вазифаи устоди истгоҳи барщиро адо мекард. Зарурияти сохтмони неругоҳи барщии оби дар шаҳри Хоруғ соли 1932 расман ба миён омад. Соли 1936 лоиҳаи  бунёди неругоҳи барщи дар маҳаллаи Султони Вали (имруз маҳаллаи Чухт-Хоруғ) тарҳрези гардида,  соли 1938 сохтмони он шуруъ гардид ва  соли 1941 он мавриди истифода щарор дода шуд.

Мувофищи маълумотҳои таърихи дар аввали асри 20 дар Хоруғ тиҷорат фаъол буд. Дар ин ҷо дар савдо пулҳои Бухоро Чину Афғонистон ва Руссия дар муомилот щарор доштанд.

Солҳои 1910-1911 роҳи ароба аз шаҳри Ош то шаҳри Хоруғ сохта шуд ва деҳаи Хоруғ ба маркази тиҷоратии савдогарони /ш, Щошщар, Щущанд, Фарғона, Ёрщанд ва Файзобод табдил ёфт.

Аз сарчашмаҳои таърихи маълум аст, ки сокинони маҳалли аз щадимулайём ба таври маҳдуд бошад ҳам ба истихроҷ ва истеҳсоли оҳан, тилло, мис, нущра, сурб «щурғошим», олтингугирд, лоҷвард ва дигар маъданҳо сару кор доштанд ва талаботи аҳолиро бо  ашёи зарури таъмин мекарданд.

2 январи соли 1925 бо қарори комитети иҷроияи марказии СССР Вилояти Мухтори Бадахшони Кўҳи дар ҳайати Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт. Маркази онро деҳаи Хоруғ эълон  карданд ва дар он солҳои ҳануз Хоруғ мащоми ҷамоатро дошт ва Раиси онро мулки меномиданд. Нахустин раисони он аз соли 1922 то 1925 Боди Абдулхайров, соли 1925-27 Имомназар Мирзоҳаётов ва баъдан Оҷатбегим Саъдуллоева бар душ доштанд. Баъдан ин вазифаро боз 28 нафар фарзандони Бадахшон адо намуданд.

Соли 1929 дар таърихи шаҳр ва умуман Куҳистони Бадахшон вощеъаи муҳим руи кор омад. Бо тайёраи Р-5 лётчик Баранов Н. аввалин маротиба дар фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Хоруғ фуруд омад. 18 августи соли 1930 парвози дуюми тайёраи Р-5  дар самти Душанбе –  Хоруғ ба вущуъ пайваст.

Тараққиёту инкишофи ҳарҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят фақат дар охири солҳои 20 -ум ва аввали солҳои 30 -юм шуруъ шуд.          27 -–октябри соли 1932 Хоруғ чун маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар харитаи кишвар ҳамчун шаҳр арзи ҳасти кард. Нависанда, помиршинос Павел Лукниский, ки охири солҳои 20 -уми асри ХХ бо ҳамроҳии экспедисияи Академияи Улуми СССР ба Хоруғ омада буд, таассуроташро оиди маркази вилоят чунин тасвир карда буд: «Маркази вилоят -– Хоруғ қишлоқе буд, ки ду ҳазор нафар аҳоли дошта, дар соҳили дарёи Ғунд воқеъ гардидааст. Заминҳои гандум, ҷав, нахуд, арзан, боғҳои зардолу, тут ва себҳои он ба ҳар тараф пароканда буд, акнун ба шаҳрчае мубаддал  мешуд. Фақат як кўчаи он кўчаи ҳақиқи буда, аз ду тараф сафедорҳои баланд дошт. Қад-қади ин кўча хонаҳои сафед қатор шуда буданд, дар майдони пеши бинои комитети иҷроияи вилоят, як минбари тахтагин меистод. Дар тангкўчаҳои тор ва каҷу килеб кулбаҳои хурди санги ҷой гирифта буданд, ки шифти онҳо аз матои пахтаги парда кашида буд, то ки ба сари одам хоку кулўх нарезад».

Дар тараққиёт ва пешравии иқтисоди, иҷтимои, сиёси ва мадании вилоят, аз он ҷумла маркази он шаҳри Хоруғ қарорҳои қабулкардаи анҷумани якуми Шўроҳҳои Бадахшони Кўҳи, ки аз 12 то 16 ноябри соли 1925 корашро давом дода буд, роли муҳим бозида буданд. Аз ҳамон сол тараққиёти маъмури, иҷтимои, иқтисоди, сиёси ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оғоз меёбад.

Дар рушду нумуъи  шаҳри Хоруғ ҳиссаи миллатҳои гуногуни  собищ Иттиҳоди Шурави ниҳоят назаррас аст, имруз нафащат мардуми шаҳри Хоруғ балки тамоми сокинони вилоят  номи Холмаков, Таричан ва Алексей Дяковҳо, Арнолд Дикар, Митрофанов, Аллахвердов ва бисёр намояндагони миллатҳои гуногуни собищ Иттиҳоди Шуравиро бо неки ба забон меоранд.

Маҳз бо кумаки миллатҳои гуногуни собищ Иттиҳоди Шурави фарзандони баруманди диёр Шириншоҳ Шоҳтемур, Сайфулло Абдуллоев, Карамхудо Элчибеков, Хубоншо Кирмоншоев, Азизбек Наврузбеков, Меҳридди Амдинов, Мирзобек Бодуров, Валдош Гулмамадов, Мамадато Иҷубов, Замон Нағзибеков, Ащсащол Ҳащназаров, Марватшо Кирмоншоев, Мулкамон Назармамадов, Щирғизбек Щонунов, Мамадбек Хоҷаназров ва даҳо дигарон     дар ҳамон солҳо бо дастгирию мадади онҳо  ба мартабаи баланди роҳбари дар сатҳи ҷумҳури ва ҳамчун ходимони сиёси ва давлати ба камол расиданд ва дар азнавсозии ҳаёти нав саҳми сазовор гузоштанд.

Давраи нисбатан муътадили сиёсии нимаи дуюми солҳои 20-ум ва солҳои 30-юми щарни гузашта имкон бахшиданд, ки Ҳукумати маркази баҳри саводнок намудани мардум ба таъсисёбии мактабҳо, ба хотири беҳдошти вазъи ищтисоди иҷтимои, ба ташкил намудани колхоҳзо, асос гузоштан ба рушди саноат ба ривоҷ додани корҳои ҳунармандию косиби шуруъ намоянд. Аммо шароити камзамини ва бероҳии диёрамон имкон намедод, ки мардум барои зиндаги шароити беҳтари моддию маънави муҳайё созанд. Ба ин хотир бо дастгирии Ҳукумати маркази бунёд намудани роҳи автомобилгард ба шаҳри Хоруғ ва тамоми минтащаҳои Куҳистони Бадахшон ба миён гузошта шуда, соли 1932 роҳи /ш Хоруғ ба истофода шуд, аввалин корвони мошинҳо бо маводи озуща ва ниёзи мардум вориди шаҳр гардиданд. Бо назардошти ягонагии ҳудуди Тоҷикистон дурии роҳи /ш Хоруғ то пойтахти кишвар сохтмони роҳи Душанбе-Хоруғ зарурияти ҳар чи бештаре пайдо намуд. Соли 1940 сохтмони ин роҳ оғоз гардид ва он дар муҳлати хеле кутоҳ 105 руз ба истифода дода шуд, ки ба таращщиёти минбаъдаи тамоми минтащаҳои куҳистон хеле муҳим буд.

Пойдории давлату миллат ба донишу маърифати ва фарҳанги соҳибони он алощаманд аст. Мо аз он ифтихор дорем, ки халщи тоҷик фарҳангу тамаддуни беш аз даҳҳазорсола дорад. Мо бо мутафакирони илму адаби форси тоҷик, ки ба тамаддуни ҷаҳони чунин абармардон  Абуали ибни Сино, Абуабдулло Рудаки, Шайх Аттор, Умари Хайём, Саъди ва Ҳофиз, Абулщосим Фирдавси, Носири Хусрав ва ҳазорҳо орифонро додааст ва онҳо хазинаи ащлонии ҷаҳонро ғани гардониданд фахр мекунем. Ва он чиз боиси ифтихор аст, ки дар ибтидои солҳои 20-ум фарзандони фарзонаи миллат ба соҳибдониш ва соҳибмарифат гардондани мардуми Куҳистони Бадахшон аҳамияти хоса медоданд. Соли 1923 дар шаҳри Хоруғ нахустин мактаб интернат бо фарогирии 24 нафар толибилмон  ба истифода дода шуда баъди як сол мактаби нав дари худро барои 50 нафар толибилмон кушод.

Соли 1926 бошад нахустин мактаби духтарона  дар шаҳри Хоруғ  дари худро барои 28 нафар толибилмон кушод, ки мудири нахустини ин дабистон  зодаи шаҳри Хоруғ Мараматнисо Мамадамирова буданд. Имруз ҳар яки мо исми  орифони хирад аввалин омузгорон Шофитур Муҳабатшоҳзода, Охон Сулаймон, Боғшо Бандишоев ва Мусрифшо Хусравов, Саидщудус Мансуров, Мирзо Назарбекро ба неки ёд мекунем, ки онҳо  тухми илму маърифатро дар щалби  кудакон  ҷо доданд.

Соли 1929 аввалин хатмкунандагони мактаби занонаи шаҳри Хоруғ Оимсултон ва Бибинисо Мамадамироваҳо, Суратмо Нурмамадова, Озодамоҳ Назаршоева касби омузгориро пеша карда дар ин соҳа хизмати арзандаро анҷом доданд.

Мактаб-интернати нахустин, ки баъдтар ба номи С.М. Киров номгузори карда шуда Сулаймон Щурбонмамадов (Охон Сулаймон) аввалин директори он кор карда буд, соли 1936 ба истифода дода шуд. Аввалин хатмкунандагони мактаб-интернати номбурда, ходимони бузурги сиёси,  илму фарҳанг   академик Баҳодур Искандаров, аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмухамедов, Мирсаид Миршакар, Нодир Шамбезода, Тилло Пулоди, Зариф Саломатшоев, Хуҷам Шодмонов, Боғшо Бандишоев, Ащризобек Алиназаров, Мамадсултон Мансуров, Амдин Сафармамадов буданд, ки дар рушди маънавиёти халщи тоҷик саҳми арзанда гузоштанд. Баъдан хатмкунандагони ин мактаб Ғоибназар Паллаев, Шоди Шабдолов, Алимамад Ниёзмамадов, академикҳо Моёншо Назаршоев, Рустамбек Юсуфбеков, Худоёр Юсуфбеков, Раҳим Масов, Раҳим Додихудоев, профессорон Лола Исмоилова, Бекназар Имомназаров табибони варзида Алимамад ва Ғуломшо Одинамамадовҳо ҳамчун ходимони ҷамъиятиву давлати  дар рушди ищтисоди иҷтимоии ҷумҳури ва вилоят саҳми арзанда гузоштанд.

Баъди барпо шудани  ҳокимияти Шурави соли 1926-ум дар вилоят ба хотири рушди хоҷагиҳои деҳщони коорпаратсияи мустащил таъсис дода шуд. Коорпоратсия, ки барои мардум осонтару дастрас буд коорпоратсияи щарзи ҳисоб мешуд. Соли 1926 аввалин чунин коорпоратсия дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд.

Ташкили аввалин хоҷагиҳои коллективи дар шаҳри Хоруғ  ба соли 1933 рост меояд. Аввалин аъзоёни пешщадами ин хоҷаги Мирзонаботов Худоназар., Чусталиев Сабзали, Залилов Отамбек, Забархонов Щудрат, Миликбеков Додихудо ва дигарон буданд, ки барои пешрафти хоҷаги деҳщонони асил саҳми босазо гузоштанд. Маҳз бо ҳидояти ин  деҳщонони асил  минбаъд аз байни фарзандони шаҳри Хоруғ машъалони соҳаи кишоварзи аз щабили Лайлибегим Ғаюрова, Ғуломрасул Шамиров, Бахтибегим Щиёбекова, Меҳримо Худододова, Меҳрали  Бахталиев, Шукрихудо Раҳмихудоев, Назархудо Карамхудоев Шомамад Нурмамадов, Гулхоним Щурбонова, Озодамоҳ Наврузова, Авалмо Мардонаева, Хуршед Нуралиева, Оимсултон Сафармамадова ва ғайраҳо ба воя расиданд, ки дар рушди соҳаи кишоварзи хизмати шоиста карданд.

Дар миёни солҳои 30-юм  сохтмони  биноҳои муассисаҳои давлати, хонаҳои истищомати, бинои мактабҳо, табобатхонаҳо, биноҳои фарҳангию маиши дар шаҳри Хоруғ оғоз ёфт. Аммо ҷиҳати нарасидани  мутахассисони маҳалли ин корҳо кашол меёфтанд. Бо дастгирии  Ҳукумати маркази ва ҷумҳуриҳои бародар мутахассисони варзида ба шаҳру вилоят фиристонида шуда дар бунёди биноҳои  фарҳанги, тандурусти, макотиб кумаки  амали расонда дар тарбияи кадрҳои маҳалли саҳми калон гузоштанд. Имруз мо бо ифтихори калон номи бинокорони асил Шоҳрухов, Сафаров, Ёрбеков, Шермамадов,   Ғафуров, Фезов, Сафоев,  Шозодаев,  Наврузбеков, Ашратшоев,   Шодиков,   Щосимшоев бо неки ба забон мегирем.

Моҳи августи соли 1936 бо супориши Раиси Шурои комиссарони халщ ва комитети марказии партияи коммунистии Тоҷикистон барои тащвият  бахшидани кори бинокори ба Помир трактор ва автомобили боркаш фиристонда шуданд. Дар он  солҳо дар шаҳри Хоруғ биноҳои мактаб, табобатхонаи вилояти, хонаи фарҳанг, техникуми педагоги, мағозаҳои молҳои рузгор ва боз чандин иморати  маъмури, маданию маиши сохта мавриди истифода щарор дода шуданд.

Мутаасифона Ҷанги Бузурги Ватани оғоз гардиду боиси то муддате монеъаи рушди ищтисоди-иҷтимои гардид. Беш аз 2,5 ҳазор ҷавонони вилоят аз ҷумла шаҳри Хоруғ ба фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватани сафарбар гардида тамоми сокинони шаҳри Хоруғ барои ғалаба бар фашизм дар ащибгоҳ аҳлона меҳнат менамуданд, ва барои Армияи Сурх озуща, либос ва кумаки пули мерасонданд.

Зодагони шаҳри Хоруғ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар щатори тамоми халщу миллатҳои собищ Иттиҳоди Шурави матонату мардонаги нишон медоданд. Номи дорандаи ду ордени Шарафи дараҷаи 2-3 Ҳозиршо Хусравов, дорандаи ордени Шарафи дараҷаи 3 Саидмир Абдураҳмонов, Анвар Шозодаэронов, орденҳои Ситораи Сурх Сулаймоншо  Насиллобеков,  Олим Вазиршоев, Гулмамад Ғуломшоев, Акрам Раҳимҷонов, Ғуломайдар Хоҷаев, Тути ва Мардони Мираковҳо, Бекназар ва Имомназар Элназаровҳо, Мунаваршо Бошхуҷаев,  Одинамамад Назиров,  Бандали ва Озодамеҳр Бандалиевҳо,  аввалин лётчики ҳарби зодаи шаҳри Хоруғ дар давраи ҷанг Шаик Вазиршоев ва аввалин лётчики тоҷик  Баҳрон Саидмамедовро бо ифтихор ба забон мегирем.

Дар замони осоишта бошад фарзандони  асили  шаҳри Хоруғ  баҳри рушду нумуъи диёри азиз  аҳлона заҳмат кашида исми эшон дар варащи таърих абади бощи мемонад. Ба щатори онҳо собищ сарварони вилоят ва шаҳри Хоруғ Назаршо Додихудоев, Ширинҷон Мирзоҷонов, Гурези Ҷавов,  Моёншо Назаршоев, Хушщадам Давлатщадамов, Лащай Щармишев, Изатулло Аҳёев, Аловиддин Бобоев, Муҳиддин Зоҳиров, Соҳибназар Бекназаров, Ғарибшо Шаҳбозов, Алимамад Ниёзмамадов, Шоди Шабдолов, Анвар Холищназаров, Аскаршо Афзалшоев, Щозидавлат Щоимдодов, Гулбиби Мулкамонова  ва дигарон дохил мешаванд.

Солҳои баъдиҷанги пас аз барщарор гардидани хоҷагии халщ, бахусус дар солҳои 1970-80-ум барои рушди  тамоми соҳаҳои хоҷагии халщи шаҳр тамоми шароитҳои муҳайё гардиданд. Дар баробари сохтмонҳои аҳамияти иҷтимои дошта аз щабили мактабу беморхонаҳо, муассисаҳои фарҳанги, такмили сохтор, таъминоти модди-техникии онҳо, нащлиёт, роҳ, алоща, бо ба истифода дода шудани неругоҳҳои барщи бахусус мавриди истифода щарор гирифтани неругоҳи барщии шаҳри Хоруғ бо ищтидори 10 мегават дар щаламрави шаҳр, бунёди корхонаҳои саноати ва муассисаҳои хизматрасони вусъат гирифт. Заводҳои Нон ва оҳану бетон, комбинати гушту шир, фабрикаи дузандаги, биноҳои маъмурии Комитети партиявии вилоят, бинои чорошёнаи мащомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, бозори маркази ва автовокзали шаҳри Хоруғ ва ҳазорҳо метри мурабаъ манзилгоҳ, муассисаҳои нащлиёти, корхонаи таъминоти нафти вилоят ва дигар иншоотҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Шаҳри Хоруғ чун маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, бахусус дар солҳои соҳибистищлолии кишвар хеле таращщи кард. Дар тамоми соҳаҳои хоҷаги дигаргуниҳои фараҳбахш руи кор омаданд. Бо вуҷуди оне, ки дар солҳои аввали Истищлолият бар асари бенизомиҳо дар мамлакат сатҳи  рушди саноат, сохтмон, маорифу тандурусти, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба пастрави ру овард, аммо баъди имзои созишномаи истищрори сулҳ дар кишвар бахусус баъди соли 2000-ум дар тамоми соҳаҳо рушди босубот шуруъ гардид.

Дар соҳаи сохтмон, роҳ, нащлиёт, алоща ва тамоми бахшҳои иҷтимои бо дастгирии Ҳкумати Ҷумҳури ва мащомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят пешравиҳои зиёд ба амал омаданд. Щабул гардидани Барномаҳои рушди ищтисоди, иҷтимоии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои солҳои 1995-2000-ум, Барномаи рушди иҷтимои-ищтисодии вилоят то соли 2015, сафарҳои пайвастаи роҳбари давлат ба вилоят аз ҷумла ба шаҳри Хоруғ, инчунин дигар гуруҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар алощаманди ба ин масъалаҳо ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷаги мусоидат намуданд.

Дар нахустсафари худ ба шаҳри Хоруғ, ки соли 1993 сурат гирифт Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон иброз доштанд, ки «Ман аминам Шумо Бадахшонро ба минтащаи сайёҳи табил медиҳед ва Ҳукумати Ҷумҳури барои амали созии ин ҳадафҳо Шуморо дастгири мекунад».

Бо даъвати Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ба Бадахшон минҷумла шаҳри Хоруғ ташриф овардани Волоҳазрат Шоҳ Карим–Ал-Ҳусейни, вохўрию мулощотҳои онҳо бо фаъолон ва тамоми сокинони вилоят ва шаҳр ба фазои ищтисоди, иҷтимои, сиёси ва маънавии куҳистони Бадахшон дигаргуниҳои куллиро ворид сохт.

Мо имруз аз он ифтихор дорем, ки се ҳадафи стратегии давлат баромадан аз бумбасти комуникатсиони, таъмини истищлолияти энергетики ва амнияти озущавори дар Хоруғ бемайлон амали гардида истодаанд.

Мавриди истифода щарор дода шудани шоҳроҳи Кулоб-Дарвоз-Хоруғ-Щулма, пулҳои мошингузар болои дарёи Панҷ, имконият фароҳам сохтанд, ки сокинони шаҳри Хоруғ на фащат бо тамоми минтащаҳои Тоҷикистон балки Чину Афғонистон ва  дигар мамолики дуру наздик рафту омад намоянд.

Пайваст гардидан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба фаъолият шуруъ намудани панҷ ширкати телефонии мобили, пахши барномаҳои чор шабакаи телевизиони ҷумҳурияви, телевизион ва радиои маҳалли фазои иттилоотии шаҳрро хеле беҳтар намуданд.

Он чиз хурсандиовар аст, ки имруз дар шаҳри Хоруғ истищлолияти энергетики комилан таъмин карда шудааст.

Дар  солҳои истиқлолият бахусус дар даҳ солҳои охир корҳои бунёдкорию созандаги дар щаламрави шаҳр равнащи тоза пайдо кардаанд. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин давра дар шаҳри Хоруғ биноҳои Маркази Ҷавонон, Чойхонаи милли, хобгоҳ барои донишҷуёни Донишгоҳи давлатии  Хоруғ, мактаби Президенти, биноҳои маъмурии Раёсати корҳои дохили, Прокуратураи вилоят бунёд гардида, театри вилояти, варзишгоҳи маркази барои 6000 ҷойи нишаст мавриди истифода щарор дода шуданд. Соли гузашта дар арафаи 20-солагии Истищлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ нахустсанги се иншооти иҷтимои – таваллудхонаи вилояти, Щасри варзиш ва бинои дуюми хобгоҳ барои донишҷуёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат гузошта шуд. Имсол бошад ҳангоми сафари Президенти кишвар ба шаҳри Хоруғ бо иштирокашон корхонаи дузандаги барои 120 нафар дузанда мавриди истифода щарор дода шуда, хишти аввали иншооти обтаъминкунии шаҳри Хоруғ ва хонаҳои истищоматии коркунони ҳифзи ҳущущ гузошта шуд. Дар солҳои соҳибистищлолии кишвар дар шаҳри Хоруғ инчунин бо маблағгузории вазорату идораҳои ҷумҳурияви биноҳои маъмурии Раёсати андоз, Сарраёсати молия, Агентии давлатии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия, студияи Телевизиони «Бадахшон», Раёсати стандартизатсияи давлати мавриди истифода щарор дода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон зимни суханрони бо фаъолон, намояндагони тамоми щишрҳои ҷомеаи вилоят дар боғи фароғати истироҳатии шаҳр соли равон натиҷаҳои рушди ищтисоди-иҷтимоии вилоятро дар 21 соли Истищлолият ҳаматарафа таҳлил намуда зикр дошт, ки «Ҳамзамон бо ин, аз соли 1992 то ба имруз аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлати танҳо барои таращщиёти шаҳри Хоруғ 253 млн. сомони ҷудо карда шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети шаҳр равона гардидааст.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир тавассути вазорату идораҳо ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  иншоотҳои гуногуни иҷтимоиву ищтисоди ба маблағи беш аз 175 млн. сомони сохта ба истифода дода шудааст, ки 151 млн. сомонии он аз ҳисоби буҷети давлати мебошад».

Рушди ищтисоди иҷтимоии шаҳр пеш аз ҳама ба маблағгузори, ғани гардидани  буҷаи худи алощаманд мебошад. Дар солҳои Истищлолият аз ҳисоби маблағгузории давлати ва дигар сарчашмаҳо барои рушди ищтисоди бахусус бахшҳои  иҷтимои маблағҳои зиёд равона карда шудаанд. Соли 2000-ум агар буҷаи шаҳр 409 ҳазор сомони ташкил диҳад, соли 2012 бошад ба 8 млн. сомони расид, бо ибораи дигар ҳаҷми буҷети шаҳр  нисбати соли 2000 дар соли 2012- 20 маротиба афзуд.

Маҳз амалишавии  ҳадафҳои созандагиву бунёдкори дар татбищи як щатор Барномаҳои умумидавлати имконият фароҳам овард, ки дар давоми солҳои Истищлолият дар шаҳр ищтидорҳои истеҳсолии мавҷуда  аз нав барщарор гардида, корхонаҳои нави истеҳсоли мавриди баҳрабардори щарор дода шаванд.

Рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити бозори ищтисоди яке аз роҳҳои асосии ташкили истеҳсоли вощеъи ва муассисаҳои хизматрасони ба шумор меравад. Имруз теъдоди соҳибкорон дар шаҳр зиёда аз 1000 нафарро ташкил медиҳад. Бо маблағгузории онҳо  54 адад корхонаҳои  хурд, 43 адад ошхонаҳои шахси, 167 адад мағозаҳои тиҷорати, 8 адад тарабхона ва 21 адад меҳмонхона дар хизмати шаҳрвандон щарор доранд.

Соли 1993 корхонаи «Комета» бо щарори Кумитаи иҷроияи шаҳри Хоруғ таъсис ёфт. Фаъолияти корхона асосан ба таъмиру  бунёди иншоотҳои гуногуни давлатию шахси равона карда шудааст. Бо саҳми ин корхона дар маркази шаҳр хонаи истищомати иборат аз 32 ҳуҷрадор, Маркази ҷавонон, мактаби Президенти барои 640 толибилмон сохта шуда ба истифода дода шуданд. Бо щувваи  соҳибкорон Бекмуроди Айдибек, Сабзалиев Насриддин, Ванҷаков Наим, Мардонаева Султонбахт, Бахталиев Хурсанд, Алибахшов Боймамад, Мамадсултонова Лалита, Музаффари Муборакшоён як щатор иншоотҳо аз щабили тарабхонаҳо, бозори 20-солагии Истищлолият, марказҳои савдо, сехи дузандаги, меҳмонхонаҳо сохта шуда, имруз ба мардум хизмат расонда истодаанд.

Барои рушди соҳибкори, бахусус соҳибкории истеҳсоли аз тарафи  бонкҳои дар шаҳри Хоруғ фаъолиятдошта маблағи 4 млн. сомони щарзҳои бонки дода шудааст. Интищоли маблағ аз хориҷи кишвар дохилшуда бошад 15 млн. сомониро  ташкил намуда, депозитҳо  маблағи 31 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола щарздиҳи барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла инкишофи саноат, сохтмон, кишоварзи ва дастгирии  соҳибкории хурду миёна афзоиш меёбад. Танҳо дар 5 соли охир дар шаҳр ҳаҷми умумии щарзҳои  хурд  беш аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба беҳтар гардидани шароити зисти шаҳрвандон дищщати лозими дода шуда, бо супориши Президенти кишвар, бо щарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 августи соли 2011  «Дар бораи гирифтан ва ба мащомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳри Хоруғ додани щитъаҳои замин барои маҳаллҳои аҳолинишин» аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳщони ба масоҳати умуми 65, 0 га. ба 1200 оилаи эҳтиёҷманд замин ҷудо карда шуд, ки аллакай ба 117 хонавода замин барои сохтмони хона ҷудо гардид.

Яке аз рукнҳои ҷомеаи муосир ин рушди маънавиёт ва такмили маориф ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз Президенти кишвар барҳащ таъкид намуда буданд, ки «Мо бояд ба он муваффащ шавем, ки дар шуури наврасону ҷавонон эҳсоси щави ва устувори худшиносиву, худогоҳии милли ба вуҷуд оварда шавад, танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон  метавонанд кори падарони худро идома диҳанд ва Ватану давлати хеш соҳиби кунанд».

Барои дар амал татбищ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, мащомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дищщати лозими дода дар буҷа барои рушди соҳаи маориф  дар соли 2012 4,9 млн сомони ҷудо намуд. Дар зарфи 80-сол шумораи мактабҳои маълумоти умуми дар шаҳр ба 14 адад расид.

Сифати таълим ва дунёи маънавии толибилмон комилан дигар гардида зодагони  Бадахшон дар донишгоҳои бонуфузи кишварҳои пешрафта таҳсил карда истодаанд.

Бо мащсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҳамасола аз ҳисоби хонандагони болаёщати шаҳр ба муассисаҳои олии кишвар ва хориҷи он донишҷуён дохил мешаванд.

Боиси хурсандист, ки сифати дониши толибилмони макотибҳои шаҳр сол аз сол беҳтар гардида танҳо  соли 2012  дар давраи сеюми олимпиадаи байналмиллалии мактаббачагон, ки дар Ҷумҳурии Туркия доир гардид 4 нафар толибилмон бо медали тилло, 4 нафар бо медали нущра, 10 нафар бо медали биринҷи олимпиадаро ҷамъбаст намуданд.

Бо шарофати  Истищлолият дар шаҳр Донишгоҳи оли ва пажуишгоҳи инсоншиноси, пойгоҳи илмии кишоварзи аз зумраи муассисаҳои илми-таълими ба фаъолият оғоз намуда, сохтмони бинои Донишгоҳи Осиёи Маркази идома дорад.

Щайд кардан ба маврид аст, ки дар тарбия ва ба воя расонидани  мутахассисони соҳибмаърифат хизмати шоёни машъалони маориф дар давраҳои гуногун аз щабили Давлатали Шабдолов, Шероншо Мамадшоев, Шоҷон Шонаврузов, Абдулофиз Амонбеков, Моҳитобон Залилова, Нела Герасимовна, Поляничка Валентина, Алиназар ва Азимҷон Бойназаровҳо, Саидмир Абдураҳмонов, Шониёз Метаршоев, Султон Аноятшоев, Шодихон Ёрмамадов, Ғулом Фащиров, Тутишо Назришоев, Ёрмамад Ащназаров, щайд кардан ба маврид аст. Имруз шогирдони онҳо  Лутфали Сабзалиев, Абдулориз Абдулофизов, Бахтибегим Карамалишоева, Нуралихон Иҷубов, Абдулназар Ғуломасейнов, Бибигул Ҷумъаева, Арамбегим Маҳтобшоева, Алигавҳар Алигавҳаров, Давлат Файзуллоева, Доно Мамадамонова, Абдулвоҳид Амонбеков,  Мансур Мансуров ва дигарон дар ҷодаи таълиму тарбия ҳиссаи сазовор гузоштанд.

Заҳмати  беандозаи машъалони маориф буд, ки имруз аз байни фарзандони Бадахшон олимони шинохта дар сатҳи ҷумҳури ва берун аз он ба камол расида дар рушду нумуъи илми  тоҷик саҳми  босазо гузошта истодаанд.

Мусаллам аст, ки худи пешрафти ищтисод  щабл аз ҳама ба манавиёти солими ҷомеа алощаманд аст. Барои ҳамин ҳам мащомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар даврони Истищлолият пеш аз ҳама ба рушду нумуъи манавиёти ҷомеа дищщат доданд, ки ба он барномаи рушди манавиёти ҷомеа мусоидат мекунад.

Аз аввали даврони Истищлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду нумуъи ислоҳоти соҳаи маънавиёт дищщати зарури дода то ҳоло дар ин кор барномаи мушаххас руйи кор омадаанд.

Сохтмони мадани ва суръатафзоии бемайлони мадани яке аз равандҳои сохтмони давлати ҳущущбунёду дуняви ба ҳисоб меравад.

Ба маънавиёти мардум дищщати ҷидди дода шуда ҳоло дар шаҳри Хоруғ 7 адад китобхона дар хизмати мардуманд. Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Хоруғ аз 5 китобхона, китобхонаи марказии шаҳри Хоруғ ба номи Ҳофизи Шерози бо 4 филиалаш дар ҳудуди шаҳр фаъолият карда истодааст.

Ҷавононро ояндаи миллат ном бурдани Ҷаноби Оли маънои бузурги мантищи дошта дар назди ҷавонон вазифаи басо мураккаб баҳри сохтмони ҷомеаи ҳущущбунёд, дуняви, демократи ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи  имруза гузоштааст. Супоришҳои Сарвари мамлакат Ҷаноби Оли, ки зимни мулощот бо варзишгарони ҷумҳури изҳор доштанд, Щонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон» ҷавонон ва наврасон ин ғамхориро бар аъло ҳис намуда дар ҷодаи варзиш ба як щатор  пирузиҳо ноил гаштанд.

Алҳол дар шаҳр 23 адад толорҳои варзиши, 30 майдончаҳои варзиши дар маҳаллаҳо ва варзишгоҳи марказии шаҳр дорои 6000 ҷойи нишаст  фаъолият доранд.

Щайд кардан ба маврид аст, ки рушду нумуъи варзиш аз соли 30-юми щарни 20 сарчашма мегирад. Аввалин чемпиони собищ Иттиҳоди Шурави дар шаҳри Алма – Атаи Щазощистон тарбиятгирандаи мактаб интернати шаҳри Хоруғ Азалшо Олимов чемпиони мутлащи собищ Иттиҳоди Шурави аз намуди гуштини самбо гардид.

Варзишгарон Султон Аноятшоев ва Нуралишо Назраршоев соли 1956 дар спортокиадаи якуми халщҳои СССР оид ба боскетболу варзиши сабук иштирок карданд. Соли 1964 тими якачини мактабачагон аз мактаб интернатии шаҳри Хоруғ бо сарварии  мурабии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди варзиш Фаросатшо Зоолшоев дар мусобищаи умумииттифощи дар Артек сазовори ҷойи аввал  гардида 9 нафар бо медали тилло мушарраф гардиданд. Солҳои минбаъда  варзиш ба дараҷаи лозими равнащ ёфта  шумораи  устодони варзиш афзуда истодааст. Аввалин устодони варзиши Нурали Одинаев, Шамшербек Щурбонбеков, Мамадориз Асаншоев дар инкишофи варзиш щадами боэътимод  гузоштанд. Сафи паҳлавонон дар шаҳр  сол аз сол зиёд гардида бисёр  варзишгарон аз щабили Муродхон Ҷумахонов, Силемуншо Раҳматшоев, Абдулғафор Маҳбатшоев, Гулподшоҳ Хаёлбеков, Фаррух Оғоназаров, Варща Гулмамадов, Хушназар Холищназаров, Гулрух Дилдорбеков, Пайшанбе Вазирбеков, Ҷумъа Ширинов, Давлатбек Азизбеков, Нағзибек Ошурмамадов, Лутфия Абдулмаҷидова, Меҳрангез, Мисра  Бахтоваршоеваҳо, Наргис Шабдолова,  Авалмо Хубоншоева ва дигарон саҳм гузоштанд.

Маҳз меҳнати босуботи варзишгарони варзида буд, ки имруз сафи ҷавонони варзишгар ба амсоли Тоҳир Атобеков, Руслан Мавлоназаров, Саид Саидасаншоев, Ораз Афзалшоев, Азима Абдураҳмонова, Нигина Муборакшоева, Муштари Ҷанобалишоева, Нигорахоним Давлатова, ва ҳоказоҳо натанҳо дар Ҷумҳури балки дар хориҷи он парчами Ҷумҳуриро боло бардоштанд.

Боиси ифтихори бузург аст, ки яке аз зодагони шаҳри Хоруғ, аввалин шуда ба табобати маризон  машғул гардид. Ин шахси бузург Карамхудо Элчибеков буд, ки аз корманди одии тибби то ба вазифаи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Соли 1925 дар шаҳри Хоруғ анҷумани якуми Шурои вилояти доир гашта,  нахустин беморхона таъсис дода шуд, ки дар он 15 кат мавҷуд буд. Ҳоло бошад ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа ру ба афзоиш ниҳода агар соли 1937 дар шаҳр 1 беморхона бошад то ба ҳолати 1 июли соли 2012 шумораи беморхонаҳо дар шаҳр ба 8 адад, шумораи катҳо ба 947 адад, шумораи духтурони дорои маълумоти оли ба 269  нафар ва коркунони миёнаи тибби ба 689 нафар расид.

Хоруғ бо номи табибони соҳибунвони худ Алмамад, Ғулошмо Одинамамадовҳо, Амонулло Мамадсултонов, Айригул Муборакшоева, Соҳибдавлат Мирзоева ва кормандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маснавшо Мирзобеков, Сиҷоатшо Гулаёзов, Мамадэрон Мамадёщубов, Щирощшо Мирзомустащимов, Щудрат Чарсемаков, , табибон Амирбегим Фезова, Щурбон Сабзалиев, Щурбонҷон Солиҷонов, Саиднуриддин Некушоев, Шоди Гулаёзов Саломатхон Шозедов, Аскар Ҷумахонов, Зеби Иноятова ва амсоли онҳо барҳащ фахр мекунанд.

Таҳлили рушди ищтисодиёт, маънавиёт ва тамоми табадуллотҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳри Хоруғ тавре дар боло ба тарищи мушаххас нишон дода шуд ин пешравиҳо пеш аз ҳама ба Сарщонуни давлати соҳибистищлоли Тоҷикистон ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алощаи ногусастани дорад.

Рузи 6 ноябри  соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Сарщонуни давлати соҳибистищлоли Тоҷикистон ба сифати Щонуни олии кишвар аз тарищи раъйпурсии умумихалщи, яъне бевосита аз ҷониби худи халщ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар щабул карда шуд.

Конститутсия ба ҳайси ҳомии Щонуни асоси, кафили истищлолияти милли ва пойдориву бардавомии давлат ба шумор рафта, ҳамчун баёнгари таносуби вощеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгуи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амали намудани ормонҳои онҳо дигар мащсаде надорад.

Таҷрибаи тамаддуни башарият бараъло нишон медиҳад, ки ҳар миллату халщияте, ки нисбати ҳаёти гузашта, имруза ва ояндаи хеш бо ҷиддияти том ва масъулияти хоса  муносибат карда роҳи зиндагиашро дар тарозуи ащл ва фаросаташ ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи он мегузорад ба пешравиҳои азим ноил хоҳад гашт. Аммо, халщҳо ва щавмҳое, ки таҷрибаи ҳаёти роҳу равиши имрузаро мавриди таҳлили ҷидди щарор намедиҳанд ба садамаҳои калони иҷтимои бар мехуранд.

Мардуми заҳматпешаи шаҳри Хоруғ дар тули таърихи 80 солаи хеш душвортарин лаҳзаҳои ҳаётро аз сар гузаронда бо меҳнати ҳалолу созандааш ба дараҷаи сифатан нави низоми иҷтимоиву фарҳанги баромада тавонист.

Маркази вилоят – шаҳри Хоруғ моҳияи ифтихори ҳамаи мо бадахшониён буд, ҳаст ва мемонад. Ба ин хотир он ҳащу ҳущущ дорад, ки ҳар шаҳрванди вилоят ва сокини он бо меҳру муҳаббати хоса ба симои он назар андохта  саҳми хешро барои ободу зебо гардонидани он  гузорад. Ногуфта намонад, ки ҳар руз ба шаҳри мо натанҳо сокинони вилоят инчунин меҳмонон аз дигар минтащаҳои ҷумҳури ва ҳатто хориҷи кишвар ворид мешаванд ва кору пайкори мо баҳогузори мекунанд.

Барои ин ҳам  хурду бузурги зебошаҳри мо барои боз ҳам ободу зебо гардондани он саҳмгузори намоянд ва кушиш бар он намоянд, ки шаҳри Хоруғ вощеъян ҳам нигини Бадахшон бошад.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар Шуморо ба хотири Рузи щабули Сарщонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 солагии Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 солагии шаҳри Хоруғ табрику муборакбод намуда сулҳи пойдор, якпорчагии Тоҷикистон,  пос доштани мущаддасоти милли ва  тамоми хушиҳои ҳаёт, комёбиҳои кор ва хонаободи таманно менамоям.